×

ИСТИҚЛОЛ - БАХТИ ЗАНОНИ ТОҶИК ВА ИФТИХОРИ ҲАР ЯКИ МО

Бозгашт ба мавод

ИСТИҚЛОЛ - БАХТИ ЗАНОНИ ТОҶИК ВА ИФТИХОРИ ҲАР ЯКИ МО

ИОМДОА Сиёсат 21-08-2026 ш.Душанбе
ИСТИҚЛОЛ - БАХТИ ЗАНОНИ ТОҶИК ВА ИФТИХОРИ ҲАР ЯКИ МО

Истиқлолият барои ҳар як инсон маънои хос дорад. Барои ман, ҳамчун як зани тоҷик, Истиқлолият пеш аз ҳама эҳсоси озодӣ, оромӣ, қадршавӣ ва боварӣ ба фардост. Вақте ба зиндагии имруз назар мекунам, беихтиёр шукр мекунам, ки дар чунин даврон зиндагонӣ мекунам ва фарзандонам дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба воя мерасанд. Имсол мо 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як ҷаҳон ифтихору сарфарозӣ истиқбол мегирем. 35 сол дар назди таърих шояд муддати хеле дароз набошад, аммо барои миллати мо ин солҳои пур аз заҳмат, талош, созандагӣ ва умед буданд. Истиқлолият ба мо имконият дод, ки соҳиби давлати худ бошем, роҳи худро интихоб кунем ва барои ободии Ватани азизамон якҷоя қадам гузорем. Аммо агар аз номи зан сухан гуем, Истиқлолият барои мо боз як маънои дигар дорад. Мо, занони тоҷик, имруз худро хушбахт меҳисобем, зеро дар даврони Истиқлолият барои мо имкониятҳои зиёде фароҳам омадаанд. Имруз зан метавонад таҳсил кунад, касб омузад, кор кунад, соҳибкорӣ намояд, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол бошад, ба вазифаҳои масъул расад ва истеъдоду қобилияти худро нишон диҳад. Барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон низ заминаҳои ҳуқуқӣ ва имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Баъзан мо ба ин ҳама он қадар одат кардаем, ки шояд қадри онро пурра эҳсос накунем. Вале агар як лаҳза таваққуф карда, ба зиндагии худ назар кунем, мебинем, ки чӣ қадар роҳро тай кардаем.

Имрӯз духтари тоҷик метавонад бо орзуҳои бузург ба донишгоҳ дохил шавад. Метавонад омӯзгор, табиб, ҳуқуқшинос, муҳандис, соҳибкор, олим ё роҳбар шавад. Метавонад дар ҷомеа мавқеи худро пайдо кунад ва барои пешрафти Ватан саҳм гузорад. Занони тоҷик имруз дар соҳаҳои гуногун фаъолият мекунанд ва бо меҳнати ҳалолу садоқати худ нишон медиҳанд, ки зан метавонад ҳам модари меҳрубон бошаду ҳам шахси фаъолу созандаи ҷомеа. Барои ман, яке аз зеботарин дастовардҳои даврони Истиқлолият ҳамин аст, ки зан бештар ба худ бовар мекунад. Ӯ медонад, ки метавонад омӯзад. Метавонад пеш равад. Метавонад орзу кунад. Ва муҳимтар аз ҳама — метавонад орзуяшро амалӣ созад. Албатта, мо занон хуб медонем, ки зиндагӣ ҳамеша осон нест. Ҳар як зан дар зиндагӣ масъулиятҳои зиёде дорад: модар будан, ҳамсар будан, тарбияи фарзандон, нигоҳубини оила ва ҳамзамон кору фаъолияти ҷамъиятӣ. Вале маҳз ҳамин занони қавӣ ҳастанд, ки бо меҳру сабр ва иродаи худ оила ва ҷомеаро устувор нигоҳ медоранд. Ман аз он ифтихор мекунам, ки имрӯз мақоми зан дар ҷомеаи мо бештар эҳсос мешавад. Сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани мақоми занон, таъмини баробарҳуқуқӣ, дастрасӣ ба таҳсилу фаъолият ва ҳимояи иҷтимоии онҳо пайгирона идома дорад. Аммо барои ман ҳамаи ин танҳо рақам ё суханҳои расмӣ нестанд. Ин чизҳо дар зиндагии ҳаррӯзаи мо эҳсос мешаванд. Ман модарони зиёдеро мебинам, ки фарзандонашонро ба таҳсил роҳнамоӣ мекунанд. Духтарони ҷавонеро мебинам, ки бо орзуҳои калон ба оянда менигаранд. Занҳоеро мебинам, ки бо меҳнати худ рӯзгори худро пеш мебаранд, соҳибкорӣ мекунанд, дар муассисаҳо фаъолият доранд ва барои ободии ҷомеа саҳм мегузоранд.

Ин ҳама моро водор мекунад, ки бигӯем, мо ҳақиқатан хушбахтем, ки дар замони соҳибистиқлолӣ зиндагӣ дорем. Истиқлолият танҳо як ҷашн нест. Истиқлолият масъулияти ҳар яки мост. Агар мо Ватанро дуст дорем, бояд бо кори худ, бо тарбияи дурусти фарзандон, бо эҳтироми забону фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, бо меҳнати ҳалол ба рушди Тоҷикистони азиз саҳм гузорем.

Махсусан мо, занон, дар ин масъала масъулияти бузург дорем. Зеро модар аввалин омузгори фарзанд аст. Модар ба фарзанд дуст доштани Ватан, эҳтироми калонсолон, меҳрубонӣ, ростқавлӣ ва инсондӯстиро меомузонад. Агар модар фарзанди ватандӯст тарбия кунад, вай дар ҳақиқат барои ояндаи давлат кори бузурге анҷом додааст. Имруз, вақте ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мерасем, мехоҳам аз номи як зани одии тоҷик бигӯям: мо барои ин неъмати бузург шукргузорем. Шукр мекунем, ки Ватан дорем.
Шукр мекунем, ки осмони сулҳ дорем.
Шукр мекунем, ки фарзандонамон бо орзуҳои зебо ба воя мерасанд.
Шукр мекунем, ки занони тоҷик имкони таҳсил, кор, фаъолият ва рушди худро доранд. Ва шукр мекунем, ки дар як давлати соҳибистиқлол зиндагӣ мекунем.

35-солагии Истиқлолият барои ман танҳо як санаи тақвимӣ нест. Ин 35 соли зиндагии як миллат, 35 соли талошу созандагӣ ва 35 соли умед ба ояндаи беҳтар аст. Имрӯз мо бояд на танҳо аз дастовардҳои гузашта ифтихор кунем, балки барои фардои боз ҳам ободи Тоҷикистон масъулият эҳсос намоем.

Ман ҳамчун зан ва модар орзу дорам, ки Тоҷикистони азизамон ҳамеша ободу осуда бошад, духтарони тоҷик бо сари баланд таҳсилу кор кунанд, занон қадру манзалати худро бештар эҳсос намоянд ва ҳар як оилаи тоҷик дар фазои меҳру муҳаббат зиндагӣ кунад. Истиқлолиятро бояд дӯст дошт, қадр кард ва ҳифз намуд. Зеро Истиқлолият  озодии мост.
Истиқлолият шарафи мост. Истиқлолият  ояндаи фарзандони мост. Ва ман ифтихор мекунам, ки зани тоҷик ҳастам ва дар Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагӣ мекунам. Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ муборак, Тоҷикистони азиз! Бигзор парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша парафшон бошад ва дар ҳар хонадони тоҷик сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат ва хушбахтӣ ҳукмфармо бошад!

 

ОКИМШОЕВА Рухсора,

ходими пешбари илмии шуъбаи Шарқии Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ