×

ВАҲДАТ МИЛЛӢ - РАМЗИ САРҶАМЪӢ ВА ШУКУФОИ МИЛЛАТ

Бозгашт ба мавод

ВАҲДАТ МИЛЛӢ - РАМЗИ САРҶАМЪӢ ВА ШУКУФОИ МИЛЛАТ

ИОМДОА Фарҳанг 06-06-2026 ш.Душанбе
ВАҲДАТ МИЛЛӢ  - РАМЗИ САРҶАМЪӢ ВА ШУКУФОИ МИЛЛАТ

 

Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва Ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад.

                                                                                  Эмомалӣ Раҳмон

Ваҳдат калимаест, ки шахсро ба дӯстию якдигарфаҳмӣ, сулҳу оромӣ ва иттиҳод даъват менамояд. Барои дарки мафҳуми  Ваҳдат, ки як маънои фарогир дорад, бояд инсонро аз овони хурдӣ бо ин падида ошно мнамуд. Воқеан сиёсатшиносон доир ба ваҳдату сарҷами сулҳу субот  китобҳо ва мақолаҳои пурмазмун ба нашр мерасонанду дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизионӣ суханронӣ менамоянд. Ҳадаф аз ин заҳматҳои донишмандон аз он бар меояд, ки мардумро зери як парчам, як хок, ба ҳам васл намоянд, чунонки Мавлоно Ҷалолидини Балхи мефармояд:

Дар ин хок, дар ин хок, дар ин мазрааи пок,

Ба ҷуз меҳр ба ҷуз ишқ, дигар тухм накорем.

Барои пос доштани ин ҷашни муқаддас ва пойдори он дар ҷаҳони мураккаби имрӯза, давлат такя ва эътимод ба ҷавононро дорад.Аз ин рӯ ҷавононро бояд пайваста ба омӯхтани илмҳои замонавӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ  ва ватандустӣ  майлу рағбат  дошта бошанд. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд намуданд, ки «тамоми мардуми кишвар, махсусан ҷавонон бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки Ваҳдати миллӣ дар баробари истиқлолият арзиши муқаддасу бебаҳои ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад.  Пешрафти ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан, ояндаи давлати соҳибистиқлол ва давлатдории миллатамон бе восита ба ваҳдату ягонагии халқи Тоҷикистон ва сулҳу субот вобаста мебошад.»

Ин ҷашни миллӣ, бешубҳа, самараи талошҳои фидокорона ва ҷавонмардонаи  Пешвои миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон мебошад, зеро маҳз садоқат ба арзишҳои миллӣ ва шинохти воқеии ватандорӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои оғози рушди Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми шарафманди он шароит фароҳам овард. Дар ҳассостарин лаҳзаҳое, ки тақдири давлати миллӣ ва қисмати мардуми кишвар ба бозии манфиатхоҳони динию мазҳабӣ гирифтор шуд, Пешвои миллат ба арсаи сиёсат ворид шуда, сарнавишту тақдири миллатро бар дӯш гирифтанд ва бо самимияти комил ба миллати сарбаланди тоҷик паём доданд:

“Ман ба шумо сулҳ меорам” ва дар ҳақиқат ин коро карданд. Ба мардуми тоҷик на танҳо сулҳ, балки ваҳдату иттиҳод, ҳамдилӣ, умеди зиндагии осоишта, сарҷамъӣ муҳайё намуданд. Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ  шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебаранд.

            Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 35 соли Истиқлолият ва 29 соли Ваҳдати миллӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин  абармарди сиёсат тавонист ҷойгоҳи хосае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд, чуноне, ки акнун ҳеч гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли кишвари Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Аз  баракати истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон кулли мардуми сайёра мешиносад,зеро кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми хосаеро дорост.

Ҳамин тариқ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мардуми худ ва пайравӣ аз роҳбари давлат ба қуллаи баланди сатҳи ҷаҳонӣ ва дастоварди беназир, яке Истиқлоли давлатӣ ва дигаре Ваҳдати миллӣ расида, акнун талош ба роҳи расидан ба Истиқлоли энергетикӣ, иқтисодӣ ва ҳифз намудани арзишҳои миллӣ кӯшиш карда истодаанд.

 Бигзор Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллии тоҷикон доимо дар ҷаҳон пойдор бошад!

МАХМЕДОВ Муҳаммадҷон,

ходими хурди илмии шуъбаи Аврупои

Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ