×

МУҲИМТАРИН ДАСТОВАРДҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Бозгашт ба мавод

МУҲИМТАРИН ДАСТОВАРДҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

ИОМДОА Сиёсат 19-08-2026 ш.Душанбе
МУҲИМТАРИН ДАСТОВАРДҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

(Ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Истиқлолият  неъмати беҳтарини ҳар давлату миллат маҳсуб ёфта, таҳкимбахши меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид  ба мақоми даврони истиқлолият чунин иброз медоранд: “Яке аз музаффарияти бузурги даврони истиқлолият ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки то имрӯз корҳои бузургеро ба анҷом расонем.”

Воқеан ҳам, ноил шудани хурду бузурги ҷумҳурӣ ба соҳибистиқлолии кишварамон ба давраи басе ҳассоси таърихӣ рост омад ва аҳли ҷомеа ба пешвои  сиёсие ниёз дошт, ки ӯ  пеши роҳи ҷанги даҳшатбори шаҳрвандиро гирифта, давлатро аз фаношавӣ эмин нигоҳ дорад. Хушбахтона, дар Иҷлосияи таърихии 16 – уми  Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси Раис интихоб гардиданд ва ин аввалин дастоварди сиёсии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ буд.

Дар соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ бошад,  барои рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон заминаи боэътимоди пешрафту шукуфоӣ фароҳам овард.

Маҳз расидан ба Истиқлолияти давлатӣ боис гардид, ки давлатдории тоҷикон аз вартаи ҳалокат наҷот ёбад, тамомияти арзии ҷумҳурӣ ҳифз гардад, сулҳу амният ва ваҳдати миллӣ таъмин карда шаванд, буҳрони шадиди иқтисодӣ бартараф гардад ва мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло равад.

Дар давоми 35 соли истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ дигаргуниҳои назаррас ба амал омада, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, афзоиши даромадҳои аҳолӣ, зиёд намудани музди меҳнат ва нафақа, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, рушди саноат ва таҳкими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои пайваста амалӣ гардиданд.

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии давраи истиқлоли давлатӣ ба таври назаррас коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ мебошад: агар соли 1999 сатҳи камбизоатӣ 83 фоиз-ро ташкил дода бошад, соли 2025 ин нишондиҳанда ба 19 фоиз расидааст. Ҳамин тариқ, сатҳи камбизоатӣ 64 банди фоизӣ коҳиш ёфта, дар ифодаи нисбӣ тақрибан 77 фоиз кам шудааст.

Имрӯз афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат 8,4  дарсадро ташкил дода, ба беш аз 150 миллиард сомонӣ расонида шудааст. Ҳамзамон, дар ҷумҳурӣ сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, соли 2024  3,6 дарсадро ташкил намуд. Сатҳи даромади аҳолӣ ба 147 миллиард сомонӣ расонида шуд. Дар панҷ соли  охир дар ҳаҷми 100 дарсад афзоиш ёфтани маоши кормандони соҳаҳои буҷавӣ, афзоишёбии ҳадди ақалли маош дар ҳаҷми 1000 сомонӣ бозгӯи пешрафти иқтисодии кишварамон мебошанд.

Таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ самти дигари муҳими сиёсати иҷтимоию иқтисодии даврони истиқлол мебошад. Дар давраи истиқлол дар кишвар зиёда аз 3,3 миллион ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шудааст. Ҳамчунин барои солҳои минбаъда вазифаи фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, аз ҷумла тавассути рушди соҳаҳои хизматрасонӣ, сайёҳӣ, молиявию бонкӣ, нақлиёт ва коммуникатсия муайян гардиданд. Рушди саноат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи истеҳсолот низ яке аз дастовардҳои назарраси давраи истиқлол мебошад. Дар панҷ соли охир дар мамлакат зиёда аз 2040 корхонаи саноатӣ таъсис дода шуда, дар ин корхонаҳо 74 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил гардидааст. Танҳо дар соли 2024 740 коргоҳ ва корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуда, тақрибан 20 ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам овардаанд.

Нишондиҳандаҳои демографӣ ва тандурустӣ низ беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолиро инъикос менамоянд. Тибқи омори расмӣ, шумораи аҳолии кишвар дар 30 соли истиқлол аз 5,5 миллион то 9,8 миллион нафар, яъне 1,8 баробар, зиёд шудааст. Давомнокии миёнаи умр дар соли 2020 ба 75,1 сол расида, нисбат ба соли 1991 панҷ сол зиёд гардидааст. Ҳамзамон, нишондиҳандаи фавти умумӣ 40 фоиз, фавти модарон ҳангоми таваллуд 73 фоиз ва фавти кӯдакони то панҷсола 85 фоиз коҳиш ёфтааст.

Тибқи таъкидҳои пайваста ва дастурҳои Сарвари дурандеши давлат, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани ҷумҳурӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистони соҳибистиқлол омилҳои муҳиму такондиҳандаи рушди кишвар маҳсуб меёбанд. Ҷиҳати расидан ба ҳадафи мазкур айни замон дар Тоҷикистон 12 лоиҳаи инвеститсионӣ дар соҳаи нақлиёт мавриди татбиқкунӣ қарор дорад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 400 км роҳҳои дорои хусусияти байналмилалӣ, 220 км роҳи оҳан, 237 пул, 6 нақби мошингузар бо дарозии 18 км бунёд гардидааст.

Аз рӯи маълумоти оморӣ, теъдоди корхонаҳои саноатӣ соли 2022 ба 2802 адад баробар гардид. Соли 2023 ба миқдори 715 корхонаи саноатӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки дар маҷмуъ 3517 ададро ташкил менамоянд. Вобаста ба сохтори иншооти истеҳсолии соҳаи саноати мамлакат соли 2022 ҳиссаи корхонаҳои саноати коркард – 61,0 фоиз, саноати истихроҷи маъдан – 20,0 фоиз, истихроҷи маводи ғайриэнергетикӣ – 19 фоизро ташкил менамояд.

Яке аз хусусиятҳои сиёсати давлат дар соҳаи маорифи кишвар дар он ҳаст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ маблағгузорӣ ба ин соҳаи муҳим батадриҷ меафзояд. Дар 35 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ 67,4 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 6,2 миллиард сомонӣ, яъне дар маҷмуъ, 73,6 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст. Имрӯз дар соҳаи маориф 11 лоиҳа ба маблағи 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Ҳамзамон, тайи даврони соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳа давра ба давра беш аз 20 баробар зиёд карда шудааст.

Тайи даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ба маблағи 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ 1435 муассисаи соҳаи маориф бо 231 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.

Имсол бошад, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 309 муассисаи таълимӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои беш аз 94 ҳазор ҷойи нишаст идома дошта, то охири сол зиёда аз 200 бинои навбунёд бо тамоми шароити зарурӣ ба истифода дода мешавад.

Омори мазкур далели он аст, ки имрӯз пояҳои Итиқлоли давлатии Тоҷикистон хеле устувор гаштаанд ва Тоҷикистон ба марҳилаи рушди таърихие ворид гардидааст, ки маҳсули он барои таъмини зиндагии шоистаи на танҳо насли имрӯза, балки минбаъдаи миллати мо нихз таъсиргузор хоҳад буд. Аз ин рӯ Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол барои рушди осоиштаю ҳифзи ҳаёти одамон на рақобату муқовиматҳои муғризона, балки талоши ба ҳам наздик сохтани мавқеъҳоро ба хотири эҷоди низоми шариконаи амнияти минтақавӣ ва глобалӣ муҳим мешуморад.

Ҳамин тариқ, 35 соли истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нуқтаи назари нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ бо коҳиши назарраси сатҳи камбизоатӣ, афзоиши даромадҳои аҳолӣ, музди меҳнат ва нафақа, таъсиси миллионҳо ҷойи корӣ, рушди босуръати саноат, васеъ гардидани инфрасохтори иҷтимоӣ ва беҳтар шудани нишондиҳандаҳои демографию тандурустӣ тавсиф меёбад. Ин равандҳо дар маҷмӯъ барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ ва таҳкими асосҳои иҷтимоии рушди устувори мамлакат замина фароҳам овардаанд.

 Давоми 35 сол Тоҷикистон робитаю ҳамкории судмандро бо кишварҳои гуногуни олам ва созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба роҳ монда, густариш медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон аъзои фаъоли беш аз 80 созмони бонуфузи байналмилалию минтақавӣ буда, бо зиёда аз 150 мамлакати дунё робитаҳои дипломатӣ, ҳамкории судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ дорад.

Бояд қайд кард, ки аз соли 2000 инҷониб бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 9 қатъномаро вобаста ба ҳалли масъалаҳои об қабул намуд, ки ин иқдоми бузург дар боло рафтани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард.

Аз ҷумла, соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005 – 2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», «Соли 2013- Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», солҳои 2018 – 2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва ниҳоят, 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 дар рӯйхати ҷашнвораҳои байналмилалӣ ворид гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо аз муҳимтарин иқдоми ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Аз ҳамин хотир ҷомеаи байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузори ҳамаи ташаббусу иқдоми байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф намудааст.

Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, таҳкими маърифтаи ҳуқуқӣ ва сулҳи пойдор барои наслҳои оянда ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин амр дар болоравӣ ва афзудани обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст.

 Муҳимтарин омили таҳкими Истиқлоли давлатии Ватани мо тақвиятбахшии раванди  худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ҳисси ватандӯстии аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон маҳсуб меёбад. Онҳо бояд аз моҳият ва мазмуни қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ огоҳии комил дошта бошанд,  моҳияти равандҳои сиёсии дохиливу хориҷӣ ва ҳадафи нақшаву барномаҳои ҷумҳуриямонро дуруст дарку қабул карда тавонанд. Барои ҳамин бояд ба тақвиятбахшии маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон пайваста аҳамият дода шавад.

МАҲМАДБЕКЗОДА Моёншо Шодмон,

сарходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,

доктори илмҳои сиёсӣ