×

ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ФАЪОЛИЯТИ СУЛҲОФАРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бозгашт ба мавод

ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ФАЪОЛИЯТИ СУЛҲОФАРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ИОМДОА Сиёсат 25-05-2026 ш.Душанбе
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ФАЪОЛИЯТИ СУЛҲОФАРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар шароити муосир муносибатҳои байналмилалӣ бо таҳдидҳои ҷиддӣ, аз ҷумла низоъҳои мусаллаҳона, баҳсҳои ҳудудӣ, тағйирёбии иқлим, норасоии захираҳои табиӣ ва афзоиши шиддати геополитикӣ рӯ ба рӯ мебошанд. Дар ин замина, механизмҳои ҳалли мусолиматомези баҳсҳои байналмилалӣ, ки бар принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, эҳтироми мутақобила, некиҳамсоягӣ ва муколамаи дипломатӣ асос ёфтаанд, аҳамияти махсус пайдо мекунанд.

Яке аз давлатҳое, ки пайваста сиёсати сулҳ ва ҳамкории байналмилалиро пеш мебарад, Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Зери Пешвои муаззами миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  кишвар сиёсати фаъоли хориҷиро амалӣ менамояд, ки ба таҳкими амнияти минтақавӣ, пешгирии низоъҳо, рушди муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва пешбурди ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи рушди устувор равона гардидааст.

Эътирофи байналмилалии фаъолияти сулҳофарии Тоҷикистон, инчунин аҳамияти амалии таҷрибаи тоҷикон барои рушди ҳуқуқи байналмилалии муосир ва механизмҳои пешгирии низоъҳо аҳамияти хосса пайдо намуда истодааст.

Далели рушани он, баҳои баланди байналмилалӣ ба фаъолияти сулҳофарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарфароз гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид барои саҳми барҷаста дар эҷоди сулҳ, густариши масъалаҳои тағйирёбии иқлим, рушди устувор ва ҳамкории минтақавӣ мебошад.

Бояд қайд намуд, ки Донишгоҳи сулҳи СММ муассисаи махсусгардонидашудаи низоми СММ буда, бо қатъномаи Маҷмаи умумии СММ соли 1980 бо мақсади таҳкими сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоишта тавассути таҳсилот, омодасозии кадрҳо ва таҳқиқоти илмӣ таъсис дода шудааст.

Қарор оид ба супоридани ин мукофот ба Президенти Тоҷикистон ҳамчун нишонаи қадршиносии баланди ташаббусҳои ӯ дар самти сулҳофарӣ, рушди устувор ва ҳамкории байналмилалӣ қабул гардид. Аҳамияти махсуси ин мукофот дар он аст, ки он бори аввал ба роҳбари давлат аз Осиёи Марказӣ тақдим шудааст, ки аз эътирофи нақши рӯзафзуни Тоҷикистон дар таъмини суботи минтақавӣ ва байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.

Эътирофи байналмилалии фаъолияти Тоҷикистон таҳкими обрӯи давлатро ҳамчун ҷонибдори фаъоли дипломатияи сулҳ, ҳамкории байналмилалӣ ва масъулияти дастаҷамъонаи давлатҳо барои рушди устувори инсоният инъикос менамояд.

Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи махсус дошта, ҳалли мусолиматомези масъалаҳои сарҳадӣ ҳамчун намунаи дипломатияи муассир баромад менамояд. Дар солҳои охир Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мураккаби сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба пешрафти назаррас ноил гардид.

Имзои Шартнома оид ба нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатӣ ва Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон аз 31 марти соли 2025 аҳамияти хоси таърихӣ дорад. Санадҳои мазкури байналмилалӣ қадами муҳиме дар роҳи таҳкими эътимод, амният ва ҳамкории устувор дар минтақа гардиданд.

Ин созишномаҳо пойбандии давлатҳоро ба принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки дар Оинномаи СММ муқаррар шудаанд, аз ҷумла эҳтироми соҳибихтиёрии давлатӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии сарҳадҳо ва ҳалли мусолиматомези баҳсҳои байналмилалӣ тасдиқ менамоянд.

Аҳамияти махсуси ин раванд дар он аст, ки танзими масъалаҳои сарҳадӣ асосан тавассути музокироти дипломатӣ, машваратҳои мутақобила ва муколамаи сиёсӣ амалӣ гардид. Ин ҳолат самаранокии воситаҳои сулҳомези ҳалли баҳсҳои байналмилалиро нишон дода, бартарии дипломатияро нисбат ба муқовимат тасдиқ менамояд.

Таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳатто масъалаҳои мураккабтарини ҳудудӣ ва сарҳадӣ метавонанд дар заминаи эҳтироми мутақобилаи манфиатҳои тарафҳо, риояи ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои созишомез ҳал карда шаванд.

Дар муносибатҳои байналмилалии муосир ҷустуҷӯи моделҳои муассири пешгирии низоъҳо ва таҳкими суботи минтақавӣ аҳамияти бештар касб менамояд. Дар ин замина таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷомеаи байналмилалӣ аҳамияти бузурги илмӣ ва амалӣ дорад.

Аввалан, таҷрибаи Тоҷикистон аҳамияти риояи принсипҳои бунёдии ҳуқуқи байналмилалиро, ки дар Оинномаи СММ муқаррар шудаанд, аз ҷумла принсипи ҳалли мусолиматомези баҳсҳо, принсипи иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои байналмилалӣ ва принсипи ҳамкории байни давлатҳоро тасдиқ менамояд.

Дуюм, таҷрибаи Тоҷикистон самаранокии дипломатияи пешгирикунанда ва муколамаи доимии сиёсиро ҳамчун воситаи пешгирии шиддатёбии низоъҳо нишон медиҳад. Амалияи байналмилалӣ собит менамояд, ки набудани раванди музокирот аксаран ба буҳронҳои тӯлонӣ ва муқовиматҳои мусаллаҳона оварда мерасонад. Дар ин робита, модели ҳамкории байнидавлатие, ки Тоҷикистон амалӣ менамояд, метавонад ҳамчун намуна барои дигар минтақаҳои ҷаҳон истифода шавад.

Сеюм, таҷрибаи Тоҷикистон барои рушди консепсияи ҳамкории минтақавӣ дар ҳуқуқи байналмилалӣ аҳамияти муҳим дорад. Таҳкими эътимод байни давлатҳои ҳамсоя ба ташаккули низоми устувори амнияти дастаҷамъӣ, рушди ҳамгироии иқтисодӣ ва ҳамкории гуманитарӣ мусоидат менамояд.

Татбиқи ин таҷриба махсусан дар минтақаҳое муҳим мебошад, ки дар онҳо баҳсҳои сарҳадӣ, мухолифатҳои этнополитикӣ ва масъалаҳои тақсимоти захираҳои табиӣ боқӣ мондаанд. Ҳалли мусолиматомези ихтилофот байни давлатҳои Осиёи Марказӣ имконияти ба даст овардани созиши устуворро тавассути механизмҳои дипломатӣ ва ҳуқуқӣ тасдиқ менамояд.

Илова бар ин, таҷрибаи Тоҷикистон барои рушди механизмҳои байналмилалии дипломатияи об ва ҳамкории экологӣ аҳамияти калон дорад. Дар шароити тағйирёбии глобалии иқлим масъалаҳои амнияти обӣ ба яке аз омилҳои асосии суботи байналмилалӣ табдил меёбанд. Ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ модели нави ҳамкории байналмилалии экологиро ташаккул медиҳанд.

Самти муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ мебошад, ки ба таҳкими рушди устувор ва пешгирии таҳдидҳои глобалӣ равона шудаанд.

Ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки ба ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, таъмини амнияти обӣ ва ҳифзи низомҳои экологӣ нигаронида шудааст, аҳамияти махсус дорад.

Тоҷикистон инчунин дар пешбурди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» саҳми назаррас мегузорад. Ин ташаббусҳо ба рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва пешгирии низоъҳои эҳтимолии вобаста ба норасоии об равона гардидаанд.

Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешбурди қатъномаи СММ «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» низ шоистаи таваҷҷуҳи махсус мебошад. Ин ташаббус ба рушди фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳои байналмилалӣ ва таҳкими амнияти байналмилалӣ тавассути механизмҳои дипломатӣ ва сиёсӣ равона шудааст.

Дар шароити муосир ин ташаббусҳо аҳамияти глобалӣ пайдо намуда, ба ташаккули равишҳои нави байналмилалӣ-ҳуқуқӣ барои таъмини сулҳи устувор ва амнияти байналмилалӣ мусоидат менамоянд.

Ҳамин тавр, эътирофи байналмилалии фаъолияти сулҳофарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи қонунии сиёсати пайгиронаест, ки ба таҳкими сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамкории неки ҳамсоягӣ равона гардидааст.

Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, ки сулҳи устувор танҳо тавассути эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ, муколамаи сиёсӣ, эътимоди мутақобила ва ҳамкории созандаи байни давлатҳо таъмин карда мешавад.

Дар шароити таҳдидҳои глобалии муосир модели дипломатияи сулҳ ва некиҳамсоягии Тоҷикистон метавонад ҳамчун намунаи муҳим барои ҷомеаи байналмилалӣ ҳангоми таҳияи механизмҳои пешгирии низоъҳо, таҳкими амнияти минтақавӣ ва ташаккули низоми устувори байналмилалӣ хизмат намояд.

МАҲМАДУЛЛОЗОДА Нурулло Раҳматулло

муовини директор оид ба илми ва таълими

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ