Имрӯз ба баррассии хонанда мактаби омӯзиши фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯии Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Академики Академияи умумиҷаҳонии амнияти дастаҷаьмона, ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Ин мактаб дар тӯли зиёда аз 10 соли охир яке аз мактабҳои асосии илми ҳуқуқи Тоҷикистон, чун илми фаъолияти оперативии ҷустуҷӯӣ гардид. Он на танҳо дар Точикистон, балки берун аз он, хусусан дар Россия, Қазоқистон ва кишварҳои дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил машҳур шуд. Имрӯз мутахассиси ФОҶ-ро наметавон ёфт, ки бо корҳои илмӣ ва таълимию амалии Р.Ҳ. Раҳимзода ошно набошад, онҳоро дар овони донишҷӯӣ наомӯхта ва дар фаъолияти амалияш дар Тоҷикистон истифода накарда бошанд.
Дар мақолаи мазкур мо мехоҳем дар бораи сарчашмаҳо ва марҳилаҳои асосии ташаккули ин мактаби илмии Р.Ҳ. Раҳимзода дар Точикистони соҳибистиқлол нависем.
Баъд аз фурӯпошии ИҶШС илми фаъолияти оператиии ҷустуҷӯӣ (ФОҶ) ҳамчун илми нисбатан ҷавон дар қиёс бо илмҳои дигар, зуҳур мекунад. Бо вуҷуди он ки инсоният дар кулли ташаккул, аз худи кори оперативии ҷустуҷӯӣ ба унвони кофтуков огоҳ буд, таҳқиқи назариявии он дар Тоҷикистон ҳам кишварҳои дигари пасошӯравӣ тавассути усули илмӣ нисбатан баъдтар, яъне дар авохири асри ХХ ва ибтидои асри ХХ1 шурӯъ шуд. Пеш аз ин – қабл аз даврони шӯравӣ он бештар дар шакли муқаррароти махфии ба фармоишоти кишварсолорони мухталиф, маҷмӯи таҷрибае тасаввур карда мешуд, ки ба муфаттишон ба таври ѓайримуназзам, бидуни адабиёти кофии илмиву таълимӣ омӯзонида мешуд. Он вақтҳо ба ҷустуҷӯ чун ба як касб менигаристанд.
Дар даврони шӯравӣ бо пайдоишу рушди муассисаҳои таҳсилоти олии мақомоти амнияти давлат ва милитсия вазъ рӯ ба беҳбудӣ овард. Масалан, дар муассисаҳои таҳсилотии мазкур кафедраҳои машѓули омӯзиши кори оперативии ҷустуҷӯӣ ифтитоҳ ёфтанд, касби оперативӣ ба таври муназзаму маҷмӯӣ фақат аз ҷониби муассисаҳои таълимии идоравии мансуб ба ВКД ва КАД омӯзонда мешуд. Маҳз ҳамон давраро чун замони пайдоиши илми оперативии ҷустуҷӯӣ дар ИҶШС тавсиф додан мумкин аст.
Аммо омӯзиши кори оперативӣ дар мақомоти ВКД ва КАД зери муҳри «махфӣ» ва «комилан махфӣ» сурат мегирифт. Мувофиқ ба ин корҳои илмӣ ва таълимӣ низ махфӣ буданд ва мавриди арзёбӣ аз ҷониби ҷомеаи ҳуқуқшносон қарор намегирифтанд. Низоми махфият, албатта, барои тақриздиҳии муносиби асарҳо, арзёбии фарогир, воқеият ва ҳатто хосияти илмии фаъолияти оперативии ҷустуҷӯӣ монеъа эҷод мекард.
Тобеияти идорӣ якҷоя бо махфият амалан ба он оварда расонд, ки дар 15 ҷумҳурии ҳайати ИҶШС ду мактаби маърифату таҳқиқи ФОҶ – мактабҳои милитсия ва амниятӣ пайдо шуданд. Ҳангоми муқоисаи ин ду равиш тафовути зиёд дар мафҳумҳои асосии ФОҶ, дарки принсипу усулҳои фаъолият, усули омӯзишу тадрис, дигар фарқиятҳои ҷиддии хусусияти комилан махфидошта зимни иҷрои чорабиниҳои оперативии ҷустуҷӯӣ дида мешуд. Аз дидгоҳи муосир, дар заминаи таҷрибаи бисёрсолаи кори мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон, метавон гуфт, ки ҳар яке аз сохторҳои зикршуда бартарӣ ва нуқсону камбудиҳои муштараки худро доштанд. Дар навбати аввал, корҳои илмии он замон дастраси кормадони амалӣ намешуданд, сониян, ба қадри муносиб зарурати риояи ҳуқуқи инсонро дар ҷараёни амалисозии чорабиниҳои оперативии ҷустуҷӯӣ ба назар намегирифтанд ва маҳдудиятҳои на ҳамеша асосноки маҳдудсозии ҳуқуқи инсонро ба махфияти мукотиба, гуфтугӯҳои телефонӣ, дахлнопазирии манзил ва ҳоказо пешбинӣ мекарданд.
Рӯзи 28.12.1993 барои илми ФОҶ рӯзи табаддулоти бузург гардид, зеро аввалин бор бидуни муҳри махфият Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативии ҷустуҷӯӣ» қабул карда шуд, ки он ҳамагӣ аз 9 модда иборат буд. Дар ин моддаҳо ба таври умумӣ мақоми меъёрии ҳуқуқии субъектони амаликунандаи ФОҶ муайян шуда буд. Қонуни мазкур рӯйдоди басо муҳим дар баробари чораҳои амалии ѓайримахфӣ буд, ки дар он замон баҳри такмили заминаи қонунии мубориза алайҳи ҷинояткорӣ амалӣ шуда буданд.
Замоне, кори фаврӣ дар амал ҷиддӣ намоён гашт,
Гуруҳи муттаҳидшакли ҷиноятгар парешон гашт.
Агар ноошкору ноаён ҷурме шавад содир,
Фузун тарзу усули кори пинҳонӣ дучандон гашт.
Соли 1995 барои илми ФОҶ соли тақдирсоз буд. Дар ин сол Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маорифи Россия назарияи фаъолияти оперативии ҷустуҷӯиро ба номгӯи ягонаи ихтисосҳои кормандони илмӣ ва илмии омӯзгорӣ шомил кард, номгӯи мазкур ҳамзамон ба тамоми кишварҳои Иттиҳод, аз ҷумла ба Тоҷикистон дахл дошт. Яъне ФОҶ дар ҷумҳурии мо низ ҳамчун фанни илмӣ шинохта шуд. Бояд гуфт, ки соли 2000 номи ихтисоси 12.00.09 ислоҳ гардида, сипас соли 2012 фаъолияти оперативии ҷустуҷӯӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз ихтисоси 12.00.09 хориҷ ва ба ихтисоси 12.00.12. дохил карда шуд.
Ташаккули назарияи нав аз зарурати таъйини дурусти самтҳои асосии сиёсати ҳуқуқи ҷиноии давлат бо таваҷҷуҳ ба вазифаи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бармеояд.
Дар поёни солҳои 1990-ум аввалин китобҳои дарсию васоити таълимии ошкор (бе муҳри махфият) аз фанни ФОҶ, тафсирҳои қонунгузорӣ, натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, нақшаҳои мухталиф дар ин мавзӯъ ва амсоли ин ба нашр расонида шуданд. Аввалин рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ба таври ошкоро ҳимоя карда шуданд. Аз ҳамон вақт бисёре аз мутахассисони ФОҶ, чунонки мегӯянд «аз пинҳонгоҳ баромаданд» ва ба инкишоф додани илми ошкорои оперативии ҷустуҷӯӣ пардохтанд. Вобаста ба тасвиби аввалин санадҳои ҳуқуқи оперативии ҷустуҷӯӣ дар шакли ошкор мубоҳисаҳои тезутунди олимони соҳа ва кормандони амалия дар масъалаҳои усул сурат гирифта, заминаи ѓояҳои асосии назарияи оперативии ҷустуҷӯӣ гузошта шуд.
Яке аз чунин олимони дорои таҷрибаи амалии кори оперативӣ Р.Ҳ. Раҳимзода буд, ки ҳанӯз аз солҳои 80-ум пас аз гирифтани маълумоти олӣ барои адои хидмат ба ВКД Тоҷикистон даъват шуд. Корро дар хадамоти оперативӣ шурӯъ кард, азбаски аз мактаби олии ѓайринизомӣ омада буд, ба курсҳои шашмоҳаи бозомӯзии ҳайати оперативӣ ба шаҳри Саратов фиристода шуд. Дар ҳамон ҷо баъд аз омӯхтани дониши назариявии ФОҶ Р.Ҳ. Раҳимзода кори амалиро бо илмӣ пайваст. Соли 2005 бидуни тарки амалия Р.Ҳ. Раҳимзода рисолаи номзадияшро дар мавзӯи «Фаъолияти опеативии ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ дар соҳаи молия ва қарз» ҳимоя кард Рисолаи мазкур, ки аввалин бор аз ҷониби як олими тоҷик ба таври ошкоро ҳимоя карда шуд, рӯйдоди муҳиме дар доираи илми ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Аз соли 2005 ташаккулёбии мактаби илмии нави омӯзиши фаъолияти оператиии ҷустуҷӯӣ оѓоз ёфт, ки ман ба унвони як олим имрӯз онро бо ифтихор мактаби илмии Раҳимзода Р.Ҳ. номида метавонам.
Қаблан қариб ҳама корҳои оид ба ФОҶ «муҳри махфӣ» доштанд ва бо равияи илмии КАД ё ВКД таҳия мешуданд. Имрӯз аз рӯи саҳифаҳои аввалини корҳои илмии Раҳимзода Р.Ҳ. бо дили пур метавон гуфт, ки муаллифи он дар куҷо хидмат карда, чӣ қадар таҷрибаи ѓанӣ дорад ва кадом мактаби олиро хатм кардааст.
Хусусияти фарқкунандаи корҳои Раҳимзода Р.Ҳ. ин аст, ки онҳо дар заминаи таҳқиқи китобҳои дарсии куҳан, маводи махфӣ ва ѓайри махфии бойгонӣ, инчунин «махзани» бойгонии худи ӯ, таҷрибаи бисёрсолаи кор дар хадамоти опеативии даврони шӯравӣ ва муосир навишта шудаанд.
Рӯзи 25.03.2011 дар ҳаёти хадамоти опеативии Тоҷикистон воқеаи муҳим рух дод: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оператиии ҷустуҷӯӣ» қабул карда шуд. Таҳиягари асосии ин қонун низ Раҳимзода Р.Ҳ. буд.
Асоси ФОҶ инсондустӣ, қонуният фармуд,
Риоя кардани озодии инсон, ҳуқуқ афзуд.
Ниҳонкорӣ- усули ошкору ѓайр ҳамбаста,
Кафили манфиатҳои ҳуқуқи шаҳрвандон шуд.
Ин қонун бо дарназардошти он нуктаҳое қабул гардид, ки Раҳимзода Р.Ҳ. аз хазинаи илмии худ таъсиррасонии ҷиддиро ба амалияи мубориза бо ҷинояткорӣ оид ба назарияи фаъолияти оперативии ҷустуҷӯӣ пешниҳод кард, ки асоси онро пеш аз ҳама, инкишофи қоидаву хулосаҳои илмии ба меъёри қонун дохилшуда ташкил медиҳад.
Дар ин ҷо зикр кардани нуктаҳои асосии зерин бамаврид аст, ки бо ташаббуси Раҳимзода Р.Ҳ. ба Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оператиии ҷустуҷӯӣ» дохил карда шуданд:- 1) Як қатор амалҳои асосии оперативии ҷустуҷӯӣ аз амалҳое, ки пештар дар санадҳои зерқонунӣ буданд (масдудкунӣ, камингирӣ, ѓасб, таъқиб, тафтиши маҳал), ҷудо карда дар қонуни оперативии ҷустуҷӯӣ мустақилона сабт шудаанд, то механизми танзими қонунияшон мустаҳкам гардад.
Ниҳонкорӣ усулу чораҳои ноаён дорад,
Чу «чашм»-у «гӯш» пинҳон қувваҳо андар миён дорад.
Гирифта пеши роҳи сӯйқасди фошу пӯшида,
Аёну ногаҳон, бин, ҳилаҳои бегумон дорад.
2) Гузаронидани чорабиниҳои оперативии ҷустуҷӯии махсус, ки ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандро маҳдуд мекунанд, тибқ қонуни нав бар асоси розигии прокурор ва иҷозати суд анҷом дода мешавад, қ.2м.8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ФОҶ.
3) Дар доираи баргузории чорабиниҳои оперативии ҷустуҷӯӣ, акнун назорати судиро на ҳама судяҳо, балки танҳо судяҳои ваколатдор анҷом медиҳанд;
4) Ба феҳристи мафҳумҳо мафҳуми «прокурори ваколатдор» дохил карда шуд, яъне прокуроре, ки дар доираи ваколатҳои худ ҳуқуқи шинос шудан бо ҳуҷҷатҳои оперативии ҷустуҷӯӣ ва ҳуқуқи санҷидани қонунияти қарорҳои суди амаликунандаи фаъолияти оперативии ҷустуҷӯӣ ва чорабиниҳои оперативии ҷустуҷӯиро дорад»(м.1З қонуни ҶТ дар бораи ФОҶ) ва ѓайра.
5) Инчунин соли 2014 бо ташаббуси Раҳимзода Р.Ҳ. ба Қонуни ҶТ дар бораи ФОҶ мафҳуми нави «муҳити ҷинояткорӣ» ворид карда шуд, ки дар зери он муҳите фаҳмида мешавад, ки шахси ҷиноятро омодакунанда, содиркунанда ё содиркарда, аз ҷумла гурӯҳи ҷинояткор ё иттиҳоди ҷинояткор (созмони ҷинояткор) қарор дорад. Таѓйироти мазкур аз зарурияти ҳамоҳангу якрангсозии қонунгузорӣ дар чорчӯби ИДМ бармеомад.
Дар моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оператиии ҷустуҷӯӣ», Раҳимзода Р.Ҳ. дар қисми марбут ба чорабиниҳои оперативии ҷустуҷӯӣ дақиқан муайян кард, ки кормандони оперативӣ қонунро вайрон накунанд, ва бо ибрози мавқеи муаллифии худ, онҳоро ба се гурӯҳ ҷудо намуд; - гурӯҳи якум - чорабиниҳое, ки ба ҳуқуқи конститутсионӣ дахл мекунанд, яъне чорабиниҳои оперативии ҷустуҷӯӣие, ки ҳуқуқу озодиҳои қонунии инсон ва шаҳрвандро маҳдуд мекунанд ва бе иҷозати (санксия)-и хаттии суд амали гардонида намешаванд - гурӯҳи дувум - чорабиниҳои оперативии ҷустуҷӯие, ки бо розигии мақоми оперативии ҷустуҷӯӣ амалӣ карда мешаванд: - гурӯҳи савум - чорабиниҳои оперативии ҷустуҷӯие, ки бо ташаббуси худи корманди оперативии мақомоти амаликунандаи фаолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ амалӣ карда мешаванд ва барои он ягон иҷозат (санксия) лозим нест. Раҳимзода Р.Ҳ. бар ин ақида аст, ки дар илми ҳуқуқ пеш аз ҳама тавофуқи ҳарфи қонун бо амалияи фароҳамшуда ва таҷрибаи оперативии мавҷудбуда зарур аст, зеро қаблан дар амалия хусусияти қонунии амалҳо на ҳамеша ба инобат гирифта мешуд.
Олимони шинохтаи ватани ва хориҷӣ ба корҳои илмии анҷомдодаи Раҳимзода Р.Ҳ. баҳои баланд доданд ва аз рӯи китобҳои нашршудаи ӯ, хусусан “Китоби дарсии фанни фаъолияти оперативии ҷустуҷӯӣ” ба забони тоҷикӣ, донишҷӯёну курсантҳои мактабҳои олии мақомоти қудратӣ ва дигар донишгоҳҳои олии дорои факултаҳои ҳуқуқ сабақ меомӯзанд. Китоби таълимии мазкур бо Қарори Мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2011 барои тадрис дар тамоми мактабҳои олии дорои факултаи ҳуқуқ дар ҷумҳурӣ тавсия дода шуд. Раҳимзода Р.Ҳ. инро мактаби“омӯзиши мавзӯи фанни таълимии ФОҶ ва илми ФОҶ” номидааст. Китоби мазкур аз ду қисм иборат аст: Қисми умумӣ, ки 5 маротиба нашр шудааст, ва Қисми махсус. Қисми умумӣ хусусияти ошкоро дорад ва барои тамоми муассисаҳои таҳсилоти ҷумҳурӣ, ки факултаҳои ҳуқуқ доранд, таъйин шудааст. Қисми махсуси китоби дарсӣ хусусияти пӯшида дошта барои субъектони алоҳидаи фаъолияти оеративии ҷустуҷӯӣ пешбинӣ гардидааст.
Осори Раҳимзода Р.Ҳ. ба заминаи лозимаи ҳуқуқӣ, илмӣ ва таълимии методӣ такя мекунад, имрӯз он тамоми муассисаҳои таълимӣ ва кормандони амалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро таъмин менамояд. Бо мақсади густариш додани ҳаҷми ин фанни таълимӣ, такмили сатҳи азхуднамоии мазмуни илмӣ ва амалии он аз ҷониби курсантҳо, шунавандагон, донишҷӯён ва ҳам кормандони амалӣ, ба таври мунтазам конфаронсҳои илмии назариявӣ ва илмию амалии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор карда мешаванд.
Маҳз Раҳимзода Р.Ҳ. яке аз аввалинҳо шуда, номақбул будани ақидаи олимони ФОҶ-ро дар мавриди асоснок намудани амалҳои ѓайриқонунӣ ва кӯшишҳои қонуни вонамуд кардани онҳо изҳор намуд. Пай бурдан мушкил нест, ки чунин олимон ҳангоми асоснок намудани истифодаи натиҷаҳои ѓайриқонунии чорабиниҳои оперативии ҷустуҷӯӣ, баргузории ѓайриқонунии чорабиниҳоро ҳам раво медонанд. Масъалаҳои марбути танзими ҳуқуқии истифодаи натиҷаҳои ФОҶ дар мурофиаи ҷиноятӣ, ба фикри Раҳимзода Р.Ҳ., то кунун мубрам боқӣ мемонанд.
Соли 2018 Раҳимзода Р.Ҳ. рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Сиёсати оперативии ҷустуҷӯӣ оид ба таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назария, методология ва амалия (таҳлили таърихии ҳуқуқӣ ва умуминазариявӣ)» бомуваффақият ҳимоя кард.
Раҳимзода Р.Ҳ. сохтори нави илми ФОҶ-ро пешниҳод намуд, мафҳумҳои асосӣ, назарияи чорабиниҳои оперативии ҷустуҷӯиро ҳамчун қисми кушодаи назарияи фаъолияти оперативии ҷустуҷӯӣ тадқиқ кард, инчунин мафҳуми сиёсати оперативии ҷустуҷӯиро ҷорӣ намуд. Раҳимзода Р.Ҳ. таҳиягари асосии самти нав дар илми ФОҶ – сиёсати оперативии ҷустуҷӯӣ мебошад.
Дар мафҳуми илмии зикршуда масъалаҳои назария ва амалияи сиёсати оперативии ҷустуҷӯии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини амнияти иқтисодӣ, амнияти миллӣ дар чорчӯбаи модели ташкили муносиби фаъолияти субъектони фаъолияти оперативии ҷустуҷӯӣ, инчунин масъалаҳои дар раванди татбиқи сиёсати оперативии ҷустуҷӯӣ пайдошаванда тавзеҳ дода шудаанд.
Ин ѓоя ҳамчун мавқеи муаллифии Раҳимзода Р.Ҳ. “Мафҳуми сиёсати оперативии ҷустуҷӯӣ; ҷанбаҳои илмӣ-назариявӣ, методологӣ, ташкилӣ», дар натиҷаи таҳқиқоти диссертатсионӣ ва ҳимояи муваффақонаи он монографияи ӯ зери унвони «Сиёсати оперативии ҷустуҷӯӣ оид ба таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назария, методология ва амалия (таҳлили таърихии ҳуқуқӣ ва умуминазариявӣ), интишор ёфт ва аз ҷониби ҷомеаи илмии Тоҷикистон ва Россия баҳои баланд гирифт. Олимони шинохтаи ҷаҳон, аз қабили Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи АМИ Тоҷикистон, генерал-полковник С.С.Ятимов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Академики Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Россия, корманди шоистаи илми Федератсияи Россия, профессор Салников В.П., доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Академики Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Россия, профессор Захарсев С.И., доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, корманди шоистаи илми Федератсияи Россия, Федерации, профессори кафедраи назарияи ҳуқуқ ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи Донишгоҳи фанҳои гуманитарии иттифоқҳои касабаи Санкт-Петербург Ромашов Роман Анатолиевич, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Шарофзода Р.Ш., доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода А.Ѓ., ва олимони дигар ба монографияи Раҳимзода Р.Ҳ. баҳои баланд додаанд.
Дар монографияи мазкур Раҳимзода Р.Ҳ. кӯшиши натиҷагирии корҳои ташкили асосҳои назариявӣ, қонунгузорӣ, барномаи сиёсати оперативии ҷустуҷӯӣ, арзёбии марҳилаи гузашта ва муайян кардани дурнамои навини рушди истиқлоли давлатии ватанамонро анҷом додааст. Ба фикри мо, ФОҶ ҳақиқатан сиёсати худро дорад ва онро бояд инкишоф дод. Масъалаи чӣ будани сиёсат ва чигунагии нақши кори оперативӣ дар сиёсати давлат масъалаи калидии ин проблемаи илмӣ мебошад. Дар бисёре аз кишварҳо ин масъала бо роҳҳои гуногун ҳал карда мешавад. Равишҳои ҳалли он дар Ватани мо низ басо мухталиф будаанд. Зимнан баъзан вонамуд мекарданд, ки чунин масъала гӯё вуҷуд надорад. Дар ҳақиқати ҳол масъалаи матраҳкардаи Раҳимзода Р.Ҳ. яке аз масъалаҳои асосии сохтани ҷомеаи солими сиёсӣ ва шаҳрвандӣ дар Тоҷикистони мо ва ҳатто дар кишварҳои дигари пасошӯравӣ мебошад.
Ба фикри Раҳимзода Р.Ҳ., ѓояву арзишҳои ахлоқӣ, алалхусус омодасозии кадрҳои касбӣ дар рӯҳияи ватанхоҳӣ, ҳувияти маънавӣ, муносибати дилсӯзона ба мероси маънавӣ, радди фарҳанги маънавии бегона, ҳимояи суннатҳои миллию фарҳангӣ ҷузъҳои ҷудонопазири сиёсати оперативии ҷустуҷӯӣ мебошанд.
Яке аз хидматҳои бузурги Раҳимзода Р.Ҳ. дар назди илми ФОҶ ин беҳсозии ҳолату сифати он мебошад. Ҷолиб аст, ки ФОҶ ҳамчун соҳаи нави илми ҳуқуқ ба асосҳои илмӣ, таърифи дақиқи объект, мавзӯъ ва методологияи худ муҳтоҷ буд. Мутахассисони илми ФОҶ асосан кормандони амалии пешин, кормандони хуби оперативӣ буданд, вале на ҳамаашон маълумоти хуби ҳуқуқшиносӣ доштанд. Онҳо дар бораи проблемаҳои сирф амалӣ менавиштанду халос.
Корҳои методологӣ ва илмшиносии оид ба ФОҶ кам буданд, дар натиҷа илми ФОҶ гоҳе аз маҷмӯи маслиҳатҳои амалии бо ҳам робита надошта иборат буд. Дар бораи ин ҳолат Раҳимзода Р.Ҳ. навиштааст, ки рушди илми ФОҶ на ҳамеша хусусияти муназзам дошт, аз ҷумла барои он ки мутахассисони ФОҶ баъзан аз бе дарназардошти муқаррароти сиёсати ҳуқуқӣ ва назарияи ҳуқуқ амал карда, одатан ҷузъро асоснок менамуданд ва дар бораи кулл тасаввурот надоштанд.
Баъзе асарҳое, ки муаллифонашон онҳоро илмӣ муаррифӣ мекарданд ва унвонҳои муддаъиёна доштанд, дар воқеъ хусусияти тасвиркунанда дошта, баъзе пешниҳодҳои ночизи фаъолияти амалиро дар бар мегирифтанд. Ҳақ ба ҷониби муаллиф аст, ки аҳволи муосири илми ФОҶ-ро чунин васф кардан мумкин аст: афзоиши назарраси таҳқиқотҳои сирф амалӣ ва ҳатто тобиши илмӣ дошта бе дарназардошти вазъи сиёсӣ, назарияи давлат ва ҳуқуқ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва ѓайра.
Ҷиноятро, ки фошу ошкор, огаҳ бувад мақсуд,
Ҷинояткори пинҳонгаштаро дарёфт бояд зуд.
Биҷӯем одамони бенишону гумҷасадҳоро,
Зи иттило амни миллӣ огаҳ беш бояд буд.
Мактаби илмии Раҳимзода Р.Ҳ., ки баъзан «Қонунияти ФОҶ ва сиёсати оперативии ҷустуҷӯӣ» номида мешавад, маҳз дар заминаи қонуният ташаккул ёфт. Ҳуқуқшиноси шинохта Ромашов Р.А., Р.Ҳ. Раҳимзодаро муаллифи мафҳуми «қонунияти ФОҶ ва сиёсати оперативии ҷустуҷӯӣ» номида, дар борааш хеле хуб навиштааст. Вай аз ҷумла мегӯяд: «Мо мутмаинем, ки равиши илмии Раҳимзода Р.Ҳ. барои ФОҶ дар Тоҷикистон ояндасоз хоҳад буд. Боиси хушнудист, ки шумори ҷонибдорони самте зери унвони «Қонунияти ФОҶ», «Сиёсати оперативии ҷустуҷӯӣ» дар Россия низ афзуда истодааст.
Ба фарқ аз бисёрии муаллифоне, ки сиёсати оперативии ҷустуҷӯиро чун қисми сиёсати дохилии ҷиноӣ таҳқиқ кардаанд, олимони рус аз қабили С.И.Захартсев, Ю.Ю.Игнашенков ва В.П. Салников чунин андеша доранд, ки сиёсати оперативии ҷустуҷӯӣ қисми таркибии сиёсати давлат аст.
Бинобар ақидаи Раҳимзода Р.Ҳ. сиёсати оперативии ҷустуҷӯӣ наметавонад бо ҳалли масъалаҳои марубт ба сиёсати дохилӣ маҳдуд шавад. Он аввалан, дар дохили кишвар, дар заминаи санадҳои қонунии миллӣ ташаккул меёбад. Сониян, сиёсати оперативии ҷустуҷӯӣ дар равобити хориҷӣ, дар раванди ҳамкории минтақаӣ ва байналмилалии мақомот, хадамот ва воҳидҳои оперативии ҷустуҷӯӣ, бар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ амалӣ карда мешавад. Ба туфайли корҳои Раҳимзода Р.Ҳ. имрӯз олимон камтар аз равиши идорӣ кор мегиранд. Аввалан ин бо таѓйирёбии вазъияти кишвар ва ҷомеа вобаста аст. Одамон акнун қонунҳоро беҳтар медонанд, чӣ гуна ҳимоят кардан аз ҳуқуқи худ, истифода бурдани дастовардҳои демократия, фаҳмидани ҳақиқати маълумеро, ки роҳи наҷот танҳо қонун аст, ёд гирифтанд. Сониян, худи субъектони ФОҶ ҳам дигаргун шудаанд. Дар байни онҳо кормандони ҷавоне бисёранд, ки дарҳол аз замони донишҷӯӣ мутаваҷҷеҳи риояи қонун мебошанд ва мақоли «Мо мақомоти оперативием - ҳақ дорем ҳама корро кунем»-ро қабул надоранд. Сеюм, худи олимони соҳаи ФОҶ низ таѓйир ёфтаанд, ки дар муассисаҳои илмию таълимии идорӣ кор мекунанд. Онҳо акнун худро маҳз олим мешиносанд, на корманди идораҳои оперативӣ. Озодии нисбии баён, рақобати ақидаҳо ва ѓ. пайдо шудааст. Дар асарҳои онҳо беш аз пеш на таҷрибаи наслҳои пешин, амалияи фароҳамшуда ва ба ном «зарурияти оперативӣ», балки риояи талаботи қонун таъкид карда мешавад. Ѓайр аз ин, барои адои хидмат ба воҳидҳои оперативӣ бисёртар кормандоне меоянд, ки маълумоти ҳуқуқшиносӣ доранд. Шумораи ба ном «саводнокҳо» аз мактабҳои олии маданӣ торафат камтар шуда истодааст.
Дар чунин вазъият, албатта, мактаби илмии Раҳимзода Р.Ҳ. бартарӣ хоҳад дошт ва ин дуруст мебошад.
Банобар ин илми ФОҶ махсусан ниёзманди корҳои хусусияти назариявидошта буд, ки асосҳои методологии онро шарҳ диҳанд. Ба Раҳимзода Р.Ҳ. - олими дорандаи дониши амиқи назариявии ҳуқуқӣ ва фалсафӣ муяссар шуд, ки илми ФОҶ-о ба сатҳи нав барояд. Асарҳои ӯ дар боби ФОҶ ҳамеша ба заминаи қавии фарҳанги ҳуқуқӣ асос меёбанд.
Ӯ мавзӯъ, объект, сохтори илмро дақиқ муайян намуда, методологияи онро таҳия кард. Монографияи Раҳимзода Р.Ҳ. зери унвони «Фаъолияти оперативии ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони ҳозир» аз аввалин китобҳоест, ки дар он асосҳои таърихию методологии илми ФОҶ дар асоси фалсафӣ-методологӣ» аниқу дақиқ нишон дода шудаанд. Албатта, Раҳимзода Р.Ҳ. фарҳанги ҳуқуқӣ, фалсафаи ҳуқуқ ва методологияи ҳуқуқро бо ҳадафи гирифтани маълумоти воқеан ҳақиқӣ, муайян кардани ҳақиқати воқеӣ рабт медиҳад. Масъалаи мавҷудияти ҳақиқати объективӣ, имкони дастёбӣ ба он алҳол яке аз масъалаҳои марказии илми фалсафаи ҳуқуқ ва методологияи фаъолияти оперативии ҷустуҷӯӣ мебошад. Кормандони оперативӣ мекӯшанд фақат ҳақиқати объективиро муайян кунанд, шахсони воқеан гунаҳкор дар содир намудани ҷиноятро ёбанд. Ин ба мо аз адабиёт ва филмҳо, балки аз фаъолияти кории муштарак дар хадамоти оперативӣ ҳамроҳ бо Раҳимзода Р.Ҳ. ба хубӣ маълум аст. Ҷонибдорони инкори зарурати муайяннамоии ҳақиқати объективӣ ин далелро ё намедонанд, ё барқасд хонандагонро ба гумроҳӣ мебаранд.
Бидуни шак, яке аз дастовардҳои илмии Раҳимзода Р.Ҳ. асоснок ва таҳия кардани илми нави амалӣ - сиёсати оперативии ҷустуҷӯӣ мебошад. Риояи сахтгиронаи асосҳои методологӣ дар фаъолияти оперативии ҷустуҷӯӣ, таҳияи дақиқи асосҳои илмшиносии он ва умқи пажӯҳиш - хусусиятҳои фарқкунандаи мактаби Раҳимзода Р.Ҳ. аз тамоми мактабу равияҳои дигари ФОҶ мебошанд.
Раҳимзода Р.Ҳ. мутахассиси саршиноси сиёсати оперативии ҷустуҷӯӣ дар самти таъмини амнияти иқтисодӣ мебошад. Дар заминаи сиёсати ҳуқуқи ҷиноӣ ва оперативии ҳуқуқӣ самти нав - қонунияти ФОҶ пайдо шуд, ки асосгузораш Раҳимзода Р.Ҳ. аст. Қонунияти ФОҶ аз нигоҳи Раҳимзода Р.Ҳ. чист? Пеш аз ҳама, амалисозии фаъолияти оперативии ҷустуҷӯӣ риоя кардани қонунияти баргузории он, дарки ҳақиқате, ки ФОҶ барои одамон аст, на бар зидди онҳо, чуноне ки бисёре аз шаҳрвандон мепиндоранд. Ѓайр аз ин, Раҳимзода Р.Ҳ. танҳо ба зарурати ҳимояи ҳуқуқи табиии инсон ҳангоми иҷрои фаъолияти оперативии ҷустуҷӯӣ, маҳдудсозии оқилона ва асосноки ҳуқуқи инсон танҳо бар асоси қарори суд таъкид мекунад.
Бо ташаббуси Раҳимзода Р.Ҳ. барои кормандони оперативӣ ва дигар кормандони нозири мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар пойгоҳи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои доимии такмили ихтисос барои такмили зарурии малакаи кор аз рӯи китобҳои дарсӣ ва монографияҳои Раҳимзода Р.Ҳ. фаъолият мекунанд, то минбаъд кормандони оперативӣ дар ҷараёни гузарондани ин ё он чорабинии оперативии ҷустуҷӯӣ расмиёти муқаррарнамудаи қонунро дурусттар риоя карда тавонанд.
Далел овардан ин ҳатмист ҳангоми ниҳонкорӣ,
Ба садҳо ҳилабандӣ, бо ривоятҳои даркорӣ.
Ба кори ҷустуҷӯй бо усулу роҳу восита,
Ҷинояткор маҳбас мешавад, исбот агар дорӣ.
Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои мазкур бо ҳама кормандони мақомоти иҷрокунандаи ФОҶ ва бо мақомоти нозир, боварии судяҳо, прокурору муфаттишҳо ба ФОҶ ва натиҷаҳои он зиёдтар шуд. Омӯзиши рӯзафзуни танзими ҳуқуқии ФОҶ дар муассисаҳои таҳсилоти ҳуқуқӣ тасдиқи ин гуфтаҳост. Ҳамагӣ чанде пеш дар мақолаи илмие Раҳимзода Р.Ҳ. масъала гузошта буд, ки судя бояд фаъолияти оперативии ҷустуҷӯиро донад, акнун асосҳои ФОҶ-ро амалан дар ҳама ҷо меомӯзанд.
Баҳри такмили раванди таҳсил, таъмини назму камоли фаъолияти оперативии ҷустуҷӯӣ, бо мақсади омӯзонидани мутахассисони баландихтисоси соҳаи мазкур аввалин бор дар пойгоҳи Академияи ВКД Тоҷикистон, бо Фармони Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Р.Ҳ. аз 19 майи соли 2017 донишкадаи нав, факултети омодасозии кадрҳои оперативӣ барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис ёфта, 22.11.2019 он ба факултети фаъолияти оперативии ҷустуҷӯӣ табдил дода шуд.
Барои ташкили раванди таълими факултети мазкур дар ҳудуди Академия бинои нави панҷошёнаи ҷудо аз ин факултет сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи бошукӯҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳузур дошт ва ӯ ба Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Р.Ҳ баҳои баланд дода арзи сипос намуданд.
Дар факултети фаъолияти оперативии ҷустуҷӯӣ ду кафедра кор мекунанд:1) кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативии ҷустуҷӯӣ, 2) кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ. Дар оянда Вазорат таъсиси боз як кафедраи «техникаи махсус ва таъмини амнияти иттилоотӣ»-ро ба нақша гирифтааст.
Хусусияти мактаби илмии Раҳимзода Р.Ҳ. инчунин дар кӯшиши афзоиши доимии дониш, нигоҳи нав ба илму амал таҷассум меёбад.
Бо мақсади амалигардонии корҳои илмии тадқиқотӣ, илмии матбуотӣ ва таъмини иттилоотии консепсияи сиёсати оперативии ҷустуҷӯӣ ва дигар илмҳои ҳуқуқӣ, бо ташаббуси Раҳимзода Р.Ҳ. аз соли 2015 маҷаллаи илмии «Осори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекунад, ки бо Қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ба Номгӯи маҷаллаҳои илмии тақризшаванда шомил карда шудааст. Эътирофи маҷаллаи илмии «Осори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия гувоҳи аз он медиҳад, ки ин маҷалла ба расмият шинохта ва ба низоми ягонаи илмҳои ҷаҳон дохил карда шудааст.
Инчунин бо ташаббуси Раҳимзода Р.Ҳ. маҷаллаи илмӣ-иттилоотии «Нарко-Фронт» фъолият мекунад, ки дар он олимони мутахассиси ВКД ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварамон бо ҷидду ҷаҳди якҷояи намояндагони илму амал роҳҳои самараноки татбиқи усулҳои фаъолияти оперативии ҷустуҷӯирои оид ба мубориза алайҳи гардиши ѓайриқонунии воситаҳои нашъаовар, пешгирӣ ва қатъи нашъамандӣ таҳқиқ мекунанд.
Моҳи июни соли 2016 Раҳимзода Р.Ҳ. бо намоиши асарҳои худ дар Озмуни илмии солонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ширкат варзида, соҳиби ҷоизаи ба номи М.С Осимӣ дар соҳаи фаъолияти оперативии ҷустуҷӯӣ шуд.
Моҳи апрели соли 2016 Раҳимзода Р.Ҳ. узви ҳақиқии (Академики) Академияи ҷаҳонии илмҳои амнияти дастаҷаъмона интиоб шуд. Дипломро Президенти АМИ Тоҷикистон д.и.ф. академик Раҳимӣ Ф.К. тақдим кард.
Моҳи декабри соли 2016 дар шаҳри Астанаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо ташаббуси Академияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи назди Прокуратураи генералӣ ва Китобхонаи ба номи Аввалин Президенти Қазоқистон, пешвои миллат Нурсултон Назарбоев озмуни байналмилалии ИДМ «Нашрияи беҳтарини донишгоҳӣ дар соҳаи фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ» баргузор шуд, дар номинатсияи «Нашрияи беҳтарин дар масъалаҳои мурофиаи ҷиноӣ, криминалистика ва фаъолияти оперативии ҷустуҷӯӣ» Раҳимзода Р.Ҳ. монографияи худ «Фаъолияти оперативии ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони ҳозир»-ро пешниҳод карда, ҷои якумро гирифт.
Имрӯз олимеро дар соҳаи ФОҶ ёфтан мушкил аст, ки бо осори Раҳимзода Р.Ҳ. ошно набошад. Онҳоро чун замина барои таҳқиқоти илмӣ истифода мекунанд, барои дарки ФОҶ ҳамчун далел иқтибос меоранд. Яъне, мактаби илмии Раҳимзода Р.Ҳ. муваффақона инкишоф меёбад. Алҳол ин мактаби илмӣ ҳам дар Россия ва ҳам дар кишварҳои дигари ҷаҳон машҳур аст. Китобҳои Раҳимзода Р.Ҳ. асосан ба забони тоҷикӣ ба табъ расида бо забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума мешудаанд.
Ба ин васила, имрӯз бо итминони комил метавон гуфт, ки дар Тоҷикистони муосир мактаби илмии нави доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо номи «Мактаби омӯзиши фаъолияти оперативии ҷустуҷӯӣ» ташаккул ёфтааст. Ин самти нави илми ҳуқуқи муосири кишвар, фанни таълимии нав аст, ки маҷмӯан, аз мавқеи як қатор соҳаҳои ҳуқуқ ва илмҳои ҳуқуқшиносӣ, аз қабили назарияи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи муроифивии ҷиноятӣ, ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, криминалистика ва криминология ва ѓ. баромад мекунад.
Аз он вақте, ки шуд фаъол кори ѓайбу пинҳонӣ,
Нуҳуфта кай бувад кирдори номатлуби инсонӣ.
Ниҳонӣ нисфи осор ошкорову аён бинвишт,
Ва дуввум қисм махфӣ монд чун асрори навгонӣ.
Аз самими дил ба Раҳимзода Р.Ҳ. дар фаъолияти эҷодияшон муваффақиятҳо, инкишофи фаъолияти илмиву амалии самти бонуфузу ояндадор - «Мактаби омӯзиши фаъолияти оперативии ҷустуҷӯӣ»-ро таманно мекунем. Барои ин мактаб шукуфоии илмӣ ва барои асосгузораш Раҳимзода Рамазон Ҳамро комёбиҳои эҷодиро орзумандам.
[Шеърҳои дар мақола овардашуда маҳсули эҷодии Раҳимзода Р.Ҳ мебошанд].
ЗОИР Ҷурахон, Маҷидзода,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ профессор, Мушовири давлатии адлия дараҷаи якум,
генерал-майори милитсия, Мудири Шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти давлат ва ҳуқуқӣ
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
ҚУРБОНОВА Ширин
сарходими илмии Шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,
доктори илмҳои таърих