×

ЗАМИНАҲОИ ТАШАККУЛ, МЕХАНИЗМҲОИ ТАТБИҚ ВА АҲАМИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҶРИБАИ СУЛҲСОЗИИ ТОҶИКОН

Бозгашт ба мавод

ЗАМИНАҲОИ ТАШАККУЛ, МЕХАНИЗМҲОИ ТАТБИҚ ВА АҲАМИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҶРИБАИ СУЛҲСОЗИИ ТОҶИКОН

ИОМДОА Сиёсат 20-08-2026 ш.Душанбе
ЗАМИНАҲОИ ТАШАККУЛ, МЕХАНИЗМҲОИ ТАТБИҚ ВА АҲАМИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҶРИБАИ СУЛҲСОЗИИ ТОҶИКОН

Муқаддима. Таҷрибаи сулҳсозии Тоҷикистон дар охири асри XX яке аз падидаҳои муҳимми таърихи сиёсии муосири Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ҷомеаи Тоҷикистонро ба буҳрони амиқи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ гирифтор карда буд, барои давлат ва ҷомеаи тоҷик масъалаи ҳаёту марг – ҳифзи истиқлолият, тамомияти арзӣ, ягонагии миллӣ ва идомаи давлатдориро ба миён гузошт. Дар чунин шароит зарурати пайдо намудани роҳи сиёсӣ ва мусолиматомези ҳалли ихтилофҳо ба яке аз масъалаҳои марказии ҳаёти ҷамъиятӣ табдил ёфт.

Натиҷаи муҳими ин раванд ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 оварда расид. Ин санади таърихӣ ба марҳилаи мусаллаҳонаи муқовимат хотима гузошта, барои оғози раванди оштии миллӣ, бозсозии сохторҳои давлатӣ, бозгашти гурезаҳо, ҳамгироии неруҳои мухолифин ва ташаккули заминаҳои нави рушди сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар шароит фароҳам овард.

Дар заминаи ин таҷриба мафҳуми «модели сулҳи тоҷикон» ташаккул ёфтааст. Онро метавон маҷмӯи усулҳо, механизмҳо, воситаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва дипломатии ҳалли низоъ арзёбӣ кард, ки дар раванди сулҳсозии тоҷикон ташаккул ёфта, дар амал татбиқ гардиданд. Арзиши ин модел танҳо дар қатъи ҷанги шаҳрвандӣ маҳдуд намешавад. Аҳамияти воқеии он дар он зоҳир мегардад, ки низои мусаллаҳона на бо роҳи нобудсозии як тараф ва ғалабаи комили тарафи дигар, балки тавассути музокирот, созиш, гузаштҳои сиёсӣ, эътимодсозӣ ва ҷалби омилҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба роҳи ҳалли сиёсӣ расонида шуд.

Аз ин нуқтаи назар, омӯзиши модели сулҳи тоҷикон на танҳо барои дарки таърихи навини Тоҷикистон, балки барои рушди назария ва амалияи низоъшиносӣ, сулҳшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи муосир низ аҳамияти хос дорад.

Мафҳуми «модели сулҳи тоҷикон» дар натиҷаи омӯзиши таҷрибаи воқеии ҳалли низои дохилии Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст. Дар маънои васеъ, он таҷрибаи миллӣ ва байналмилалии барқарорсозии сулҳро ифода мекунад, ки дар маркази он музокироти сиёсӣ, оштии миллӣ, эътимодсозӣ, тақсими масъулияти сиёсӣ, ҳамгироии гурӯҳҳои даргир ва дастгирии созандаву мутавозини ҷомеаи байналмилалӣ қарор дошт.

Яке аз хусусиятҳои муҳими ин модел дар он аст, ки сулҳ дар Тоҷикистон ба воситаи як чорабинии алоҳида ба даст наомада, балки натиҷаи раванди тӯлонии гуфтушунидҳо, мулоқотҳо, протоколҳо, созишномаҳо ва механизмҳои муштараки сиёсӣ гардид. Аз ин рӯ, модели тоҷиконро бояд ҳамчун раванди бисёрмарҳилавии табдили низои мусаллаҳона ба ҳамкории сиёсӣ арзёбӣ намуд.

Дар ин раванд ду сатҳи асосӣ ба ҳам пайвастанд: аз як тараф, омилҳои дохилӣ - иродаи сиёсӣ, манфиатҳои миллӣ, омодагии тарафҳо ба гуфтушунид ва дарки зарурати хотима додан ба муқовимат; аз ҷониби дигар, омилҳои беруна – фаъолияти СММ, кишварҳои кафили сулҳ, созмонҳои байналмилалӣ ва муҳити геополитикии минтақа.

Ҳамин омезиши омилҳои дохилӣ ва байналмилалӣ имкон дод, ки раванди сулҳсозӣ хусусияти нисбатан устувор пайдо кунад. Таҷрибаи Тоҷикистон нишон дод, ки дастгирии байналмилалӣ метавонад ба сулҳсозӣ мусоидат намояд, аммо заминаи асосии сулҳи устувор бояд дар ирода ва созиши худи ҷонибҳои низоъ ҷустуҷӯ карда шавад.

Барои фаҳмидани моҳияти модели сулҳи тоҷикон омӯзиши шароити пайдоиши он муҳим мебошад. Низои дохилӣ дар Тоҷикистон дар шароити мураккаби гузариш аз низоми пешина ба давлати соҳибистиқлол, тағйироти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ ва заифшавии институтҳои давлатӣ ба вуҷуд омад.

Идомаи муқовимати мусаллаҳона ба давлат ва ҷомеа талафоти бузурги инсонӣ ва моддӣ расонида, хавфи парокандашавии ҷомеа ва заифшавии истиқлолияти давлатиро ба вуҷуд овард. Дар чунин вазъият тадриҷан дарки он ташаккул ёфт, ки ҳалли низоъ тавассути зӯрӣ имкони барқарор намудани суботи дарозмуддатро надорад.

Аз ин рӯ, гузариш аз мантиқи «ғалаба бар рақиб» ба мантиқи «ҷустуҷӯи созиш бо рақиб» яке аз тағйироти муҳимми тафаккури сиёсии давраи сулҳсозӣ гардид.

Дар ин раванд нақши роҳбарияти сиёсии кишвар ва, пеш аз ҳама, иродаи сиёсӣ барои гузоштани масъалаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ба меҳвари сиёсати давлатӣ аҳамияти калон дошт. Муколама бо неруҳои мухталифи сиёсӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои созиш ва ба раванди сулҳ ҷалб намудани гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа тадриҷан заминаҳои нави сиёсиро ба вуҷуд овард.

Таҷриба нишон дод, ки барои хотима бахшидан ба низои дохилӣ танҳо мувофиқаи элитаҳои сиёсӣ кофӣ нест. Барои устувории сулҳ иштироки гурӯҳҳои иҷтимоӣ, намояндагони неруҳои сиёсӣ, зиёиён, рӯҳониён, сохторҳои ҷамъиятӣ ва дигар табақаҳои ҷомеа низ зарур мебошад.

Марҳилаи асосии ташаккули модели сулҳи тоҷикон бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 алоқаманд мебошад.

Аҳамияти ин санад дар он буд, ки он барои татбиқи маҷмӯи чорабиниҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ замина гузошт. Созишнома танҳо ҳуҷҷати хотимаи ҷанг набуд, балки механизми гузариш аз муқовимати мусаллаҳона ба ҳамкории сиёсӣ гардид.

Дар доираи ин раванд масъалаҳои афви иштирокдорони муқовимат, иштироки намояндагони мухолифин дар сохторҳои давлатӣ, ҳамгироии неруҳои мусаллаҳ, бозгашти гурезаҳо, рушди институтҳои сиёсӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба оштии миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Яке аз механизмҳои муҳими татбиқи созишнома таъсиси Комиссияи оштии миллӣ буд. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 1997 Комиссияи мазкур таъсис дода шуд. Ба ҳайати он намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик дохил гардиданд.

Комиссияи оштии миллӣ ба яке аз институтҳои муҳими давраи баъдиҷангӣ табдил ёфт. Фаъолияти он барои мувофиқа намудани мавқеъҳои ҷонибҳо, назорати иҷрои протоколҳои баимзорасида ва ҳалли масъалаҳои сиёсиву ҳуқуқии марбут ба раванди оштӣ аҳамияти калон дошт.

То 31 марти соли 2000 Комиссияи оштии миллӣ зиёда аз сад ҷаласа баргузор намуда, фаъолияти худро дар асоси иҷрои вазифаҳои пешбинишуда ба анҷом расонид.

Аз ин рӯ, КОМ-ро метавон яке аз намунаҳои муҳими институтсионализатсияи раванди сулҳ арзёбӣ кард. Ташкили чунин ниҳоди муштарак нишон дод, ки дар шароити баъдиҷангӣ барои гузаштан аз низоъ ба ҳамкорӣ институтҳои махсуси муколама ва татбиқи созишҳо заруранд.

Яке аз масъалаҳои мураккабтарини ҳар як раванди сулҳсозӣ муносибат бо неруҳои мусаллаҳи ҷонибҳои даргир мебошад. Агар пас аз имзои созишнома сохторҳои мусаллаҳ боқӣ монанд ва онҳо ба низоми ягонаи давлатӣ ворид карда нашаванд, хавфи бозгашти низоъ зиёд мегардад.

Дар Тоҷикистон ин масъала тавассути раванди халъи силоҳ, бақайдгирӣ, аттестатсия ва ҳамгироии ҷанговарони собиқи мухолифин ба сохторҳои қудратӣ ва низомии давлатӣ ҳал карда шуд.

Мутобиқи механизмҳои мувофиқашуда барои намояндагии мухолифин дар сохторҳои давлатӣ ва қудратӣ квота муайян гардид. Ин раванд имкон дод, ки қисми муайяни неруҳои собиқи мухолифин ба сохторҳои қонунии давлатӣ ворид шуда, фаъолияти худро дар доираи низоми ягонаи давлат идома диҳанд.

Дар моҳи ноябри соли 1997 Гурӯҳи кории Комиссияи муштараки марказии аттестатсионӣ таъсис дода шуд. Дар натиҷаи фаъолияти комиссия 6079 нафар ҷанговарони Иттиҳоди мухолифини тоҷик аз аттестатсия гузаштанд ва 1606 нафар барои идомаи хизмат дар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ тавсия гардиданд.

Ин таҷриба аз нуқтаи назари низоъшиносӣ аҳамияти калон дорад. Зеро ҳамгироии неруҳои мусаллаҳ танҳо масъалаи техникии сохторӣ набуда, балки воситаи аз байн бурдани заминаҳои эҳтимолии бозгашти низоъ мебошад.

Ҳамин тариқ, модели тоҷикон нишон дод, ки сулҳи сиёсӣ бояд бо реинтегратсияи иҷтимоӣ ва институтсионалии иштирокдорони собиқи низоъ ҳамроҳ бошад.

Ҷанбаи дигари муҳими модели сулҳи тоҷикон ташаккули ризоияти васеи ҷамъиятӣ мебошад. Сулҳ танҳо дар натиҷаи гуфтушуниди намояндагони ду ҷониб ба даст наомад. Дар раванди ташаккули муҳити сулҳсозӣ намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангӣ, зиёиён, намояндагони дин ва дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ ҷалб гардиданд.

Ин раванд аз он шаҳодат медиҳад, ки сулҳи устувор танҳо созиши сиёсии элитаҳо нест. Он бояд ба тадриҷ ба ризоияти иҷтимоӣ табдил ёбад.

Дар ин замина манфиатҳои миллӣ бояд бар манфиатҳои маҳаллӣ, гурӯҳӣ ва ҳизбӣ бартарӣ дошта бошанд. Яъне ҳангоми интихоби роҳи ҳалли низоъ ҷонибҳо бояд дарк намоянд, ки идомаи муқовимат метавонад ба манфиатҳои умумии ҷомеа ва давлат зарари бештар расонад.

Маҳз ҳамин тағйири афзалиятҳои сиёсӣ яке аз шартҳои муҳими гузариш аз низоъ ба сулҳ гардид.

Таҳлили таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки байни тарафҳои даргир эътимод худ аз худ пайдо намешавад. Он бояд тавассути музокироти пайваста, иҷрои созишҳои бадастомада, механизмҳои кафолат ва муоширати доимӣ ташаккул ёбад.

Дар шароити баъди низоъ ҳатто як воқеаи хурд метавонад бо сабаби набудани эътимод ҳамчун амали қасдона ё таҳдид арзёбӣ шавад. Аз ин рӯ, таҳаммулпазирӣ, худдорӣ аз амалҳои таҳрикдиҳанда ва омодагӣ ба шарҳи воқеаҳо тавассути муколама барои нигоҳ доштани субот аҳамияти махсус дорад.

Таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки эътимод яке аз сармояҳои асосии сулҳ мебошад. Бе эътимод созишномаҳои сиёсӣ метавонанд танҳо хусусияти муваққатӣ дошта бошанд.

Дар ин раванд фаъолияти гурӯҳҳои тамос ва иштироки созмонҳои байналмилалӣ низ аҳамияти муҳим дошт. Онҳо бештар нақши миёнаравӣ, мусоидаткунӣ, назорат ва дастгирии раванди сулҳро иҷро мекарданд.

Яке аз хусусиятҳои муҳими раванди сулҳи Тоҷикистон иштироки ҷомеаи байналмилалӣ мебошад. Созмони Милали Муттаҳид дар ин раванд нақши муҳим бозид. Намояндагони СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар ҷараёни музокирот ва иҷрои созишҳои баимзорасида ширкат доштанд.

Дар баробари СММ, намояндагони САҲА ва кишварҳои кафили сулҳ низ дар раванди сулҳсозӣ саҳм гузоштанд. Ба гурӯҳи тамос намояндагони як қатор кишварҳои минтақа ва давлатҳои манфиатдор дохил буданд.

Аммо яке аз сабақҳои муҳими таҷрибаи Тоҷикистон дар он аст, ки дастгирии байналмилалӣ дар сурате самараноктар мегардад, ки он бо иродаи сиёсии худи ҷонибҳои низоъ мутобиқ бошад.

Ба ибораи дигар, сулҳро наметавон танҳо аз берун таҳмил кард. Созиши дохилӣ бояд асоси раванд бошад, дар ҳоле ки ҷомеаи байналмилалӣ метавонад ба он шароити мусоид, кафолат, миёнаравӣ ва дастгирии зарурӣ фароҳам оварад.

Аз ин ҷиҳат таҷрибаи Тоҷикистон барои назарияи сулҳи устувор аҳамияти махсус дорад.

Яке аз ҷанбаҳои камтар таҳлилшудаи таҷрибаи сулҳи тоҷикон робитаи он бо фарҳанг ва анъанаҳои иҷтимоии ҷомеа мебошад.

Дар марҳилаҳои аввали муколама институтҳои анъанавии маҳаллӣ, шахсиятҳои соҳибэҳтиром, зиёиён ва намояндагони ҷомеа дар барқарор намудани робита байни гурӯҳҳои даргир нақши мусоидкунанда доштанд.

Ин нишон медиҳад, ки модели ҳалли низоъ наметавонад аз муҳити иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа ҷудо бошад. Механизмҳое, ки дар як ҷомеа самараноканд, метавонанд дар ҷомеаи дигар натиҷаи дигар диҳанд. Аз ин рӯ, яке аз сабақҳои муҳими таҷрибаи Тоҷикистон зарурати мутобиқсозии механизмҳои байналмилалии сулҳсозӣ ба хусусиятҳои миллӣ ва фарҳангии ҷомеа мебошад.

Ҳамин омезиши таҷрибаи байналмилалӣ ва захираҳои дохилии ҷомеа ба раванди сулҳсозии Тоҷикистон хусусияти хос бахшид.

Агар ҳамаи унсурҳои зикршуда ба таври маҷмӯӣ таҳлил карда шаванд, модели сулҳи тоҷиконро метавон ҳамчун низоми комплексии ҳалли низои мусаллаҳона тасниф намуд.

Ин низом аз чанд унсури ба ҳам алоқаманд иборат буд:

муколамаи сиёсӣ ҳамчун воситаи асосии ҳалли ихтилофҳо;

созишномаи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун асоси гузариш ба сулҳ;

афв ва эътимодсозӣ ҳамчун воситаи коҳиш додани душманӣ;

ташкили институтҳои муштарак, аз ҷумла Комиссияи оштии миллӣ;

ҳамгироии неруҳои мусаллаҳ ба сохторҳои давлатии қонунӣ;

ҷалби гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа ба раванди оштии миллӣ;

миёнаравӣ ва назорати байналмилалӣ;

бозгашти гурезаҳо ва барқарорсозии муносибатҳои иҷтимоӣ;

таҳкими институтҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ;

гузариш аз сулҳи манфӣ ба сулҳи устувор ва рушди баъдиҷангӣ.

Маҳз робитаи ин унсурҳо имконият дод, ки сулҳ аз як санади сиёсӣ ба раванди васеи табдили муносибатҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ табдил ёбад.

Дар таҳқиқоти муосири сулҳшиносӣ байни «сулҳи манфӣ» ва «сулҳи мусбат» фарқ гузошта мешавад. Сулҳи манфӣ пеш аз ҳама набудани ҷанг ва зӯроварии мустақимро ифода мекунад. Сулҳи мусбат бошад, мавҷудияти институтҳо ва муносибатҳои иҷтимоиеро дар назар дорад, ки такрори низоъро пешгирӣ мекунанд.

Таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки қатъи ҷанг танҳо марҳилаи аввал буд. Пас аз имзои Созишномаи умумии сулҳ масъалаҳои барқарорсозии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ, бозгашти гурезаҳо, таҳкими институтҳои давлатӣ, ҳамгироии ҷомеа ва рушди ҳамкории байналмилалӣ ба миён омаданд.

Аз ин рӯ, арзиши аслии модели сулҳсозӣ дар он аст, ки он масъалаи нигоҳ доштани сулҳ пас аз қатъи ҷанг-ро низ ба миён гузошт.

Барқарор намудани эътимоди ҷомеа ба институтҳои давлатӣ, фароҳам овардани шароити рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва пешгирии эҳтимоли бозгашти ихтилофҳо қисми ҷудонашавандаи сулҳи дарозмуддат мебошанд.

Таҷрибаи Тоҷикистон дар шароите ба даст омад, ки дар ҷаҳон ва махсусан дар кишварҳои рӯ ба рушд низоъҳои дохилӣ ва ҷангҳои шаҳрвандӣ ба яке аз мушкилоти ҷиддии амниятӣ табдил ёфта буданд.

Аз ин нуқтаи назар, таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки низои мусаллаҳона ҳатман бо ғалабаи ҳарбии яке аз тарафҳо хотима намеёбад. Дар баъзе ҳолатҳо роҳи самараноктар метавонад созиши сиёсӣ бошад, ки ба ҳар ду ҷониб имкони нигоҳ доштани шаъну эътибор ва иштирок дар ҳаёти сиёсии минбаъдаро фароҳам меорад.

Ин таҷриба барои кишварҳое, ки бо низоъҳои дохилӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, як қатор сабақҳои назариявӣ ва амалӣ пешниҳод мекунад.

Аввалан, манфиатҳои миллӣ бояд аз манфиатҳои маҳаллӣ, гурӯҳӣ ва ҳизбӣ боло гузошта шаванд.

Дуюм, барои қатъи низоъ иродаи сиёсии дохилӣ муҳимтарин замина мебошад.

Сеюм, дастгирии байналмилалӣ бояд ба иродаи ҷонибҳои дохилии низоъ такя кунад, на ба таҳмил кардани ҳалли беруна.

Чорум, созишномаҳои сулҳ бояд бо механизмҳои мушаххаси татбиқ ва назорат таъмин карда шаванд.

Панҷум, сулҳ бояд бо барномаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ тақвият дода шавад.

Аз таҳлили таҷрибаи сулҳсозии Тоҷикистон метавон як қатор сабақҳои назариявӣ ва методологиро ҷудо намуд.

Якум, низоъҳои дохилӣ танҳо бо усулҳои низомӣ ҳалли устувор намеёбанд. Ҳатто дар ҳолате ки яке аз тарафҳо бартарии муайяни низомӣ пайдо мекунад, омилҳои иҷтимоӣ ва сиёсии низоъ метавонанд боқӣ монанд.

Дуюм, гуфтушунид бояд ҳамчун раванди пайвастаи ҷустуҷӯи манфиатҳои муштарак ташкил карда шавад. Муҳим на танҳо мавқеи ошкорои тарафҳо, балки манфиатҳои аслии онҳо мебошанд.

Сеюм, эътимодсозӣ бояд қисми мустақили стратегияи сулҳ бошад. Бе эътимод татбиқи созишномаҳои сиёсӣ душвор мегардад.

Чорум, институтҳои муштараки давраи гузариш метавонанд барои идора намудани марҳилаи баъди низоъ аҳамияти ҳалкунанда дошта бошанд.

Панҷум, ҳамгироии собиқ иштирокдорони низоъ ба сохторҳои қонунӣ барои пешгирии бозгашти зӯроварӣ муҳим мебошад.

Шашум, сулҳи устувор танҳо дар сурате имконпазир аст, ки масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии баъдиҷангӣ низ ҳал карда шаванд.

Ҳафтум, таҷрибаи ҳар як ҷомеа бояд дар асоси хусусиятҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии худ омӯхта шавад. Аз ин рӯ, модели тоҷикон набояд ҳамчун формулаи механикӣ барои ҳамаи низоъҳо истифода шавад; балки принсипҳои он бояд бо шароити мушаххаси ҳар ҷомеа мутобиқ карда шаванд.

Яке аз масъалаҳои муҳими илмӣ аз таҷрибаи Тоҷикистон баровардани донишҳои назариявӣ мебошад. То имрӯз бисёре аз таҳқиқотҳо асосан ба тавсифи ҷараёни музокирот, нақши субъектҳои алоҳида ва натиҷаҳои сиёсӣ равона шудаанд. Аммо омӯзиши амиқтари таҷриба имконият медиҳад, ки механизмҳои табдили низоъ, ташаккули эътимод, идоракунии гузариш аз муқовимат ба ҳамкорӣ ва нақши омилҳои фарҳангиву иҷтимоӣ низ таҳлил карда шаванд.

Дар ин замина модели сулҳи тоҷикон метавонад барои рушди чанд самти илмӣ истифода шавад: низоъшиносӣ, сулҳшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, дипломатия, сиёсатшиносӣ, ҷомеашиносӣ ва таҳқиқоти минтақаӣ.

Арзиши илмии он дар он мебошад, ки таҷрибаи Тоҷикистон имконият медиҳад, ки назарияҳои умумии сулҳсозӣ бо маводи мушаххаси таҷрибавӣ муқоиса карда шаванд.

Хулоса. Модели сулҳи тоҷикон натиҷаи як рӯйдоди алоҳида ё як санади ягона набуда, балки маҳсули раванди мураккаби сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва дипломатӣ мебошад. Моҳияти асосии он дар гузариш аз муқовимати мусаллаҳона ба муколама, аз мантиқи ғалаба бар рақиб ба мантиқи созиш, аз парокандагии сиёсӣ ба ризоияти миллӣ ва аз сохторҳои ҷудогонаи мусаллаҳ ба низоми ягонаи давлатӣ ифода меёбад.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 заминаи ҳуқуқии марҳилаи нави таърихи Тоҷикистонро гузошт. Таъсиси Комиссияи оштии миллӣ, ҳамгироии неруҳои собиқи мухолифин, иштироки гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа, миёнаравӣ ва дастгирии созмонҳои байналмилалӣ, бозгашти гурезаҳо ва идомаи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ маҷмӯи механизмҳоеро ташкил доданд, ки раванди сулҳсозиро устувор намуданд.

Таҷрибаи Тоҷикистон инчунин нишон медиҳад, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест. Сулҳ бояд ба муносибатҳои нави сиёсӣ, институтҳои устувор, эътимоди байни гурӯҳҳои ҷомеа ва имконияти рушди созанда такя кунад. Аз ин рӯ, раванди сулҳсозӣ бояд аз марҳилаи қатъи зӯроварӣ гузашта, ба марҳилаи барқарорсозии муносибатҳои иҷтимоӣ ва рушди институтҳои давлатӣ ворид шавад.

Яке аз муҳимтарин сабақҳои модели тоҷикон дар он аст, ки ҳалли низоъ дар ниҳоят бояд ба манфиатҳои ҷомеа ва давлат такя кунад. Вақте ки ҷонибҳои даргир ба дарки умумӣ мерасанд, ки идомаи муқовимат ба манфиатҳои умумимиллӣ зарар мерасонад, имконияти гузариш ба музокироти воқеӣ бештар мегардад.

Ҳамзамон, таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҷомеаи байналмилалӣ метавонад дар пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо нақши муассир дошта бошад, ба шарте ки фаъолияти он ба иродаи ҷонибҳои дохилӣ такя намуда, хусусиятҳои таърихӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеаро ба назар гирад.

Аз ин рӯ, омӯзиши минбаъдаи модели сулҳи тоҷикон бояд на танҳо ба тавсифи рӯйдодҳои таърихӣ, балки ба таҳлили механизмҳои дохилии сулҳсозӣ, усулҳои гуфтушунид, шаклҳои эътимодсозӣ, нақши институтҳои миёнарав, ҳамгироии баъдиҷангӣ ва омилҳои пешгирии бозгашти низоъ равона карда шавад.

Дар маҷмӯъ, таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои илми муосири низоъшиносӣ ва сулҳшиносӣ як маводи арзишманди таҳқиқотӣ мебошад. Он нишон медиҳад, ки ҳатто низоъҳои мураккаби дохилӣ метавонанд тавассути иродаи сиёсӣ, муколамаи фарогир, созишҳои мутақобил, институтҳои муштараки гузариш ва дастгирии масъулонаи байналмилалӣ ба роҳи ҳалли сиёсӣ равона карда шаванд.

Аз ин ҷиҳат, модели сулҳи тоҷиконро метавон ҳамчун таҷрибаи миллии ҳалли низоъ бо аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ арзёбӣ кард. Омӯзиши илмии он метавонад барои такмили назария ва амалияи сулҳсозӣ, таҳияи механизмҳои пешгирии низоъҳои мусаллаҳона ва ҷустуҷӯи роҳҳои самараноки расидан ба ризоияти миллӣ дар ҷомеаҳои дар ҳолати буҳрон қарордошта саҳми назаррас гузорад.

 

ИКРОМОВ Раҷабалӣ,

ходими хурди илмии шуъбаи Аврупои

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ