Истиқлол муҳимтарин рукни давлатдорӣ буда ба даст овардан ва устуворгардонии он аз ҳар халқу миллат талошҳои зиёдро тақозо менамояд. Таърихи соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон далели ин гуфтаи болост.
Таҷрибаи пурғановати таърихи башарият собит месозад, ки пешрафти ҳар миллату давлат ба нақши шахсиятҳои барҷаста вобастагии амиқ дорад. Барои англисҳо Уинстон Черчилл, барои фаронсавиҳо Шарл де Голл, барои кубагиҳо Фидел Кастро, барои ҳиндуҳо Маҳатма Ганди, барои русҳо Пётри Кабир, барои чиниҳо Мао Сзэдун, барои туркҳо Мустафо Камол Отатурк, барои ветнамиҳо Ҳо Ши Мин, барои мардумони форсу тоҷик Куруши Кабир ва Исмоили Сомонӣ шахсиятҳое буданд, ки давлату давлатдорӣ ба номи онҳо вобаста аст.
Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ҳанӯз ибтидои кор аст. Аз ҳама мушкил таҳкимбахшӣ ва аз хатарҳои дохилию хориҷӣ эмин нигоҳ доштани истиқлолият мебошад. Таҳдидҳое, ба монанди тарроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва сарчашмаҳои маблағгузории он, қочоқи яроқу аслиҳа, ҷинояткории мутташаккили фаромиллӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ба воситаи интернет ва дигар абзорҳои ахбори умум воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа барои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон хатарзо мебошанд.
Берун овардани кишвар аз љанги тањмилии шањрвандї, таќвияти сулњ ва вањдати миллї, ба вуљуд овардани «фарњанги сулњи тољикон», тањкими истиќлолияти давлатї, ислоњоти фарогир, эњёи аркони фалаљшудаи идоракунї, ќабули рамзњои давлатї, арљгузорї ба арзишњои таърихї, миллї ва фарњангї, ташаккули низоми ќонунгузории миллї, боло бардоштани маќоми забони тољикї, эълони чор њадафи стратегии Њукумат, фароњам намудани шароити созгор барои тиљорату љалби сармоя, оѓози сохтмони неругоњњои барќи обии зиёд, аз љумла НБО «Роѓун», ташаббусњои сатњи љањонї дар соњаи об, кўшишњо бањри кам гардонидани фарќи байни шањр ва дењот, бењтар шудани сатњу сифати зиндагї, коњиши камбизоатї, афзоиши бесобиќаи Маљмуи мањсулоти дохилї, буљети давлат ва маошу нафаќа намунањо аз љамъи дастовардњои давлатдории муњтарам Эмомалї Рањмон ба њисоб мераванд [1].
Нобиғаҳои миллат замоне умр ба сар мебаранд. Андеша, таълифот ва рисолатҳои анҷомдодаашон боиси комишавии таърих ва наслҳои оянда мегардад. Дар замони рушди васитаҳои ахбори умум, ривоҷи технологияҳои иттилоотию каммуникатсионӣ имкон ҳаст, ки аз як фардро шахсияти бузургу нотакрор вонамуд созанд.
Барои як давлат ва миллат ба даст овардани истиқлоли давлатӣ масъалаи меҳвари ба шумор меравад. Ин ҳақиқати таърих тақозо менамояд, ки ки наќши шахсияти таърихї ва сарвари сиёсї дар ин масири созандагињо њамаљониба омўхта шавад. Омўзиш на ба хотири парастиши шахсият, балки ба хотири муайян намудани хусусиятњои сарварї, малакаи идора намудани љомеа дар шароити гуногуни таърихию сиёсї, роњњои бартараф намудани мушкилињо, василањои амалї намудани идоракунии давлат, истифодаи технологияњои гуногуни рафъи зиддияту ихтилоф дар љомеа, дарёфти механизмњои ташкили њамкорињои самарабахш бо олами беруна, ќобилияти дарки мушкилињои пайдошаванда на танњо дар дохили кишвар, балки дар арсаи байналмилалї хосияти сирф илмї дорад. Ин љанба мубрамияти омўзиши мавзуъро боло мебарад.
Дар асоси гуфтањои боло метавон хулоса намуд, ки муайян намудани наќши Пешвои миллат Эмомалї Рањмон дар њифзу тањкими истиќлоли давлатї ва тањлили љанбањои сиёсии масъала дар шароити њассоси таѓйироти геополитикї, аз байн рафтани низоми давлатдорињои гуногун ањамияти рўзафзун касб намудааст.
Љомеа дар њама давру замон ба сарварии шахсе ниёз дорад, ки дар масири зиндагї шоњроњи дурусти ба маќсад расиданро нишон дињад. Аз ин рў, олимону мутафаккирон њанўз аз замонњои хеле ќадим ба наќш ва маќоми сарвари сиёсї таваљљуњ зоњир намуда, дар асарњои худ хислатњои накуи онњоро тавсиф намудаанд. Сарварї њамчун зуњуроти иљтимоию сиёсї дар рушди љомеањо, бахусус дар марњилањои њалкунандаи онњо, мењвар ва љавњар мебошанд. Њамин аст, ки сарвари сиёсиро дар фарњанги аксар халќу миллатњо њамчун арзиши сиёсї эътироф намуда, наќши онро дар тањкиму рушди давлатдорї муњимм медонанд. Назария ва консепсияњои гуногуни илмии дар ин самт ташаккулёфта моњияти илмии зуњуроти мазкурро асоснок менамоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронест, ки шахсияти сиёсии ӯ лаҳза ба лаҳза ва қадам ба қадам, дар пеши назари мардум, ҳамнафас бо ғаму шодии миллат ташаккул ёфта, ҷойгоҳи мардумии худро ба таври табиӣ дарёфтааст... Ин аст, ки чеҳраи ӯ чеҳраи табиӣ, шахсияти ӯ шахсияти воқеӣ ва хидматҳои ӯ хидматҳои бунёдӣ мебошанд [2].
Дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тўли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардўстона хидмат кардааст.
Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарият аз Зардушту Монӣ сар карда, то Рўдакиву Фирдавсӣ, Абўалӣ Синову Носири Хисрав, Умари Хайёму Имом Fаззолӣ, Шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Хоҷа Камолу Мавлоно Ҷомӣ, Сайидою Бедил барин садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд.
Эмомалӣ Раҳмон ба чунин вазъияти мушкилу мудҳиш нигоҳ накарда, баҳри барпо кардани давлати демократӣ, ягона, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, беҳтар сохтани ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва илмиву фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон саҳми арзанда ва тақдирсоз гузоштанд. Дар таърихи инсоният ин иқдоми муфид ва нодире буд, ки бо сарварии хирадмандонаи Асосгузузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити ниҳоят тақдирсози ҳарбӣ-сиёсӣ амалӣ карда шуд[4].
Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд.
Самараи неки истиқлол аст, ки имрўз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон - манбаи омўзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем.
Тафаккури таърихӣ имкон медиҳад, ки барои моҳияти ҳодисаҳо, мазмунан дуруст дарк кардани рӯйдодҳои пешин ва бардошти сабақи дуруст барои имрӯзу фардо тасмимҳои бехато ва дуруст гирифта шавад.
Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи миллати мо марҳалаи нав аст. Моро зарур аст, ки хешро амиқу аниқ шиносем, анъана, урфу одат ҷашну маросимҳоямонро эҳтиром намоем.
Агар дигар давлатҳо ҳангоми ба даст овардани мустақилият ва истиқлол ба мухолифатҳои дохилӣ дучор нашуда бошанд ва дар шароити амнияту субот давлатдориро соҳибӣ карда бошанд, Пешвои миллати мо дар вазъияти бениҳоят мушкили ҳарбӣ-сиёсӣ, ҷамъиятӣ, оғози ҷанги харобиовари шаҳрвандӣ, ки халқи тоҷик чунин воқеаи нангинро қаблан надидааст ва он дар натиҷаи таъсири андешаҳои тундгароёнаи доираву неруҳои бадхоҳи хориҷӣ ба миён омад, ҷасорат нишон дода, идоракунии давлати навбунёди миллати куҳансоли куҳанбунёди тоҷикро ба уҳда зимма гирифта, хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва аз миён рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷиконро аз байн бурданд ва бо азму талоши худ дар ҳар хонавода ҳукмфармо гардидани сулҳу салоҳ ва оромиро таъмин карданд. Дар чунин вазъ ва шароити таърихӣ рисолати идораи давлат ва берун баровардани он аз вартаи ҳалокати сиёсӣ ба дӯши ин шахси наҷиб вогузор гардид. Ҳол он ки дар чунин вазъияти даҳшатафзо аксари ходимони давлатӣ ва сиёсатмадорони ватанӣ аз иштирок дар ин саҳнаи барои миллати тоҷик тақдирсози таърихӣ ва барқарор кардани давлати навини тоҷикон ба тарсу ваҳм афтода, даст кашиданд[5].
Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки тибқи он Тоҷикистон низоми давлатдорӣ, дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.
Дар тӯли сию панҷ соле, ки Тоҷикистон бо усули низоми демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳукумат мекунад, ба дастовардҳои беназири иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ноил гардидааст.
Таърихи башар шоҳид аст, ки дар зарфи ҳазорсолаҳо давлати тоҷикон давраҳои шикасту барҳамхӯриҳоро пушти сар намуда, ҳар дафъа аз сари нав, мисоли мурғи Самандар аз хокистари таърих эҳё мешуд. Ин тақдири таърихии миллати мост, ки ҳеҷ халқи дигаре бо чунин рисолат ифтихор карда наметавонад. На Искандари Мақдунӣ, на Қутайба ва на Чингизхон азму иродаи истиқлолиятхоҳӣ, давлатдории тоҷиконро шикаста натавонистанд.
... Таъкид мекунам, ки бояд ҳамаи мо дар бобати ҳифзи суботу оромиши ҷомеа ва ваҳдуту ҳамдигарфаҳмии мардум масъул ва ҷавобгар бошем Мо бояд нерӯҳои зеҳнӣ ва маънавии худро маҳз барои таъмини беҳрӯзии шаҳрвандон ва тарбияи инсони комил равона намоем. Ин аст рисолати маънавии мо дар назди миллат ва дар назди Ватан[6].
Роҳи тайнамудаи сиву панҷ соларо пеши назар гузаронида, бармало дарк менамоем, ки дар ин муддат бо татбиқи консепсияҳо, нақшаю барномаҳо дар масири бунёди Тоҷикистони навин ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаем. Умри Истиқлоли давлатии мо сиву панҷ сол аст, аммо умри миллати мо ва таърихи давлатдории мо ҳазорсолаҳоро фаро мегирад. Ниёгони мо дар саргаҳи фанни давлатдорӣ қарор доштанд ва намунаҳои аввалини давлатҳоро барои башарият эҷод намуданд.
Ин истиқлол душманони дохилӣ ва хориҷие дошт, ки мехостанд ба тоҷикон мазҳабу фарҳанги бегонаро таҳмил намуда давлати исломӣ созанд. Душманони миллату ватан тавонистанд мардумро ба коми оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашанд. Дар натиҷа миёни як миллат сангарҳои муқобили ҳам барпо карда шуданд. Акнун ҷабҳаи муқовимат аз хонаҳо, аз миёни падару писару бародар ва тафаккуру андешаҳои онҳо мегузашт. Ҳама ҷо ҷабҳа буд. Ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид. Ин ҷанг зарба ба ҷони миллат буд, зарба ба иқтисодиёт, сиёсат ва фарҳанги он буд. Мақсад аз байн бурдани давлати тозаистиқлоли тоҷикон иборат буд.
...Бо масъулияти том метавон гуфт, ки ҳастии кишварамон ба ҳайси давлати алоҳидаи мустаъқил... ба шахсияти фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди абадӣ касб намудааст[3].
Агар дастовардҳои усулиро канори ҳам гузорем, метавон гуфт, ки дар натиҷаи фаъолияти ҷиддӣ ва бисёрсамтаи Эмомали Раҳмон давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобуди наҷот ёфт, тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун давлати ягона ҳифз шуд, аркони асосии сиёсӣ, идорӣ ва қудратии давлатдории миллӣӣ мо эҳё ва барқарор гашт, миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсию этнофарҳангӣ эҳё ва ҳифз гардид, ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон таъмин шуд, зерсохторҳои зарурии Ваҳдати миллӣ барқарор гардиданд, сохти давлатӣ ва самти сиёсии давлатдории тоҷикон дар замони муосир мушахас шуд, соҳаҳои асосии хоҷагии халқи мамлакат барқарор гашт ва ниҳоят, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи устувори худро дар арсаи байналмилалӣ касб намуд.
Муддати 35 соли баъди баргузории Иҷлосияи шонздаҳум барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон даврони худшиносӣ, ҳувият, ободонию фарҳангсозӣ ба шумор меравад.
Миллати тоҷик сохти дунявии давлатдориро интихоб намуд. Тули таърих ин миллат дар сохтҳои сиёсии гуногун зиндагӣ намуда суду зиёни онҳоро дар хотираи таърихии худ нигоҳ доштааст. Ин миллати бостонӣ дар давлатҳое чун аморати Бухоро ва Иттиҳоди Шуравӣ ба сар бурдааст ва таҷрибаи онро дар кулвори таърихаш нигоҳ медорад. Ҳамин таҷрибаи таърихӣ асос шуд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сохти давлати миллии дунявиро интихоб намуданд.
Маънии истиқлолро имрӯз ба тарзҳои гуногун шарҳ медиҳанд. Аммо ба андешаи мо шарҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳи дақиқ аст. Сарвари давлат мегуяд:” Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷамеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустаъқилона пеш мебарад”.
Акнун имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтёру соҳибистиқлол, дорои ҳамаи аломату рукнҳои давлатдорӣ – умумияти забону ҳудуду фарҳанг, рамзҳои давлатӣ: Суруди миллӣ, Парчами давлатӣ, пойтахт, пули миллӣ арзи ҳастӣ дорад, ки боиси ифтихори ватандории ҳар яки мову шумо мебошад.
Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистонро 192 давлати ҷаҳон ба расмият мешиносад, бо 186 кишвари ҷаҳон муносибатҳои хуби дипломатӣ барқарор намудааст. Дар кишварҳои хориҷ 39 адад намояндагии дипломатӣ ва муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар 20 давлатҳои дигар сафирони ғайримуқим фаъолият доранд. Имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 сафорати кишвари хориҷӣ, 57 намояндагии созмони бонуфузи байналмилалӣ, минтақавӣ ва ғайридавлатӣ амал менамоянд. Тоҷикистон имрӯз аъзои зиёда аз 80 ташкилотҳои байналмилалист.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати як давлати соҳибистиқлол дар асоси Консепсияи сиёсати хориҷии худ, ки ҷавҳари онро сиёсати “дарҳои боз” ташкил медиҳад, узви беш аз 170 конвенсияи амалкунандаи ҷаҳонӣ мебошад, ки ҳамкориҳои судмандро дар самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мамлакат тадбиқ менамояд. Аз ин маълумоти мухтасар маълум аст, ки Тоҷикистон имрӯз соҳибистиқлол аст ва бад-ин симмат роҳу равиши тараққиёт, пешбурди сиёсати дохилӣ ва хориҷиашро мустаъқилона амалӣ менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудаи ҷуғрофиест, ки дар он халқияту миллатҳои гуногун паҳлуи ҳам зиндагӣ ва фаъолият доранд ва онҳо барои ҳамдигар бояд на танҳо ҳамватан, балки ҳамтақдиру ҳамфикру ҳаммавқеъ бошанд. Зеро ҳаводиси хунине, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон рӯй медиҳанд, бори дигар собит менамоянд, ки ҳамраъйии шаҳрвандони кишвар ва муттаҳидӣ дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои террористӣ натиҷабахш аст.
Сарфи назар аз мухталифии афкори сиёсӣ ва фарқи зиёд дар сатҳи зиндагиву вазни иҷтимоӣ, моро бояд як чиз муттаҳид намояд–масъулияти ҳифзи истиқлоли Ватану ваҳдати миллат. Бояд ҳамеша дар ёд дошт– барои мо вазифаи муҳимтар аз нигаҳдорӣ ва таҳкими истиқлолияти Тоҷикистон нест!".
ДАВЛАТОВ Зубайдулло Абдуллоевич
ходими калони илмии шуъбаи ИДМ – и
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
АДАБИЁТ
1. Абдулло Д.А., Нақши ниҳоди Пешвои миллат дар ҳифзу таҳкими истиқлоли давлатӣ(таҷрибаи Тоҷикистон)., Диссертатсия – Душанбе – 2023.- 180с. Саҳ. 4
2. Абдуллоҳи Р., Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои миллат:ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии масъала., Душанбе: “Ирфон”.- 2016, 54 с.- саҳ .- 8
3. Абдураҳмон Қ., Чаҳоряк асри ҷаҳду талош баҳри саодатмандӣ., Истиқлол заминаи рушди Тоҷикистон. – Хуҷанд:”Ношир”,2016. – 368с. – саҳ. - 41
4. Абулхаев Р.А. Пешвои миллат ва таҷрибаи нодири бозгардонидани фирориён ба Ватан / Вопросы новейшей истории таджикского народа (Сборник избранных статей и публикаций). Часть 7. Душанбе: «Ганҷи хирад», 2022. – С. 12.
5. Раҳимзода Р.Ҳ., Рисолати давлатдории Эмомалӣ Раҳмон.- Душанбе:”Эр –граф”, 2024.–472с. – саҳ. - 5
6. Эмомалӣ Р. Уфуқҳои истиқлол. – Душанбе:”Ганҷ нашриёт”, 2018. – 436с. – саҳ.- 17 – 18.