Дар ду даҳсолаи охир терроризм ба яке аз мушкилоти асосии амнияти байналмилалӣ табдил ёфтааст. Тағйирёбии вазъи геополитикӣ, афзоиши низоъҳои мусаллаҳона ва фаъол гардидани гурӯҳҳои террористии фаромиллӣ давлатҳоро водор месозад, ки роҳҳои нави мубориза бо ин падидаро ҷустуҷӯ намоянд. Дар ин раванд минтақаҳои Африқои Шимолӣ ва Саҳел ба яке аз минтақаҳои ҳассоси амниятӣ табдил ёфтаанд, зеро дар онҳо фаъолияти созмонҳои террористии байналмилалӣ, аз ҷумла «Ал-Қоида» ва «Давлати исломӣ» (ДОИШ), ба мушоҳида мерасад.
Дар миёни кишварҳои ин минтақа таҷрибаи Шоҳигарии Марокаш ҳамчун намунаи ҷолиби сиёсати зиддитеррористӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Марокаш тавонист низоми мубориза бо терроризмро ташаккул диҳад, ки дар он на танҳо чораҳои амниятӣ, балки тадбирҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ низ ҷойгоҳи муҳим доранд. Ин равиши ҳамаҷониба ба кишвар имкон дод, ки сатҳи таҳдидҳои террористиро коҳиш дода, устувории низоми амнияти миллиро таъмин намояд.
То оғози асри XXI Марокаш яке аз кишварҳои нисбатан устувори Африқои Шимолӣ ба ҳисоб мерафт. Аммо тағйироти муҳити амниятии байналмилалӣ ва густариши шабакаҳои ифротгаро ба вазъи дохилии кишвар низ таъсир расонд.
Рӯйдоди муҳимтарин дар таърихи муборизаи зиддитеррористии Марокаш ҳамлаҳои террористии 16 майи соли 2003 дар шаҳри Касабланка гардиданд. Дар натиҷаи ин ҳамлаҳо 33 нафар кушта ва зиёда аз 100 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ин ҳодиса барои мақомоти кишвар нишон дод, ки таҳдиди терроризм метавонад ҳатто ба давлатҳои дорои суботи нисбатан баланд низ таъсир расонад. Пас аз ин ҳамлаҳо ҳукумати Марокаш сиёсати амниятии худро бознигарӣ намуда, ба ислоҳоти қонунгузорӣ, тақвияти сохторҳои махсус ва таҳияи барномаҳои пешгирии ифротгароӣ оғоз намуд.
Яке аз самтҳои аввалини ислоҳот такмили заминаи ҳуқуқӣ буд. Соли 2003 дар Марокаш қонуни махсуси зиддитеррористӣ қабул гардид, ки дар он мафҳуми терроризм, шаклҳои фаъолияти террористӣ ва ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои иштирок дар чунин фаъолият муайян карда шуданд.
Дар солҳои минбаъда, бо пайдо шудани таҳдидҳои нав, аз ҷумла густариши фаъолияти ДОИШ дар Ховари Миёна ва ҷалби шаҳрвандони баъзе кишварҳо ба гурӯҳҳои террористӣ, қонунгузории Марокаш боз ҳам такмил ёфт. Ин тадбирҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имконият доданд, ки на танҳо ба ҳамлаҳои анҷомёфта, балки ба марҳилаи омодасозии онҳо низ вокуниш нишон диҳанд.
Яке аз омилҳои асосии муваффақияти Шоҳигарии Марокаш дар мубориза бо терроризм фаъолияти самаранок ва ҳамоҳангшудаи мақомоти махсуси амниятӣ мебошад, ки дар пешгирӣ, ошкорсозӣ ва безарар гардонидани таҳдидҳои террористӣ нақши калидӣ мебозанд.
Дар байни ниҳодҳои махсуси амниятии Марокаш Раёсати генералии назорати ҳудудӣ (DGST) ҳамчун яке аз сохторҳои асосии мубориза бо терроризм мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Вазифаҳои асосии он аз ҷамъоварӣ ва таълили маълумоти иктишофӣ, ошкор намудани таҳдидҳои эҳтимолӣ ва муайян кардани шабакаҳои террористӣ иборат мебошанд.
Бо мақсади тақвияти фаъолияти зиддитеррористӣ соли 2015 Бюрои марказии тафтишоти судӣ (BCIJ) таъсис дода шуд. Ин сохтор ба ошкор намудани ҳуҷайраҳои террористӣ, гузаронидани амалиётҳои махсус ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқ машғул мебошад.
Мақомоти амниятии Марокаш дар солҳои охир як қатор гурӯҳҳои ифротӣ ва шабакаҳои террористиро ошкор ва фаъолияти онҳоро пешгирӣ намудаанд. Таҷрибаи ин кишвар нишон медиҳад, ки татбиқи чораҳои пешгирикунанда, истифодаи самараноки имкониятҳои иктишофӣ ва таҳкими ҳамоҳангсозии байни сохторҳои амниятӣ дар мубориза бо терроризм аҳамияти муҳим доранд. Модели амниятии Марокаш ба пешгирии барвақтии таҳдидҳо, назорати фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ ва мубодилаи иттилоот миёни ниҳодҳои дахлдор асос ёфтааст. Ин равиш ба кишвар имкон медиҳад, ки пеш аз ба амал омадани ҳамлаҳои террористӣ хатари онҳоро муайян ва безарар гардонад.
Яке аз хусусиятҳои муҳими модели Марокаш дар он аст, ки давлат мубориза бо терроризмро танҳо бо истифода аз чораҳои қудратӣ маҳдуд намекунад. Диққати махсус ба пешгирии паҳншавии ғояҳои ифротӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии таҳаммулпазир ва таҳкими арзишҳои мӯътадили динӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Дар ин самт нақши сиёсати давлатии динӣ, ки ба паҳн намудани тафсири мӯътадили ислом ва муқовимат ба ғояҳои радикалӣ равона шудааст, аҳаммияти муҳим дорад. Яке аз унсурҳои асосии ин сиёсат таъсиси Институти Муҳаммади VI оид ба омӯзиши имомон, ба омодасозии муршидон ва воизон мебошад, ки соли 2014 дар шаҳри Работ таъсис ёфтааст. Ҳадафи асосии ин муассиса аз омода намудани рӯҳониёни соҳибмаърифат, густариши арзишҳои таҳаммулпазирии динӣ ва пешгирии паҳншавии ғояҳои ифротӣ иборат мебошад.
Ин равиш нишон медиҳад, ки модели Марокаш дар мубориза бо терроризм на танҳо ба чораҳои амниятӣ, балки ба пешгирии идеалогӣ, тарбияи маънавӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии таҳаммулпазир дар ҷомеа такя мекунад. Чунин сиёсати пешгирикунанда ба коҳиш додани таъсири идеологияҳои ифротӣ ва пешгирии радикализатсияи ҷавонон мусоидат менамояд
Ин Институт на танҳо барои шаҳрвандони Марокаш, балки барои намояндагони як қатор кишварҳои Африқо ва дигар давлатҳо низ барномаҳои таълимӣ пешниҳод мекунад. Таҷрибаи мазкур ҳамчун яке аз воситаҳои муҳими пешгирии радикализатсияи ҷавонон ва таҳкими фарҳанги таҳаммулпазирии динӣ арзёбӣ мешавад.
Дар баробари ин, яке аз самтҳои муҳими сиёсати зиддитеррористии Шоҳигарии Марокаш маҳдуд намудани имкониятҳои молиявии гурӯҳҳои террористӣ мебошад. Бо ин мақсад, давлат назоратро бар низоми молиявӣ пурзӯр намуда, ҳаракати маблағҳои шубҳанок, амалиёти молиявии ғайриқонунӣ ва фаъолияти шахсону ташкилотҳоеро, ки эҳтимолан ба маблағгузории терроризм алоқаманд бошанд, таҳти назорат қарор додааст.
Ҳамзамон, Марокаш стандартҳои байналмилалии мубориза бо шустушӯи маблағ ва маблағгузории терроризмро татбиқ намуда, ҳамкории худро бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии дахлдор густариш медиҳад. Ин тадбирҳо ба баланд бардоштани шаффофияти низоми молиявӣ, пешгирии гардиши маблағҳои ғайриқонунӣ ва маҳдуд намудани манбаъҳои маблағгузории фаъолияти террористӣ мусоидат менамоянд.
Бо назардошти хусусияти фаромиллии терроризм, Шоҳигарии Марокаш рушди ҳамкории байналмилалиро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати амниятии худ медонад. Кишвар бо Созмони Милали Муттаҳид, Интерпол, Иттиҳоди Аврупо, Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва давлатҳои Африқо дар самти мубодилаи иттилооти иктишофӣ, омодасозии мутахассисон, таҳкими иқтидори ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва пешгирии таҳдидҳои террористӣ ҳамкории фаъолро ба роҳ мондааст.
Марокаш инчунин дар Эътилофи байналмилалӣ бар зидди ДОИШ фаъолона иштирок намуда, дар ташаббусҳо ҳамоишҳо ва амалиётҳои байналмилалии марбут ба мубориза бо терроризм саҳм мегузорад. Илова бар ин, кишвар бо як қатор давлатҳо созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният, мубодилаи иттилооти оперативӣ ва мубориза ба ҷинояткории фаромиллӣ ба имзо расонидааст. Таҷрибаи Марокаш нишон медиҳад, ки ҳамоҳангсозии талошҳои байналмилалӣ, мубодилаи саривақтии иттилооти иктишофӣ ва таҳкими ҳамкории байни мақомоти амниятӣ аз омилҳои муҳими баланд бардоштани самараноки мубориза бо терроризм ва таъмини амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ интернет ба яке аз воситаҳои асосии паҳн намудани ғояҳои ифротгароӣ, таблиғоти террористӣ ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ табдил ёфтааст. Бо назардошти ин воқеият, мақомоти Марокаш назоратро бар фазои рақамӣ тақвият дода, барои ошкор ва пешгирӣ намудани фаъолияти ифротгароёни дар шабақаҳои иҷтимоӣ ва дигар платформаҳои интернетӣ чораҳои муассир меандешанд. Дар баробари ин, давлат ба баланд бардоштани сатҳи саводи рақамии аҳолӣ, бахусус ҷавонон, рушди фарҳанги истифодаи бехатари интернет ва муқовимат ба таблиғоти ифротӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бо ин мақсад барномаҳои иттилоотӣ-маърифатӣ, маъракаҳои огоҳонӣ ва ҳамкории мақомоти давлатӣ бо муассисаҳои таълимӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма амалӣ карда мешаванд.
Таҷрибаи Марокаш нишон медиҳад, ки истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ дар якҷоягӣ бо тадбирҳои пешгирикунандаи иҷтимоӣ ва маърифатӣ имкон медиҳад, ки хатари радикализатсияи ҷавонон коҳиш ёфта, самаранокии сиёсати давлатии мубориза бо терроризм дар фазои рақамӣ баланд бардошта шавад
Кишвар тавонистааст фаъолияти як қатор гурӯҳҳои террористиро пешгирӣ намуда, ҳамкории байналмилалии худро дар соҳаи амният ва мубориза бо терроризм ба таври назаррас густариш диҳад. Тадбирҳои амалӣ дар самти таҳкими иқтидори мақомоти амниятӣ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи чораҳои пешгирикунанда ба баланд гардидани самаранокии сиёсати зиддитеррористии Марокаш мусоидат кардаанд.
Аз рӯи нишондиҳандаҳои байналмилалӣ, Шоҳигарии Марокаш яке аз кишварҳои нисбатан муваффақ дар самти муқовимат ба терроризм ба ҳисоб меравад. Тибқи Индекси ҷаҳонии терроризм (Global Terrorism Index), кишвар дар гурӯҳи давлатҳое қарор дорад, ки сатҳи таъсири терроризм дар онҳо хеле паст арзёбӣ мешавад. Ин мавқеъ натиҷаи маҷмӯи тадбирҳои амниятӣ, аз ҷумла фаъолияти самараноки мақомоти махсуси амниятӣ (DGST), мубориза бо маблағгузории терроризм, пешгирии радикализатсия, сиёсати давлатии динӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ мебошад. Бо вуҷуди ин, бо назардошти наздикӣ ба минтақаи ноустувори Саҳел ва тағйирёбии шаклҳои таҳдидҳои террористӣ, Марокаш идомаи таҳкими иқтидори зиддитеррористии худро зарур мешуморад.
Бо вуҷуди ин, кишвар ҳамоно бо як қатор таҳдидҳои нави амниятӣ рӯ ба рӯ мебошад. Ноустувории вазъият дар минтақаи Саҳел, фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар кишварҳои ҳамсоя, паҳншавии ғояҳои ифротӣ тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин афзоиши хатари радикализатсияи ҷавонон аз ҷумлаи мушкилоти асосии амниятии Марокаш ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, такмили минбаъдаи низоми амнияти миллӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва мутобиқ намудани сиёсати зиддитеррористӣ ба таҳдидҳои нави муосир ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии кишвар боқи мемонанд.
Таҷрибаи Шоҳигарии Марокаш нишон медиҳад, ки муборизаи самаранок бо терроризм танҳо тавассути чораҳои қудратӣ ва низомӣ маҳдуд намешавад. Самараноки сиёсати зиддитеррористӣ дар ҳолате таъмин мегардад, ки тадбирҳои амниятӣ бо такмили заминаи ҳуқуқӣ, пешгирии радикализатсия, таҳкими сиёсати давлатии динӣ, рушди соҳаи маориф, мубориза бо маблағгузори терроризм ва густариши ҳамкории байналмилалӣ ба таври ҳамоҳанг амалӣ гарданд.
Модели Марокаш бар принсипи пешгирии барвақтии таҳдидҳо, ҳамоҳангсозии фаъолиятии мақомоти амниятӣ, истифодаи имкониятҳои иктишофӣ ва татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ ва маърифатӣ асос ёфтааст. Маҳз ҳамин равиши маҷмӯӣ имкон додааст, ки кишвар фаъолияти як қатор гурӯҳҳои террористиро пешгирӣ намуда, сатҳи амнияти миллӣ ва ҳамкории байналмилалии худро дар соҳаи мубориза бо терроризм тақвият бахшад.
Имрӯз таҷрибаи Шоҳигарии Марокаш ҳамчун яке аз моделҳои муваффақи мубориза бо терроризм ва пешгирии ифротгароӣ дар қитъаи Африқо арзёбӣ мешавад. Омӯзиши ин таҷриба барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ки бо таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ ва радикализатсия рӯ ба рӯ мебошанд, аҳаммияти назариявӣ ва амалӣ дорад. Истифодаи унсурҳои муваффақи модели Марокаш метавонад ба такмили сиёсати миллӣ дар самти таъмини амнияти давлатӣ, пешгирии радикализатсияи ҷавонон, рушди ҳамкории байналмилалӣ ва таҳкими мубориза бо терроризм мусоидат намояд.
ДОРОНШОЕВА Некбахт Шоқосумовна
ходими пешбари илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,
номзади илмҳои сиёсӣ,