×

ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА РУШДИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР САТҲИ ҶАҲОНӢ

Бозгашт ба мавод

ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА РУШДИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР САТҲИ ҶАҲОНӢ

ИОМДОА Сиёсат 05-06-2026 ш.Душанбе
ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА  РУШДИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ  ДАР САТҲИ ҶАҲОНӢ

Сарнавишти ҳар қавму миллати соҳибтамаддун ба азму иродаи матин, қалби бузургу пурмеҳр, ҳиммату ҷавонмардӣ, ҳисси ватандӯстиву ваҳдатгароӣ, мардумсолориву фарҳанпарварӣ, бедориву солимандешӣ, дарки дурусти воқеият, маҳорати таҳлили ҳаводиси рӯзгор, роҳандозии барномаҳои созанда ва нигоҳи неки фарзонафарзандаш ба фардоҳои дурахшон пайванди ногусастанӣ дорад, ки таҷрибаи солҳои охир мисоли равшани ин гуфтаҳост. Маҳз таҷаллии ҳамин хусусиятҳои ҷавонмардонаи фарзанди фарзонаи миллат, абармарди давру замон, родмарди арсаи сиёсат, меросбари фарҳанги пурифтихору деринбунёди давлатдории ориёнӣ, «Пешвои асри XXI», Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ҳамчун ҷумҳурии иқдомкунандаи ташаббусҳои бузургу бунёдгузор шинохта шудаву миёни кишварҳои дигар мақом ва ҷойгоҳи муносиберо соҳиб гардад.

Аз ин нигоҳ метавон гуфт, ки пас аз узвият ба ташкилотҳои байналмилалӣ, алалхусус СММ барои кишварамон имкон фароҳам омад, то дар ҳалли проблеммаҳои ҷаҳонӣ ҳамовоз ва дар пешгирии ҳар гуна мушкилиҳо саҳмгузор бошад. Қобили зикри хос аст, ки пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид заминаи устуворро барои рушди ҳамкориҳо бо ин созмон фароҳам оварда, Тоҷикистон худро ҳамчун кишвари дорои сиёсати созандаву бунёдкор ва ташаббускор ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.

Ба мову шумо маълуму рушан аст, ки яке аз сарчашмаҳое, ки ҳастии инсонро таъмин менамояду имрӯз ба он эҳтиёҷи сокинони сайёра бештар аст, оби ошомиданӣ мебошад. Дар ин радиф, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидо дар баробари дигар проблемаҳои глобалии ҷаҳон, ҳамзамон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба проблемаҳои оби ошомиданӣ ва захираҳои он ҷалб намуда, вобаста ба проблемаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ пайваста масъалагузорӣ менамояд.

Имрӯз дар баъзе аз давлатҳои рӯи олам масъалаи норасоии оби тоза ба мушкилии дараҷаи аввал табдил ёфтааст. Дар ҷаҳони муосир масъалаҳое пешорӯи аҳли башар истодааст, ки бартараф намудани он ҳамоҳангии кулли кишварҳои дунёро тақозо менамояд. Кишвари азизи мо яке аз давлатҳои кӯҳсор буда, зиёда аз нисфи масоҳати он дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Кӯҳҳои баланд ва иқлими мусоид Тоҷикистонро ба ватани пиряхҳо, ки манбаи асосии захираҳои об мебошанд, табдил дода, он аз ҳисоби чунин захираҳо дар Осиёи Марказӣ ҷои аввалро ишғол менамояд. Зимнан, мушкилоти таъминоти об танҳо проблеммаи минтақавӣ набуда, солҳои охир ба мушкили ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Бино ба маълумотҳо бар асари гармшавии иқлим дар ҷаҳон мушкилоти норасоии об ба миён омада, то соли 2030 боиси он мегардад, ки зиёда аз 40% – и сокинони сайёра аз оби нӯшокӣ танқисӣ хоҳанд кашид.

Бо дарки ин мушкилии сайёра Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо диққати ҷаҳониёнро ба масъалаи мазкур ҷалб намудаанд, ки тамоми хирадмандиву дурандешӣ ва ташаббускорӣ қатъномаҳои дар даҳсолаҳои охир қабулнамудаи СММ дар ин замина аст. Аз ҷумла, «Соли байналмилалии оби тоза» эълон шудани соли 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон шудани солҳои 2005-2015, «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон шудани соли 2013, қабули қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор - 2018-2028» ва ахиран ташаббуси панҷуми Тоҷикистон, ки дар ин замина Қатъномаи СММ вобаста ба Рӯзи байналмилалӣ ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мебошад. Албатта, қабули ташаббуси охири Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам хубтару беҳтар муаррифӣ кард. Тоҷикистон ба туфайли сиёсати дарҳои кушод тавонист, дар арсаи байналмилалӣ мавқеашро муайян кунад. Чунончи дар Паёми навбатӣ иброз гардид, бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон 14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард. Дар ин масъала, чунончи дар Паёми имсолаи Пешвои миллат дарҷ гардид: «Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад».

Аз ин нуқтаи назар фаромӯш набояд кард, ки 21 март муайян гардидани Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо басо рамзӣ ва падидаи нек аст. Зеро, ин рӯз мардуми шарифи Тоҷикистон, тамоми тоҷикзабонони ҷаҳон ва мардумони «ҳавзаи Наврӯз» ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд. Яъне аз ҷониби СММ муайян шудани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо беҳикмат набуда, нишон аз арҷгузории ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла СММ ба фарҳанги тоҷикон, махсусан ташаббусҳои Пешвои тоҷикони ҷаҳон, сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин иқдоми СММ бори дигар нуфузи ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро исбот намуд. Ҳамзамон бояд таъкид намоем, ки тибқи ин қатънома, аввалан, соли 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд. Дуввум ин, ки аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад. Инчунин, мутобиқи ин қатънома Созмони Милали Муттаҳид таҳти ҳамоҳангии Дабири кулли ин созмон Фонди трастии мақсаднок, яъне Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис медиҳад. Чорум, соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.

Ташаббусҳо ва иқдомҳои Пешвои муаззами миллат сараввал барои ҳифзи экологии об ва обшавии пиряҳо дар арсаи ҷаҳонӣ бошад, аз тавассути дигар ин нигоҳ доштани нуфузу мартабаи Тоҷикистони азиз дар ақсои олам аст, пас месазад, ки тамоми ниҳодҳо баҳри тарғиби васеи ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешоҳанги масъалаҳои байналмилалӣ оид ба проблемаҳои глобалии ҷаҳон, аз ҷумла ҷиҳати эҷоди заминаи устувор барои ҳамоҳангсозӣ ва ҳавасмандгардонии талошҳо ба мақсади ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба мудирияти масъалаҳои об, сиёсат ва таҷрибаи Тоҷикистон дар масъалаҳои об ва дар ин замина, пазироии пешниҳодҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қабул гардидани Қатъномаву Барномаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутаҳҳид дар масъалаи об имрӯз тамоми тадбирҳоро амалӣ намуда истодаанд.

Имрӯз Тоҷикистон бо сарварии Пешвои худ ҳамчун ташаббускори масъалаҳои глобалии ҷаҳон вобаста ба об шинохта шудааст, аз ин рӯ, ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки ҷиҳати татбиқи ин ташаббусҳои созанда саъйю кӯшиш намояд.

ФАЙЗАЛИЗОДА Ҷумахон Хол

сарходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон , д.и.п.,