(ба истиқболи ба 35 умин солагарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ соли 1991, Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи таъсиси муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳамкории бисёрҷонибаро бо кишварҳои гуногуни дунё ба роҳ монда, барои рушди иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар шароит мусоид фароҳам овард. Кореяи Ҷанубӣ ҳамчун кишвари рушдкарда ва шарики боэътимод барои Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсусро ҷалб мекунад. Ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, саноат, технология, илму маориф, фарҳанг ва сармоягузорӣ равона шудааст.
Мақсад ва аҳаммияти таҳқиқот дар он аст, ки равандҳои рушди ҳамкории бисёрҷониба, самтҳои афзалиятнок ва нақши онҳо дар таҳкими истиқлоли давлатӣ ва рушди устувори кишвар мавриди таҳлил қарор гиранд. Мавзуъ на танҳо барои фаҳмиши таҳаввулоти муносибатҳои дипломатӣ ва иқтисодии ду кишвар муҳим аст, балки барои муайян кардани роҳҳои таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар оянда низ аҳаммияти амалӣ дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди пайвастаи сиёсати хориҷии кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Маҳз талошҳои бевоситаи Сарвари давлат мебошад, ки имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳпарвар эътироф менамоянд. Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар арсаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар гардидааст.
Ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетикӣ, иҷтимоӣ, саноатӣ, гидроэнергетика, илмӣ-фарҳангӣ, техникӣ ва сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои густардаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи худро бо кишварҳои тараққикарда ва рӯ ба рушд, аз ҷумла Кореяи Ҷанубӣ ба роҳ мондааст.
Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ 27 апрели соли 1992 барқарор гардида, ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, энергетикӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ҷараён доранд. Нишондоди муҳим дар таърихи ҳамкориҳо сафари нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кореяи Ҷанубӣ соли 1995 дар Ню-Йорк мебошад, ки заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ду кишварро ташкил додааст. То имрӯз миёни ду кишва 20 санади ҳамкории байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидааст.
Рушди ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва сафари расмии Сарвазири Кореяи Ҷанубӣ Ли Нак Ён соли 2019, ҳамчунин сафари Раиси Парлумони Кореяи Ҷанубӣ Пак Бён Сок соли 2021 ба Тоҷикистон нишондиҳандаи таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мебошад. Ин мулоқотҳо самтҳои муҳими ҳамкорӣ, аз ҷумла иқтисод, тиҷорат, саноат, энергетика, сармоягузорӣ, илм, фарҳанг ва муҳоҷиратро фаро мегиранд.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳрии Тоҷикистон бо Кореяи Ҷанубӣ дар доираи барномаи КОЙКА яъне Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои зич ва густардаро ба роҳ мондааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Кореяро шарики боэътимод дар Осиёи Шарқӣ ва КОЙКА-ро ниҳоди муҳими тақвияти ин шарикӣ номиданд. Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба масъалаҳои муҳим аз ҷумла ҳамкориҳо дар самтҳои энергетика, нақлиёт, саноат, соҳибкории хурду миёна, рақамикунонӣ, идоракунии давлатӣ ва рушди захираҳои инсонӣ, дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва идораи об, ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва таъмини рушди устувор ва инчунин тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, афзоиши бунёди “энергияи сабз”, рушди “иқтисоди сабз”, таъсиси “технопаркҳо”, ҷорӣ намудани “технологияҳои рақамӣ” ва тавсеаи “тиҷорати электронӣ” равона гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки “Минтақаҳои озоди иқтисодӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои нав барои Кореяи Ҷанубӣ ба шумор меравад, ки ҷонибҳо метавонанд ҳомкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, инфрасохтор, сармоягузорӣ, энергетикӣ, саноатӣ ва илмӣ-техникии худро дар сатҳи нав густариш диҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳои васеи “Минтақаҳои озоди иқтисодӣ” барои татбиқи ҳадафҳои иқтисодӣ тавассути ҷалби сармоягузорони ширкатҳои бузурги кореягӣ ва густариши пайвастаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, саноатӣ, энергетикӣ ҳадафҳои иқтисодии худро ба даст орад. Масалан, соли 2024 бо ширкати Global Solar Wafer дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” аввалин корхонаи истеҳсоли панелҳои офтобӣ сохта мешавад, ки пас аз татбиқи пурра беш аз 8 ҳазор нафарро ба кор таъмин хоҳад кард.
Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ манфиатҳои муштараки иқтисодиву тиҷоратӣ доршта, бо назардошти манфиатҳои миллии тарафайн метавонанд ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд. Бунёди ширкатҳои муштарак, ҷалби сармоягузории хориҷӣ махсусан ширкатҳои бузурги кореягӣ барои расидан ба ҳадафҳои стратегии иқтисодии Тоҷикистон имконияти бештар фароҳам меорад. Ҳамзамон метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги инсонӣ яъне қувваи корӣ мебошад, ки бо Кореяи Ҷанубӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ метавонад робитаҳои зичро ба роҳ монанд, зеро муҳоҷирати меҳнатӣ натанҳо барои Тоҷикистон балки барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи мубрам ва муҳим арзёбӣ гардидааст. Таҷрибаи рушди босуръати инноватсионӣ ва иқтисодии Кореяи Ҷанубӣ барои рушди бевоситаи стратегияи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон як намунаи хос гардида метавонад.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кореяи Ҷанубӣ дар доираи Формати “5+1 яъне Кореяи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ” робитаҳои густардаро ба роҳ мондаанд. Барои боз ҳам таҳким бахшидани робитаҳои бисёрҷониба Формати “5+1” соли 2007 таъсис гардид, ки дар рушди ҳамкориҳои бисёрҷониба нақши калидӣ мебозад. Аз аввали таъсиси Фармати мазкур муколамаҳо дар доираи Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзо баргузор мегардид ва соли 2025 Президенти онвақтаи Кореяи Ҷанубӣ Юн Сок Ёл пешниҳод намуд, ки минбаъд Саммити муколамавии Формати “5+1” дар доираи сатҳи боломақом яъне Пррезидентҳо баргузор гардад, ки ин пешниҳоди мазкур дар робитаҳои бисёрҷониба як ҷаҳиши бузург ба шумор меравад. Дар доираи Формати “5+1” масъалаҳои мубрам ва ҳассос аз қабили тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист, логистика, энергетика, модернизатсия ва диверсификатсияи саноат, тибб, маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Ҳамин тариқ, ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Кореяи Ҷанубӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ-практикӣ боз ҳам рушд хоҳад кард. Самтҳои афзалиятнок: истифода аз таҷрибаи Кореяи Ҷанубӣ, ҷорӣ намудани нақшаҳои панҷсолаи рушди иқтисодӣ, густариши сармоягузорӣ, рушди кишоварзӣ ва энергетикаи сабз, рақамикунонӣ ва сиёсати тиҷорати электронӣ, сармоягузории хориҷӣ.
Дар маҷмӯъ, рушди ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ барои таҳкими муносибатҳои дӯстона, рушди иқтисоди миллӣ ва боло бурдани мавқеи байналмилалии Тоҷикистон аҳаммияти муҳим дорад.
ФАЙЗУЛЛАЕВА Нигора,
ходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ