Дар шароити кунунии таҳаввули босуръати низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва зуҳури биполяризми транзаксионии соягӣ (G2) стратегияи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устувории хоси назариявию амалӣ фарқ мекунад. Асоси ин стратегияро консепсияи созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — «Сиёсати дарҳои боз» ташкил медиҳад [2]. Ин равиш ва мароми прагматикӣ ва деполитизатсияшуда ба Душанбе имкон медиҳад, ки дар шароити рақобати шадиди геополитикии асри XXI муносибатҳои мутавозин ва манфиатбахшро бо се актори асосии ҷаҳонӣ — Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка ба таври боварибахш таъмин намояд.
Таҳлили мушаххаси дараҷа ва сатҳи ҳамкориҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин се кишвари абарқудрат имкон медиҳад, ки дар ин раванд хусусиятҳои зеринро муайян кунем:
1. Федератсияи Россия: Шарикии стратегӣ ва амнияти дастаҷамъӣ
Муносибатҳо бо Россия барои Тоҷикистон хислати анъанавӣ ва иттифоқчигии стратегӣ доранд. Пойдевори ин ҳамкориро ду омили асосӣ ташкил медиҳад: амнияти ҳарбию сиёсӣ ва омили муҳоҷирати меҳнатӣ, ки ифодагари равшани манфиатҳои миллии тарафайн мебошанд.
Ҷабҳаи амният: Дар шароити ноамнии перманентӣ дар Афғонистон, Тоҷикистон ва Россия ҳамкориҳои худро дар доираи СПАД/ОДКБ ва СҲШ/ШОС пайваста устувор менамоянд. Фаъолияти Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Россия дар ҳудуди Тоҷикистон ҳамчун унсури калидии низоми амнияти дастаҷамъии марзҳои ҷанубии ИДМ эътироф мешавад.
Ҷабҳаи гуманитарӣ ва иқтисодӣ: Федератсияи Россия яке аз шарикони асосии тиҷоратии кишвар боқӣ мемонад. Ҳамоҳангсозии равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва рушди фазои ягонаи таълимию фарҳангӣ (аз ҷумла сохтмони мактабҳои русзабон дар ҶТ) ҷузъи муҳими ин шарикиро ташкил медиҳад.
2. Ҷумҳурии Мардумии Чин: Шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ва синергияи геоиқтисодӣ
Муносибатҳои Душанбе ва Пекин дар даҳсолаи охир ба сатҳи «шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ» баланд шуданд. Кишвари Чин барои Тоҷикистон сармоягузори аввалиндараҷаи иқтисодӣ ва логистикӣ ба шумор меравад.
Ҷабҳаи геоиқтисодӣ: Иқдомҳои Тоҷикистон дар доираи Стратегияи миллии рушд то соли 2030 бо ташаббуси глобалии ҶХЧ «Як камарбанд, як роҳ» ҳамбастагии (синергияи) комил пайдо карда аст. Чин лоиҳаҳои бузурги инфрасохториро дар саросари Тоҷикистон (сохтмони роҳҳо, нақбҳо ва корхонаҳои саноатӣ) ба таври мунтазам маблағгузорӣ мекунад.
Корпояи «ОМ + Чин»: Тоҷикистон дар доираи ин корпояи нави минтақавӣ бо Пекин ҳамкориҳои худро аз тариқи гуногунсозӣ//диверсификатсия пайваста тақвият медиҳад, ки дар ниҳояти кор ба ҷалби бештару пурсамартари сармоягузориҳои технологӣ ва устувории иқтисодии кишвар дар шароити деглобализатсия кумак мерасонад.
3. Штатҳои Муттаҳидаи Америка: Дипломатияи ҷамъиятӣ/мардумӣ ва мувозинати бисёрҷониба
Муносибатҳо бо ШМА дар доираи прагматизми сиёсӣ ва диверсификатсияи вектори хориҷӣ рушд мекунанд. Вашингтон Тоҷикистонро ҳамчун актори калидии суботи минтақавӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои Афғонистон эътироф менамояд ва ҳамкориҳояшро пайваста танзим ва тақвият мебахшад.
Дипломатияи бисёрҷониба ва корпояи «С5+1»: Тоҷикистон дар саммитҳои формати «Осиёи Марказӣ + ШМА» фаъолона иштирок карда, манфиатҳои миллии худро махсусан дар бахши амнияти марзҳо ва муқовимат ба терроризм муваффақона ҳимоя мекунад.
Шарикӣ дар соҳаи гуманитарӣ ва об [1]: Тавассути барномаҳои USAID, ШМА дар лоиҳаҳои иҷтимоӣ, соҳаи маориф ва соҳибкории хурди Тоҷикистон саҳм мегузорад. Душанбе аз тавонмандиву зарфият ва имконоти ин ҳамкориҳо барои муаррифии ташаббусҳои глобалии худ оид ба об ва иқлим ва Даҳсолаи байналмилалии таъмини сулҳ (2027–2036) дар корпояҳои ғарбӣ самаранок истифода мебарад.
Ҳамин тариқ, «Сиёсати дарҳои боз»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи муносибат бо ин се кишвари абарқудрат намунаи муваффақи прагматизми сиёсӣ ба шумор меравад. Душанбе тавонист аз ворид шудан ба зиддиятҳои блокӣ ва идеологии онҳо худро эмин нигоҳ дошта, манфиатҳои миллии худро — аз амнияти ҳарбӣ (бо Россия) ва сармоягузории иқтисодӣ (бо Чин) то диверсификатсияи дипломатӣ (бо ШМА) — ба таври мутавозин ва ҳамчун соҳибсубъекти низоми муносибатҳои байналмилалӣ таъмин намояд.
Шамсиддин Каримов,
сарходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ
ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,
доктори илмҳои сиёсӣ
САРЧАШМАҲО
1. Арифзода, Х. О. Международные инициативы Таджикистана в сфере воды: теория и практика публичной дипломатии // Известия АН РТ. Серия: философия и правоведение. — 2021. — № 2. — С. 145–152.
2. Концепция внешней политики Республики Таджикистан. Утверждена Указом Президента РТ. — Душанбе, 2015.