Дар даврони соҳибистиқлолӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва заминаи асосии давлатсозӣ барои ташаккули давлати мустақил ва низоми ҳуқуқии миллӣ заминаи устувор гузошт. Дар давоми 32 соли амал, он барои рушди давлатдорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мусоидат намуд.
Пеш аз сухан кардан дар бораи конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вазъи сиёсии даврони пеш аз шӯравӣ назар меафканем, таҳлилу хулосабарорӣ менамоем.
Ёдовар мешавем, ки пеш аз даврони шӯравӣ дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон Конститутсия ба маънои муосири ҳуқуқӣ ва давлатӣ амал намекард. Дар он давра давлатҳои мустақили тоҷикон, аз ҷумла аморати Бухоро, бар асоси маҷмӯи қоидаҳои шариат, расму русум, фармонҳои амир идора мешуданд, на бар асоси як санади ягонаи конститутсионӣ. Аз ин рӯ, дурусттар аст бигӯем, ки пеш аз даврони шӯравӣ дар ҳудуди Тоҷикистон низоми ҳуқуқию сиёсӣ вуҷуд дошт, аммо «Конститутсияи Тоҷикистон» ҳамчун қонуни асосии давлати миллӣ вуҷуд надошт.
Дар ҳамон лаҳзаҳои ҳасос ва мураккаб кӯшишҳои ба миён гузоштани ислоҳот ба амал омад ва ҳаракати ҷадидия дар Осиёи Марказӣ масъалаи ислоҳоти маориф, идоракунӣ ва ҳуқуқиро ба миён гузошт.Вале муттаасифона, ҳаракати ҷадидон бе ҷавоб монд.
Дар ин асно чандин ҳаракатҳое, ки аз ҷониби ҷавонбухориён ва гурруҳҳои муташаккиле, ки зидди ин низом буда, дар талаби таъсиси низомӣ конститутсионӣ дар Бухоро буданд, беҷавоб монд.
Аз нигоҳи таърихӣ, низоми пеш аз шӯравӣ бештар ба шакли анъанавии давлатдорӣ тааллуқ дошт. Дар айни замон, омӯзиши низоми ҳуқуқии пеш аз шӯравӣ аҳамияти илмӣ дорад, зеро он нишон медиҳад, ки давлатдории тоҷикон танҳо аз давраи шӯравӣ ё истиқлолият оғоз нашудааст, балки дорои таҷрибаи қадимаи идоракунӣ, ҳуқуқ, маъмурият ва фарҳанги сиёсӣ мебошад. Аммо ин мероси таърихиро бояд аз Конститутсияи муосир ҷудо кард: давлатдории анъанавӣ заминаи таърихӣ буда метавонад, вале он ба маънои имрӯза низоми демократӣ ва конститутсионӣ набуд. Аз ин рӯ, Конститутсияи соли 1994 аз ҷиҳати таърихӣ ва ҳуқуқӣ марҳалаи сифатан нави давлатсозӣ буда, принсипҳои соҳибихтиёрии халқ, ҳуқуқи инсон, дунявият, тақсими ҳокимият ва волоияти қонунро муқаррар кардааст.
Дастоварди аввал ва муҳимтарин ташаккули заминаи ҳуқуқии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон таҳкими давлатдории миллӣ мебошад.Дар шароити баъди ҷанги шаҳрвандӣ чунин санад барои барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳид сохтани ҷомеа аҳамияти бузург дошт. Аз ин ҷиҳат, Конститутсияро метавон яке аз пояҳои ҳуқуқии сулҳу ваҳдати миллӣ арзёбӣ кард.
Васеъ гардидани ҳуқуқи озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсия арзиши олӣ дорад. Масалан боби махсуси Конститутсия ба ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шуда, нишон медиҳад, ки аз 100 моддаи Конститутсия, 34 модда ба ин масъалаҳо дахл дорад. Ин шумораҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи ҳуқуқи инсон дар сохтори Конститутсия мақоми муҳим дорад.
Дар давраҳои қадим низ андешаҳо оид ба қадру қимати инсон ва адолат вуҷуд доштанд.Масалан дар кишварҳои Аврупо яке аз санадҳои муҳими таърихӣ “Маgna Carta” ё “Созишномаи бузург” буд, ки соли 1215 қабул гардид ва он барои ҳимояи ҳуқуқҳои инсон ва маҳдуд намудани ҳокимияти подшоҳӣ равона шуда буд. Ҳатто дар соли 1776 Эъломияи ҳуқуқҳои Вирҷиния қабул шуд, ки ҳуқуқҳои табии инсонро ба таври равшан баён мекард. Солҳои1789-1791 дар Иёлоти Муттаҳида “Билли ҳуқуқҳо” қабул гардида, ҳамзамон соли 1789 дар Фаронса “Эъломияи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд” ба тасвиб расид. 10 декабри соли 1948 Созмони Миллати Муттаҳид “Эъломияи умумии ҳуқуқи башар” -ро қабул кард. Ҳамаи ин ҳуҷҷатҳо ба рушди ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсӣ таъсири калон расонид. Таърихи ҳуқуқи инсон дар Конститутсияҳо аз ғояҳои қадимии адолат оғоз гардида, тавассути санадҳои таърихӣ ва муборизаҳои иҷтимоӣ ташаккул ёфтааст.Дар аввал ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсӣ ва баъдан ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ эътироф гардидаанд. Имрӯз ҳуқуқи инсон яке аз асосҳои муҳими давлатдории демократӣ буда, Конститутсияи Тоҷикистон низ ҳифз ва таъмини онро вазифаи муҳими давлат мешуморад.
Аҳамияти муҳими дигари Конститутсия дар он аст, ки он истиқлолияти сиёсиро ба низоми мукаммали ҳуқуқӣ пайваст. Бе қонуни асосии ягона ташкили давлати мустақил, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ душвор мегардид. Аз ин рӯ, Конститутсияи соли 1994 яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ низ нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чанд самти асосӣ зоҳир мешавад, масалан он соҳибихтиёрии давлатро мустаҳкам мекунад, сиёсати хориҷиро ба меъёрҳои ҳуқуқӣ мепайвандад, мақоми санадҳои байналмилалиро муайян менамояд ва ваколатҳои мақомоти давлатиро дар муносибатҳои хориҷӣ тақсим мекунад.
Ёдовар мешавем, ки 3 моддаи махсус дар Конститутсия дар самти муносибатҳои байналмилалӣ оварда шудааст, моддаи 10-и Конститутсияи ҷойгоҳи санадҳои байналмилалиро дар низоми ҳуқуқии кишвар муайян мекунад. Барои намояндагии Тоҷикистон дар муносибатҳои хориҷӣ ва пешбурди сиёсати хориҷӣ, моддаи 69 аҳамияти марказӣ дорад, ҳифзи шаҳрвандон дар хориҷи кишвар дар моддаи 16 пешбинӣ шудааст.
Дар оянда Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун заминаи асосии ҳуқуқӣ барои ҳифзи истиқлолият, рушди ҳамкорӣ ва баланд бардоштани нуфузи кишвар хизмат кунад. Конститутсия муқаррар менамояд, ки Тоҷикистон муносибатҳои хориҷии худро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ мемонад ва метавонад ба ташкилотҳои байналмилалӣ дохил шавад ё аз онҳо хориҷ гардад.
Агар волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқи инсон, шаффофияти идоракунӣ ва иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ тақвият ёбад, Тоҷикистон метавонад мавқеи худро ҳамчун давлати боэътимод ва масъули ҷомеаи байналмилалӣ мустаҳкам намояд.Қабули Конститутсия ба Тоҷикистон имконият дод, ки дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун субъекти ҳуқуқӣ фаъолият намояд ва дар масъалаҳои сулҳ, амният, об, иқлим ва рушди устувор ташаббусҳои худро пешниҳод намояд. Дар воқеъ қабули Конститутсия ба болоравии нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ муосидат намуд.
Тибқи манбаъҳои расмӣ муҳимтарин самтҳои такмили Конститусия дар оянда метавонад ҳифзи ҳуқуқҳои рақамӣ, тақвияти адолати судӣ, рушди худидоракунии маҳаллӣ, назорати парламентӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини баробарии мавқеи мардону занон бошад.Такмили Конститутсия бояд бо назардошти манфиатҳои миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ, талаботи замони муосир ва иштироки фаъоли шаҳрвандон амалӣ гардад.
Танҳо дар сурати риоя кардани Конститутсия ва маърифати ҳуқуқӣ ҷомеа метавонад ба пешрафти устувор ноил гардад.
ДОСТИЕВА Дилафруз,
ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ