(Дар ҳошияи сафари ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии ғайрирасмии машварати сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон, 30 июл - 1 августи 2026 )
Тоҷикистон дар солҳои охир ба яке аз марказҳои муҳими дипломатияи минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфта, сиёсати хориҷии худро ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, таҳкими сулҳу субот, ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавию глобалӣ равона кардааст. Асоси ин равандро сиёсати «дарҳои кушода», дипломатияи сулҳ ва эҳтироми мутақобилаи давлатҳо ташкил медиҳад. Ин равиш барои таҳкими эътимод миёни кишварҳои ҳамсоя, таъмини амнияти минтақавӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди устувори Осиёи Марказӣ аҳамияти калидӣ дорад.
Вохӯрии машварати сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун механизми ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои минтақавӣ аз якчанд сатҳи институтсионалӣ иборат буда, барои таъмини ҳамоҳангии фаъолияти давлатҳои иштирокчӣ дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ хизмат менамояд. Сохтори он аз унсурҳои сатҳи сарони давлатҳо, сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ, сатҳи коршиносон, ҳамкории байнипарлумонӣ, ҷаласаҳои соҳавӣ иборат мебошад.
Аввалин Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои минтақа моҳи марти соли 2018 дар шаҳри Остона баргузор гардид. Аҳамияти таърихии ин мулоқот пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки он нахустин вохӯрии сарони давлатҳои минтақа пас аз танаффуси тақрибан даҳсола ва бидуни иштироки намояндагони давлатҳо ё созмонҳои хориҷӣ баргузор шуд. Ин рӯйдод оғози марҳилаи нави ҳамкориҳои мустақили дохилиминтақавӣ ва таҳкими эътимоди сиёсӣ байни кишварҳои Осиёи Марказиро ифода намуд.
Дар Вохӯрии дуюм, ки моҳи ноябри соли 2019 дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, Низомномаи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ қабул карда шуд. Ин санад асосҳои институтсионалӣ ва тартиби фаъолияти машваратиро муайян намуда, баргузории мунтазами ҷаласаҳои сарони давлатҳо, вохӯриҳои вазирони корҳои хориҷӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои кории коршиносонро ба низом даровард. Қабули Низомнома қадами муҳим дар самти ташаккули сохтори устувори ҳамкориҳои минтақавӣ ба ҳисоб меравад.
Марҳилаи навбатии рушди ҳамкориҳои минтақавӣ бо баргузории Вохӯрии сеюм 6 августи соли 2021 дар шаҳри Туркманбошии Ҷумҳурии Туркманистон алоқаманд аст. Дар ин ҳамоиш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, доир ба масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои минтақавӣ суханронӣ карданд. Зимни мулоқот роҳбарони давлатҳо аҳамияти Вохӯрии машваратиро ҳамчун механизми муҳими таҳкими ҳамгироии минтақавӣ таъкид намуда, масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, инчунин таҳкими амнияти минтақавиро баррасӣ карданд. Аз рӯи натиҷаҳои Вохӯрии машваратӣ як қатор санадҳои муштарак қабул гардиданд, ки ба густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарии кишварҳои минтақа заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварданд.
Марҳилаи минбаъдаи рушди Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо таҳкими заминаи ҳуқуқӣ ва институтсионалии ҳамкориҳои минтақавӣ тавсиф мешавад. Дар ҷаласаи чоруми Вохӯрӣ, ки моҳи июли соли 2022 дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Шартнома дар бораи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ дар асри XXI-ро ба имзо расониданд. Қабули ин санади бунёдӣ дар ташаккули заминаи меъёриву ҳуқуқии ҳамгироии минтақавӣ аҳамияти муҳим дошта, принсипҳои асосии ҳамкорӣ, таҳкими эътимоди мутақобила, ҳифзи сулҳу субот ва рушди устувори минтақаро муайян намуд. Ин ҳуҷҷат низоми амалкунандаи санадҳои ҳамкории байни давлатҳои Осиёи Марказиро такмил дода, барои рушди минбаъдаи муносибатҳои бисёрҷониба заминаи ҳуқуқии мустаҳкам фароҳам овард.
Қадами муҳими дигари ниҳодсозии ин формат таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2023 гардид. Ташкили ин ниҳод ба баланд бардоштани сатҳи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, татбиқи қарорҳои қабулшуда ва омодасозии рӯзномаи ҷаласаҳои навбатии машваратӣ мусоидат намуд.
Марҳилаи муҳимми дигари рушди ҳамкориҳои минтақавӣ баргузории Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар рӯзҳои 14–15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе буд. Ин ҳамоиш таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, масъалаҳои калидии ҳамгироии минтақавӣ ва таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дод.
Аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ як қатор санадҳои муҳими байналмилалӣ қабул ва ба имзо расиданд, аз ҷумла:
¾ Изҳороти муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ;
¾ Созишнома оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти заминӣ, ки ба рушди пайвастагии нақлиётӣ ва коммуникатсионии минтақа равона шудааст;
¾ Созишнома дар бораи самтҳои умумии сиёсати давлатии ҷавонони давлатҳои Осиёи Марказӣ;
¾ Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ.
Дар идомаи раванди ниҳодсозӣ, ҷаласаи нахустини Шӯрои ҳамоҳангсозони миллӣ рӯзҳои 30–31 январи соли 2025 дар шаҳри Тошканд баргузор гардид. Дар ин ҷаласа масъалаҳои татбиқи қарорҳои Вохӯриҳои машваратӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори давлатҳои иштирокчӣ ва омодагӣ ба ҷаласаҳои навбатии сарони давлатҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар ҷаласаи ҳафтуми Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки моҳи ноябри соли 2025 баргузор гардид. Ғайр аз ҷаласаҳои сатҳи сарони давлатҳо, фаъолияти Вохӯрии машваратӣ инчунин ҳамкориҳоро дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ, мақомоти соҳавӣ, гурӯҳҳои коршиносон ва сохторҳои байнипарлумонӣ дар бар мегирад. Дар доираи ин формат ҳамасола зиёда аз бист ҷаласаи соҳавӣ ва коршиносӣ баргузор гардида, масъалаҳои амният, иқтисод, нақлиёт, энергетика, рақамикунонӣ, захираҳои обӣ, экология ва ҳамкориҳои гуманитариро фаро мегиранд.
Нишонаи равшани таҳкими эътимод ва ҳамбастагии минтақавӣ таъсиси «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» мебошад. Тибқи Қарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, нахустин дорандагони ин мукофоти олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (соли 2021), Президенти Халқии Маслиҳати Туркманистон, муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов (соли 2023) ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев (соли 2024) гардиданд. Ин иқдом рамзи эътирофи саҳми шахсиятҳои давлатӣ дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, рушди муносибатҳои дӯстона ва пешбурди рӯзномаи ҳамгироии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
Вохӯрии машваратӣ дар муддати кӯтоҳи фаъолият ба механизми устувори муколамаи сиёсӣ ва ҳамоҳангсозии манфиатҳои давлатҳои минтақа табдил ёфтааст. Хусусияти фарқкунандаи ин формат дар он аст, ки он ягона механизми ҳамкории байнидавлатӣ мебошад, ки ҳамаи панҷ давлати Осиёи Марказиро муттаҳид намуда, барои баррасӣ ва ҳалли муштараки масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва гуманитарии минтақа заминаи институтсионалӣ фароҳам меорад.
Тиҷорати мутақобилаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои охир тамоюли устувори афзоишро нишон дода, ҳамчун яке аз омилҳои муҳими таҳкими ҳамгироии иқтисодии минтақа арзёбӣ мегардад. Тавсеаи робитаҳои тиҷоратӣ ба барқароршавии фаъолияти иқтисодӣ, рушди иқтидори истеҳсолӣ, густариши бозорҳои минтақавӣ ва баланд гардидани қобилияти харидории аҳолӣ мусоидат менамояд. Дар соли 2025 ҳаҷми тиҷорати мутақобилаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба 12,3 миллиард доллари ИМА расид, ки нисбат ба соли 2020 қариб ду баробар зиёд мебошад.
Дар сохтори тиҷорати дохилиминтақавӣ Қазоқистон мавқеи пешсафро нигоҳ дошта, ҳиссаи он 54%-и ҳаҷми умумии мубодилаи молро ташкил медиҳад. Арзиши содироти Қазоқистон ба кишварҳои минтақа ба 6,6 миллиард доллари ИМА баробар мебошад. Ӯзбекистон бозори асосии содиротии Қазоқистон боқӣ мондааст, дар ҳоле ки афзоиши назарраси интиқол ба Қирғизистон низ ба қайд гирифта шудааст. Дар давраи солҳои 2020–2025 ҳаҷми содирот ба Қирғизистон қариб се маротиба афзоиш ёфта, ба 1,7 миллиард доллар расидааст. Дар таркиби содироти Қазоқистон маҳсулоти ғалладонагӣ (18%), металлҳои сиёҳ (13%), нафт ва маҳсулоти нафтӣ (8%), равғани офтобпараст (7%) ва нӯшокиҳо (3%) мавқеи асосиро ишғол менамоянд.
Ӯзбекистон аз рӯи ҳаҷми тиҷорати дохилиминтақавӣ дар ҷойи дуюм қарор дошта, ҳиссаи он ба 26% ё 3,2 миллиард доллари ИМА баробар мебошад. Дар ин давра афзоиши назарраси содирот ба Қазоқистон мушоҳида гардида, ҳаҷми интиқол 2,1 маротиба зиёд шудааст. Дар сохтори содироти кишвар воситаҳои нақлиёт ва қисмҳои эҳтиётии онҳо (14%), меваю сабзавот (11%), маҳсулоти пластикӣ (5%), нуриҳои минералӣ (ҳамагӣ 4%) ва либос (3%) саҳми бештар доранд, ки аз рушди тадриҷии бахшҳои саноати коркард ва истеҳсолоти содиротгаро шаҳодат медиҳанд.
Туркманистон низ дар солҳои охир мавқеи худро дар тиҷорати дохилиминтақавӣ ба таври назаррас таҳким бахшидааст. Ҳаҷми содироти кишвар ба дигар давлатҳои минтақа 2,8 маротиба афзоиш ёфта, ба 1,3 миллиард доллар расидааст. Дар натиҷа, ҳиссаи Туркманистон дар ҳаҷми умумии тиҷорати дохилиминтақавӣ ба 11% баробар гардид. Ӯзбекистон ҳамчун шарики асосии тиҷоратии Туркманистон баромад намуда, тақрибан 80%-и содироти ин кишварро қабул мекунад. Дар сохтори содироти Туркманистон гази табиӣ (70%) ва нерӯи барқ (8%) мавқеи ҳукмрон доранд, ки аз вобастагии содироти кишвар ба бахши энергетикӣ шаҳодат медиҳад.
Ҳиссаи Қирғизистон дар тиҷорати дохилиминтақавӣ 7%-ро ташкил дода, ҳаҷми содироти он ба дигар кишварҳои минтақа ба 0,9 миллиард доллари ИМА расидааст. Ҳаҷми интиқол ба Ӯзбекистон дар муқоиса бо соли 2020 2,7 маротиба афзоиш ёфта, ба 0,4 миллиард доллар баробар гардид. Дар таркиби содироти кишвар металлҳои қиматбаҳои коркарднашуда (37%), ангишт (11%), маҳсулоти пластикӣ (9%) ва маҳсулоти ширӣ (4%) мавқеи асосиро ишғол мекунанд.
Тоҷикистон бошад, 3%-и ҳаҷми умумии содироти дохилиминтақавиро таъмин намуда, арзиши содироти он ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 0,4 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар сохтори содироти кишвар маъдани руҳ (24%), маъдани сурб (22%), мис (5%) ва нерӯи барқ (4%) саҳми бештар доранд. Ин нишон медиҳад, ки содироти Тоҷикистон асосан ба захираҳои маъданӣ ва энергетикӣ такя мекунад ва диверсификатсияи минбаъдаи сохтори содирот метавонад ба таҳкими мавқеи кишвар дар бозори минтақавӣ мусоидат намояд.
Сарфи назар аз суръати баланди рушди тиҷорати мутақобила, саҳми он дар гардиши умумии савдои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳанӯз ҳам дар сатҳи нисбатан паст, яъне тақрибан 4–5% қарор дорад. Ин нишондиҳанда аз мавҷудияти имкониятҳои назаррас барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, бартараф намудани монеаҳои тиҷоратӣ, рушди инфрасохтори нақлиётиву логистикӣ ва амиқтар гардидани ҳамгироии иқтисодии минтақа шаҳодат медиҳад. Дар ин замина, таҳкими робитаҳои истеҳсолӣ, ташкили занҷираҳои арзиши иловашудаи минтақавӣ ва густариши савдои байнидавлатӣ метавонанд ба баланд гардидани рақобатпазирии иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат намоянд.
Хулоса, натиҷаҳои вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳанд, ки ин формат тадриҷан ба механизми муассири ҳамоҳангсозии сиёсати минтақавӣ ва татбиқи ташаббусҳои стратегии муштарак табдил ёфтааст. Қабули санадҳои барномавӣ, таҳкими ҳамкориҳои соҳавӣ ва пешбурди ташаббусҳои муштарак аз ҷониби сарони давлатҳо барои таъмини рушди устувор, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти минтақа ва таҳкими сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ аҳамияти калидӣ доранд.
Тибқи маълумотҳо, иқтидори истифоданашудаи тиҷоратӣ дар дохили Осиёи Марказӣ тақрибан 4 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки ба тақрибан сеяки ҳаҷми ҷории тиҷорати мутақобила баробар аст. Кам кардани монеаҳои тиҷоратӣ ва рушди пайвастагии нақлиётӣ метавонад ҳамгироии иқтисодии минтақаро ба таври назаррас суръат бахшад.
Дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз иштирокчиёни фаъоли ҳамгироии минтақавӣ бо пешниҳоди ташаббусҳои созанда ва мавқеи пайгирона дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақа саҳми назаррас мегузорад. Таҷрибаи ҳаштсолаи фаъолияти вохӯриҳои машваратӣ нишон медиҳад, ки сарони давлатҳои минтақа тавонистаанд тавассути муколамаи сиёсӣ ва дипломатияи созанда ба дастовардҳои муҳим, аз ҷумла таҳкими сарҷамъии минтақавӣ, таҳкими сулҳу субот, мусоидат ба ҳалли масъалаҳои марбут ба водии Фарғона ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар асоси эҳтироми мутақобилаи манфиатҳои миллӣ ноил гарданд.
Соҳиби Баҳруло
ходими калони илмии шуъбаи Авпупои
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ