(Ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Дар ҷаҳони имрӯза, ки босуръат тағйир меёбад, истиқлолият ҷанбаи муҳимми давлатдорӣ барои ҳар як кишвар ва мардуми он ба шумор меравад. Дар ин замина ва бо назардошти афзоиши робитаҳои мутақобилаи миллатҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, иттилоотӣ ва сиёсӣ, мафҳумҳои истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ дар ҳоли таҳаввул қарор доранд. Ин раванд боиси пайдоиши мафҳумҳои наве мегардад, ки идоракунии давлатӣ ва муносибатҳои байнидавлатиро таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ дигаргун месозанд.
Истиқлолияти давлатӣ волоияти қонун дар дохили кишвар ва озодӣ аз таъсири хориҷиро дар бар мегирад. Ҳамзамон, сиёсати хориҷӣ воситаи асосии татбиқи соҳибихтиёрии берунаи давлат ба шумор меравад, зеро он тарзи муносибати кишварро бо дигар давлатҳо ва халқҳо дар арсаи байналмилалӣ муайян мекунад. Ин раванд бар пояи истиқлолият ва қобилияти қабули қарорҳои мустақилона оид ба бастани созишномаҳо, иштирок дар созмонҳои байналмилалӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлат сурат мегирад.
Ҳар як давлат ва миллат барои муайян кардани сарнавишти худ, ҳифзи тамомияти арзӣ, истиқлолияти давлатӣ, манфиатҳо ва ҳувияти миллӣ, инчунин арзишҳои фарҳангӣ, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ, татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таҳкими нуфузи давлат дар арсаи ҷаҳонӣ ва қабули меъёрҳову қоидаҳои танзимкунандаи давлатдории миллӣ талош меварзад.
Бояд қайд кард, ки ҳар як давлати мустақил дар арсаи ҷаҳонӣ ба комёбӣ ва дастовардҳо саъй намуда, дар роҳи амалӣ сохтани манфиатҳои миллӣ ва ҳадафҳои стратегӣ, инчунин дар пешбурди сиёсати хориҷии худ истиқлолияти комилро татбиқ менамояд.
Таҷрибаи амалӣ дар воқеияти имрӯзаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки давлатҳо ва миллатҳои зиёде барои ҳифзи тамомияти арзӣ, истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрӣ ва арзишҳои миллӣ ва фарҳангии худ талош меварзанд. Бо вуҷуди ин, бозигарон ва омилҳои дигари ҷаҳонӣ низ вуҷуд доранд, ки ба амалишавии ормонҳои ин давлатҳо ва миллатҳо, инчунин ба озодии комили онҳо монеъ мешаванд.
Хушбахтона, ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки ҳамчун иштирокчии мустақил ва фаъол дар низоми муносибатҳои байналмилалии муосир амал намояд, ҳадафҳои стратегии сиёсати хориҷии худро пайгирӣ кунад, манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангиашро ҳифз ва пеш барад, ташаббусҳои байналмилалии худро муаррифӣ созад, эътирофи ҷаҳонӣ пайдо кунад ва ба ин васила, барои тақвияти нуфузи худ дар арсаи ҷаҳонӣ талош варзад.
Бо роҳбарии сарвари хирадманд сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун равиши бисёрсамта, мутавозин ва санҷидашуда арзёбӣ мегардад, ки бар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқу манфиатҳои шарикони байналмилалӣ асос ёфтааст. Ин сиёсат Тоҷикистонро ҳамчун кишваре бо равиши хос дар дипломатия муаррифӣ мекунад, ки дар сатҳҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нақши фаъол ва таъсиргузор мебозад.
Яке аз хусусиятҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушод» мебошад, ки кишвар онро пайваста пеш мебарад ва ҳамчун воситаи самараноки ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва муттаҳидсозии саъю кӯшишҳои миллӣ ва байналмилалӣ арзёбӣ мекунад. Сиёсати шаффофи «дарҳои кушод» ба Тоҷикистон имкон дод, то ба узви ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёбад ва бо бисёр кишварҳои ҷаҳон робитаҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои судманди мутақобила барқарор намояд.
Аз замони татбиқи ин сиёсати хориҷӣ, натиҷаҳои мусбат ва пешбинишуда ба даст омада, дар даврони соҳибистиқлолӣ, Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ, Амрико, Аврупо, Осиё ва Африқо дар асоси принсипҳои байналмилалии баробарҳуқуқӣ ва эҳтироми мутақобила робитаҳои мустақими дипломатӣ барқарор намудааст. То имрӯз Тоҷикистон бо 187 кишвар муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, бо мақсади тақвияти имиҷи мусбати кишвар ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва миллат дар маҷмӯъ, 30 намояндагии дипломатӣ ва 10 консулгарӣ таъсис додааст.
Имрӯз воқеан мояи ифтихор аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун кишваре эътироф шудааст, ки барои ҳалли мушкилоти глобалӣ ташаббус нишон медиҳад ва дар танзими равандҳои сиёсии минтақа саҳм мегузорад. Давлати мо тавассути сиёсати пайгирона ва пешниҳодҳои созанда мавқеи худро таҳким бахшидааст ва минбаъд низ дар арсаи ҷаҳонӣ нақши афзояндаву муҳимро иҷро хоҳад кард.
Бо назардошти умумиятҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, робитаҳои анъанавии дӯстӣ, муносибатҳои ҳамсоягӣ ва дарки муштараки масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, амниятӣ ва экологӣ, Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини истиқлолияти худ рушди муносибатҳо бо дигар кишварҳои Осиёи Марказиро дар сиёсати хориҷии худ дар мадди аввал гузошта, пайваста барои тақвияти онҳо талош меварзад. Илова бар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории миқёси васеи минтақавиро воситаи муҳим барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ, инчунин таъмини амният ва субот дар Осиёи Марказӣ мешуморад ва ҷонибдори ҳамзистии осоишта ва дӯстонаи халқҳои минтақа мебошад.
Кишвари мо дар ҳалли як қатор масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, таҳкими муносибатҳои дӯстона байни давлатҳо дар асоси баробарии халқҳо, ҳуқуқ ба худмуайянкунӣ ва дигар принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳалли осоиштаи низоъҳо ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои гуногун саҳм мегузорад. Дар ин замина, «дипломатияи ташаббускорона» ҳамчун воситаи муҳим барои баён кардани ният ва ғояҳои кишвар аз минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ хизмат мекунад. Мантиқи фаъолияти сиёсии байналмилалии Тоҷикистон, ки ҳамчун «сиёсати ташаббускорона» зуҳур мекунад, хеле содда ва қобили дарк аст. Гап дар сари он аст, ки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар мафкураи сулҳҷӯёна асос ёфта, ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи судманд бо мақсади таъмини сулҳу субот ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳам минтақавӣ нигаронида шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди «дипломатияи ташаббускорона» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми бузург гузоштаанд. Ба шарофати талошҳои самарабахш ва матраҳсозии саривақтии масъалаҳо аз ҷониби Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати фаъол ва ташаббускор шинохта мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чандин ташаббуси ҷаҳонӣ мебошанд: аз ҷумла ташаббусҳо дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо: “Соли байналмилалии оби тоза”- 2003; Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” 2005-2015; Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” 2018-2028; Эълони соли 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо; Мубориза бо тағйирёбии иқлим; Пешниҳодҳо оид ба мубориза бо тероризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир: Муборизаи байналмилалӣ бар зидди тероризм ва ифротгароӣ; Таъмини амният дар сарҳади Афғонистон; Мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ; Қатъномаи махсус зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” дар Иҷлосияи 79-уми СММ 24 - сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд, 25 - июли 2025 Маҷмаи Умумии СММ онро қабул намуд.
Аз замони пайдоиши ҷомеаи инсонӣ сулҳ ва зиндагии осоишта орзуву ормони тамоми башарият ба шумор рафта, имрӯз мубориза барои он ба яке аз масъалаҳои марказӣ табдил ёфтааст. Тоҷикистон ҳамчун узви Созмони Милали Муттаҳид метавонад дар барқарор намудани сулҳ дар рӯйи Замин нақши беандоза дошта бошад, зеро таҷрибаи сулҳи тоҷикон беназир ва беҳамтост.
25 - июни соли 2026 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи махсус зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027 -2036” пешниҳод гардид. Ин иқдоми таърихӣ давраи солҳои 2027- 2036 -ро фаро гирифта, давлатҳои узв уҳдадории муштараки худро ҷиҳати пешбурди сулҳ , ҳамбастаги байни наслҳо ҳамчун пояи муҳимми таъмини некуаҳволии наслҳои оянда, тасдиқ карданд.
Ҳамин тариқ, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти давлатӣ бо пешбурди сиёсати созанда, санҷидашуда ва мутавозин дар арсаи байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Бо назардошти ин, метавон бо итминони комил изҳор дошт, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақ буда, дастовардҳои самаранок ва нодир ба бор овардааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои миллии давлатро бомуваффақият ҳимоя намуда, робитаҳои устувори дипломатиро бо кишварҳои ҷаҳон барқарор сохт ва суботи ҳам дохилӣ ва ҳам минтақавиро таъмин кард.
ДАВЛАТЗОДА Фарида
ходими хурди илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ