×

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-САРОҒОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ ДАР ТОҶИКИСТОН!

Бозгашт ба мавод

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-САРОҒОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ ДАР ТОҶИКИСТОН!

ИОМДОА Дигар 05-06-2026 ш.Душанбе
ЭМОМАЛӢ  РАҲМОН-САРОҒОЗИ  СУЛҲУ  ВАҲДАТ ДАР  ТОҶИКИСТОН!

        “Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи  саъю талоши шабонарузии фарзандони огоҳу бедордили миллат, музокироти бисёр мушкилу тӯлонӣ ва ҳамзамон бо ин бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони содиқу ватандуст муяссар гардидааст.

 Эмомалӣ  Раҳмон

Дар охири садаи бистум дар давлати шӯравӣ бинобар таъсиргузории буҳрони сиёсӣ барномаи зиддибуҳронӣ бо номи «БОЗСОЗӢ» роҳандозӣ гардид, аммо ин раванд  роҳи ба вуқӯ пайвастани табаддулоти сиёсиро дар мамлакати паҳновари Иттиҳоди Шӯравӣ пешгирӣ карда натавонист. Дар ҷумҳуриҳои бародар созмону аҳзоби гуногун ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки ҳадафҳои сиёсиашон бо ҳокимияти ҳамонвақтаи мавҷудбуда мухолиф буданд, вале амалан ин ҳизбҳо аз болшевикони аввали садаи бистум ҳеҷ тафовуте надоштанд. Аз ҳамин хотир, нахустин номгузориашон дар сиёсат тазоҳуроти ғайриқонунӣ маҳсуб мешуд.

Дар Тоҷикистон низ созмонҳою ҳизбҳои гӯё демократӣ номнавис шуданд ва бархурди андешаҳоро асос гузоштанд, ки дар кӯтоҳтарин мӯҳлат инчунин мухолифати ақидавӣ ба бархурдҳои минтақавӣ табдил ёфта, авзои сиёси ҷумҳуриро ба андозае дигаргун намуданд ва билохира мушкилии аз байн рафтани миллату давлат ба вуҷуд омад. Маҳз дар чунин вазъият, ки Тоҷикистонро ҷангҳои таҳмилӣ фаро гирифта буд, Иҷлосияи ғайринавбатии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд, ки дар ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон имрӯз ба ҳайси ҷаласаи такдирсоз муаррифӣ мешавад ва дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеаи Тоҷикистон аҳамияти барҷастаи таърихӣ дошта, нақши муассир аз худ боқӣ гузоштааст. 19-уми ноябри соли 1992 маҳз дар ин Иҷлосия  муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд ва барои шаҳрвандони кишварамон паёми сулҳро овард. Аз ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26-ноябри соли 1992, «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27- март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои даргир ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир карданд, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Низомномаи парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва дар бораи сохтори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун икдомҳои роҳбарияти навинтихоби ҷумҳурӣ барои расидан ба оштии миллӣ буд, ки ин амалҳо бешак сулҳи деринтизори тоҷиконро тезонд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар дар таърихи 20-уми апрели соли 2012 чунин омадааст: «Бояд ёдовар шуд, ки Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.

Дар натиҷаи азму талошҳо ва ҷонбозиҳои зиёда аз 29 сол қабл хиради азалии халқи тоҷик собит сохт, ки ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии афроди ҷомеа муҳимтарин омили пешрафти давлату миллат мебошад.

Маҳз ба шарофати ин рӯйдодҳои муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд».

Он давру замон ҳеҷ кас барои ба эътидол омадани вазъи сиёсии кишвар итминон надошт ва гурӯҳҳои бо ҳам мухолиф дар ҷанги бемаънии бародаркуш қарор доштанд. Ҷанг авзои сиёсиро дар мамлакат барҳам зада буд. Мардумон овораву гуреза гардида, марзҳои Ватанро убур мекарданд. Пойтахти мамлакатро аксари сокинонаш бинобар сабаби набудани осудаҳолӣ тарк карда, ба минтақаҳои дигари кишварамон рахти сафар баста буданд ва шаҳри Душанбе анқариб аз одам холӣ гардида буд.

Дар чунин авзои басо мудҳиш ва харобиовар Иҷлосияи шонздаҳум дар Қасри Арбоби хоҷагии ба номи Саидхуҷа Урунхуҷаеви шаҳри Хуҷанд дар моҳҳои ноябр-декабри соли 1992 (аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 идома ёфтааст) барпо гардид, ки дар ҷараёни кори он аз минбар вакили хушандоми тахминан чиҳилсола суханронӣ намуда, аз баргардонидани гурезаҳо пайваста таъкид мекард, аммо бинандагони симо суханҳояшро аз телевизион шунида, ҳеҷ бовар надоштанд, ки ҳамватанони ба хоки Афғонистон гурезашударо боз ба Ватан овардан имконпазир бошад, чунки дар ин иҷлосия намояндагони Фронти Халқӣ ва аз ҷониби мухолифин раҳбаронашон иштирок намуда, чандон ба тафовуқ наёмада буданд. Аммо суханронии оташин ва самимонаи ин ҷавони чиҳилсола дар дили пиру барно алангаи уммедро ба вуҷуд овард. Ҷавони хушандоме, ки дар боло зикраш рафт, фарзанди баномуси миллат ва муборизи роҳи озодиву истиқлол муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки он лаҳзаҳо бо ҳассосияти баланд аз ҳастиву нестии тоҷикон сухан мекард ва маълум буд, ки гуфтораш намунаи беҳтарини самимият аст.

Ҷоиз ба тазаккур аст, ки дар Иҷлосияи шонздаҳум бо дар назардошти аксар овозҳо маҳз ҳамин вакили ҷавон ва хушандом Раиси Шӯрои Олӣ таъин гардид ва минбаъд роҳбарии ҷумҳуриро ба дӯш гирифт. Шояд минбаъд эътибори бузурги сиёсӣ пайдо кардани Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ва лаёқати сулҳофаринии ӯ дахолат дошта бошад, ки дар он Иҷлосия ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардида буд. Аксар вакилони дигар мисли Эмомалӣ Раҳмон сулҳхоҳ ва таҳаммулпазир набуданд. Агар имрӯз мо ба сатҳи тафаккури вакилони Иҷлосияи шонздаҳум баҳогузорӣ кунем, пас ба хулосае меоем, ки онҳо дар интихоби Раиси Шӯрои Олӣ хато накардаанд.

Ҷанг шароит муҳайё сохт, ки гурӯҳе аз аҳолии ҷумҳуриамон барои дифои марзу буми кишвар силоҳ гирифта, дар муҳорибаҳои даҳшатзо аз миллату Меҳан ҳимоят намоянд, аммо дар баробари онҳо боз ашхосе низ бо силоҳ мусаллаҳ буданд, ки онро барои манфиатҳои шахсии худ сӯиистифода мекарданд. Маҳз ҳамин тоифаи мусаллаҳ барои бозоварии гурезаҳо он замон монеаҳоро эҷод менамуданд.

Гузашта аз ин, дар хориҷ аз кишвар нерӯҳои ҳарбие аз ҳисоби тоҷикони фирорӣ мутаҳҳид гардида буданд, ки онҳоро аҷнабиҳо маблағгузорӣ карда, барои муқовимат бо Ҳукумати қонунии мамлакат роҳнамоӣ менамуданд.Ҳатто ба ин гурӯҳи ҳарбӣ ғайритоҷикон аз қабили арабу чечену турк ва амсоли онҳо шомил гардида, ҳамлаҳои мусаллаҳонаро ба марзи Тоҷикистон ташкил менамуданд ва намегузоштанд авзои сиёсӣ дар дохили кишвар муътадил гардад.

Ҳадафи хориҷиён аз дастгирӣ намудани мухолифони фироришудаи Ҳукумати Тоҷикистон аз худ сохтани боигариҳои маънавию табии ҷумҳуриамон маҳсуб мешуд, вале он гурӯҳҳои харбии мусаллаҳ таҳти тасарруфи аҷнабиён қарор доштанд ва бо дастури онҳо ва хоҷагони хориҷии хеш алайҳи Ҳукумати Тоҷикистон меҷангиданд. Аз ин нооромиҳо ва бархурдҳои бемаънӣ душманони дохиливу хориҷии кишвари мо манфиат меҷӯстанд.

Бинобар ин, барои бозоварии гурезагони бесилоҳ барҳам задании монеаҳо дар мадди аввал меистод, ки онҳоро силоҳбадастони манфиатҷӯъ эҷод менамуданд. Ҳамзамон барои таъмини осудаҳолии шаҳрвандон зарурати сулҳ бо мухолифон пайдо гардид ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми панҷ соли роҳбариаш ба боз овардани аксар гурезагон ва бастани созишномаи сулҳ бо мухолифин муваффақ гардид, ки бузургтарин комёбиҳои сиёсати ӯ маҳсуб мешавад.

Бо имзо гардидани созишномаи сулҳи тоҷикон боз нерӯҳои гуногуни зархарид дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тороҷу ғорат машғул шуда, сулҳу ваҳдатро дар миёни тоҷикон истиқбол нанамуданд ва барои мубориза бо онҳо ва нобуд сохтанашон боз даҳсолаи дигар лозим омад. Аммо бузургтарин дастоварди сиёсӣ, ки онро барои мо, тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба армуғон овардааст, ин сулҳи тоҷикон ва ваҳдати миллист, ки бе онҳо таъмини авзои муътадили сиёсӣ дар Тоҷикистон ғайриимкон буд. Ин икдомот, ки бо роҳбарии сиёсии Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот дорад, ҳанӯз аз Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад ва то кунун идома дорад.

Алҳол аксар роҳбарони сиёсии кишварҳои мутараққӣ аз ваҳдати миллӣ ҳарф зада, омили рушди иқтисодиро дар истеҳсоли дохилӣ дидаанд. Барои исботи ин ҳарфҳо метавон нахуствазири Бритониё Тереза Мей, конслери Олмон Ангела Меркел ва дигаронро мушаххасан мисол овард, ки роҳи таҳавуллоти ватаниро дар ваҳдати миллӣ муаррифӣ намудаанд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сиёсатмадори муваффақ аз соли 1992 инҷониб сиёсати дохилиро дар асоси сулҳу ваҳдат таҳия ва роҳандозӣ менамояд, ки аз эътимод доштани ӯ ба рушду равнақ пайдо кардани давлати ҷавон бо номи Тоҷикистон ҳувайдост. Дар ин ҷода Иҷлосияи шонздаҳум нахустин минбари расмӣ дар оғози роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад ва дар таърихи халқи тоҷик бо ҳуруфи заррин чун «Иҷлосияи тақдирсоз» сабти ном гардидааст.

Иҷлосияи шонздаҳум кишвари маҳбуби моро аз нобудшавӣ наҷот бахшидааст, вагарна афроди зархариди дорои ҷаҳонбинии заифи сиёсӣ бо таҳмил намудани «Инқилоби исломӣ» ва бо кирдори ноҷавонмардонаашон метавонистанд Тоҷикистонро аз харитаи сиёсии ҷаҳони муосир бардоранд. Хушбахтона Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ва қабл аз ҳама талошҳои минбаъдаи Президенти мамлакат ва  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин хатари ба вуқӯпайвастаро боздоштанд ва ба ҳадафҳои муғризона хотима гузоштанд, аммо дар замони муосир ҳиллаву найрангҳои нав аз ҷониби таҳиягарони сиёсати ҷаҳонӣ ба василаи боз ҳамон татбиқкунандагони инқилоби исломӣ  бар ҳамватанони мо таҳмил мешаванд, ки хатарҳои муосирро ба вуҷуд оварда, рушди бемайлони давлати моро бозмедорад. Дар чунин ҳолат тақвият бахшидани болоравии ҷаҳонбинии сиёсии шаҳрвандон айни муддааост. Баъзан ба василаи шабакаҳои телевизионӣ пахш намудани суханронии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ бамаврид ва бамавқеъ мебошад, чунки насли ҷавони ҷомеаи Тоҷикистон бояд аз авзои ҳамонвақта воқиф бошанд ва барои худ хулосае бароранд, ки барои сӯиистифодашавии онҳо аз ҷониби афроди хориҷӣ имкон намонад.

Чун таърихшинос мутмаин ҳастам, ки саҳми бағоят барҷаста ва гузаштҳои сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи дипломатияи муосир буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз вартаи маҳву нобудшавӣ наҷот дод ва ояндаи дурахшонро барои тоҷикистониён муҳайё намуд. Агар ҳамаи сабтҳои видеоии сӯҳбатҳо ва вохӯриҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз замони Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ то кунун дар маърази тамошо вогузоред, пас ба хулосае меоед, ки ин сӯҳбату гуфторҳо бо ҳамдигар дар иртибот қарор дошта, як маъниро инъикос намудаанд ва яке идомаи дигаре маҳсуб мешаванд. Эмомалӣ Раҳмон аз ноябри соли 1992 то замони муосир як сиёсати воҳидро дар амал татбиқ намудааст, ки асоси онро пайвастагӣ бо мардум ва таҳияи вазъи орому осуда дар кишвар ташкил медиҳад ва тамоми икдомоташ пайи манфиатҷӯӣ набуда, накҳати самимият медиҳад. Аз ҳамин хотир аст, ки давоми 35 соли равон мамлакатро роҳбарӣ  намуда, хориҷ аз Тоҷикистон беш аз андоза нуфуз пайдо намудааст. Давлати ҷавони тоҷикон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо дарназзардошти риоя ва татбиқи меъёрҳои байналхалқӣ рушду тараққӣ менамояд ва дар дохили мамлакат низоми демократӣ ҳукмфармост. Аз ин низом аксар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пайгирӣ мекунанд, чунки дар он озодии сухан, волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рафъи мушкилоти иҷтимоӣ ва амсоли инҳо пешниҳод гардида, аз ҷониби давлат ҷонибдорӣ меёбад.  Нақши Сарвари давлати тоҷикон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё намудани низоми сиёсӣ ва бад-ин васила ҷорӣ намудани оромиву субот дар кишвар намунаи ибрат аст, чунки новобаста аз хатари мавҷуда ӯ тавонист Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокат раҳо созад, ваҳдатро дар миёни тоҷикон устувор намояд ва ӯро умри дубора бахшаду аз хатари нестшавӣ эмин нигаҳ дорад.

Зимни суханронии Пешвои миллат ба муносибати рузи Ваҳдати миллӣ ин ҳарфҳоро мешунавем: “Дар даврае, ки барои мардуми куҳанбунёди тоҷик воқеан тақдирсоз буд, ба хотири пешгирӣ намудани даҳшати аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда  гардидани миллати тоҷик ба роҳбарияти давлату Ҳукумат зарур буд, ки саъю кушиши бесобиқа ба харҷ дода, наҷоти давлат ва миллатро ба ҳар қимате, ки бошад, таъмин намоянд”.

Воқеан, Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳидсози миллати пароканда, меъмори сулҳу Ваҳдат мебошад.

 Рузи  мусолиҳаи миллӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

 

ҚУРБОНОВА Ширин,

сарходими илмии  шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих