×

ДИПЛОМАТИЯИ МАРДУМӢ - ТАҚВИЯТБАХШИ РУҲИЯИ СҲШ

Бозгашт ба мавод

ДИПЛОМАТИЯИ МАРДУМӢ - ТАҚВИЯТБАХШИ РУҲИЯИ СҲШ

ИОМДОА Сиёсат 01-09-2026 ш.Душанбе
ДИПЛОМАТИЯИ МАРДУМӢ - ТАҚВИЯТБАХШИ РУҲИЯИ СҲШ

Санаи 31 август 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд.

Тибқи маълумоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) созмони байналмилалӣ буда, дар таъсис ёфтани он пеш аз ҳама фаъолияти «Панҷгонаи Шанхай», ки дар асоси Созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Русия дар бораи таҳкими чораҳои боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ дар минтақаи сарҳад аз соли 1996 ва дар бораи коҳиши мутақобили қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи сарҳад аз соли 1997 ташкил шуда буд, замина гузоштааст.

Ҳамин тавр, соли 2000 дар Душанбе зимни нишасти охирони сарони “Панҷгонаи Шанхай” табдил додани он ба як сохтори минтақавии ҳамкории бисёрҷониба дар бахшҳои гуногун пешниҳод гардида, Эъломияи Душанбе аз 4 июли соли 2000 пазируфта шуд. Маҳз ҳамин тасмими сарони давлатҳо15 июни соли 2001 дар нишасти навбатӣ дар шаҳри Шанхай Изҳороти муштарак дар бораи қабули Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба “Панҷгонаи Шанхай” ва Эъломия дар бораи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расид.

Дар ҳоли ҳозир СҲШ ба яке аз сохторҳои бонуфузи байналмилалӣ ва модели нави ҳамкории самарабахши минтақавӣ табдил ёфта, масоҳати умумии он зиёда аз 65%-и ҳудуди сайёраро ишғол намуда, аҳолиаш зиёда аз 3,5 миллиардро (қариб 50% аҳолии кураи замин) ташкил медиҳад, ки на танҳо бо шакли нави ҳамкориҳо аз нигоҳи сохтори сиёсӣ, иқтидори иқтисодӣ ва гуногунии фарҳангӣ балки ҳамчунин бо «рӯҳияи Шанхай», ки дар Оинномаи СҲШ инъикос ёфтааст ва ноил шудан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар ҳамаи соҳаҳо пайваст ҳастанд.Дар нишасти сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар ш.Остона июни соли 2017 Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Созмон ба сифати давлатҳои узви комилҳуқуқ пайвастанд. Дертар дар саммити соли 2023 Ҷумҳурии Исломии Эрон ва саммити соли 2024 Ҷумҳурии Беларус аъзои комилҳуқуқи СҲШ шуданд.

Айни замон Созмон аз 10 давлати аъзо - Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 2 давлати нозир - Афғонистон ва Муғулистон ва 14 шарикони муколамаи СҲШ – Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Шоҳигарии Баҳрайн, Ҷумҳурии Арабии Миср, Шоҳигарии Камбоҷа, Давлати Қатар, Давлати Кувайт, Ҷумҳурии Малдив, Ҷумҳурии Иттиҳоди Мянма, Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал, Амороти Муттаҳидаи Араб, Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри Ланка иборат мебошад.

Ҳадафҳои асосии СҲШ ин рушди ҳамкорӣ дар самти таҳкими боварии мутақобилан судманд ва ҳамсоягии неки давлатҳои узв, мусоидат ба ҳамкории самарабахш дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ, инчунин дар соҳаи маориф, энергетика, нақлиёт, сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист, таъмин ва ҳифзи сулҳу субот ва амният дар минтақа маҳсуб меёбанд.

Маврид ба зикр аст, ки муносибатҳои кишварҳои СҲШ дар асоси эҷоди дипломатия рушд ёфта, тавсеа меёбад. Бо ҳамкории Институти омузиши Сулҳ ва Дипломатия ва Форуми Дӯстии  СҲШ дар Покистон бо иштироки муҳаққиқону коршиносон аз кишварҳои Чин, Русия, Белорусия, Узбекистон, Қазоқистон, Покистон ва Тоҷикистон зери унвони “Нақши Дипломатияи мардумӣ дар эҷод ва тақвияти руҳияи Шанхай миёни кишварҳои аъзо” баргузор шуд, ки иштирокчиён ҳамкории кишварҳои аъзои СҲШ-ро муҳим арзёбӣ намуда, нуктаҳои асосиро дар дарку фаҳми муносибатҳои муштарак бештар таъкид карданд.

Ба андешаи К. Собиров  директори Маркази Дипломатияи мардумии СҲШ-и Узбекистон арзишҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ва тавсеаи  ҳамкори  кишварҳои минтақа заминагузори рушди фарҳангӣ маҳсуб меёбад.

 Оиша Форуқӣ кординатори СҲШ-и вазорати хориҷаи Покистон тавсиа ва рушди масоили гуногун ба хусус иқтисоду тиҷорат  миёни кишварҳо бояд рушд ёбад. Роҳбари бахши ҳамгироии Авру Осиё ва Институти кишварҳои ИДМ аз Русия Владимир оиди масоил ва мушкилот сӯханронӣ намуда, роҳбурдҳои ҳалли онро пешниҳодҳо кард.

Дар идома профессори донишгоҳи  миллии Авруои Осиё-и   Қазоқистон доктор Акбота Жолдасбекова ва муҳаққиқи маркази стратегии кишвари Белорусия Антон Дударонак аз нақши фарҳанг ва таърихи он миёни кишварҳои аъзо ва рушди ҳамкориҳо бо давлатҳои дигар муҳим шуморида, эҷоди маркази махсуси мубоҳисавиро ба манфиат ҳисобид.

Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон ба ҳайси яке аз давлатҳои муассис ва иштирокдори фаъоли СҲШ дар рушди он саҳми созанда гузошта, ба таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсӣ дар рӯҳияи эҳтироми мутақобила, баробарҳуқуқӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд пайваста ҳамкорӣ мекунад.

 

РАҲМОНОВ Мирсаид,

ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ