×

НАҚШИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ ДАР ТАШАККУЛИ НИЗОМИ НАВИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ (дар мисоли Шарқи Наздик ва Миёна)

Бозгашт ба мавод

НАҚШИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ ДАР ТАШАККУЛИ НИЗОМИ НАВИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ (дар мисоли Шарқи Наздик ва Миёна)

ИОМДОА Сиёсат 20-08-2026 ш.Душанбе
НАҚШИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ ДАР ТАШАККУЛИ НИЗОМИ НАВИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ  (дар мисоли Шарқи Наздик ва Миёна)

Дар шароити муосири ҷаҳонӣ, ки бо афзоиши низоъҳои мусаллаҳона, буҳронҳои сиёсӣ ва таҳдидҳои глобалӣ тавсиф мешавад, масъалаи таҳкими сулҳ ва амнияти байналмилалӣ аҳамияти аввалиндараҷа пайдо кардааст. Бо назардошти ин вазъият, ташаббуси эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда ба яке аз ташаббусҳои муҳими нави байналмилалӣ дар самти таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо ва рушди муколамаи байнинаслӣ табдил ёфтааст. Ин ташаббус бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардида, 25 июни соли 2026 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қабул шуд ва солҳои 2027– 2036- ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда эълон намуд. Қабули чунин қатънома дар шароите сурат гирифт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамзамон бо идомаи низоъҳои мусаллаҳона, буҳронҳои гуманитарӣ, заифшавии эътимод байни давлатҳо ва афзоиши хатарҳо барои наслҳои оянда рӯ ба рӯ мебошад.

Мазмуни асосии ин Даҳсола аз он иборат аст, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест, балки низоми мураккаби муносибатҳои устувори иҷтимоӣ, сиёсӣ ва байналмилалӣ мебошад, ки бар пояи муколама, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва ҳамбастагии байнинаслӣ бунёд меёбад. Дар ҳуҷҷати қабулшуда зикр мегардад, ки кишварҳои узв бояд ба рушди фарҳанги сулҳ, тавсеаи муколама, инчунин ба иштироки кӯдакон, ҷавонон ва калонсолон дар раванди қабули қарорҳо мусоидат намоянд, то манфиатҳои наслҳои оянда дар сиёсати давлатӣ ва байналмилалӣ ба таври воқеӣ ба инобат гирифта шаванд. Ҳамин тавр, Даҳсола на танҳо як эъломияи сиёсӣ, балки як даъвати амалӣ барои тағйири муносибат ба амният, сулҳсозӣ ва ҳамкории байналмилалӣ  дар фазои орому осоишта мебошад.

Қабули ин ташаббус ба он маъност, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ сулҳро ҳамчун арзиши байнинаслӣ ва стратегияи дарозмуддати рушди башарӣ эътироф намудааст. Дар қатънома ба ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи СММ, махсусан ба ӯҳдадории "раҳо сохтани наслҳои оянда аз офати ҷанг" такя карда мешавад, ки ин нишон медиҳад, масъалаи таҳкими сулҳ танҳо масъалаи амнияти рӯзмарра нест, балки вазифаи ахлоқӣ ва сиёсӣ дар назди ояндаи инсоният мебошад. Ин равиш махсусан дар ҷаҳони бисёрқутбӣ аҳамияти хос мегирад, зеро дар чунин низом рақобати геополитикӣ, бархӯрди манфиатҳо ва мураккабшавии низоъҳои минтақавӣ бештар ба назар мерасад.

Даҳсолаи нав инчунин бо рӯзномаи байналмилалии марбут ба Саммити Оянда ва "Паймони ба хотири оянда" пайванд дорад, ки дар онҳо давлатҳо ӯҳдадор шудаанд ҳамкориро ба хотири ҳифзи манфиатҳои наслҳои оянда тақвият бахшанд. Аз ин ҷиҳат, ташаббуси Тоҷикистон дар фазои васеътари ислоҳоти низоми бисёрҷониба ҷой гирифта, ҳамчун як унсури афзояндаи дипломатияи сулҳ дар сатҳи ҷаҳонӣ арзёбӣ мешавад. Он ҳамчунин давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар шариконро даъват мекунад, ки таҷрибаҳои беҳтаринро дар самти пешгирии низоъ, таҳкими муколама ва рушди ҳамдигарфаҳмӣ мубодила намоянд.

26 июни соли 2026 дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми шодбошӣ ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (солҳои 2027–2036)» ва Рӯзи ваҳдати миллӣ таъкид намуданд: «Мо вазифадорем аз худ ҷаҳоне ба мерос гузорем, ки дар он наслҳои ояндаи инсоният дар фазои сулҳу оромӣ имкони ҳамзистӣ, рушд ва ҳамкориро дошта бошанд. Дар робита ба ин, мо чунин мешуморем, ки ҳалли ҳама гуна мушкилоти ҷаҳонӣ танҳо аз роҳи муколама ва ҳамкории созанда имконпазир аст».

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар пешбурди ин Даҳсола мавқеи хоси сиёсӣ ва маънавӣ дорад. Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон, ки марҳалаи ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида, баъдан тавассути сулҳу оштии миллӣ ба субот ва ваҳдат ноил гардид, заминаи воқеии сиёсиву ахлоқии пешниҳоди чунин ташаббусро фароҳам овардааст. Дар паёми табрикии марбут ба қабули қатънома таъкид шуд, ки миллати тоҷик, ки даҳшатҳои ҷанги таҳмилиро аз сар гузаронидааст, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро арзиши олӣ медонад ва аз сабақҳои талхи таърих хулосаҳои ҷиддӣ бардоштааст.

Аз ин лиҳоз метавон таъкид кард, ки ин ташаббус идомаи мантиқии нақши сулҳофарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати байналмилалӣ низ маҳсуб мешавад. Дар матни қатънома ҳамчунин пешрафтҳои мусбати Осиёи Марказӣ, аз ҷумла талошҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон барои ҳалли масъалаҳои марзӣ бо роҳи осоишта ва имзои санадҳои дахлдор махсус истиқбол шудаанд. Ин нукта дар ҳамкориҳои минтақавӣ бисёр муҳим аст, Тоҷикистон на танҳо ташаббусҳои глобалиро пешниҳод менамояд, балки худ низ дар муҳити минтақавӣ намунаи дипломатияи муколамаи байнӣ ва ҳалли осоиштаи баҳсҳоро нишон медиҳад.

Илова бар ин, барои боз ҳам баланд бардоштани аҳамияти таҳкими сулҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон намуд, ки соли 2027 дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои шарик конфронси байналмилалии сатҳи баланд барои оғози татбиқи Даҳсолаи мазкур баргузор хоҳад шуд. Ин ҳамоиш имкон медиҳад ки Душанбе ва умуман Тоҷикистон ба яке аз платформаҳои муҳими гуфтугӯи байналмилалӣ оид ба сулҳ, пешгирии низоъҳо ва ҳифзи манфиатҳои наслҳои ояндаи башарият табдил меёбад.

Мавқеи Тоҷикистон нисбат ба таҳаввулоти Шарқи Наздик бо принсипҳои муколама, ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳалли мусолиматомези баҳсҳо унвони хабарҳои ҷаҳонӣ тавсиф мешавад. Ин мавқеъ махсусан дар шароити шиддат гирифтани низоъҳо дар Фаластин, Ғазза, Лубнон, Сурия ва инчунин муқобилаҳои вобаста ба Эрон ва тонишҳои низомии ИМА ва Исроил аҳамияти бештар пайдо кардааст.Тоҷикистон дар изҳоротҳои расмии худ пайваста таъкид намудааст, ки ҳамаи ихтилофҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ бояд танҳо тавассути музокирот ва воситаҳои дипломатӣ ҳал карда шаванд.

Дар Саммити фавқулодаи муштараки арабӣ-исломӣ дар Риёз моҳи ноябри соли 2024 Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати андешидани тадбирҳои муассиртар барои ҳалли низои тӯлонии Шарқи Наздикро таъкид намуда, изҳор дошт, ки ихтилофҳо бояд танҳо дар асоси принсипҳо ва меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, хусусан Оинномаи СММ, ба воситаи гуфтушунид ва дипломатия ҳал шаванд. Дар ин суханронӣ инчунин нақши ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид ва талошҳои дигар созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Исломӣ, барои таҳкими  субот дар минтақа муҳим арзёбӣ гардидааст. Тоҷикистон ҳамзамон аз таъсиси давлати мустақили Фаластин бо пойтахташ Қудси Шарқӣ дар ҳудуди соли 1967 ҷонибдорӣ кард ва онро заминаи сулҳи одилона ва пойдор дар минтақа донист.

Дар изҳороти расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2025 (ҷангӣ 12-руза) вобаста ба шиддатёбии вазъ дар Ховари Миёна, бахусус миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон, Давлати Исроил ва ИМА, Тоҷикистон аз ҳар гуна амалиёти ҳарбӣ изҳори нигаронии ҷиддӣ намуда, ҷонибҳоро ба риояи Оинномаи СММ, меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва талош барои ҳифзи сулҳу субот дар минтақа даъват кардааст. Баъдан, пас аз эълони созиш оид ба оташбас байни Эрон, Исроил ва ИМА, Тоҷикистон ин қадамро истиқбол намуда, изҳори умед кард, ки он метавонад ба муқовимати мусаллаҳона поён бахшида, барои барқарории сулҳи устувор ва дарозмуддат дар тамоми Шарқи Наздик замина гузорад. Чунин мавқеъ бо моҳияти худи Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда мутобиқ аст, зеро он пешгирии ҷанг, афзалияти дипломатия ва ҳифзи зиндагии шаҳрвандони осоишта, махсусан ҷавононро дар марказ мегузорад.
Барои кишварҳои Шарқи Наздик ин Даҳсола аҳамияти махсус дорад, зеро минтақа дар даҳсолаҳои охир яке аз марказҳои асосии низоъҳои мусаллаҳона, муҳоҷирати иҷборӣ, буҳронҳои сохташуда ва рақобатҳои шадиди геополитикӣ боқӣ мондааст. Аз ҳамин сабаб, татбиқи ғояҳои марбут ба таҳкими сулҳ, оштии сиёсӣ, муколамаи байнифарҳангӣ ва ҷалби наслҳои ҷавон ба раванди сулҳсозӣ дар ин минтақа метавонад на танҳо паёмадҳои ҷангҳоро коҳиш диҳад, балки барои ташаккули низоми амниятӣ устувортар низ мусоидат намояд.

Агар ин Даҳсола бо барномаҳои мушаххаси таълимӣ, дипломатияи ҷавонон, пуштибонии занону ҷавонон дар раванди миёнравӣ ва афзоиши нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварҳои арабӣ ва дигар давлатҳои Шарқи Наздик ҳамроҳ карда шавад, он метавонад дорои таъсири воқеии сиёсӣ ва иҷтимоӣ гардад.

Дар ин замина, таҷрибаи Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки сулҳи дохилиро баъди низои шадид барқарор намуд, барои баъзе давлатҳои минтақаи Шарқи Наздик ҷолиб буда метавонад. Албатта, ҳар як низоъ хусусиятҳои таърихӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ ва геополитикии худро дорад, вале принсипҳои умумӣ, ба мисли бартарияти муколама, фарогирии гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ, нақши миёнравии созмонҳои байналмилалӣ ва зарурати гузаштан аз мантиқи қудрат ба мантиқи созиш, универсалӣ мебошанд. Аз ин рӯ, иштироки Тоҷикистон дар муҳокимаҳои байналмилалӣ оид ба ояндаи сулҳ дар Шарқи Наздик метавонад на танҳо рамзӣ, балки амалӣ низ бошад.

Дурнамои Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда аз он вобаста аст, ки то кадом андоза давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ онро аз сатҳи шиор ба сатҳи татбиқи мушаххас амалӣ менамоянд. Агар механизмҳои мониторинг, барномаҳои омӯзишӣ, ташаббусҳои муштараки сулҳсозӣ, дастгирии дипломатияи пешгирикунанда ва нақшаҳои мушаххаси миллӣ таҳия шаванд, ин Даҳсола метавонад ба як платформаи таъсиргузори нави ҳамгироии байналмилалӣ табдил ёбад. Нақши Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор, сулҳталаб ва ҳомии ҳалли мусолиматомези низоъҳо боз ҳам қавитар менамояд.

Барои кишварҳои Шарқи Наздик бошад, ин Даҳсола метавонад чаҳорчӯбаи нави меъёрӣ ва сиёсиро пешниҳод кунад, ки дар он манфиатҳои наслҳои оянда болотар аз мантиқи рақобатҳои кӯтоҳмуддати сиёсӣ гузошта мешаванд. Дар шароите, ки минтақа аз низоъҳои тӯлонӣ, буҳронҳои гуманитарӣ ва беэътимодии амиқ ранҷ мебарад, ҳар ташаббусе, ки сулҳро ҳамчун арзиши байнинаслӣ ва умумибашарӣ муаррифӣ мекунад, метавонад аҳамияти стратегӣ дошта бошад. Аз ҳамин рӯ, Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда имконияти нави дипломатӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва сиёсӣ барои зиндагии осоиштаи миллатҳо дар асоси таҳкими муколама миёни минтақаҳо, аз ҷумла миёни Тоҷикистон ва кишварҳои Шарқи Наздик, арзёбӣ гардад.

Ҳамин тариқ, Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда метавонад ба як платформаи муҳими байналмилалӣ барои пешгирии низоъҳо ва таҳкими суботи ҷаҳонӣ табдил ёбад. Татбиқи самараноки он аз иродаи сиёсӣ, ҳамкории давлатҳо ва иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ вобаста аст. Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва пешбарандаи дипломатияи созанда мебошад. Дар айни замон, барои минтақаҳои ноором, аз ҷумла Шарқи Наздик, он метавонад заминаи нав барои густариши муколама ва расидан ба сулҳи пойдор гардад.

ШАРИФЗОДА Абдураҳмон,

ходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ