×

ТОҶИКИСТОН ДАР 35 СОЛ: ТАШАББУСҲО ОИД БА ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ГЛОБАЛӢ

Бозгашт ба мавод

ТОҶИКИСТОН ДАР 35 СОЛ: ТАШАББУСҲО ОИД БА ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ГЛОБАЛӢ

ИОМДОА Сиёсат 17-08-2026 ш.Душанбе
ТОҶИКИСТОН ДАР 35 СОЛ: ТАШАББУСҲО  ОИД БА  ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ГЛОБАЛӢ

(Ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Барқарор гардидани соҳибихтиёрии кишвари мо дар шароити мураккаби сиёсию иқтисодии пасошӯравӣ 90-уми асри гузашта, дар заминаи дигаргуниҳои амиқи геосиёсӣ сурат гирифт. Ҳамзамон, буҳрони сиёсиву ҳарбии дохилӣ зарурати ташаккули сиёсати хориҷии муассирро ба миён овард, ки ҳадафи асосии он фароҳам сохтани шароити мусоиди байналмилалӣ барои таъмини амният, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии рушди кишвар буд.

Дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ кишвари мо ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ мавқеи худро дар арсаи ҷаҳонӣ таҳким бахшида, дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва глобалӣ саҳми арзанда гузоштааст. Яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун сиёсатмадори барҷаста ва ташаббускор эътироф гардидани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар тӯли соҳибистиқлолӣ  Президенти кишвар бо пешниҳоди ташаббусҳои созанда ва аҳаммияти ҷаҳонидошта дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи байналмилалӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Ин ташаббусҳо заминаҳои ташаккул ва рушди сиёсати хориҷии Тоҷикистонро таҳким бахшида, нуфузи байналмилалии кишварро ба таври назаррас боло бурданд. Аз ҷумла, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба захираҳои об, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва рушди устувор аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсати хориҷии кишвар ба шумор мераванд, ки обрӯ ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистонро ба таври назаррас афзоиш додаанд.

Дар даҳсолаи аввали истиқлолият Тоҷикистон бо мушкилоти ҷиддии сиёсӣ-ҳарбӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардид, ки онҳо ба таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ таҳдиди воқеӣ эҷод мекарданд. Пас аз ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» (соли 1997) марҳилаи нави рушди давлатдории Тоҷикистон оғоз ёфт. Ин раванд барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва мусоидат ба рушди устувори Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварда, дар ҷустуҷӯи ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла ҳамчун ҷонибдори ҳалли мусолиматомези низоъҳо дар арсаи байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳ ва қадрдонӣ қарор гирифт.

Ҳанӯз дар давраи авҷи ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати ҳарчи зудтар хотима бахшидан ба низои мусаллаҳона ва оғози музокироти сулҳ миёни тарафҳои даргирро таъкид намуда, ҷомеаи байналмилалиро ба мусоидат дар барқарорсозии сулҳу субот дар ин кишвар даъват карданд.  Сулҳу суботи Афғонистон, Фаластин ва дигар низоъҳои сиёсии ҷаҳон сиёсати худро равона сохтааст.

Соли 1998 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки бо мақсади муқовимат ба қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва таҳкими амнияти минтақавӣ дар атрофи Афғонистон «камарбанди амният» таъсис дода шавад. Ин ташаббус ба ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ нисбат ба таҳдидҳои фаромиллӣ мусоидат намуд. Мавқеи пайгиронаи Тоҷикистон нисбат ба вазъи Афғонистон, масъалаи Фаластин ва дигар буҳронҳои байналмилалӣ ҳамеша ба зарурати барқарор намудани сулҳу субот, таҳкими муколама ва ҳамкориҳои байналмилалӣ асос ёфтааст.

Идомаи сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон пешниҳоди нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (соли 2024) мебошад.  Дар ин ҳамоиш Пешвои миллат ташаббуси қабули қатъномаи махсусро оид ба эълон намудани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» пешниҳод намуданд. 25 июни соли 2026 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қабул шуд. Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълон намудани солҳои 2027–2036 ҳамчун “Даҳсолаи байналмилалии оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда” падидаи муҳим дар рӯзномаи муосири сулҳ ва амнияти байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Дар чунин замина, барқияи шодбошии Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027-2036) ирсол намуд.

31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардида, дар натиҷаи он Эъломияи Хуҷанд ба имзо расид. Ин санад марҳилаи нави ҳамкориҳои сиёсӣ ва минтақавиро оғоз бахшида, аҳаммияти эътимоди мутақобила, ҳамгироӣ ва ҳамкории созандаро дар таҳкими сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ таъкид намуд.

Дар доираи мулоқот Протоколи мубодилаи тасдиқномаҳои Аҳднома байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ ва Протоколи мубодилаи тасдиқномаҳои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ ба имзо расиданд. Ҳамзамон, сарони се давлат Шартнома дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадиро имзо карданд.

Санадҳои мазкур заминаи муҳими ҳуқуқӣ ва сиёсии таҳкими дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкориҳои бисёрҷонибаро дар минтақа фароҳам оварда, аз дастовардҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлол ба шумор мераванд. Дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардидани таҷрибаи «Эъломияи Хуҷанд» низ шаҳодати аҳаммияти афзояндаи он дар таҳкими сулҳу субот ва ҳамкориҳои минтақавӣ мебошад.

Дипломатияи об аз соли 2000 оғоз гардида, кишвари мо масъалаи обро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ муаррифӣ намуд. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи СММ як силсила қатъномаҳои муҳим қабул гардиданд, ки онҳо сиёсати байналмилалии соҳаи обро ба марҳилаи нав ворид намуданд. Ба ҷумлаи муҳимтарин ташаббусҳо дохил мешаванд:

¾   эълон гардидани Соли байналмилалии оби тоза (2003);

¾   эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005–2015);

¾   эълон гардидани Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013);

¾   эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018–2028);

¾   эълон гардидани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025).

Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об дар соли 2026 идомаи мантиқии сиёсати хориҷии кишвар дар самти пешбурди дипломатияи об ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт арзёбӣ мегардад. Ҷоизаи мазкур дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ, сиёсати устувори об, ҳифзи муҳити зист ва ҳалли масъалаҳои глобалии вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим нақши муассир доранд, равона мегардад. Қабули Эъломияи “Раванди Душанбе” оид ба об, пиряхҳо ва сулҳ дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ ворид гардид.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷии худро бар пояи принсипҳои сулҳҷӯӣ, эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳамкории судманд ва ҳалли мусолиматомези низоъҳо ташаккул дод.

Таҳлили ин ташаббусҳо нишон медиҳад, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба принсипҳои сулҳҷӯёна, ҳамкории созанда ва масъулияти байналмилалӣ асос ёфтааст. Эътирофи байналмилалии ташаббусҳои Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат дар пешбурди рӯзномаи мушкилоти глобалӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати хориҷии кишвар дар тӯли 35 соли истиқлолият ба яке аз самтҳои муваффақ ва самарабахши  давлатдорӣ табдил ёфтааст.

СОҲИБИ Баҳруло,

ходими калони илмии шуъбаи Аврупои

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ