Таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории Дарси сулҳ дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, тантанаву бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо ҳам робитаи мантиқӣ дошта, моҳияти асосӣ дар он ифода меёбад, ки дониш ва сулҳ омили ба ҳам вобаста буда, меҳвари пешрафти ҷомеаро ташкил медиҳанд. Агарчӣ дониш омили муҳими шаклгирии ҷаҳонбинӣ, худшиносӣ ва маърифат бошад, дар фазои сулҳу субот ва амният муҳити омӯзишу эҷодиёт, ихтирокорӣ ва илмомӯзӣ ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, пайваста соли нави таҳсил бо мавзуи сулҳ оғоз карда мешавад, ки басо рамзист. Ин рӯз барои хонандагон ва донишҷӯён оғози марҳалаи нави омӯзиш, худтакмилдиҳӣ ва ба даст овардани донишҳои нав ба ҳисоб меравад.
Аз нигоҳи таърихӣ, 1 сентябр ҳамчун Рӯзи дониш аввал соли 1984 дар Иттиҳоди Шӯравӣ расмӣ гардид ва баъдан дар кишварҳои пасошуравӣ нигоҳ дошта шуд. Масалан дар Русия, Беларус, Қирғизистон, Туркманистон ва аксаран дар Украина анъанаи оғози таҳсил ба ҳамин сана рост меояд, вале тарзи таҷлил ва мазмуни расмӣ метавонад фарқ кунад. Дар ин кишварҳо 1 сентябр маъмулан бо маросими «День знаний» ё «Рӯзи дониш» алоқаманд аст ва барои хонандагони синфи аввал, волидайн ва омӯзгорон маънои махсус дорад. Таҷрибаи онҳо нишон медиҳад, ки 1 сентябр дар фазои пасошӯравӣ на танҳо санаи маъмурии оғози таҳсил, балки рамзи ҷомеаи омӯзишпазир ва интизоми маориф аст. Бо вуҷуди ин, танҳо Тоҷикистон дар сатҳи миллии худ онро бо мазмуни возеҳи сулҳ ва ваҳдат пайваста нигоҳ доштааст.
Барои кишварҳои аврупоӣ оғози соли таҳсил ва дарси сулҳ гуногун аст. Бино ба маълумоти «Eurydice», дар 39 кишвари аврупоӣ тақвими мактабӣ вобаста ба анъанаҳои миллӣ ва қарорҳои маъмурӣ фарқ мекунад, дар баъзе давлатҳо дарсҳо дар аввал ё миёнаи сентябр оғоз мешаванд, дар дигарҳо ҳатто дар охири август. Ин фарқият нишон медиҳад, ки санаи оғози таҳсил бештар ба сохтори тақвими миллӣ, идҳои давлатӣ ва иқлим вобаста аст.
Муҳаққиқ ва таҳлилгар Қурбонова Ширин дар мақолаи илмии худ ин нуқтаро чунин шарҳ додааст, ки «дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Балкан, аз қабили Белгия, Хорватия, Черногория ва Сербия, оғози таҳсил 1 сентябр аст, вале дар баъзе кишварҳо ба мисоли Ҷопон ё Кореяи Ҷанубӣ, оғози соли таҳсил дар моҳи апрел, дар Бразилия дар моҳи феврал ва дар Сингапур дар моҳи январ оғоз мегардад. Ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки дониш ва таълим дар ҳамаи фарҳангҳо арзиши умумӣ доранд, аммо бо хусусиятҳои маҳаллӣ». Воқеан ҳам ҳамин фарқиятҳо далели онанд, ки таҷлили оғози таҳсил вобаста ба таърих, иқлим ва модели идоракунии маориф фарқ мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ донишро яке аз омилҳои асосии пешрафти давлат ва ҷомеа меҳисобанд. Ба таъкиди Сарвари давлат, бе илму маърифат, тарбияи дуруст ва омода намудани мутахассисони баландихтисос рушди устувори кишвар имконпазир аст. Дар ин замина нақши омӯзгорон ва падару модарон дар таълиму тарбияи насли наврас муҳим арзёбӣ мешавад, зеро насли босавод ва соҳибкасб метавонад дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намуда, барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон саҳм гузорад.
Дар ин радиф Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии омӯзгорон ҳамчун роҳнамои ҷавонон ба баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа як қатор ташаббусҳо ва тадбирҳоро амалӣ менамояд. Мувофиқи маълумотҳои дастрасшудаи соҳаи маориф самтҳои асосии ин ташаббусҳо чунинанд:
- Баланд бардоштани музди маош. Музди меҳнати кормандони соҳаи маориф мунтазам зиёд карда мешавад. Аз ҷумла барои солҳои 2025-2026 афзоиши маоши кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ пешбинӣ шудааст.
- Таъмини имтиёзҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорон имтиёзҳо, кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқиро пешбинӣ мекунад.
- Дастгирии омӯгорони ҷавон. Барои ҷалби мутахассисони ҷавон ба муассисаҳои таълимӣ имтиёзҳо ва тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ амалӣ мешаванд. Ҳадафи асосӣ нигоҳ доштани кадрҳои ҷавон дар мактабҳо ва ҷалби онҳо ба минтақаҳо мебошад.
- Омӯзиши такмили ихтисос. Барои рушди малакаҳои касбии омӯгорон курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла “Омӯзгори сол”, ташкил карда мешаванд.
- Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ. Сохтмони мактабҳо, муассисаҳои томактабӣ ва донишгоҳҳои нав ба беҳтар шудани шароити кории омӯзгорон ва таълими хонандагон мусоидат мекунад.
- Манъи корҳои ғайри таълимӣ. Тибқи гузоришҳои Вазорати маориф, ҷалб намудани омӯзгор ба кору фаъолиятҳое, ки ба раванди таълиму тарбия алоқаманд нестанд, манъ шудааст. Ин тадбир барои ҳифзи вақти корӣ ва ҳуқуқҳои касбии омӯзгор муҳим мебошад.
Воқеан ҳам дониш асоси пешрафти илму маориф, омӯзгор роҳнамои ҷомеа ва ҷавонони босавод неруи созандаи ояндаи Тоҷикистон мебошад.
Дар маҷмӯъ, таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории Дарси сулҳ дар оғози соли хониш барои ҷомеаи Тоҷикистон аҳамияти хоси маънавию тарбиявӣ дорад. Пайвастани дониш бо сулҳ рамзи он аст, ки рушди устувори ҷомеа танҳо дар фазои оромиву субот, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ имконпазир мебошад.
Аз ин рӯ, Дарси сулҳ бояд на танҳо як чорабинии оғози соли таҳсил, балки василаи муҳими тарбияи насли сулҳпарвар, донишманд, ватандӯст ва масъулиятшинос мебошад.
ДОСТИЕВА Дилафруз,
ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ