×

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ МУҲИММИ ПЕШРАФТ ВА ОРОМИИ ҶОМЕА

Бозгашт ба мавод

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ МУҲИММИ ПЕШРАФТ ВА ОРОМИИ ҶОМЕА

ИОМДОА Сиёсат 25-06-2026 ш.Душанбе
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ МУҲИММИ ПЕШРАФТ ВА ОРОМИИ ҶОМЕА

Ваҳдати миллӣ барои мо на танҳо рамзи сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, балки омили асосии рушди устувори ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат мебошад. Дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯз, ки таҳдиду хатарҳои гуногун, буҳронҳои геополитикиву геоиқтисодӣ ва дигар равандҳои печида хоси он мебошанд, нигоҳ доштани фазои сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи ҳар фарди бедордилу ватандӯст ба ҳисоб меравад.

Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон

 

Ваҳдати миллӣ яке аз арзишмандтарин дастовардҳои таърихии халқи тоҷик дар давраи соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Он ҳамчун омили асосии суботу оромӣ, таҳкими давлатдорӣ ва пешрафти ҷомеа нақши муассир дорад. Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушкилоти ҷиддии сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид, ки ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оварда расонд. Дар чунин шароити душвор маҳз сулҳу ваҳдати миллӣ тавонист ҷомеаро муттаҳид намуда, барои барқарорсозии давлат ва рушди кишвар заминаи устувор фароҳам оварад.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар фазои сулҳу субот ҳукмфармо гардида, барои рушди иқтисод, илму маориф, фарҳанг ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид муҳайё гардид. Боиси тазаккур аст, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ ва сарҷамъии мардум барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва баланд гардидани нуфузи байналмилалии ҶумҳурииТоҷикистон мусоидат намуд.

Имрӯз Ваҳдати миллӣ на танҳо омили асосии оромии ҷомеа, балки кафили пешрафти устувори давлат ва зиндагии шоистаи мардум ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ҳифз ва таҳкими ваҳдат вазифаи муҳимми ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои рушди минбаъдаи ҷомеа аҳамияти бузург дорад.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ташаббусҳои сулҳпарваронаи худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи шоистаи сиёсиро касб намуд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари амн ва сулҳпарвар шинохта шуда, сиёсати давлатии худро ба таҳкими оромиву суботи сиёсӣ дар ҷомеа равона менамояд. Тавассути таҳкими Ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон робитаҳои густурдаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро ба роҳ монда, барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва татбиқи ҳадафҳои геосиёсиву геоиқтисодии худ заминаи мусоид фароҳам оварад. Метавон гуфт, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун пояи устувори сиёсати давлатӣ хизмат намуда, дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар аҳамияти махсус дорад.

Воқеан, Ваҳдати миллӣ дар таҳкими суботи сиёсӣ ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нақши муҳим мебозад. Инчунин, барои таъмини рушди иқтисодӣ, бунёди зерсохторҳои энергетикӣ, сохтмони роҳу нақбҳо, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, соҳибкорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва бунёди ҳазорҳо гектар боғу токзор заминаи устувор гузошт.

Ваҳдати миллӣ на танҳо дар таъмини суботи сиёсӣ, балки дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ низ саҳми муҳим гузоштааст. Зеро ҷавонон ояндаи миллат ва идомадиҳандаи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Бинобар ин, Ҳукумати кишвар ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ҷавонон бояд таърихи ғании халқи худро омӯзанд, фарҳангу арзишҳои миллиро эҳтиром намоянд ва дар ҳифзи сулҳу суботи сиёсӣ масъулияти баланди ватандӯстиро эҳсос кунанд. Тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Ҷавонон бояд ҳомии дастовардҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ бошанд».

Ҳамин тариқ, Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ ва сарҷамъии мардум дар таҳкими давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ нақши бузург дорад. Таҷрибаи Тоҷикистон нишон дод, ки танҳо дар фазои сулҳу субот ва ягонагӣ давлату миллат метавонад ба пешрафти устувор ноил гардад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳҷӯ ва соҳибсубот дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуда, ба рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои созанда аҳамияти махсус медиҳад.

Аз ин лиҳоз, ҳифз ва таҳкими Ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар буда, омили асосии пешрафт, ободӣ ва зиндагии осоиштаи мардум ба ҳисоб рафта, Ваҳдат кафили имрӯз ва фардои дурахшони Тоҷикистон мебошад.

 

ФАЙЗУЛЛАЕВА Нигора,

ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ