×

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПОЯИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

Бозгашт ба мавод

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПОЯИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

ИОМДОА Таърих 09-06-2026 ш.Душанбе
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПОЯИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

«Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад».

Эмомалӣ Раҳмон
Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузургтарини даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ин санади тақдирсоз дар даврае ба имзо расид, ки кишвари мо барои пойдории сулҳу субот ва пешрафти мамлакат музокироти муҳими давлатиро пеш мебурд. Мақсади асосии ба даст овардани Ваҳдати миллӣ таъмини сарҷамъии миллат, таҳкими давлатдорӣ ва ҳифзи ин хоки аҷдодӣ буд. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, мо бояд Ватани худро на бо забон, балки бо қалб дӯст дорем ва барои ободии он кӯшиш кунем. Ваҳдати миллӣ арзиш ва аҳамияти баланд дорад. Вақте ки мардум моҳияти ваҳдатро амиқан дарк кунанд, ҳеч гуна низоъҳо ва мушкилот наметавонанд ба оромии давлату миллат халал расонанд.

Ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолият нишон медиҳанд, ки сулҳу суботи сиёсӣ асоси пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мебошанд. Имрӯз мо низ бояд барои таҳкими рушди кишвар ва боло бурдани ифтихори миллӣ, ҷиҳати омӯзиши илмҳои замонавӣ, аз ҷумла ба илмҳои дақиқ барои насли ҷавон шароити мусоид фароҳам орем. Ваҳдат ҳамеша ифодагари сурату сирати халқи тоҷик, марому ҳадафи олии он, ҳимояи ҳастии миллат, посдории арзишҳои фарҳангӣ ва таъмини ояндаи дурахшони кишвар маҳсуб меёбад. Дар марҳалаи муосир ва вазъияти мураккаби ҷаҳонӣ, ваҳдати миллӣ яке аз омилҳои калидии нигоҳ доштани субот ва пешравии давлат арзёбӣ мешавад.

Ваҳдати миллӣ шарти аввалини рушди давлатдорӣ ва зиндагии осоишта аст. Имрӯз мо дар муҳити орому муътадил умр ба сар мебарем. Вале набояд фаромӯш кунем, ки ин оромӣ бо чӣ гуна заҳматҳои гарон ба даст омадааст.

Ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус насли наврасу ҷавон, бояд дарк намоянд, ки нигоҳдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ кори осон нест. Бинобар ин, онҳо бояд пайваста саҳми хешро дар ободонии ин кишвар гузоранд. Дар марҳалаи кунунӣ, ки ҷомеа ба давраи нави тараққиёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ворид шудааст, аҳамият ва нақшу ҷойгоҳи Ваҳдати миллӣ боз ҳам бештар эҳсос мегардад. Бе таъмини ваҳдат барномарезии сиёсати дурнамои давлат ва рушди соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг ва иқтисод имконнопазир аст. Дар ин бора олими шинохта, Санавбарбону Воҳидова қайд намуданд, ки «Ваҳдати миллӣ неъмати қиматбаҳо буда, кафили рушду шукуфоии кишварамон барои имрӯзу фардо мебошад».

Дар ҳақиқат, арзишҳои миллӣ ва ҷашнҳои давлатӣ неъмати бебаҳоянд. Моро зарур аст, ки забон, фарҳанг, таърих, истиқлолият ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, арзишҳои миллиро такя ба илму хирад, ҳушёрии сиёсӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва қарзи шаҳрвандӣ бо ҷону дил нигоҳ дошта, ба наслҳои оянда мерос гузорем. Имсол рӯзи Ваҳдати миллӣ дар арафаи ҷашни муқаддасу фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҷлил мегардад, ки ин муҳимтарин дастоварди таърихи навини миллати сулҳдӯсту фарҳангсолори мо мебошад. Роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо устуворона дар он пеш рафта истодаем, далели барҷастаи пирӯзии ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, ягонагии халқ ва ҳокимияти сиёсӣ аст. Ин дастоварди нодир ҳоло ҳамчун ҷузъи таркибии суннати таҳаммулгароӣ дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон нақши бузург мебозад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намуданд: «Мову шумо бояд як нуқтаи бисёр муҳимро ҳамеша ва дар ҳама ҷой дар хотир дошта бошем, ки мо танҳо як Ватан, як сарзамини воҳиду муқаддас дорем. Дар ҷаҳон моро бо номи давлату Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд».

Хулоса, ҷаҳон ва ободии он ба сулҳу ваҳдат вобаста аст. Ба ҷомеае, ки дар он сулҳу ваҳдат пойдор мебошад, ҳеч гоҳ осебе намерасад. Имрӯз бо ифтихор метавон қайд кард, ки ваҳдати миллии тоҷикон намунаи олии ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳофаринӣ дар тамоми ҷаҳон эътироф шудааст. Беҳуда нест, ки таҷрибаи ваҳдатофаринӣ ва сулҳи тоҷиконро институтҳои сиёсии ҷаҳон мавриди баррасӣ ва омӯзиши ҳамаҷониба қарор медиҳанд.

 

МАХМЕДОВ Муҳаммадҷон

ходими хурди илмии шуъбаи

Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон