(ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Сиёсати хориҷӣ яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти давлат ва воситаи асосии ҳифз ва пешбурди манфиатҳои миллӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Асосҳои назариявию ҳуқуқии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муҳтавои амалгароёна ва воқеъбинона таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфта, самтҳо ва роҳу василаҳои татбиқи манфиатҳои дарозмуддати миллии кишварро муайян менамоянд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати дипломатӣ”, Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои марбут, ки бар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва қабул гардидаанд, ҳадафҳо, вазифаҳо ва манфиатҳои давлату мардуми кишварро дар самти татбиқи сиёсати хориҷӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ муайян менамоянд.
Бо мақсади таъмини пайгиронаи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, марҳала ба марҳала шабакаи густурдаи намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулгарии кишвар дар хориҷ таъсис дода шуданд.
Сиёсати хориҷӣ ҳамчун категорияи илми сиёсии муосир ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати умумии давлат ва идомаи мантиқии сиёсати дохилии он ба ҳисоб меравад. Ҳар як давлат сиёсати хориҷии худро бо назардошти манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои стратегӣ ва таъсири омилҳои объективию субъективӣ ташаккул медиҳад. Хусусият ва самтҳои рушди сиёсати хориҷӣ, пеш аз ҳама, ба шароити мушаххаси таърихӣ, хусусиятҳои низоми сиёсии дохилӣ ва вазъи низоми байналмилалӣ вобастагӣ доранд.
Дар адабиёти илмӣ сиёсати хориҷӣ ҳамчун маҷмуи ҳадафҳо, принсипҳо ва воситаҳои фаъолияти давлат дар самти муносибат бо дигар давлатҳо, халқҳо, миллатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ маънидод мешавад. Он ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини амнияти миллӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, инчунин таҳкими мавқеи давлат дар низоми байналмилалӣ равона мегардад. Ҳамзамон, сиёсати хориҷӣ механизми мутобиқ намудани фаъолияти давлат ба тағйироти муҳити байналмилалӣ ва таъсиррасонӣ ба рафтори дигар субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ мебошад.
Дар ин замина, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳадафҳо ва манфиатҳои бунёдии миллӣ сарчашма гирифта, ба таъмини Истиқлоли сиёсӣ ва соҳибихтиёрии давлатӣ, таҳкими амният ва суботи сиёсиву иҷтимоӣ, ҳифзи ваҳдати миллӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори кишвар ва таҳкими мақому ҷойгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми байналмилалӣ равона шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҷонибдори сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна, созанда ва мутавозин шинохта шуда, дар асоси ин равиш ҳамкориҳои судмандро бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ густариш медиҳад. Яке аз дастовардҳои муҳимми сиёсати хориҷии кишвар дар давраи Истиқлоли давлатӣ сиёсати “дарҳои кушода” мебошад. Ин сиёсат барои ташаккули равиши хоси дипломатияи Ҷумҳурии Тоҷикистон замина фароҳам оварда, иштироки фаъолонаи кишварро дар ҳалли масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ таъмин намудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими сиёсати хориҷӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ як қатор тадбирҳои муҳимро амалӣ намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Ин раванд ба таҳкими заминаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии фаъолияти хориҷии кишвар, тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ ва болоравии нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар равандҳои минтақавию ҷаҳонӣ мусоидат кардааст.
Бо назардошти зарурати такмили фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти таҳия ва иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ, мутобиқ намудани онҳо ба манфиатҳои миллӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои масъули сиёсати хориҷӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати дипломатӣ” (соли 2014) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 2016) дар таҳрири нав қабул гардиданд.
Илова бар ин, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, таҳти №657, ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2006, таҳти №593, “Дар бораи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Дар асоси қарори мазкур сохтори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиди назар гардида, фаъолияти он ба талаботи нави сиёсати хориҷии кишвар мутобиқ карда шуд.
Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва густариши робитаҳо дар доираи сохторҳои ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин созмонҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи хосса дорад. Қабули ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2018–2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ва “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз як тараф, ба баланд гардидани имиҷи байналмилалии кишвар мусоидат намуда, аз ҷониби дигар, фаъолнокии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ нишон дод.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №332 Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид (соли 2015). Дар он бо назардошти тағйироти дар арсаи байналмилалӣ баамаломада ҳадафҳо, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишвар муайян карда шуданд. Консепсияи мазкур раванди татбиқи манфиатҳои миллиро дар сиёсати хориҷии давлат мушаххас намуда, барои таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ заминаи муҳим фароҳам овард.
Маврид ба зикр аст, ки то соли 2016 кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақвими миллӣ рӯзи касбии худро надоштанд. Бо назардошти нақши муҳимми хизмати дипломатӣ дар ташаккул ва рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёру мустақил, 29 сентябр ҳамчун “Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид. Аз ин рӯ, ҳамасола 29 сентябр дар кишвар “Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ” таҷлил карда мешавад.
Инчунин, бо мақсади беҳтар намудани хизматрасониҳои консулӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ, инчунин бо назардошти рушди технологияҳои иттилоотӣ, дар низоми хизматрасониҳои консулӣ низоми электронии фарогири масъалаҳои раводид ва рафтуомади шаҳрвандон ба роҳ монда шуд. Ҳамчунин, низоми судури раводиди электронӣ (e-visa) ҷорӣ гардид, ки барои шаҳрвандони як қатор кишварҳои ҷаҳон имкони гирифтани раводидро ба таври электронӣ фароҳам меорад. Ин иқдом ба баланд бардоштани имиҷи мусбати кишвар, осон намудани раванди сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат намуд.
Бояд қайд намуд, ки иштироки фаъол ва судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид, муассисаҳо ва ниҳодҳои тахассусии он, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, муаррифии ташаббусҳои созандаи кишвар дар доираи ҳадафҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва талош барои ба даст овардани узвият дар ниҳодҳо ва сохторҳои интихобии Созмони Милали Муттаҳид яке аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Густариши ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг – ЮНЕСКО низ аҳаммияти муҳим дорад. Истифодаи имкониятҳои ин созмон барои муаррифии дастовардҳои фарҳангиву маънавии миллати тоҷик ва ҳифзу эҳёи мероси моддию ғайримоддии он ба манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад.
Боз ҳам фаъол намудани ҳузури Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ба роҳ мондани муносибатҳои афзалиятноки дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои иштирокчии он аз вазифаҳои муҳимми сиёсати хориҷии кишвар ба шумор меравад.
Самти дигари муҳимми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташаккули низоми мутавозини шарикии стратегӣ бо кишварҳои бузург, аз ҷумла Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, инчунин густариши ҳамкориҳои судманд бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ташкил медиҳад. Дар ин замина, мусоидат ба нигоҳдории тавозуни геосиёсӣ дар минтақа, диверсификатсияи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, технологӣ ва дигар шаклҳои ҳамкории байналмилалӣ аҳаммияти хосса дорад.
Мусоидат ба ҳифз ва таҳкими сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ, табдил додани минтақа ба фазои амн ва мусоид барои рушди устувор, инчунин пуштибонӣ аз равандҳои солимгардонии вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар Афғонистон ва мусоидат ба табдил ёфтани ин кишвар ба давлати амну обод аз дигар самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Таҳлили марҳалаҳои ташаккул ва рушди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки он дар давраи Истиқлоли сиёсӣ ҳамчун самти муҳимми сиёсати давлатӣ дар заминаи воқеиятҳои таърихӣ, манфиатҳои миллӣ ва тағйирёбии низоми муносибатҳои байналмилалӣ тадриҷан ташаккул ва такмил ёфтааст. Муҳтавои амалгароёна ва воқеъбинонаи сиёсати хориҷӣ ба таҳкими истиқлолу соҳибихтиёрӣ, таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи сулҳу субот, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувор ва баланд бардоштани мақому ҷойгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ равона гардидааст.
Дар ин замина, такмили пайвастаи сиёсати хориҷӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва мутобиқ намудани он ба тағйироти муҳити ҷаҳонӣ омили муҳимми ҳифзи манфиатҳои дарозмуддати миллӣ ва таҳкими давлатдории соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
РАҲМОНЗОДА Азимҷон,
ходими пешбари илмии
шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,номзади илмҳои таърих,дотсент