×

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МЕЪМОРИ ТОҶИКИСТОНИ МУОСИР

Бозгашт ба мавод

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МЕЪМОРИ ТОҶИКИСТОНИ МУОСИР

ИОМДОА Сиёсат 13-08-2026 ш.Душанбе
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МЕЪМОРИ   ТОҶИКИСТОНИ МУОСИР

(Ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

            Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои муттарақии Осиёи Марказӣ аст, ки 9 сентябри соли 1991 пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлоли давлатии худро ба даст овард. Ин лаҳзаи таърихӣ муҳимтарин марҳилаи ташаккули ҳуввияти миллии халқи тоҷик гардида, тараққиёти минбаъдаи мамлакатро муайян кард. Ба даст овардани истиқлолият ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки сиёсати дохилию хориҷии худро мустақилона муайян кунад, фарҳангу забони миллиашро инкишоф диҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яке аз сиёсатмадорони бонуфуз дар ҷаҳони муосир эътироф шудааст. Саҳми  Пешвои миллат дар рушди кишвар ва дар сатҳи байналмилалӣ ва эҳёи давлати навини тоҷикон этирофи баланд касб намудааст. Бо дасгири ва таҳти роҳбарии у субот, пешрафт, стратегия ва рушди иҷтимою иқтисодӣ дар кишвари мо сол то сол баланд арзёбӣ мешавад.  Президенти кишвар бо сабру таҳамул ва донишу малакаи зиракии сиёсии худ давраҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ, буҳрони иқтисодӣ, ва мушкилоти амниятиро паси сар намуда ба мардуми хеш осудагӣ, пешрафт ва рушди бемайлони иқтисодиро таъмин намуд.Мо мардуми тоҷик аз ҷумла олимон шоҳиди он ҳастем, ки бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди инфрасохтор, сохтмони роҳҳо, пулҳо, иншооти энергетикӣ, маориф ва илм, рушди кишоварзӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар сатҳи баланд дида мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ташаккули давлати миллии тоҷикон, бунёди миллати соҳибихтиёр, давлати ягонаи демократӣ бар пояҳои ҳуқуқ, ки ҳадафи он бунёди ҷомеаи муттаҳид аст, асос гузоштааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари ифтихормандест, ки бо сарварии оқилу доно дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир аст. Ин кишвари тоҷикон аз ҷиҳати фарҳанг, таърих  бой буда, ҳамчун мардуми ориётабор шинохта шудааст. Кишвари мо яке аз давлатҳое маҳсуб мешавад, ки бо қуллаҳои баланди Помир,  дарёҳои Вахш ва Амударё дар ҷаҳон шинохта шуда, бо ташабусҳои роҳбари кишвар оид ба обу иқлим маъруфият пайдо намудааст.

Дар давоми 35 сол рушди кишвар, ободиву тинҷӣ ва сатҳи зиндагии мардуми мо хеле боло рафта, кишвари мо яке аз давлатҳои амнтарини дунё ҳисобида мешавад ва пойтахти он шаҳри Душанбе ба маркази чорабиниҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст. Бо шарофати Истиқлолият миллати тоҷикро ҷаҳониён шинохтанд ва мо имруз бо ифтихор сухан аз ободии ин сарзамин ва озодии ин миллати соҳибтамаддун мекунем. Набояд  фаромуш созем, ки ин ҳама бо хидматҳои абармарди бузург хирадманд  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба даст омадааст. Ҷашни Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бебаҳо баробари ба даст омадан нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озоди ҳамфикриву ҳамзистӣ ва осоиштагиву ободиро барои мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст. Имруз Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёр аст  ва  самараи неки Истиқлолият аст, ки Тоҷикистон дар дунё ҳамчун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омузиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як фарди соҳибдили кишвар асту ба мо бахту саодат, зиндагии осоишта ва рузгори босаодат оварад.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар зиндагӣ ва фаъолияти ҳар яки мо намунаи ибрат мебошад.

Ҳамин тариқ Истиқлолият калиди тамоми хушбахтиҳост. Фаромуш набояд кард, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва хидматҳои Пешвои миллат, миллати мо машҳури ҷаҳон гашт. Истиқлолият барои кулли мардуми тоҷик    саодат, каромат, ва шарофат аст. Моро зарур аст, ки пайрави Сарвари худ бошем, сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои миллатро дастгирӣ намоем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҳар як ҳаракати номатлуби пешомадаро пешгирӣ карда, барои ободию пешрафти Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем.

МАХМЕДОВ Муҳаммадҷон,

ходими хурди илмии  шуъбаи Аврупои

Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ