×

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ – ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКИСТОН

Бозгашт ба мавод

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ – ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКИСТОН

ИОМДОА Сиёсат 09-07-2026 ш.Душанбе
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ – ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКИСТОН

9 сентябри соли 1991 дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун рӯзи эҳёи давлатдории миллӣ ва оғози марҳилаи нави рушди Тоҷикистон сабт гардид. Дар ҳамин рӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол эълон шуда, ҳамчун давлати мустақил аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта шуд. Аз ҳамон давра то имрӯз Истиқлоли давлатӣ барои мардуми кишвар на танҳо як ҷашни миллӣ, балки рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва масъулияти таърихӣ нисбат ба сарнавишти давлат мебошад.

Истиқлол ба Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки роҳи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии худро мустақилона муайян намояд. Дар шароити нави таърихӣ заминаҳои ташаккули давлатдории муосир гузошта шуда, низоми идоракунии давлатӣ, сохторҳои қонунгузорӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ мутобиқ ба талаботи давлати соҳибихтиёр ташаккул ёфтанд.

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои солҳои аввали истиқлолият қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 мебошад. Ин санади олии ҳуқуқӣ асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, принсипҳои давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро муайян намуда, барои рушди минбаъдаи ҷомеа ва таҳкими қонуният заминаи устувор гузошт.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, «яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».

Дар давраи истиқлол рушди иқтисоди миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ гардид. Гузариш ба иқтисоди бозорӣ, ҷалби сармоягузорӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иштироки фаъол дар иқтисоди ҷаҳонӣ барои рушди устувори кишвар шароити мусоид фароҳам оварданд.

Яке аз масъалаҳои муҳими рушди иқтисодӣ расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад дар мамлакат сохтмон ва таҷдиди неругоҳҳои барқи обӣ амалӣ гардида, лоиҳаи стратегии Неругоҳи барқи обии «Роғун» идома дорад. Ин иншооти бузург на танҳо барои таъмини амнияти энергетикии Тоҷикистон, балки барои рушди иқтисоди минтақа низ аҳамияти калон дорад.

Дар баробари ин, рушди инфрасохтори нақлиётӣ яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият мебошад. Дар солҳои охир як қатор нақбҳо, аз ҷумла «Истиқлол», «Шаҳристон», «Чормағзак» ва «Озодӣ», инчунин роҳҳои байналмилалӣ ва дохилӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Иншооти мазкур имконияти беҳтари робитаи минтақаҳои кишварро фароҳам оварда, рушди савдо, сайёҳӣ ва ҳамкориҳои иқтисодиро суръат бахшиданд.

Дар соҳаи маориф низ дигаргуниҳои назаррас ба амал омаданд. Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, таҷдиди мактабҳо, рушди муассисаҳои таҳсилоти олӣ, дастгирии илм ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии аҳолӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мебошанд. Баланд гардидани сатҳи дониш ва маърифати ҷавонон ҳамчун омили муҳими рушди устувори ҷомеа арзёбӣ мегардад.

Соҳаи тандурустӣ низ дар солҳои истиқлолият рушд ёфта, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ беҳтар гардидааст. Сохтмони беморхонаҳо ва марказҳои саломатӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири тиббӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат намудаанд.

Бо таъмин гардидани сулҳу суботи сиёсӣ ва рушди инфрасохтор имкониятҳои нав барои рушди сайёҳӣ низ ба вуҷуд омаданд. Табиати нотакрор, мероси бойи таърихиву фарҳангӣ ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро бештар ҷалб намуда, Тоҷикистонро тадриҷан ба яке аз самтҳои ҷолиби сайёҳии минтақа табдил медиҳанд.

Ҳамин тариқ, Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон танҳо як воқеаи сиёсӣ набуд, балки оғози марҳилаи нави эҳёи давлатдорӣ, рушди иқтисодӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва болоравии нуфузи байналмилалии кишвар гардид. Дар тӯли зиёда аз се даҳсола Тоҷикистон роҳи пурпечутоб, вале созандаро тай намуда, барои рушди устувор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум заминаҳои муҳим фароҳам овардааст.

Ҳифз ва таҳкими истиқлолият вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Танҳо тавассути ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, эҳтиром ба қонун ва меҳнати созанда метавон дастовардҳои истиқлолро ҳифз намуда, барои наслҳои оянда Тоҷикистони боз ҳам пешрафта ва ободро мерос гузошт.

РАҲИМОВ Анваршо

ходими калони илмии шуъбаи ИДМ-и

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ