Ҷумҳурии Тоҷикистон кишваре мебошад, ки бо фарҳанги ғанӣ ва арзишҳои миллӣ барои саодати миллати тоҷик бунёд ёфтааст. Таҳким ва ҳимоя намудани арзишҳои фарҳангии миллӣ аз ҳадафҳои асосии сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Вақте, ки мо ба арзишҳои миллии худ такя мекунем бояд худшиносӣ ва худогоҳии хешро аз даст надиҳем. Мо ҷавонон бояд барои рушди устувор ва наќш гузоштан барои пешравӣ ва оромии кишвар саҳми худро гузорем.
Имрӯз вазифаи ҳар як шаҳрванд аз он иборат аст, ки ин неъмати бебаҳоро ҳифз намояд. Ҷавонон бояд дар рӯҳияи бародарӣ ва арзишҳои фарҳангӣ ва дӯст доштани Ватан тарбия ёбанд. Бояд ҷавонон донанд, ки Ватани азизи мо ояндаи дурахшон дорад, аз ин ру озодӣ, ваҳдат, якдилӣ ва заҳмати софдилонаи ҳар як шаҳрванди он вобастагӣ дорад.
Дар кишваре, ки сулҳу ороми ҳукумфармост, мардум бо дилҳои пок ва нигоҳи нек зиндагӣ мекунанд, ба ҳамдигар дасти кӯмак мерасонанд ва барои ободонии Ватан саҳми арзандаи худро мегузоранд. Бояд ҳамеша дар хотир дошт, ки Истиќлол танҳо бо сухан ҳифз намешавад ва аз ҳар як ватандор масъулият талаб менамояд.
Дар ҳаќиќат Истиќлоли давлатӣ барои мардуми мо сарчашмаи асосии ободонию сарҷамъӣ ва пешравии сиёсати давлат маҳсуб меёбад. Воќеан дар сарнавишти ҳар миллату давлатҳо рӯзҳои таърихии таќдирсоз ҳастанд, ки ҳамчун оғози созандагиҳои бузург маҳсуб мешаванд. Барои мардуми шарафманди мо 9-уми сентябри соли 1991 аз ҷумлаи санаҳои таќдирсозе мебошад, ки дар он давлатдории миллии мо бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст.
Бо барќарор шудани сулҳу субот дар кишвар имконият ба даст омад, ки Тоҷикистон захмҳои гирифтаи худро дар ваќти ҷанг даво бахшида, айни ҳол барои рушду таҳкими давлатдорӣ ќадаме бигузорад. Бо шарофати ќадами фархунда ва мубораки ваҳдати миллӣ имрӯз Тоҷикистон соҳибистиќлолии комилро ба даст овардааст. Бузургии ваҳдат миллӣ он ќадар нерӯ дорад, ки фазои душманро дарҳол маҳв менамояд ва миёни инсонҳо сулҳу дӯстӣ ва якдилиро густариш мебахшад.
Ҳаќиќатан Истиќлолият дар баробари ваҳдати миллӣ барои мардуми мо неъмати бебаҳо буда, ҳар як шахси ватандӯст бояд аз он ифтихор дошта бошад,зеро ки табиатан мардуми мо аз азал сулҳдӯст, тамаддунофар ва фарҳангпарвару бунёдкор мебошанд. Вақте, ки мо ба оинаи таърих назар меандозем миллати тоҷик бори дигар исбот намуд, ки ҳамчун миллати заҳматкашу бунёдкор ва дорои хиради азалӣ эҳтиром хосса касб намудааст. Имрӯзҳо баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ ва садоќат ба Ватан яке аз пояҳои асосии давлат ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин ҳисси ватандӯстӣ буд, ки миллати мо ба фиребу найрангҳои ашхоси бегона нигоҳ накарда, ваҳдати миллиро дар кишвар пойдор нигоҳ доштанд.
Ҳамчунин бо омадани сулҳу оромӣ дар кишвар барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити фароҳам омад. Баъди ба даст омадани ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ҳазорҳо иншооти фарҳангӣ истеҳсолӣ, наќбҳо, неругоҳҳои барќии обӣ, марказҳои ташхисию табобатӣ ба истифода дода шуд. Дар солҳои истиќлолият садҳо муассисаҳои тиббӣ бунёд ва азнавсозӣ гардонида шуданд. Имрӯзҳо ба таври комил гуфта метавонем, ки сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ нисбат ба солҳои гузашта ба маротиб беҳтару хубтар шудааст. Дар ин давра ва то имрӯз нишондиҳандаҳои асосии соҳаи тандурустӣ ба таври нишонрас беҳтар гардидаанд.
Набояд фаромӯш кард, ки бо сиёсати хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ оромиро дар саросари меҳанамон барќарор намуда, барои зиндагии орому осоишта сокинони мамлакат шароит муҳайё овард. Маҳз заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷавонмардонаи Пешвои миллат буд, ки дар як муҳлати кӯтоҳи хатарнок тавонист роҳи гуфтушунидро бо мухолифини тоҷик ба роҳ монданд.
Барои мардуми тоҷик, ки таърихи пурғановат ва фарҳанги ғанӣ дорад, сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ҳамеша арзишҳои олии маънавӣ ба ҳисоб меравад. Гузаштагони мо ба наслҳои оянда дӯстӣ, эҳтироми ҳамдигар ва муҳаббат ба Меҳанро ҳамчун мероси арзишманд ба ёдҳо гузоштаанд. Маҳз бо шарофати истиќлолият миллати тоҷик тавонист аз имтиҳонҳои вазнини таърихӣ сарбаландона гузашта, якпорчагии кишварро ҳифз намоянд, барои худ зиндагии осоиштаро барќарор созанд ва барои пешрафт ва устувории иќтисодиёт заминаи боэътимод гузоранд. Ваҳдат, сулҳу оромӣ барои ҷавонон, ки нерӯи пешбаранда ва ояндаи кишвар ба шумор мераванд, аҳмияти бениҳоят хос дорад. Дастовардҳои имрӯза нишон медиҳад, ки рушди иќтисод, фарҳанг, маориф ва инчунин нуфузи байналмилалӣ боло рафтааст. Пешвои миллат ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Борҳо дар суханронӣ ва вохуриҳои худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд, ки маҳз насли ҷавон бояд дастовардҳои истиќлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз намуда, сулҳу суботро ҳамчун неъмати бебаҳо пос ва устувор нигоҳ доранд.
Ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ ва ватандӯстии мову Шумо ба ҳамдигар ба манфиатҳои миллат ва муҳаббати самимӣ ба Ватан кафолати шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистон ва зиндагии арзандаи насли оянда хоҳад буд.
АЗИМОВ Хусрав
ходими хурди илмии Шуъбаи Аврупои
Институти омȳзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ