Масири таърихии ҳар як халқу миллат на танҳо бо ёдгориҳои моддии давлатдорӣ, балки бо рамзҳои маънавӣ, фарҳангӣ ва муносибати эҳтиромона ба табиати аҷдодӣ шинохта ва арзёбӣ мешавад. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи расман эълон намудани гулҳои лола ва сиёҳгуш ҳамчун гулҳои миллӣ як рӯйдоди калони тамаддунӣ ва қадами устувор дар роҳи ҳифзи мероси таърихӣ-фарҳангӣ маҳсуб меёбад.
Дар низоми арзишҳои маънавии мардуми тоҷик муносибот бо олами табиат ва гулу гиёҳ ҳамеша мақоми хосса доштааст. Аз қадимтарин айём гулҳо ифодагари мафҳумҳои фалсафии ҳастӣ, покӣ, зебоипарастӣ ва пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ будаанд.
Гули лола дар тӯли асрҳо мақоми марказиро дар фарҳанг ва адабиёти шарқӣ ишғол кардааст. Макони аслии бисёре аз навъҳои ваҳшии лола сарзамини куҳани Осиёи Марказӣ ва доманакӯҳҳои зебои Тоҷикистон мебошад. Шоирони бузурги классику муосири тоҷик ин гулро ҳамчун рамзи ҷавонӣ, ватандӯстӣ, садоқат ва муҳаббати бепоён ба сарзамин сурудаанд. Ранги сурхи лола дар тафаккури мардуми мо бо оташи созанда ва ғурури озодихоҳӣ пайванд аст. Мақоми рамзи миллӣ гирифтани гули лола эҳтироми комил, жарфу амиқ ба мероси бои адабӣ ва эстетикии аҷдодони мост.
Гули сиёҳгуш бошад, маънои жарфу амиқи рамзӣ дорад. Зуҳури ин гул аз зери барф ҳамчун нахустин муъҷизаи баҳор ва пайки Наврузи аҷдодӣ аз тобоварӣ, умед ба фардои рӯшан ва матонати мардуми мо дарак медиҳад. Сиёҳгуш рамзи ҳаёти бардавом ва таҳаммулпазирӣ дар баробари мушкилоти рӯзгор аст.
Ҳамчун таърихшиносу файласуф таъкид менамоям, ки ин иқдом идомаи мантиқии сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат дар роҳи таҳкими худшиносии миллӣ мебошад. Тавре ки эҳё ва байналмилалӣ гардидани ҷашни “Навруз” мақоми фарҳангии Тоҷикистонро дар ҷаҳон боло бардошт, эълони гули лола ва сиёҳгуш ба ҳайси гулҳои миллӣ низ ба рушди фарҳанги экологӣ, тарбияи ватандӯстии насли наврас ва муаррифии ҳарчӣ бештари зебоиҳои табиати кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.
Бигзор ин гулҳои зебо ҳамеша рамзи субот, шукуфоӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол бошанд!
САЙИДЗОДА Зафар Шералӣ,
мудири шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
фиристодаи фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих