×

ЗУҲУР ВА ТАШАККУЛИ НАЗАРИЯҲОИ СОҲИБИХТИЁРӢ

Бозгашт ба мавод

ЗУҲУР ВА ТАШАККУЛИ НАЗАРИЯҲОИ СОҲИБИХТИЁРӢ

ИОМДОА Сиёсат 03-09-2026 ш.Душанбе
ЗУҲУР ВА ТАШАККУЛИ НАЗАРИЯҲОИ СОҲИБИХТИЁРӢ

Соҳибихтиёрӣ яке аз мафҳумҳои калидии давлатдорӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ба шумор меравад. Маҳз тавассути ин мафҳум мақоми давлат ҳамчун субъекти мустақил, ҳуқуқи интихоби роҳи рушди сиёсӣ ва иҷтимоӣ, дахлнопазирии қаламрав ва озодии қабули қарорҳои дохиливу хориҷӣ ифода меёбад. Бо вуҷуди ин, соҳибихтиёрӣ аз ибтидои пайдоиши худ то имрӯз маънои яксон надошта, дар тӯли чандин аср ба таҳаввулоти ҷиддии назариявӣ ва ҳуқуқӣ рӯ ба рӯ шудааст. Дар ҷаҳони муосир ин масъала аҳамияти бештар пайдо кардааст. Ҷаҳонишавӣ, рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, инчунин пайдоиши таҳдидҳои фаромиллӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, тағйирёбии иқлим, ҷинояткории фаромиллӣ ва ҳамлаҳои киберӣ, мафҳуми анъанавии соҳибихтиёриро ба чолишҳои нав рӯ ба рӯ месозанд. Имрӯз давлатҳо, сарфи назар аз мустақилияти ҳуқуқии худ, наметавонанд аз равандҳои ҷаҳонӣ дар канор бошанд. Қабули қарорҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дар бисёр ҳолатҳо бо ӯҳдадориҳои байналмилалӣ ва манфиатҳои дигар давлатҳо иртибот пайдо мекунад. Аз ин рӯ, масъалаи асосӣ танҳо ҳифзи соҳибихтиёрӣ нест, балки дарёфти тавозун миёни истиқлолияти давлатӣ ва зарурати ҳамкории байналмилалӣ мебошад. Маҳз ҳамин тағйирот зарурати бознигарии таърих ва назарияҳои соҳибихтиёриро ба миён меорад.

Мафҳуми соҳибихтиёрӣ дар шакли муосири худ асосан дар Аврупои асри XVI ташаккул ёфт. Пеш аз ин давра ҳокимияти сиёсӣ дар бисёр ҷомеаҳо миёни шоҳ, ашрофон, сохторҳои динӣ ва дигар марказҳои қудрат тақсим шуда буд. Ташаккули давлатҳои миллӣ зарурати муайян намудани як қудрати олии сиёсиро ба миён овард. Дар ин раванд нақши Жан Боден (1530–1596), файласуф ва ҳуқуқшиноси фаронсавӣ, махсусан муҳим мебошад. Ӯ дар асари машҳури худ «Шаш китоб дар бораи давлат» (1576) соҳибихтиёриро ҳамчун «қудрати мутлақ ва абадии давлат» шарҳ дод. Ба андешаи Боден, дар дохили давлат бояд як ҳокимияти олӣ вуҷуд дошта бошад, ки аз дигар қудратҳо болотар қарор гирад. Маҳз таълимоти Боден яке аз заминаҳои асосии назарияи классикии соҳибихтиёрии давлатӣ гардид. Аммо бояд таъкид намуд, ки ҳатто дар таълимоти ӯ соҳибихтиёрӣ комилан бидуни маҳдудият набуд: ӯ қонунҳои табиӣ ва илоҳиро ҳамчун меъёрҳое медонист, ки ҳокимият бояд онҳоро ба назар гирад. Дар асри XVII Томас Гоббс (1588–1679) ин назарияро боз ҳам густариш дод. Ба андешаи ӯ, барои пешгирии бесарусомонӣ ва низоъ дар ҷомеа бояд ҳокимияти пурқудрати давлатӣ вуҷуд дошта бошад. Дар таълимоти Гоббс соҳибихтиёрӣ бештар ҳамчун қудрати мутамарказ ва олии давлат ифода меёфт. Ҳамзамон, дигар мутафаккирон ба мутлақ будани чунин ҳокимият шубҳа мекарданд. Самуэл фон Пуфендорф, Франсиско де Витория, Франсиско Суарес ва Алберико Ҷентилӣ дар ташаккули андешаи дигар саҳм гузоштанд: давлат соҳибихтиёр аст, аммо фаъолияти он наметавонад комилан аз меъёрҳои ахлоқӣ, табиӣ ва ҳуқуқи байнидавлатӣ ҷудо бошад. Дар таърихи ташаккули назарияи соҳибихтиёрӣ номи Гуго Гротсий (1583–1645) ҷойгоҳи махсус дорад. Ӯро яке аз асосгузорони ҳуқуқи байналмилалии муосир медонанд. Дар асари машҳури худ «Доир ба ҳуқуқи ҷанг ва сулҳ» Гротсий кӯшиш кард муносибатҳои байни давлатҳоро дар доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ шарҳ диҳад. Гротсий бар он назар буд, ки давлатҳо соҳибихтиёранд, вале соҳибихтиёрӣ онҳоро аз иҷрои меъёрҳои умумии ҳуқуқӣ озод намекунад. Ба андешаи ӯ, ҳуқуқи табиӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ бояд муносибатҳои байни давлатҳоро танзим намоянд. Ин андеша барои рушди минбаъдаи назарияи соҳибихтиёрӣ аҳамияти бузург дошт. Зеро дар ин ҷо бори аввал ба таври равшан масъалаи таносуби соҳибихтиёрии давлат ва ҳуқуқи байналмилалӣ ба миён гузошта шуд. Гротсий инчунин байни ҷангҳои одилона ва ноодилона фарқ мегузошт. Ба андешаи ӯ, истифодаи қувва танҳо дар ҳолатҳои муайян, аз ҷумла барои дифоъ аз ҳуқуқ ва барқарор намудани адолат, метавонад қобили қабул бошад. Ин назария баъдтар ба ташаккули принсипҳои муосири ҳуқуқи байналмилалӣ таъсири назаррас расонд. Ҳамин тавр, агар дар таълимоти Боден соҳибихтиёрӣ пеш аз ҳама ҳамчун қудрати олӣ фаҳмида мешуд, дар андешаҳои Гротсий он тадриҷан ба мафҳуми қудрати олӣ, вале масъул ва дар доираи меъёрҳои умумӣ амалкунанда табдил ёфт.

Марҳилаи муҳими дигари ташаккули соҳибихтиёрӣ ба сулҳи Вестфалия дар соли 1648 вобаста мебошад. Ҷанги сисолаи Аврупо (1618–1648) бо ду созишномаи сулҳ -Мюнстер ва Оснабрюк -анҷом ёфт. Сулҳи Вестфалияро одатан яке аз заминаҳои муҳимтарини низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ медонанд. Дар ин давра ғояи давлатҳои мустақил ва баробарҳуқуқ тадриҷан мавқеи устувор пайдо кард. Давлатҳо ҳамчун воҳидҳои сиёсие шинохта шуданд, ки дар қаламрави худ ҳокимияти олӣ доранд ва аз дахолати дигар давлатҳо бояд эмин бошанд. Аз ин ҷо яке аз принсипҳои муҳими муносибатҳои байналмилалӣ, яъне дахолат накардан ба корҳои дохилии давлатҳои дигар ташаккул ёфт. Бо вуҷуди ин, мафҳуми «соҳибихтиёрии Вестфалӣ» набояд ҳамчун соҳибихтиёрии комилан мутлақ ва бидуни маҳдудият фаҳмида шавад. Таърихи муносибатҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки давлатҳо ҳамеша бо ҳамдигар муносибати мутақобила доштаанд ва барои ҳалли масъалаҳои умумӣ ба созиш, шартнома ва ҳамкорӣ ниёз доштанд. Аз ин рӯ, Вестфалия бештар ба ташаккули низоме мусоидат кард, ки дар он давлатҳо ҳамчун субъектҳои мустақили муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардиданд.

Дар асрҳои XVIII ва XIX назарияи соҳибихтиёрии давлатӣ боз ҳам рушд кард. Дар ин давра мафҳумҳои истиқлолият, баробарии давлатҳо ва дахолатнопазирӣ аҳамияти бештар пайдо карданд. Аммо таҷрибаи таърихӣ нишон дод, ки соҳибихтиёрии мутлақ метавонад ба оқибатҳои хатарнок оварда расонад. Агар ҳар як давлат ҳуқуқи комилан бемаҳдуди истифодаи қудратро дошта бошад, низоми байналмилалӣ ба майдони рақобати доимӣ табдил меёбад. Ҷангҳои ҷаҳонии асри XX ин мушкилотро бо шиддати бештар нишон доданд. Пас аз Ҷанги якуми ҷаҳон ва махсусан Ҷанги дуюми ҷаҳон зарурати ташкили чунин низоми байналмилалӣ ба миён омад, ки дар он соҳибихтиёрии давлатҳо бо масъулияти онҳо дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваст бошад. Дар ин замина назарияҳои нави ҳуқуқӣ низ ташаккул ёфтанд. Ҳуқуқшиносон ва файласуфоне чун Георг Йеллинек, Ҳанс Келсен, Леон Дюги ва дигарон муносибати байни давлат, ҳуқуқи миллӣ ва ҳуқуқи байналмилалиро аз нав баррасӣ карданд. Махсусан мактаби монистӣ бар он назар буд, ки ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи миллӣ набояд ҳамчун ду низоми комилан ҷудогона баррасӣ шаванд. Дар таълимоти Ҳанс Келсен ҳуқуқи байналмилалӣ ҷойгоҳи баланд пайдо намуда, муносибати байни давлат ва ҳуқуқро аз дидгоҳи ягонагии низоми ҳуқуқӣ шарҳ медод. Ҳамин раванд нишон дод, ки соҳибихтиёрӣ тадриҷан аз мафҳуми танҳо сиёсӣ ба категорияи ҳуқуқӣ табдил меёбад. Таъсиси Созмони Милали Муттаҳид дар соли 1945 марҳилаи нави рушди назарияи соҳибихтиёрӣ гардид. Оинномаи СММ аз як тараф, баробарии соҳибихтиёрии давлатҳоро эътироф мекунад ва аз ҷониби дигар, давлатҳоро ба эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ вазифадор месозад. Моддаи 2-и Оинномаи СММ принсипи баробарии соҳибихтиёрии аъзои Созмон-ро муқаррар мекунад. Ин маънои онро дорад, ки давлатҳо аз нигоҳи ҳуқуқӣ, новобаста аз масоҳат, шумораи аҳолӣ, иқтидори иқтисодӣ ё низомӣ, ҳамчун субъектҳои баробарҳуқуқ эътироф мешаванд. Ҳамзамон, моддаи 2(7)-и Оиннома дахолат ба масъалаҳои дохилии давлатҳоро маҳдуд мекунад, гарчанде ки ин қоида нисбат ба чораҳои маҷбурии пешбининамудаи боби VII истисно дорад. Эъломияи соли 1970 оид ба принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ низ мазмуни принсипи баробарии соҳибихтиёриро мушаххастар кард. Мувофиқи он, ҳамаи давлатҳо аз ҳуқуқ ва вазифаҳои баробар бархӯрдоранд, бояд соҳибихтиёрӣ ва дахлнопазирии якдигарро эҳтиром кунанд ва ӯҳдадориҳои байналмилалии худро софдилона иҷро намоянд. Ҳамин тавр, ҳуқуқи байналмилалии муосир соҳибихтиёриро на ҳамчун озодии мутлақ аз ҳама гуна ӯҳдадорӣ, балки ҳамчун ҳуқуқи давлат ба мустақилият дар якҷоягӣ бо масъулияти байналмилалӣ эътироф мекунад. Дар асри XXI масъалаи соҳибихтиёрӣ боз ҳам мураккабтар гардид. Ҷаҳонишавии иқтисодӣ, рушди технологияҳои рақамӣ, интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ, муҳоҷирати байналмилалӣ, тағйирёбии иқлим ва таҳдидҳои фаромиллӣ нишон медиҳанд, ки давлатҳо наметавонанд тамоми мушкилоти замони муосирро танҳо ҳал намоянд. Масалан, тағйирёбии иқлим сарҳади давлатӣ намешиносад. Ҳамин тавр, терроризми байналмилалӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ҳамлаҳои киберӣ ва бемориҳои фаромиллӣ низ аз доираи як давлат берун мебошанд. Дар чунин шароит ҳамкорӣ на мухолифи соҳибихтиёрӣ, балки яке аз воситаҳои ҳифзи он мегардад. Аз ин рӯ, дар муносибатҳои байналмилалии муосир як андешаи муҳим тадриҷан устувор мешавад: давлати соҳибихтиёр давлате нест, ки аз тамоми ҷаҳон ҷудо бошад, балки давлатест, ки мустақилона қарор қабул карда, ҳамзамон масъулияти байналмилалии худро дарк мекунад. Дар воқеъ, давлатҳо аз нигоҳи ҳуқуқӣ баробаранд, вале аз нигоҳи иқтисодӣ, сиёсӣ, демографӣ ва низомӣ имкониятҳои яксон надоранд. Ин фарқият миёни соҳибихтиёрии де-юре ва имкониятҳои соҳибихтиёрии де-факто-ро ба вуҷуд меорад. Ҳамин масъала барои давлатҳои хурд ва миёна аҳамияти махсус дорад. Барои онҳо ҳифзи соҳибихтиёрӣ танҳо тавассути қудрати низомӣ имконнопазир аст. Дипломатияи фаъол, рушди иқтисодӣ, таҳкими институтҳои давлатӣ, ҳифзи фарҳанг ва ҳувияти миллӣ, иштироки фаъол дар созмонҳои байналмилалӣ ва густариши муносибатҳои дӯстона бо дигар кишварҳо низ воситаҳои муҳими таҳкими соҳибихтиёрӣ мебошанд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи соҳибихтиёрӣ дорои аҳамияти махсус мебошад. Истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистон на танҳо шакли нави давлатдорӣ, балки заминаи ташаккули низоми сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии муосир гардид. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи соҳибихтиёрӣ ба маънои бастани кишвар аз ҷаҳони беруна нест. Баръакс, иштироки фаъол дар муносибатҳои байналмилалӣ, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва истифодаи имкониятҳои дипломатӣ аз омилҳои муҳими таҳкими давлатдории миллӣ мебошанд. Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ заминаи асосии ҳифзи соҳибихтиёрии давлатӣ мебошанд. Давлат танҳо дар шароити суботи сиёсӣ метавонад институтҳои худро тақвият бахшида, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро таъмин намояд ва дар арсаи байналмилалӣ манфиатҳои миллии худро ҳимоя кунад. Аз ин рӯ, соҳибихтиёрӣ бояд ҳамчун мафҳуми зинда ва рушдёбанда баррасӣ шавад. Он на танҳо масъалаи ҳудуд ва истиқлолияти сиёсӣ, балки масъалаи амнияти миллӣ, рушди устувор, иқтисоди миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва қобилияти давлат барои қабули қарорҳои мустақилро низ дар бар мегирад.

Хулоса, таҳлили таърихии назарияҳои соҳибихтиёрӣ нишон медиҳад, ки ин мафҳум дар тӯли чандин аср аз идеяи ҳокимияти мутлақ ва номаҳдуд ба мафҳуми мураккаби ҳуқуқӣ ва сиёсии истиқлолият, масъулият ва ҳамкории байналмилалӣ табдил ёфтааст. Агар дар таълимоти Жан Боден соҳибихтиёрӣ пеш аз ҳама ҳамчун қудрати олӣ ва мутамаркази давлат баррасӣ мешуд, дар осори Гротсий ва дигар мутафаккирон ғояи маҳдуд будани ин қудрат тавассути ҳуқуқи табиӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ ташаккул ёфт. Сулҳи Вестфалия ба таҳкими принсипи давлатҳои мустақил мусоидат кард, дар ҳоле ки баъд аз таъсиси СММ соҳибихтиёрӣ бо принсипҳои баробарии давлатҳо, дахолатнопазирӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ пайванди устувор пайдо намуд. Дар ҷаҳони муосир соҳибихтиёрӣ дигар наметавонад танҳо ҳамчун «озодии комил» аз ҳар гуна маҳдудият фаҳмида шавад. Давлатҳо барои ҳалли мушкилоти умумӣ ба ҳамкорӣ ниёз доранд ва чунин ҳамкорӣ ҳатман ба маънои аз даст додани соҳибихтиёрӣ нест. Баръакс, дар бисёр ҳолатҳо ҳамкории байналмилалӣ воситаи самараноки ҳифз ва таҳкими соҳибихтиёрии миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, соҳибихтиёрии муосирро метавон ҳамчун тавозуни байни мустақилияти давлат, эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ ва масъулият дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ кард. Маҳз дар ҳамин тавозун моҳияти соҳибихтиёрии давлати муосир ва дурнамои рушди он дар шароити ҷаҳонишавӣ ифода меёбад.

 

ШАМОЛОВ Абдулвоҳид,

сарходими илмии Шуъба Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё  ва Аврупои АМИТ

доктори илмҳои фалсафа

 

 МАДИМАРОВА Гулҳаё

ходими  илмии шуъбаи  ШМА ва Канадаи

Институти омӯзиши масъалашои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,

номзади илмҳои филологӣ