×

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ ДАР ТУРКМАНИСТОН ВА АҲАММИЯТИ ОН ДАР ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВӢ

Бозгашт ба мавод

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ ДАР ТУРКМАНИСТОН ВА АҲАММИЯТИ ОН ДАР ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВӢ

ИОМДОА Сиёсат 09-10-2026 ш.Душанбе
ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ ДАР  ТУРКМАНИСТОН ВА АҲАММИЯТИ ОН ДАР ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВӢ

Дар ҳошияи  сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон,

8- 9 октябри 2026

Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мақоми олии байнидавлатии машваратӣ ва қабули қарорҳои асосии ИДМ ба шумор меравад. Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ соли 1991 созмон ёфтааст ва то имрӯз самтҳои асосии ҳамкории давлатҳои иштироккунандаи Иттиҳодро муайян мекунад. Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ тибқи татриби муқарраршуда на камтар аз ду маротиба дар як сол даъват мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ ҷаласаҳои ғайринавбатӣ низ баргузор шуда метавонад. Имсол, яъне дар соли 2026, ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ 9 октябр дар минтақаи сайёҳии миллии «Аваза»-и Туркманистон, дар соҳили баҳри Каспий баргузор мегардад. Зеро шурӯъ аз 1 январи соли 2026 раёсат дар ИДМ ба Туркманистон интиқол ёфта, вазифаи раисии Иттиҳодро ба уҳда гирифтааст. Қарор дар бораи раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026, 10 октябри соли 2025 дар шаҳри  Душанбе аз ҷониби сарони кишварҳои иштироккунандаи Иттиҳод қабул шудааст. Мувофиқи он «Туркманистон дар соли 2026 раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои сарони ҳукуматҳо, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои иқтисодӣ, Шӯрои намояндагони ваколатдори доимии давлатҳои узви Иттиҳод дар назди мақомоти қонунгузорӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод, инчунин Комиссияи корҳои иқтисодӣ дар назди Шӯрои иқтисодии ИДМ ба ӯҳда мегирад». Туркманистон расман консепсияи стратегии худро барои раёсати ояндаи худ дар ИДМ 29 январи соли 2026 дар Минск дар ҷаласаи аввали Шӯрои намояндагони ваколатдори доимии ИДМ муаррифӣ кард. Консепсияи раёсати Туркманистон дар ИДМ дар соли 2026 ҳамчун ҳуҷҷати расмии иҷлосияи 80-уми Созмони Милали Муттаҳид таҳти индекси A/80/722 тибқи банди 126-уми рӯзнома «Ҳамкорӣ байни Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои минтақавӣ ва дигар созмонҳо» нашр ва паҳн карда шуд.

Ҳадафи асосии Туркманистон дар соли раёсати ИДМ мусоидат ба ҳамкории мустаҳкамтар ва шарикӣ байни кишварҳои узв барои ба ҳадди аксар расонидани имкониятҳои ИДМ, рушди самараноки Иттиҳод ва беҳтар кардани некӯаҳволӣ ва сифати зиндагии мардуми онҳо мебошад, ки ин дар Консепсияи раёсати Туркманистон дар ИДМ дар соли 2026 зикр шудааст. Ҳамзамон Туркманистон дар давраи раёсати худ ба таҳкими ҳамкориҳои байни давлатҳои аъзо, рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва густариши робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст.

Туркманистон ҳамчун узви вобастаи ИДМ дар саммитҳо ва ҷаласаҳои махсусгардонидашуда фаъолона иштирок мекунад ва талошҳоро дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, нақлиёт ва энергетика ҳамоҳанг месозад.

Дар давраи раёсати кунунии Туркманистон дар ин созмон як қатор чорабиниҳои муҳим баргузор шуданд, аз ҷумла: ҷаласаҳои Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, ҷаласаи 84-уми Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани ИДМ, ҷаласаи Шӯрои ҳамкории фарҳангӣ, фестивали таомҳои миллӣ бо намоишгоҳи кишварҳои ИДМ, маросими ҷоизасупорӣ барои ғолибони озмуни филмҳои телевизионии байнидавлатӣ «Парвози асп: Қувват ва файз» ва ҷаласаи сарони давлатҳо ва созмонҳои телевизион ва радиои ҷамъиятии ИДМ.

Тавре дар боло ишора кардем, дар минтақаи сайёҳии «Аваза» ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ 9 октябр баргузор гардид, ки рӯзномаи саммит 16 мавзӯъро фаро мегирифт.  Пас аз анҷоми саммит як қатор қарорҳои стратегӣ барои тасдиқ ба нақша гирифта шудаанд, пеш аз ҳама Изҳороти сарони давлатҳо дар бораи 35-солагии ИДМ, ки дастовардҳои солро ҷамъбаст мекунад ва ҳадафҳои ояндаро муайян мекунад, Консепсияи рушди мубодилаи иттилоот дар мубориза бо ҷиноятҳои содиршуда бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, Қарор дар бораи чораҳо оид ба ташаккули имиҷи мусбати ИДМ ва кишварҳои узви он дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ ва тасдиқи солҳои мавзӯъӣ, пеш аз ҳама эълон шудани соли 2028 ҳамчун «Соли рушди иҷтимоӣ ва сифати зиндагӣ» ва соли 2029 ҳамчун «Соли пайвастагии нақлиётии ИДМ».

Дар ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷапаров, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Дабири кулли ИДМ Сергей Лебедев иштирок карданд.

Дар як ҳайати маҳдуд сарони давлатҳо дар бораи масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мубодилаи афкор карданд. Ғайр аз ин, қарор дар бораи раёсати ИДМ дар соли 2027 қабул карда шуд, ки онро Ӯзбекистон ба ӯҳда мегирад ва бори аввал Озарбойҷон ҳамчун ҳамраисон фаъолият хоҳанд кард.

Дар ҳайати васеътар, иштирокчиёни саммитро президенти Эрон Масъуд Пезешкян, ки бори аввал дар ҷаласаи формати «ИДМ Плюс» иштирок мекард ва президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамчун раиси ояндаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ истиқбол карданд.

Имсол, бори аввал дар таърихи Иттиҳод, Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён ба ҷаласаи васеъшудаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ даъват карда шуд. Тавре ки маълум аст Эрон аллакай ба кишвари нозир дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё табдил ёфтааст, инчунин рушди ҳамкорӣ бо ИДМ, бахусус иштирок дар формати «ИДМ Плюс»-ро муҳим мешуморад.

Аҳамияти ИДМ  Плюс дар шароити имрӯза дар он аст, ки давлатҳо бо мушкилоти умумӣ, аз ҷумла тағйирёбии вазъи иқтисодии ҷаҳонӣ, масъалаҳои амнияти минтақавӣ, муҳоҷират, тағйирёбии иқлим ва зурурати рушди технологияҳои муосир рӯ ба рӯ мебошанд. Дар чунин шароит ҳамкории байнидавлатӣ метавонад барои ҳалли мушкилоти муштарак имконияти бештар фароҳам меоварад. Эрон метавонад ҳамчун шарики минтақавӣ дар рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетикӣ ва анқлиётӣ бо давлатҳои ИДМ нақши муҳим мебозад. Аз ҷумла, ҳамкорӣ бо Эрон дар соҳаҳои нақлиёт ва тарнзит, истифодаи бандарҳои баҳрии Каспий, рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва густариши робитаҳои фарҳангӣ барои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа аҳамияти амалӣ дорад. Ҳамзамон, чунин ҳамкориҳо метавонад ба зиёд шудани гардиши мол, осон гаридидани интиқоли маҳсулот ва тақвияти робитаҳои байнидавлатӣ ва байниминтақавӣ мусоидат менамоянд.

Нақши ИДМ дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон пеш аз ҳама бо робитаҳои таърихӣ, ҷуғрофӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳои узви он алоқаманд аст. Тоҷикистон ҳамкории самарабахшро бо кишварҳои узви ИДМ дар соҳаҳои гуногун нигоҳ медорад ва барои тақвияти муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба талош мекунад.

Яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ дар доираи ИДМ рушди муносибатҳои сиёсӣ ва дипломатӣ мебошад. Иштироки Тоҷикистон дар ҷаласаҳои сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, инчунин дар дигар мақомоти ИДМ имкон медиҳад, ки масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ кунем. Тавассути чунин ҳамкорӣ, кишвар метавонад мавқеи худро дар масъалаи амният, суботи минтақавӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ баён кунад.

Саҳифаи дигари муҳим ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ мебошад. Кишварҳои узви ИДМ имкониятҳои назаррасе барои густариши тиҷорат ва рушди робитаҳои нақлиётӣ, энергетикӣ ва сармоягузорӣ доранд. Барои Тоҷикистон, ки роҳи мустақими баҳрӣ надорад, робитаҳои нақлиётӣ ва тиҷоратӣ бо кишварҳои минтақа аҳамияти калон доранд. Ҳамкорӣ дар доираи ИДМ метавонад ба васеъ кардани бозорҳои маҳсулоти ватанӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ мусоидат кунад.

9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ, ки дар минтақаи Авазаи Туркманистон баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд.  Раҳбари давлати мо ҷаласаи кунунии Шурои сарони давлатҳоро, ки дар партави 35-умин солгарди таъсисёбии ИДМ баргузор мегардад, басо рамзӣ номида, таъкид доштанд, ки роҳи тайшуда дар ин солҳо аҳаммияти Иттиҳодро ҳамчун майдони муколамаи сиёсӣ, рушди робитаҳои иқтисодиву гуманитарӣ ва вокуниши муштарак ба хатарҳо ва таҳдидҳои амниятӣ таъкид намуд. 

Иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар пойтахти Туркманистон як қадами муҳим дар идомаи ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва кишварҳои узви ИДМ мебошад. Умуман, иштироки Тоҷикистон дар чунин ҷаласаҳо имкон медиҳад, ки муносибатҳои дӯстона густариш ёбанд, манфиатҳои миллӣ ҳифз карда шаванд ва ташаббусҳои байналмилалии кишвар пеш бурда шаванд ва ИДМ яке аз он ниҳодҳоест, ки ин гуна ҳадафҳоро амалӣ гардонад. Тавассути иштироки фаъол дар фаъолияти ИДМ Тоҷикистон метавонад ҳамкориҳои иқтисодию сиёсиро тақвият бахшида, дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавӣ саҳми худро гузорад. Ҳамзамон, чунин ҳамкориҳо барои рушди тиҷорат, ҷалби сармоя, таъмини амният ва таҳкими робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Аз ин рӯ, ИДМ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз воситаҳои муҳими густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ва таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ аҳаммияти хосса дорад.

ШАРИФЗОДА Искандар

ходими илмии шуъбаи ИДМ – и

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ