Монографияи дастҷамъонаи мактаби илмии академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт «Иқтисодиёти Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ: дастовардҳо ва дурнамо», бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин асарҳои илмӣ дар соҳаи иқтисод мебошад. Дар шароити рушди босуръати муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, тағйирёбии сохтори иқтисоди ҷаҳонӣ ва афзоиши таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти миллӣ, таҳқиқи равандҳои ташаккул ва рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ аҳаммияти хоссаи илмӣ ва амалӣ касб менамояд. Аз ин нуқтаи назар, нашри монографияи дастҷамъонаи мактаби илмии академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таҳти унвони «Иқтисодиёти Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ: дастовардҳо ва дурнамо», ки ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, саривақтӣ ва дорои аҳаммияти назаррас мебошад.
Мавзӯи монография ба таҳлили яке аз масъалаҳои калидии рушди давлати соҳибистиқлол - ташаккул, таҳаввул ва дурнамои иқтисодиёти миллӣ бахшида шудааст. Муаллифон кӯшиш намудаанд, ки равандҳои асосии дигаргуншавии иқтисодиёти кишварро дар давраи соҳибистиқлолӣ мавриди таҳлил қарор дода, дастовардҳои бадастомада, мушкилоти мавҷуда ва самтҳои минбаъдаи рушди иқтисоди миллиро муайян намоянд.
Аҳаммияти таҳқиқоти мазкур, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки давраи 35-солаи соҳибистиқлолӣ барои иқтисодиёти Тоҷикистон марҳилаи муҳими ташаккули асосҳои иқтисоди миллӣ, гузариш ба муносибатҳои бозорӣ, татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва ташаккули заминаҳои рушди устувор ба ҳисоб меравад. Дар монографияи мазкур таъкид мешавад, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ислоҳоти сохторӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ба самтҳои муҳими рушди иқтисодӣ табдил ёфтаанд.
Яке аз ҷанбаҳои муҳими монография таҳлили раванди гузариши иқтисодиёти миллӣ ба модели нави муносибатҳои иқтисодӣ мебошад. Муаллифон тавонистаанд равандро дар робита бо тағйироти сохторӣ, ташаккули институтҳои нави иқтисодӣ, рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва ташаккули муҳити мусоиди иқтисодӣ арзёбӣ намоянд. Ин масъала махсусан барои дарки хусусиятҳои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон дар марҳилаҳои гуногуни соҳибистиқлолӣ аҳаммияти назариявӣ дорад.
Ҷанбаи дигари муҳимми таҳқиқотро масъалаи рушди саноат ва диверсификатсияи иқтисоди миллӣ ташкил медиҳад. Дар шароити муосир рушди истеҳсолоти дохилӣ, коркарди ашёи хоми ватанӣ, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва афзоиши ҳиссаи маҳсулоти дорои арзиши иловашуда аз омилҳои муҳими таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар ба ҳисоб мераванд. Ин равандҳо ҳамзамон бо сиёсати саноатикунонии иқтисоди миллӣ алоқаманд мебошанд.
Дар монография ба масъалаҳои энергетика ва таъмини истиқлолияти энергетикӣ низ аҳаммияти махсус дода шудааст. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои назарраси гидроэнергетикӣ мебошад, рушди энергетика на танҳо аҳаммияти иқтисодӣ, балки аҳаммияти стратегии миллӣ дорад. Таҳлили раванди рушди соҳаи энергетика имкон медиҳад, ки нақши он дар рушди саноат, беҳтар намудани инфрасохтор ва таҳкими имкониятҳои содиротии кишвар дуруст арзёбӣ карда шавад.
Масъалаи амнияти озуқаворӣ ва рушди кишоварзӣ низ аз самтҳои муҳимми иқтисодиёти миллӣ мебошад. Дар ин замина таҳлили тағйироти сохторӣ дар соҳаи кишоварзӣ, рушди истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки захираҳои замин ва об, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ аҳаммияти назаррас дорад.
Ҷанбаи муҳими дигари монография ба сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ иртибот дорад. Рушди соҳибкории хурду миёна, ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ, ташаккули муҳити мусоиди сармоягузорӣ ва истифодаи самараноки захираҳои молиявӣ аз шартҳои муҳимми рушди устувори иқтисоди миллӣ мебошанд. Аз ин лиҳоз, таҳлили имкониятҳо ва маҳдудиятҳои мавҷуда дар ин самт метавонад барои таҳияи сиёсати минбаъдаи иқтисодӣ аҳаммияти амалӣ дошта бошад.
Қобили зикр аст, ки дар шароити муосир дурнамои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон бидуни ба назар гирифтани рақамикунонии иқтисодиёт, рушди технологияҳои иттилоотӣ, иқтисоди донишбунёд ва навовариҳо тасаввурнопазир аст. Рақамикунонӣ тадриҷан ба самти муҳими сиёсати иқтисодии кишвар табдил ёфта, масъалаҳои инфрасохтори рақамӣ, хизматрасониҳои электронӣ, савдои электронӣ, омодасозии кадрҳо ва истифодаи технологияҳои муосирро ба миён мегузорад.
Аз нуқтаи назари методологӣ, арзиши монография дар кӯшиши пайвастани таҳлили таърихии равандҳои иқтисодӣ бо масъалаҳои имрӯза ва дурнамои рушди иқтисоди миллӣ ифода меёбад. Чунин муносибат имкон медиҳад, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ на ҳамчун падидаҳои ҷудогона, балки дар доираи раванди умумии ташаккули иқтисодиёти муосири Тоҷикистон баррасӣ карда шаванд.
Аҳаммияти махсуси монография дар он мебошад, ки он ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст. Ин сана имконият фароҳам меорад, ки натиҷаҳои марҳилаи нисбатан тӯлонии рушди иқтисоди миллӣ ҷамъбаст гардида, масъалаҳои ҳалталаб ва вазифаҳои минбаъда муайян карда шаванд. Аз ин лиҳоз, монография метавонад ҳамчун яке аз манбаъҳои илмӣ барои омӯзиши таҷрибаи рушди иқтисодиёти Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ истифода гардад.
Дар баробари ҷанбаҳои зикршуда, дар нашрҳои мазкур ба муқоиса бо таҷрибаи давлатҳои минтақа, таҳлили васеи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар буриши солҳои гуногун ва арзёбии таъсири омилҳои ҷаҳонӣ ба рушди иқтисодиёти миллӣ ба таври густурда таваҷҷуҳ шудааст.
Дар маҷмӯъ, монографияи дастҷамъонаи «Иқтисодиёти Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ: дастовардҳо ва дурнамо» ба масъалаи муҳими илми иқтисод - таҳлили ташаккул ва рушди иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ бахшида шуда, дорои аҳаммияти баланди назариявӣ ва амалӣ мебошад. Асар метавонад барои олимону муҳаққиқон, омӯзгорон, аспирантон, магистрантон, донишҷӯёни ихтисосҳои иқтисодӣ, инчунин барои мутахассисони соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ҳамчун маводи илмӣ ва таҳлилӣ муфид бошад.
ҚУРБОНОВА Ширин,
сарходими илмии шуъбаи ИДМ-и
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,
доктори илмҳои таърих