Дар шароити муосири рушди иқтисоди ҷаҳонӣ густариши ҳамкориҳои байналмилалии иқтисодӣ ба яке аз омилҳои калидии рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин моҳи майи соли 2026 марҳилаи нави шарикии стратегии байни ду давлатро ифода намуда, сатҳи баланди эътимоди сиёсӣ ва ҳамкориҳои иқтисодиро бори дигар тасдиқ кард. Созишномаҳо ва меморандумҳои сармоягузорие, ки дар доираи сафари мазкур ба имзо расиданд, соҳаҳои энергетика, саноат, рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, логистика ва комплекси агросаноатиро фаро гирифта, барои навсозии иқтисоди миллӣ, ҷалби технологияҳои пешрафта ва густариши иқтидори истеҳсолии кишвар заминаи устувор фароҳам оварданд.
Дар ин раванд масъалаҳои истифодаи самараноки сармоягузориҳои хориҷӣ, рушди индустриализатсия, татбиқи технологияҳои рақамӣ ва гузариш ба принсипҳои иқтисоди “сабз” аҳамияти махсус пайдо менамоянд. Амалисозии лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистону Чин метавонад ба баланд гардидани самаранокии иқтисодии соҳаҳои стратегии кишвар, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди истеҳсолоти содиротӣ ва таҳкими иқтидори инфрасохтории ҷумҳурӣ таъсири назаррас расонад. Аз ин лиҳоз, омӯзиши илмии натиҷаҳо ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин имкон медиҳад, ки таъсири шарикии байналмилалӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври комплексӣ арзёбӣ гардида, самтҳои афзалиятноки такмили сиёсати сармоягузорӣ ва инноватсионии давлат муайян карда шаванд.
Сафари давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки рӯзҳои 11–14 майи соли 2026 баргузор гардид, ҳамчун яке аз рӯйдодҳои муҳими муносибатҳои иқтисодии дуҷониба арзёбӣ мегардад. Натиҷаҳои мулоқоту музокирот бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, инчунин вохӯриҳо бо намояндагони корпоратсияҳои бузурги чинӣ ва сохторҳои сармоягузорӣ, сатҳи баланди эътимоди сиёсӣ байни ду давлатро нишон дода, барои густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ, саноатӣ ва технологӣ имкониятҳои нав фароҳам оварданд. Дар натиҷаи сафари мазкур зиёда аз 50 ҳуҷҷати байнидавлатӣ, байниидоравӣ ва тиҷоратӣ ба маблағи умумии беш аз 8 миллиард доллари ИМА ба имзо расиданд, ки аз афзоиши нақши Тоҷикистон дар низоми ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ шаҳодат медиҳанд. [1, 2]
Тибқи маълумоти расмии хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори оммаи Чин, созишҳои ҳосилшуда доираи васеи самтҳоро — аз саноат ва энергетика то трансформатсияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ — дар бар мегиранд. [1, 2] Аҳамияти асосии ин созишномаҳо дар он ифода меёбад, ки онҳо на танҳо ба ҷалби сармоя, балки ба навсозии иқтисоди миллӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими иқтидори содиротии кишвар низ равона шудаанд.
1. Созишномаҳои сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои молиявӣ [1]
Дар доираи сафари давлатӣ зиёда аз 50 созишнома, меморандум ва шартномаҳои сармоягузорӣ ба имзо расиданд, ки татбиқи лоиҳаҳои бузурги муштаракро дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт пешбинӣ менамоянд. Ин ҳуҷҷатҳо соҳаҳои истеҳсолоти саноатӣ, энергетика, нақлиёт, логистика, кишоварзӣ, технологияҳои рақамӣ, ҳамкориҳои молиявӣ ва татбиқи низомҳои зеҳни сунъиро фаро мегиранд. Ҳаҷми умумии сармоягузориҳои эълоншуда аз 8 миллиард доллари ИМА зиёд буда, яке аз бузургтарин нишондиҳандаҳо дар тамоми давраи шарикии Тоҷикистону Чин ба ҳисоб меравад. [1, 2]
Дар байни созишҳои бадастомада имзои нақшаи дарозмуҳлати сармоягузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ (AIIB) ҷойгоҳи махсус дорад. Дар доираи ин созишнома ҷудо намудани зиёда аз 800 миллион доллари ИМА барои маблағгузории лоиҳаҳои нави инфрасохторӣ ва истеҳсолӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст. [1, 2, 3, 4, 5] Татбиқи чунин ташаббусҳо ба навсозии инфрасохтори нақлиётӣ, рушди низоми энергетикӣ, баланд бардоштани сатҳи коркарди саноатӣ ва таҳкими ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мусоидат менамояд.
2. Самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои иқтисодӣ
Дар ҷараёни музокирот Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор соҳаҳои стратегии муҳимро муайян намуданд, ки дар онҳо ҷалби сармоя ва технологияҳои чинӣ фаъол гардонида мешавад. Яке аз самтҳои калидӣ соҳаи энергетика муайян гардид, ки рушди иқтидори гидроэнергетикии кишвар ва ҷорӣ намудани механизмҳои энергетикаи “сабз”-ро дар бар мегирад. Диққати махсус ба сохтмон ва навсозии иншооти энергетикӣ равона шудааст, ки ба стратегияҳои дарозмуҳлати гузариши Тоҷикистон ба модели рушди устувор ва аз ҷиҳати экологӣ мутобиқ ҷавобгӯ мебошад. [1, 2]
Масъалаҳои индустриализатсия низ дар рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷониба мавқеи муҳимро ишғол намуданд. Ҷонибҳо ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи истихроҷ ва коркарди амиқи захираҳои маъданӣ, рушди металлургия, саноати химия, фармасевтӣ ва саноати сабук мувофиқа ҳосил карданд. Амалисозии чунин лоиҳаҳо имкон медиҳад, ки сатҳи коркарди ашёи хоми ватанӣ дар дохили кишвар баланд бардошта шуда, арзиши иловагии маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёбад ва иқтидори содиротии иқтисоди миллӣ тақвият пайдо намояд. [1, 2, 3].
Яке аз самтҳои муосир ва дурнамодори ҳамкориҳои дуҷониба рақамикунонии иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Дар ҷараёни сафари давлатӣ меморандум оид ба таъсиси Маркази ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаи зеҳни сунъӣ ба имзо расид. Фаъолияти маркази мазкур ба рушди таҳқиқоти муштараки илмӣ, омода намудани мутахассисони соҳаи IT, татбиқи платформаҳои рақамӣ дар идоракунии давлатӣ ва иқтисодиёт, инчунин таҳияи технологияҳои инноватсионӣ дар самти коркарди маълумот, автоматикунонӣ ва технологияҳои интеллектуалӣ равона мегардад. [1, 2, 3] Чунин иқдомҳо аз гузариши тадриҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба модели иқтисоди рақамӣ ва ташаккули институтҳои муосири технологӣ шаҳодат медиҳанд.
Самти муҳими дигари ҳамкорӣ рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ мебошад. Аз ҷумла, ҷонибҳо оид ба навсозии гузаргоҳи сарҳадии «Кулма» дар марзи Тоҷикистону Чин ва таъсиси марказҳои нави логистикӣ ва тақсимотӣ ба мувофиқа расиданд. Амалисозии чунин лоиҳаҳо барои густариши иқтидори транзитии ҷумҳурӣ ва таҳкими нақши он дар долонҳои байналмилалии нақлиётӣ аҳамияти стратегӣ дорад. [1, 2, 4]
Ҷонибҳо инчунин ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва комплекси агросаноатӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намуданд. Созишномаҳои баимзорасида таъсиси агропарки муштараки инноватсионӣ, ҷорӣ намудани агротехнологияҳои муосир ва рушди коркарди маҳсулоти кишоварзиро бо тамоюли содиротӣ пешбинӣ менамоянд. [1, 2, 5] Интизор меравад, ки татбиқи чунин тадбирҳо ба таҳкими амнияти озуқаворӣ, баланд гардидани ҳосилнокии соҳаи аграрӣ ва рушди кишоварзии содиротӣ мусоидат намояд.
3. Рушди савдо ва муҳити сармоягузорӣ [1]
Дар рафти музокирот густариши устувори ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин таъкид гардид. Тибқи натиҷаҳои соли 2025 ҳаҷми гардиши мол байни ду давлат нисбат ба соли қаблӣ қариб 46 фоиз афзоиш ёфтааст, ки аз рушди босуръати муносибатҳои иқтисодии дуҷониба шаҳодат медиҳад. [1]
Ҳамчунин қайд гардид, ки дар давраи солҳои 2007–2024 ҳаҷми умумии сармоягузориҳои Чин ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ба 6 миллиард доллари ИМА расида, аз ин маблағ тақрибан 3,5 миллиард долларро сармоягузориҳои мустақим ташкил медиҳанд. [1, 2, 3] Ин нишондиҳандаҳо мақоми Чинро ҳамчун яке аз шарикони асосии иқтисодии хориҷии Тоҷикистон ва сармоягузори калидӣ ба соҳаҳои стратегии иқтисоди миллӣ тасдиқ менамоянд.
Дар доираи форуми соҳибкории Тоҷикистону Чин инчунин як қатор созишномаҳо дар самти технологияҳои иттилоотӣ, хизматрасониҳои рақамӣ ва соҳибкории инноватсионӣ ба имзо расиданд. [1, 2, 5] Чунин ҳамкорӣ ба рушди инфрасохтори рақамӣ ва фароҳамсозии муҳити мусоид барои навсозии технологии иқтисоди кишвар мусоидат мекунад.
4. Аҳамияти стратегии шарикӣ
Натиҷаҳои сафари давлатӣ нишон доданд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин мақоми худро ҳамчун яке аз шарикони муҳими стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз менамояд. Ҳуҷҷатҳои баимзорасида ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба, таҳкими робитаҳои сармоягузорӣ ва тавсеаи кооператсияи саноатӣ равона шудаанд. [7, 6]
Дар рафти музокирот инчунин ба масъалаҳои таъмини муҳити мусоиди сармоягузорӣ ва амнияти фаъолияти ширкатҳои чинӣ, ки дар Тоҷикистон фаъолият менамоянд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба механизмҳои иловагии ҳифзи ҳуқуқии сармоягузорон, такмили шароити пешбурди соҳибкорӣ ва рушди ҳамкориҳои дарозмуддати иқтисодиро баррасӣ намуданд.
Ҳамин тавр, сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин моҳи майи соли 2026 сатҳи сифатан нави муносибатҳои Тоҷикистону Чинро инъикос намуд. Созишномаҳои бадастомада на танҳо аҳамияти кӯтоҳмуддати иқтисодӣ доранд, балки барои навсозии дарозмуддати иқтисоди миллӣ, суръатбахшии равандҳои индустриализатсия, рақамикунонӣ ва гузариш ба модели рушди устувори иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи боэътимод фароҳам месозанд.
Абдуллоев А.А.
ходими пешбари илмии Шуъбаи Аврупои
омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
номзади илмҳои иқтисодӣ
Адабиёт:
1. https://khovar.tj/rus/2026/05/bolee-8-milliardov-dollarov-investitsij
2. https://www.instagram.com/p/DYRxMR4DarC/
3. https://avesta.tj/2026/05/12
4. https://timesca.com/tajikistans-rahmon-seeks-deeper-economic-ties-during-china-visit
5. https://www.airnav.tj/ru/presscenter/news