×

ЗАБОН — РУКНИ АСОСИИ ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТ

Бозгашт ба мавод

ЗАБОН — РУКНИ АСОСИИ ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТ

ИОМДОА Забон 28-09-2026 ш.Душанбе
ЗАБОН — РУКНИ АСОСИИ ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТ

Забон яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳастии миллат, омили ҳифзи ҳувияти миллӣ ва пояи давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Барои миллати тоҷик забони тоҷикӣ на танҳо воситаи муошират, балки ганҷинаи маънавию фарҳангӣ ва мероси гаронбаҳои ниёгон мебошад.
Яке аз рӯйдодҳои муҳим дар таърихи навини миллати тоҷик 22 июли соли 1989 ба вуқӯъ пайваст, ки тибқи он забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт. Баъдан, бо дарназардошти аҳамияти бузурги забон дар ҳаёти ҷомеа ва пешниҳоди аҳли илму фарҳанг, тибқи қонуни нави забон, ки соли 2009 қабул гардид, 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд.

Аз соли 2009 инҷониб 5 октябр дар Тоҷикистон ҳамчун рӯзи гиромидошти забони давлатӣ бо ифтихору сарбаландӣ таҷлил мешавад. Ин сана барои ҳар як шаҳрванди кишвар имкони бознигарӣ ба таърихи забони миллӣ, эҳтиром ба мероси гузаштагон ва масъулияти ҳифзу рушди забони тоҷикӣ мебошад.

Забони тоҷикӣ дар тӯли асрҳо ҳамчун забони илму адаб, фарҳанг ва андеша ташаккул ёфта, осори гаронбаҳои адабиёти классикии тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Саъдӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Ибни Сино ва дигар бузургони илму адаб бо ин забон осори безавол офаридаанд. Дар давраи нав низ устодон Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров ва дигар фарзандони фарзонаи миллат барои рушду густариши забон ва фарҳанги тоҷик саҳми арзанда гузоштаанд.

Пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз рамзҳои муҳими давлатдорӣ ва ҳувияти миллӣ мавқеи боз ҳам устувортар пайдо намуд. Имрӯз забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа истифода шуда, ҳифз ва рушди он вазифаи муҳими давлат ва ҳар як шаҳрванди кишвар маҳсуб меёбад.

Тавре таъкид шудааст: «Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибонӣ забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст».

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои ҳифзи мақоми забони давлатӣ, такмили заминаи ҳуқуқӣ ва рушди он як қатор қонунҳо ва санадҳои дахлдор қабул гардидаанд. Дар ин раванд таваҷҷуҳ ба омӯзиши забон, риояи меъёрҳои адабии он, истифодаи дурусти забони давлатӣ дар коргузорӣ ва рушди забони илмӣ аҳамияти хос дорад.
Ҳифзи забон танҳо вазифаи муассисаҳои давлатӣ, олимону адибон ва омӯзгорон нест. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дар пок нигоҳ доштани забон, дуруст истифода бурдани меъёрҳои он ва ба насли наврас омӯзонидани забони модарӣ саҳм гузорад. Зеро забон ҳамон вақт зиндаву пойдор мемонад, ки ҷомеа онро дӯст дорад, омӯзад ва бо эҳтиром истифода намояд.

 Забони тоҷикӣ мероси ҳазорсолаи миллати мост. Эҳтиром ба он эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва ҳастии миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳифзи забон ва рушди минбаъдаи он масъулияти ҳар як фарди худогоҳу ватандӯст аст.
           Забон ҳастии миллат аст ва пойдории он аз муносибати имрӯзи мо ба ин мероси муқаддас вобаста мебошад.

Бинобар ин аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, ки он яке аз пояҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва нишонаи равшани ҳувияти миллии мо ба ҳисоб меравад, самимона табрик гуфта, дар корҳои илмию эҷодӣ ва таҳсили минбаъдаатон комёбиҳо таманно дорам.

 

РАҲИМОВ Анваршо

ходими калони илмии шуъбаи ИДМ -и

Институти омӯзиши масъалаҳои  давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ