×

КОНСТИТУТСИЯ – ПОЙДЕВОРИ ДАВЛАТДОРӢ ВА КАФОЛАТИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН

Бозгашт ба мавод

КОНСТИТУТСИЯ – ПОЙДЕВОРИ ДАВЛАТДОРӢ ВА КАФОЛАТИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН

ИОМДОА Дигар 04-11-2026 ш.Душанбе
КОНСТИТУТСИЯ – ПОЙДЕВОРИ ДАВЛАТДОРӢ ВА КАФОЛАТИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН

  Ҳар як давлати соҳибистиқлол ҳуҷҷате дорад, ки асоси  ҳаёти сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии онро муайян мекунад ва   чунин ҳуҷҷат Конститутсия мебошад. Барои сокинони кишварамон Конститутсия на танҳо як санади ҳуқуқӣ, балки рамзи истиқлолият, ваҳдати миллӣ, сулҳ ва интихоби озодонаи халқ мебошад. Ҳамасола дар саросари кишварамон 6-уми ноябрро бо як шукуҳу шаҳомати хоса ҳамчун рузи Конститутсия таҷлил мегиранд.

  Соли 2026 аз қабули Конститутсия 32 сол сипарӣ мегардад. Гарчанде ин муҳлати тӯлонӣ набошад ҳам, вале дар ин муддат тавассути Конститутсия тавонистем бар давлатдории навини тоҷиконро санги асос гузорем. Конститутсия ба ҷомеа заминаи устувории ҳуқуқӣ бахшид.

  9 уми сентябри соли 1991 пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ, Тоҷикистон истиқлоли давлатии худро эълон кард. Дар солҳои аввали истиқлол дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, кишвар ба бӯҳрони иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуд, хатари аз байн рафтани давлат эҳсос мешуд. Дар чунин вазъият қабули Конститутсия нав барои давлати соҳибистиқлол зарур буд.

  Конститутсияи давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ба талаботҳои сокинони давлати соҳибистистиқлоламон ҷавобгӯ набуд, чунки Конститутсияи он давра дар асоси идеологияи ягонаи ҳизбӣ тартиб дода шуда буд ва бисёрҳизбию гуногунандешии сиёсиро эътироф намекард. Аз ин рӯ иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ба барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва эъмори ҳокимияти қонунӣ оғоз бахшид. Ниҳоят 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи райпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд.

  Конститутсия Чумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат аст. Бобҳои он ба асосҳои сохтори конститутсионӣ , ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, вазифаҳои асосии шаҳрвандон, Маҷлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, суд, прокуратура ва тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия равона шудаанд.

  Дар моддаи аввали Конститутсия муқаррар гардидааст, ки Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Ҳамчунин Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ эълон шудааст, ки барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам меорад. Инчунин моҳияти давлатдории моро ибораҳои зерин ифода мекунанд: давлат ба қонун такя мекунад, ҳокимият аз халқ сарчашма мегирад.

  Дар асоси Конститутсия ҳеҷ як мақом ваколати бемаҳдуд дар Тоҷикистон надорад, ки ин дар асоси присипи ҷудо будани ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунбарор, иҷроия ва судӣ амал мекунад.

  Маҳз дар асоси Конститутсия забони тоҷикӣ забони давлатӣ эълон гардидааст. Дар баробари ин ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди кишварамон иқомат мекунанд, ҳуқуқ доранд бо забони модарии худ озодона муошират кунанд. Ин меъёр ифтихори миллӣ ва эҳтироми фарҳанги ҷомеаро нишон медиҳад.

  Пас аз қабули Конститутсия дар давраи сипари гашта се маротиба бо тариқи райпурсии умумихалқӣ дар Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Бори аввал соли 1999 Парламенти касбии дупалатагӣ,яъне Маҷлиси олӣ, ки аз Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст, ташкил ёфт. Бори дуюм соли 2003 ва бори сеюм соли 2016 дар Конститутсия тағйирот ворид карда шуд, ки дар ин тағйиротҳо такмил додани низоми давлатдорӣ, мустаҳкам намудани кафолатҳои ҳуқуқи инсон ва мутобиқ кардани Конститутсия ба шароити нави рушди ҷомеа равона карда шудаанд.

  Конститутсия дар солҳои таърихӣ ва душвор барои кишварамон , барои мардуми Тоҷикистон ба як омили муттаҳидкунанда табдил ёфт. Он заминаи ҳуқуқии барқарор кардани сулҳ, ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсиро фароҳам овард. Дар асоси меъёрҳои Конститутсия қонунгузории миллӣ ташакул ёфт, мақомоти давлатӣ ба фаъолияти муқаррар шуда шурӯъ карданд ва иқтисоди бозорӣ бо ҳифзи шаклҳои гуногуни моликият рушд кард.

  Барои насли ҷавон донистани Конститутсия аҳамияти махсус дорад. Ҷавоне, ки Конститутсияро медонад, ӯ вазифаҳои худро низ медонад ва метавонад аз ҳуқуқу озодиҳои худ бо роҳи қонунӣ ҳимоя кунад, дар ҷомеа фаъолтар ва боэътимодтар бошад. Маърифати ҳуқуқӣ инчунин ҷавононро аз таъсири ғояҳои ифротӣ, фиребу найранг ва амалҳои ғайриқонунӣ эмин нигоҳ медорад.

  Хушбахтона имруз дар кишварамон  рузи Конститутсия дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту ҷамоатҳо бо гузаронидани конфронсҳо, мизҳои мудаввар ва вохуриҳо бо ҳуқуқшиносон таҷлил мегардад, ки аз ин  сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии сокинон шаҳодат медиҳад. Беҳтарин эҳтиром ба Конститутсия на танҳо ҷашн гирифтани он, балки риояи ҳаррӯзаи меъёрҳои он дар амал мебошад.

Хулоса, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати тақдирсозест, ки дар давраи мурракаби таърихӣ бо иродаи қавии халқ қабул гардида, роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро муайян намуд. Конститутсия ба сокинони Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои онҳоро арзиши олӣ эълон кард ва ба ҳар як шаҳрванд ҳуқуқу масъулияти муайян бахшид.

  Эҳтиром ба Конститутсия, риояи қонун ва фаъолона иштирок намудан дар ҳаёти кишвар ин саҳми воқеии ҳар як шаҳрванд дар ободии Ватан ва таҳкими давлатдории миллист.

РАҲИМОВ Анваршо,

ходими калони илмии шуъбаи

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ