×

МЕҲРГОН – ҶАШНИ БОСТОНӢ ВА РАМЗИ ФАРОВОНӢ: ЗАМИНАҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГИИ ОН

Бозгашт ба мавод

МЕҲРГОН – ҶАШНИ БОСТОНӢ ВА РАМЗИ ФАРОВОНӢ: ЗАМИНАҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГИИ ОН

ИОМДОА Сиёсат 14-10-2026 ш.Душанбе
МЕҲРГОН – ҶАШНИ БОСТОНӢ ВА РАМЗИ ФАРОВОНӢ: ЗАМИНАҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГИИ ОН

Ҷашни Меҳргон яке аз ойинҳои куҳантарини фарҳанги мардумони форсу - тоҷик ба шумор меравад, ки дар он тасаввуроти инсон дар бораи табиат, офтоб, фаровонӣ ва муносибатҳои иҷтимоӣ ба ҳам омадаанд.

Пайдоиши ин ҷашнро танҳо ба як рӯйдоди таърихӣ нисбат додан дуруст нест, зеро он дар натиҷаи ташаккули тадриҷии ҷаҳонбинии тақвимӣ, кишоварзӣ ва ахлоқии ҷомеаи бостонӣ ба вуҷуд омадааст. Ҷашни Меҳргон дар оғози пайдоиш эҳтимолан ба марҳалае вобаста буд, ки инсон тағйироти мавсимӣ ва таъсири онҳоро ба ҳаёти худ мушоҳида мекард. Кам шудани гармии тобистон, фаро расидани тирамоҳ ва ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ барои ҷомеаҳои қадим воқеаҳои муҳими иҷтимоӣ ва иқтисодӣ буданд. Аз ин рӯ, ҷашн на танҳо хусусияти маросимӣ, балки аҳамияти амалӣ низ дошт.Он ҷамъбасти як давраи меҳнатӣ ва оғози марҳалаи нави омодагӣ ба зимистонро ифода мекард. Аз ин лиҳоз ҷашни Меҳргонро метавон яке аз шаклҳои қадимии изҳори сипос барои ҳосили бадастомада ва неъматҳои табиат донист. Ин маъно дар давраҳои баъдӣ бо тасаввуроти динӣ, асотирӣ ва сиёсӣ пайваст гардид. Ҳамин омезиш боис шуд, ки ҷашни Меҳргон дар хотираи таърихии мардум ҳамчун ҷашни дорои мазмуни бисёрқабата нигоҳ дошта шавад. Муҳаққиқони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон “пайдоиши онро ба суннатҳои пешдодӣ, рушди кишоварзӣ ва ташаккули тақвимии деҳконӣ нисбат медиҳанд”.

Мафҳуми “Меҳргон” аз ҷиҳати маъноӣ бо вожаи “меҳр” иртибот дорад. Дар фарҳанги бостонии эронӣ меҳр ҳамзамон маъноҳои дустӣ, аҳд, вафодорӣ, рӯшноӣ ва офтобро ифода мекард. Ин вижагӣ ҷашнро аз як иди одии мавсимӣ болотар мебурд ва ба он мазмуни ахлоқию иҷтимоӣ мебахшид. Меҳр ҳамчун мафҳуми аҳд ва паймон муносибати байни инсонҳо, ҷомеа ҳамчун рамзи рӯшноӣ бошад, муқобили торикӣ, бесарусомонӣ ва бадӣ қарор мегирифт.Аз ин нуқтаи назар, ҷашни Меҳргон таҷҷасуми ғояи пирӯзии тартиб, адолат ва зиндагии созанда бар харобӣ ва зулм буд. Пайванди он бо офтоб низ тасодуфӣ нест, зеро дар ҷаҳонбинии қадим офтоб манбаи ҳаёт, гармӣ ва ҳосилнокии замин ба ҳисоб мерафт.

Бар ин асос Абурайҳони Берунӣ дар шарҳи суннатҳои марбут ба ҷашни Меҳргон ба алоқаи ин ҷашн бо офтоб ишора мекард ва менависад, ки “дар ойини Сосониён тоҷе бо тасвири офтоб истифода мешуд. Ин маълумот нишон медиҳад, ки унсурҳои рамзии ҷашн дар давраҳои таърихӣ шаклҳои гуногун гирифта, аммо мазмуни асосии онҳо – эҳтиром ба рӯшноӣ ва ҳаёт боқӣ мондааст”. Аз нигоҳи таҳлилӣ, маҳз ҳамин чандмаъноӣ имконият дод, ки ҷашни Меҳргон дар муҳити гуногуни фарҳангӣ ва таърихӣ мутобиқ шуда, давом ёбад. Аз ин рӯ таҳлили ҷашн бояд ҳам ҷанбаи тақвимӣ ва кишоварзии онро фаро гирад, ҳамзамон мазмуни ахлоқӣ ва рамзии дар тӯли таърих ташаккулёфтаро.

Дар низоми тақвимии бостонии эрониён Меҳргон ба моҳи ҳафтуми сол – моҳи Меҳр вобаста буд. Тибқи  маълумоти пешниҳодкардаи муҳаққиқони тоҷик, ин моҳ тақрибан аз 22 сентябр то 22 октябрро дар бар мегирифт ва бо давраи тирамоҳӣ мувофиқат мекард. Ин санаҳои тақвимӣ аҳамияти махсус дошт, зеро дар чунин давра қисми асосии корҳои кишоварзӣ ба анҷом мерасид. Ҷамъоварии ғалладона, мева, ангур ва дигар маҳсулот ба аҳолӣ имкон медод, ки натиҷаи меҳнати яксолаи худро арзёбӣ кунад.

Лозим ба ёдоварист, ки ривоятҳои асотирӣ дар бораи пайдоиши ҷашни Меҳргон мазмуни таърихию рамзии онро боз ҳам ғанӣ мегардонанд. Дар баъзе манбаъҳо ҷашн ба муборизаи Манучеҳр бо Афросиёб ва ба ҳодисаҳои марбут ба Ораш нисбат дода мешавад. Абурайҳони Берунӣ пайдоиши ҷашни Меҳргонро дар “Осор-ул- боқиё” бо ду ривоят алоқаманд медонад; яке ба муҳорибаи Манучеҳр ва Афросиёб ва дигаре ба мафҳуми дахюпатӣ, яъне фармонравоӣ ва ободонии мулк. Ҳарчанд ин ривоятҳо наметавонанд ҳамчун далели мустақими таърихи пайдоиши ҷашн қабул шаванд, онҳо барои фаҳмиши ҷаҳонбинии ҷомеаҳои қадим аҳамияти калон доранд. Дар ин ҳикояҳо ҷашни Меҳргон ҳамчун рамзи барқарор шудани тартиб ва ҳокимияти одилона тасвир мешавад. Пайванди он ба кишоварзӣ низ  дар мафҳуми ободонии мулк ва фароҳам овардани шароити зиндагии мардум ифода меёбад. Аз нигоҳи таҳлилӣ гирем, қаҳрамонони чунин ривоятҳо танҳо шахсиятҳои афсонавӣ нестанд, балки рамзи мубориза барои ҳифзи сарзамин, адолат ва зиндагии осоишта мебошанд. Ин маъноҳо имконият медиҳад, ки ҷашн дар адабиёт ва хотираи мардум ҷойгоҳи устувор пайдо кунад.

Ҳамин тариқ, пайдоиши ҷашни Меҳргон таниҷаи таъсири якчанд омил- мушоҳидаи ҳаракати фаслҳо, эҳтиром ба офтоб, рушди кишоварзӣ, ташаккули тақвим ва ба вуҷуд омадани ривоятҳои асотирӣ мебошад. Сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ нишон медиҳанд, ки ҷашн дар давраҳои гуногун мазмунҳои нав гирифта, аммо робитаи худро бо рушноӣ, ҳосил, адолат ва ободӣ нигоҳ доштааст. Аз ин рӯ, таърихи ҷашни Меҳргон бояд ҳамчун раванди дарозмуддати ташаккули як падидаи мурракаби фарҳангӣ омӯхта шавад.

Дар “Авасто”, “Шоҳнома”-и  Абулқосим Фирдавсӣ, “Таърихи Бухоро”- и Наршахӣ, “Сиёсатнома”- и Низомулмулк ва “Наврӯзнома”- и Умари Хайём дар бораи ҷашнҳои бостонӣ аз он ҷумла Меҳргон маълумотҳои гуногун оварда шудаанд.  Албатта, ин асарҳо аз ҷиҳати замони таълиф, ҳадаф ва усули он яксон нестанд. Баъзе аз онҳо хусусиятҳои динӣ ё асотирӣ доранд, қисми дигар ба таърихи тавлатдорӣ, тақвим ва расму ойинҳо таваҷҷуҳ мекунанд. Аз ин рӯ маълумоти онҳо бояд бо назардошти хусусияти ҳар як сарчашма таҳлил карда шавад. Ривоятҳои асотирӣ далели мустақими воқеаи таърихӣ нестанд, вале тасаввуроти ҷомеаро дар бораи пайдоиш ва маънои ҷашн инъикос менамоянд.

Дар давраи муосир масъалаи эҳёи ҷашнҳои суннатӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии Тоҷикистон табдил ёфт.  Ин раванд танҳо бозгардонидани маросимҳои гузашта набуда, балки талоши барқарор кардани робитаи ҷомеа бо хотираи таърихӣ ва арзишҳои миллӣ мебошад.

Ҳамин ҳамоҳангӣ ба ҷашни Меҳргон имкон медиҳад, ки дар шакли муосир вале бо нигоҳ доштани решаҳои таърихии худ инкишоф ёбад. Дар ин замина қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 таҳти №538  дар роҳи эҳёи ҷашни расмии Меҳргон қабул гардид.  Аз ҳамон сол эътиборан таҷлили ҷашни Меҳргон дар саросари кишвар ба роҳ монда шуд.  Ин санад ҷашнро аз доираи таҷрибаи маҳаллӣ берун оварда ба сатҳи сиёсати умумимиллии фарҳангӣ баровард. Таҷлили ҷашни Меҳргон дар сатҳи давлатӣ аҳамияти рамзӣ дорад, зеро он нишон медиҳад, ки фарҳанги миллӣ қисми муҳими сиёсати давлатсозӣ ва худшиносии ҷомеа мебошад.

Аз нигоҳи таҳлилӣ, эҳёи ҷашни Меҳргон дар дар Тоҷикистон  дорои се сатҳи асосӣ мебошад: ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ.

Сатҳи ҳуқуқӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 вобаста аст, ки барои таҷлили мунтазами ҷашн замина гузошт. Сатҳи фарҳангӣ дар баргузории маросимҳо, намоишҳгоҳҳо, барномаҳои ҳунарӣ ва эҳёи унсутҳои суннатӣ ифода меёбад. Сатҳи маърифатӣ бошад ба омӯзиши таърих, шарҳи рамзҳо ва интиқоли дониш ба насли ҷавон иртибот дорад. Агар яке аз ин сатрҳо суст бошад, ҷашн наметавонад мақоми устувори фарҳангӣ пайдо кунад.  Дар ин сурат ҷашни Меҳргон метавонад ҳам хотираи гузашта ва ҳам воситаи тарбияи фарҳангии имрӯз гардад ва на танҳо ҳамчун ҷашни гузаштагон, балки ҳамчун мероси зиндаи фарҳангӣ ва воситаи таҳкими худшиносии миллӣ арзёбӣ гардад.

 

ДОСТИЕВА Дилафруз,

ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ