×

ДАРСИ СУЛҲ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАРБИЯИ НАСЛИ СОЗАНДА

Бозгашт ба мавод

ДАРСИ СУЛҲ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАРБИЯИ НАСЛИ СОЗАНДА

ИОМДОА Фарҳанг 31-08-2026 ш.Душанбе
ДАРСИ СУЛҲ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАРБИЯИ НАСЛИ СОЗАНДА

Яке аз анъанаҳои неку арзишманди мардуми тоҷик эҳтиром ба сулҳу оромӣ, дониш, маърифат ва илму омӯзиш ба шумор меравад. Дар фарҳанги миллӣ аз қадим дониш ҳамчун чароғи зиндагӣ, маърифат ҳамчун воситаи худшиносӣ ва сулҳу субот ҳамчун шарти асосии пешрафти ҷомеа дониста шудааст. Имрӯз ин арзишҳо дар ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи хос пайдо намуда, ба як ҷузъи муҳимми сиёсати давлатӣ дар самти маориф ва тарбияи насли наврас табдил ёфтаанд.

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 сентябр ҳамчун Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таҷлил мегардад. Оғози соли нави таҳсил ва баргузории Дарси сулҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як суннати муҳими маънавию тарбиявӣ табдил ёфтааст. Ин анъана гувоҳи таваҷҷуҳи хос ва эҳтироми давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, илму маориф, маънавиёту маърифат ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа мебошад.

Дарси сулҳ паёми муҳими тарбиявӣ дорад. Дар оғози таҳсил ба хонандагону донишҷӯён арзиши сулҳу ваҳдат, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ муаррифӣ карда мешавад. Зеро сулҳ танҳо набудани ҷанг нест, балки муҳити мусоиде мебошад, ки дар он инсон метавонад озодона омӯзад, эҷод кунад, соҳиби касбу дониш гардад ва барои ободии ҷомеа саҳм гузорад.

Дар кишвари азизамон пайванди сулҳ ва дониш маънои амиқи иҷтимоӣ дорад. Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон нишон дод, ки суботи ҷомеа ва рушди соҳаи маориф ба ҳамдигар робитаи ногусастанӣ доранд. Ҷомеаи осуда имконият медиҳад, ки мактабҳо бунёд шаванд, муассисаҳои таълимӣ рушд кунанд, омӯзгорон фаъолияти самаранок дошта бошанд ва насли ҷавон бо шароити муносиб ба донишомӯзӣ машғул гардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар оғози соли нави таҳсил, Рӯзи донишро бо иштироки худ дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои нави таълимӣ ва дигар иншооти соҳаи маориф ба аҳамияти илму дониш дар рушди ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Дар суханрониҳои Сарвари давлат пайваста таъкид мегардад, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ заминаи асосии пешрафти кишвар буда, ҳифзи онҳо вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванди ҷомеа мебошад.

Дар ин раванд муассисаҳои таълимӣ, мактаб ва донишгоҳ ҳамчун муҳити ташаккули ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ, фарҳанги шаҳрвандӣ ва масъулияти иҷтимоии насли ҷавон нақши муҳим доранд. Аз ин рӯ, шинос намудани хонандагону донишҷӯён бо арзиши сулҳ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирӣ яке аз самтҳои муҳими корҳои таълимиву тарбиявӣ ба шумор меравад.

Бо такя ба таърихи ниёгони хирадманду рӯзгордидаи азизамон донишро беҳуда «қутбнамои зиндагӣ», «чароғи равшан», «ҷавшани тан», «парчами зафармандӣ» ва «устоди беминнат» наномидаанд. Дар фарҳанги маънавии миллати тоҷик дониш ҳамеша ҳамчун неруи созанда, василаи камолоти инсон ва роҳи расидан ба зиндагии шоиста арзишманд дониста шудааст. Дар ин маврид Фирдавсии бузург дар «Шоҳнома»-и безаволи худ чунин гуфтааст:

Биёмӯзу бишнав зи ҳар донише,

Биёбӣ зи ҳар донише ромише.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва барқарории ҳамкориҳо бо кишварҳои ҷаҳон нақши муҳим бозидаанд. Яке аз самтҳои муҳими ин раванд таваҷҷуҳи пайваста ба илму маориф ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи сулҳ, созандагӣ, ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.

Оғози соли нави таҳсил дар Тоҷикистон бо Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ аҳамияти хос дорад. Ин анъана ба насли наврас аз рӯзҳои аввали таҳсил меомӯзонад, ки илму дониш ва маърифат дар фазои сулҳу оромӣ ва суботи ҷомеа рушд мекунанд.

Тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддун дар ҳар давру замон омӯзиши илму донишро яке аз шартҳои асосии рушди маънавии инсон ва пешрафти ҷомеа медонистанд. Ин анъана то ба имрӯз идома ёфта, дар даврони соҳибистиқлолӣ низ мазмун ва арзиши нав касб кардааст. Чунонки Саъдии Шерозӣ бо як ташбеҳи пурмаъно мефармояд:

Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ.

Ин панд аҳамияти тарбияи дурусти насли наврасро бозгӯ менамояд. Агар асоси тарбия аз нахустин қадамҳо бар дониш, маърифат, ахлоқи ҳамида, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои инсонӣ бунёд гардад, натиҷаи он насли босавод, масъулиятшинос ва созанда хоҳад буд. Аз ин рӯ, мактаб ва донишгоҳ дар баробари дониш фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандиро низ дар зеҳну маърифати онҳо ташаккул медиҳанд. Зеро ояндаи ҷомеа аз сатҳи дониш, маърифат ва ҷаҳонбинии насли ҷавон вобастагии мустақим дорад.

Ногуфта намонад, ки 1 сентябр барои ҳазорон нафар кӯдаконе, ки бори аввал ба синфи якум қадам мегузоранд, рӯзи фаромӯшнашаванда аст. Онҳо ба даргоҳи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, боргоҳҳои илму маърифат ворид шуда, сафҳаи нави зиндагии худро бо Дарси сулҳ оғоз мекунанд. Барои падару модарон низ ин рӯз дорои аҳамияти махсус буда, оғози роҳи фарзандон ба сӯи дониш, касбомӯзӣ ва камолоти маънавӣ мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузории Дарси сулҳ дар оғози соли нави таҳсил ба ҷаҳониён низ паёми муҳим мефиристад: сулҳ ва дониш ду рукни муҳими рушди устувори ҷомеа мебошанд. Насле, ки дар фазои сулҳу субот таълиму тарбия мегирад, метавонад бо дониш ва маърифат ояндаи кишварро пеш барад.

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон низоъҳо ва ихтилофҳо ба ҳаёти инсонҳо таъсир мерасонанд, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми ҳамдигар боз ҳам аҳамияти бештар пайдо мекунад. Аз ин рӯ, таҷрибаи Тоҷикистон дар пайвастани оғози соли таҳсил бо ғояи сулҳ ва дониш метавонад ҳамчун як падидаи муҳими фарҳангиву тарбиявӣ арзёбӣ гардад.

Ҳамин тариқ, Дарси сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на фақат оғози соли нави таҳсил, балки ба як анъанаи муҳими тарбиявӣ табдил ёфтааст. Он арзишҳои ба дастомадаи сулҳу ваҳдат, дониш ва маърифатро ба насли наврас талқин намуда, нақши онҳоро ҳамчун неруи пешбаранда ва ояндасози ҷомеа дар рушди кишвар тақвият мебахшад. Аз ин рӯ, пайванди Рӯзи дониш бо Дарси сулҳ яке аз вижагиҳои муҳими ҳаёти маънавию иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, ҳамчун яке аз омилҳои тарбияи насли созандаи кишвар дар ҷаҳони муосир аҳамияти худро нигоҳ медорад.

ОДИНАЕВ Абдуҳалим,

ходими калони илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ