Ваҳдати миллӣ ҳамчун яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдорӣ, суботи сиёсӣ ва рушди ҷомеа нақши ҳалкунанда дорад. Пас аз ба даст овардани истиқлол, Тоҷикистон ба марҳалаи нави таърихӣ ворид гардид, ки дар он масъалаи таъмини сулҳ, барқарорсозии низоми давлатдорӣ ва муттаҳид намудани ҷомеа ба вазифаи аввалиндараҷа табдил ёфт. Дар ин замина, Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили асосии бартарафсозии ихтилофоти дохилӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ зуҳур намуд.
Ба даст овардани сулҳу субот ва имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” (27 июни соли 1997) оғози марҳалаи нави рушди кишвар гардид. Ин рӯйдоди таърихӣ на танҳо ба поён расидани ҷанги шаҳрвандиро таъмин намуд, балки барои рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон заминаи боэътимод фароҳам овард.
Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди таҳкими Ваҳдати миллӣ ва барқарории сулҳ ҳалкунанда арзёбӣ мегардад. Бо сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайвастаи роҳбарияти давлат, Тоҷикистон тавонист аз буҳрони шадиди сиёсӣ раҳо ёфта, ба сӯи ҷомеаи осоишта ва мутамаддин қадам гузорад.
Мақсади ин таҳқиқот баррасии нақши Ваҳдати миллӣ ҳамчун бузургтарин дастоварди даврони истиқлол, таҳлили аҳамияти он дар рушди давлатдорӣ ва муайян намудани таъсири он ба таҳкими мавқеи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар маҷмӯъ, Ваҳдати миллӣ на танҳо рамзи сулҳу оромӣ, балки асоси рушди устувори давлат ва кафили пешрафти минбаъдаи кишвар ба шумор меравад.
Ба саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик Ваҳдати миллӣ ҳамчун марҳалаи нави ташаккули давлатдории Тоҷикистон ворид гардида, расо 29 сол муқаддам ормонҳои чандинсолаи мардуми ҷафодидаи тоҷик амалӣ шуданд. Он рӯзи таърихӣ, ки дар шаҳри Маскав миёни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифин “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ба имзо расид, кишварро аз нобудшавӣ ва мардумро аз парокандагӣ наҷот дод.
Раванди сулҳи тоҷикон рӯйдоди душвор, вале муҳими сиёсӣ буд, ки сарнавишти миллати тоҷикро муайян намуда, марҳалаи нави таърихи давлатдории навинро оғоз бахшид.
Гарчанде ҷавонони даврони истиқлол шоҳиди бевоситаи воқеаҳои солҳои 90-уми асри ХХ набошанд ҳам, онҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, асарҳои илмӣ ва хотираҳои таърихӣ аз ин давра огоҳ мебошанд.
Воқеан, мо шукргузор аз қарорҳои Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ ва заҳмату талошҳои фарзандони фарзонаи миллат ҳастем, зеро имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ дорем. Дар робита ба ҳамин Иҷлосия, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки Ваҳдати миллӣ на танҳо истиқлолиятро наҷот дод, балки ояндаи давлатро низ муайян сохт.
Дар ҳақиқат, қабули Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ тамоми душвориҳоро паси сар намуда, кишварро ба роҳи пешрафт ва рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ворид кард.
Донишманд Б. Шоу таъкид кардааст, ки симои миллатро донишмандон, варзишгарон ва сиёсатмадорони он муаррифӣ мекунанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдат таҳсини ҷомеаи ҷаҳониро сазоворанд.
Ҳамзамон, профессор С. Ятимов таъкид мекунад, ки ҷаҳолат дар таърих сабаби суқути чандин давлатдории тоҷикон гардидааст. Дар ин замина, давлатдории муосири Тоҷикистон низ метавонист ба нестӣ расад, аммо бо талошҳои Пешвои миллат муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон он ҳифз ва таҳким ёфт.
Такя ба андешаҳои боло, Ваҳдати миллӣ дастоварди бузурги таърихӣ мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардум ва сиёсати созандаи давлат ба даст омадааст.
Олимон ва коршиносони байналмилалӣ Ваҳдати миллии тоҷиконро ҳамчун шакли муваффақи ҳалли низоъҳои дохилӣ эътироф намудаанд. Ин таҷриба ҳамчун намунаи “сулҳофарии тоҷикон” дар сатҳи ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад.
Ҳамзамон, пажӯҳишгарони хориҷӣ ва минтақавӣ бар он назаранд, ки Ваҳдати миллӣ на танҳо Тоҷикистонро аз буҳрон наҷот дод, балки барои суботи минтақа низ аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамин тариқ, бо шарофати Ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшад, сиёсати “дарҳои кушод”-ро амалӣ намояд ва ба як давлати устувор табдил ёбад. Ваҳдати миллӣ ҳамчун бузургтарин дастоварди Истиқлоли давлатӣ пояи суботи сиёсӣ ва рушди устувори давлатдории Тоҷикистон мебошад. Он миллатро муттаҳид намуда, шароити пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро фароҳам овард.
Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ваҳдат ва субот ҳалкунанда буда, Тоҷикистонро ба як давлати устувор ва фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ табдил дод. Ваҳдати миллӣ омили асосии субот, муттаҳидии ҷомеа ва рушди давлатдории муосири Тоҷикистон мебошад ва нақши ҳалкунанда дар таҳкими мавқеи байналмилалии кишвар дорад.
ДОСТИЕВА Дилафрӯз,
ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ