Аз саҳифаҳои пурғановати таърихи башар бармеояд, ки ниёгони ориёитабор дар ташаккули арзишҳои сулҳ, адолат, инсонпарварӣ ва ҳамзистии осоишта саҳми назаррас гузоштаанд. Эъломияи Куруши Кабир, ки дар таърихи тамаддуни башар ҳамчун яке аз ёдгориҳои муҳими андешаи инсондӯстона шинохта мешавад, ҷашни бостонии Наврӯз бо паёми эҳёи ҳаёт, дӯстӣ ва ҳамбастагӣ, инчунин даъватҳои сулҳҷӯёна дар осори адабиёти классикии форсу тоҷик, аз ҷумла андешаҳои башардӯстонаи Саъдии Шерозӣ, бозгӯкунандаи фарҳанги сулҳпарвар ва тамаддунофари ниёгони мо мебошанд. Ин мероси бузурги таърихию фарҳангӣ барои миллати тоҷик на танҳо мояи ифтихор, балки масъулияти маънавӣ низ мебошад. Дар шароити ҷаҳони муосир, ки ҷомеаи байналмилалӣ бо низоъҳои мусаллаҳона, таҳдидҳои амниятӣ ва дигар мушкилоти глобалӣ рӯ ба рӯст, Тоҷикистон арзишҳои сулҳ, муколама ва ҳамкориҳои байналмилалиро пайваста ҷонибдорӣ менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун ҷонибдори фаъоли сулҳу суботи байналмилалӣ, аз минбари Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пайваста ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳкими сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда даъват менамоянд. Аз соли 1993 инҷониб дар суханрониҳои Сарвари давлат масъалаҳои пешгирии низоъҳои мусаллаҳона, ҳалли осоиштаи ихтилофот ва таъмини амнияти байналмилалӣ ҷойгоҳи муҳим доранд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ борҳо ба мероси гаронбаҳои адабиёти классикии тоҷик ва андешаи башардӯстонаи Саъдии Шерозӣ такя намуда, таъкид мекунанд, ки: «Бани одам аъзои якдигаранд». Ин сухани пурмаъно аҳамияти умумубашарӣ дошта, инсонҳоро новобаста аз миллат, нажод, забон ва мавқеи ҷуғрофӣ ба ҳамдигарҳамдардӣ ва масъулияти муштарак дар назди ҷомеаи башарӣ ҳидоят менамояд.
Сарвари давлат ҷонибҳои даргири бархӯрдҳои мусаллаҳонаро ба қатъи ҷанг, риояи ҳуқуқи инсон ва ҳалли ихтилофот бо роҳи гуфтушунид ва дипломатия даъват менамоянд. Ба андешаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳ танҳо набудани ҷанг нест, балки заминаи асосии рушди устувор, пешрафти иқтисодӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад. Сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ аз арзишҳои муҳимтарини ҳаёти инсоният ба шумор мераванд. Дар осори адабиёти классикии тоҷик андешаи сулҳпарварӣ ва инсонгароӣ ҷойгоҳи хос дорад. Саъдии Шерозӣ дар «Гулистон» мегӯяд:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Маънои ин сухан дар он аст, ки тамоми инсонҳо бо ҳам иртибот доранд ва дар баробари ранҷу мушкилоти якдигар бетараф набояд бошанд. Ин ғоя бо ҳадафҳои асосии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи сулҳ, амнияти байналмилалӣ, ҳамкорӣ ва ҳалли осоиштаи низоъҳо ҳамоҳанг мебошад. Дар ин замина сиёсати сулҳҷӯёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти хос дорад. Тоҷикистон таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида, ба шарофати музокирот ва ризоияти миллӣ роҳи сулҳу ваҳдатро интихоб намуд. Ин таҷриба дар мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ инъикос ёфтааст.
Ғояи Саъдии Шерозӣ, ки инсонҳоро ҳамчун аъзои як пайкари ягона муаррифӣ мекунад, имрӯз аҳамияти байналмилалӣ дорад. Ҷанг дар як минтақа метавонад ба амният, иқтисод, муҳоҷират ва зиндагии мардум дар минтақаҳои дигар таъсир расонад. Аз ин рӯ, давлатҳо бояд мушкилоти якдигарро ҳамчун масъалаҳои умумии башарӣ қабул намоянд.
Маҳз чунин муносибатро метавон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мушоҳида кард. Тоҷикистон ҷонибдори таҳкими муколама, ҳамкории байналмилалӣ ва пешгирии низоъҳо мебошад. Ин мавқеъ дар масъалаи Афғонистон низ ба назар мерасад, ки Тоҷикистон зарурати таъмини сулҳ ва расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми азияткашидаи Афғонистонро дастгирӣ кардааст. Аз ин нуқтаи назар, сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат бо мазмуни «Бани одам аъзои якдигаранд» пайванди маънавӣ дорад: инсонҳо бояд ба ҷои муқовимат ҳамкорӣ, ба ҷои душманӣ дӯстӣ ва ба ҷои ҷанг роҳи сулҳро интихоб намоянд.
Дар солҳои охир Тоҷикистон дар доираи СММ масъалаҳои сулҳ, рушди устувор, тағйирёбии иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои обиро пайваста ба рӯзномаи байналмилалӣ ворид кардааст. Созмони Милали Муттаҳид ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистонро дар самтҳои тағйирёбии иқлим, об, устувории муҳити зист, мубориза бо терроризм ва рушди устувор қайд мекунад.
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати байналмилалии Тоҷикистон масъалаи об мебошад. Об барои ҳаёт, саломатӣ, кишоварзӣ ва рушди иқтисодӣ аҳамияти ҳалкунанда дорад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон дар сатҳи СММ ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои об ва ҳамкории байналмилалӣ дар ин соҳа таваҷҷуҳи зиёд медиҳад. Конфронсҳои байналмилалии Душанбе оид ба об бо иштироки сохторҳои СММ ва намояндагони давлатҳои гуногун баргузор гардида, масъалаи ҳамкории кишварҳо дар самти обро ба миён гузоштаанд. СММ низ ҳамкории худ бо Тоҷикистонро дар масъалаҳои об ва рушди устувор таъкид мекунад. Ин ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки дипломатияи Тоҷикистон танҳо ба масъалаҳои сиёсӣ маҳдуд намешавад, балки масъалаҳои ҳаётан муҳими инсониятро низ фаро мегирад. Ҳалли мушкилоти об, иқлим ва рушди устувор танҳо тавассути ҳамкории давлатҳо имконпазир аст.
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон ғамхорӣ дар бораи наслҳои оянда мебошад. Соли 2026 бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)»-ро қабул кард. Ҳадафи ин ташаббус таҳкими сулҳ, муколама ва ҳамбастагӣ байни наслҳо мебошад. Ин иқдомро метавон идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон арзёбӣ кард. Сулҳ танҳо набояд барои имрӯз бошад, балки он бояд барои наслҳои оянда низ ҳифз ва таҳким дода шавад.
Хулоса. Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суннати таърихии сулҳпарварӣ ва инсондустии миллати тоҷикро дар сиёсати хориҷии кишвар идома дода, дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ ва пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ саҳми арзанда мегузорад. Мавқеи Тоҷикистон дар масъалаҳои сулҳу субот, обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва рушди устувор нишон медиҳад, ки мероси тамаддунии гузашта метавонад дар шакли ташаббусҳои созанда ба рӯзномаи ҷаҳонии имрӯз пайванд ёбад.
Аз ин ҷост, ки эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангии ниёгон ва муаррифии онҳо дар арсаи байналмилалӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангӣ ва хориҷии Тоҷикистони муосир ба шумор меравад. Ин пайванди таърих ва имрӯз нишон медиҳад, ки фарҳанги сулҳпарварӣ ва тамаддунофарии мардуми тоҷик метавонад ҳамчун василаи таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии осоишта дар ҷаҳони муосир хизмат намояд. Суханрониҳо ва ташаббусҳои Тоҷикистон дар СММ нишон медиҳанд, ки кишвар ҷонибдори ҳалли осоиштаи мушкилоти байналмилалӣ ва муттаҳид шудани давлатҳо барои ҳалли масъалаҳои умумии башарӣ мебошад. Ташаббусҳо дар масъалаҳои об, иқлим, рушди устувор ва таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда намунаи чунин сиёсати ҳамкорӣ мебошанд.
Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки ғояи «Бани одам аъзои якдигаранд» дар замони муосир низ аҳамияти бузург дорад. Ҳар қадар халқҳо ва давлатҳо ба ҳамдигар наздиктар, масъулиятшинос ва ҳамкор бошанд, ҳамон қадар имкони бунёди ҷаҳони осоишта ва устувор бештар мегардад. Мавқеи сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба арзишҳои башардӯстона, эҳтироми мутақобил ва талош барои ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ тавассути муколама асос ёфтааст. Паёми «Бани одам аъзои якдигаранд» имрӯз низ ҳамчун даъват ба ҳамбастагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳи пойдор аҳамияти хосса дорад.
БАҲРУЛО Соҳиб,
ходими калони илмии шуъбаи Аврупои
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ