Дар шароити тағйирёбии пуршидати иқтисоди ҷаҳонӣ ва афзоиши талабот ба технологияҳои рақамӣ, энергеяи «сабз», воситаҳои нақлиёти барқӣ, маъданҳои муҳим ба яке аз омилҳои стратегии рушди иқтисодӣ табдил ёфтааст. Барои Тоҷикистон, ки дорои захираҳои гуногуни канданиҳои фоиданок буда, Кореяи Ҷанубӣ дорои саноати пешрафтаи технологӣ, таҷрибаи истеҳсолӣ ва талаботи зиёд ба ашёи хоми стратегӣ дорад, ҳамкорҳои дуҷониба дар ин соҳа метавонанд ба як самти рушдёбандаи муносибатҳои иқтисодии дуҷониба табдил ёбад.
Дар асоси сарчашмаҳои оморӣ ҳаҷми тиҷорат байни Тоҷикистону Корея айни замон аз 115 миллион доллар боло рафта, ва мунтазам афзоиш меёбад. То имрӯз зиёда аз 24 ширкати кореягӣ ба бозори Тоҷикистон ворид шуда, фаъолияти пурсамари худро пеш мебаранд. Дар тӯли се соли охир кишварҳо бо баргузории се форуми тиҷоратӣ ҳамкориҳои иқтисодиро густариш дода, ба марҳилаҳои нави он гаштанд. Тоҷикистон барои тақвияти ҳамкорҳо дуҷониба бо Корея, бахусус дар соҳаҳои истихроҷи маъдан, металлургия, саноати сабук ва саноати хӯрокворӣ расман омодагии худро эълон кардааст, зеро кишвари мо дорои тақрибан 40 намуди металлҳо ва маъданҳо буда, зиёда аз 800 кони маъданҳои полиметаллӣ ва металлҳои нодир мебошад. Аз ҷумла, истихроҷи мис, нуқра, тилло, литий ва волфрам аз имконоти баланди рушд хабар медиҳанд.
Илова бар ин, Тоҷикистон ба рушди саноат бо истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, айни замон 98% нерӯи барқи кишвар аз ҳисоби нерӯгоҳҳои барқии аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин карда мешавад. Пойгоҳҳои саноатии аз ҷиҳати экологӣ тоза барои ширкатҳои кореягӣ имкониятҳои умедбахшро барои сармоягузорӣ дар истеҳсоли батареяҳо барои мошинҳои барқӣ, нимноқилҳо ва саноати коркарди металлҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, фароҳам овардаанд.
Қобил ба зикр аст, ки захираҳои маъдании Тоҷикистон ва аҳамияти стратегии онҳо барои ниёзҳои Кореяи Ҷанубӣ хеле муҳим буда, имкониятҳои истихроҷи муштарак ва ҷалби сармояи кореягӣ, интиқоли технологияҳои муосири геологӣ ва коркарди амиқи маъдан барои рушди саноат ва содироти Тоҷикистон мусоидат хоҳанд намуд.
Аввалин Форуми дуҷониба оид ба маъданҳои муҳим соли 2026 дар шаҳри Сеул баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, геологҳо, муассисаҳои молиявӣ ва ширкатҳои бузурги маъдани кӯҳӣ аз Тоҷикистон ва Корея ҷамъ омаданд. Мавзӯи асосии музокирот муттаҳид сохтани имконоти бойи захираҳои Тоҷикистон бо технологияҳо ва коркарди Корея барои эҷоди базаҳои устувори таъминот буд. Дар ҷаласаҳои махсуси «B2B», ширкатҳои тоҷикӣ, аз ҷумла «Talco Gold», «Tilloi Toqik», «Pakrud», «Anzob» ва «Aprelevka» барои рушди конҳои тилло, нуқра ва сурма бо сармоягузорон машваратҳои мустақим оид ба ҷалби сармоя анҷом доданд.
Иштирокчиёни ин ҷаласаҳо ба лоиҳаи муштараки волфрам байни «GB Innovation» ва «TALCO» дар кони Майхура таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Бо захираҳои беш аз 1,92 миллион тонна маъдан, лоиҳа барои истеҳсоли 1400 тонна консентрати волфрам дар як сол пешбинӣ шудааст, ки он барои саноати мудофиа ва нимноқилҳо истифрда хоҳад шуд. Дар заминаи ин форумҳо, вазоратҳои дахлдор омода кардани ёддошти ҳамкории технологӣ ва ташаббуси таъсиси формати вазиронии «C5+Korea»-ро оғоз карданд. Рушди минбаъдаи шарикии саноатӣ дар рӯзномаи аввалин саммити дарпешистодаи «Ҷумҳурии Корея ва Осиёи Марказӣ» дохил шудааст.
Ба ҳамин тариқ, раванди таҳаввулоти мазкур ба хубӣ нишон медиҳад, ки муносибатҳои ду кишвар тадриҷан аз сатҳи муколамаи умумӣ ба самтҳои мушаххаси иқтисодӣ ва технологӣ мегузаранд, зеро самти рушди саноати кишвар барои истифодаи самаронокии иқдирори сарватҳои табии хело муҳим мебошад.
Қобил ба зикр аст, ки (солҳои 2025–2026) ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи маъданҳои муҳим ба самти мушаххаси ҳамкориҳои иқтисодӣ табдил ёфтаст. Аз ҷумла, моҳи майи соли 2025 байни Саридораи геологияи Тоҷикистон ва Институти илмҳои геологӣ ва захираҳои минералии Корея меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид. Моҳи ноябри соли 2025 ҷонибҳо масъалаи таҳкими занҷираҳои таъминоти маъданҳои муҳим дар Тоҷикистонро баррасӣ намуда, моҳи майи соли 2026 масъалаи густариши ҳамкории мутақобилан судмандро дар ҳамин соҳа муҳокима карданд.
Тоҷикистон дорои имкониятҳои назарраси маъданӣ буда, тибқи арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ, кишвари мо барои рушди истихроҷи ба тағйирёбии иқлим мутобиқ, аз ҷумла дар соҳаҳои литий, графит, унсурҳои нодири заминӣ ва металлҳои гурӯҳи платина, иқтидори қобили таваҷҷуҳ дорад. Ҳамзамон, сатҳи сармоягузорӣ ба корҳои иктишофии геологӣ то ҳол нисбатан паст боқӣ мондааст. Маҳз дар ҳамин замина Кореяи Ҷанубӣ метавонад барои Тоҷикистон шарики муҳими технологӣ ва сармоягузор бошад. Корея дар соҳаҳои коркарди ашёи хом, металлургия, электроника, истеҳсоли батареяҳо ва технологияҳои пешрафтаи саноатӣ таҷрибаи бою ғанӣ дорад. Аз ҷониби дигар, барои иқтисоди Корея, ки ба воридоти бисёре аз ашёи хоми минералӣ такя мекунад, дастраст намудани манбаъҳои нави боэътимоди таъминот дорои аҳамияти стратегӣ мебошад. Дар иртибот ба ин Бонки рушди Осиё соли 2026 як механизми махсуси маблағгузории занҷираҳои «аз маъданҳои муҳим то истеҳсолот»-ро таъсис дод. Дар ин механизм Бонки содироту воридоти Корея ва Корпоратсияи суғуртаи тиҷоратии Корея ҳар кадом ба маблағи 500 миллион доллари ИМА меморандумҳои ҳамкорро ба имзо расониданд.
Аз нигоҳи мо ин раванд барои рушди муносибатҳои иқтисодии дуҷониба аҳаммияти стратегӣ дошта, ба таҳкими сиёсати «дарҳои кушодаи иқтисодӣ», густариши робитаҳои тиҷоративу сармоягузорӣ ва фароҳамсозии заминаи мусоид барои ҳамкориҳои дарозмуддати иқтисодии кишварҳо мусоидат менамояд.
СОҲИБИ Баҳруло,
ходими калони илмии шуъбаи Аврупои
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ