Ваҳдати миллӣ аз арзишҳои муқаддас ва бунёдии давлату миллати тоҷик маҳсуб ёфта, дар таъмини амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва пешрафти иҷтимоӣ нақши бузург дорад. Халқи тоҷик бо ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ ба рушди устувор ва зиндагии шоиста ноил гардид. Мардум дар атрофи ҳадафҳои умумимиллӣ муттаҳид шуда, ҷомеа бо неруи бузурги созандагӣ пеш рафт, тамоми имкониятҳо барои ободии кишвар муҳайё шуданд. Аз ин рӯ, Ваҳдати миллӣ омили муттаҳидкунандаи мардум ва кафили ҳифзи амнияти миллӣ, рушди устувор ва саодати миллат ба ҳисоб меравад.
Ваҳдати миллӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳамияти тақдирсоз мебошад. Барқарор гардидани сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷиҳати таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум заминаи мусоид фароҳам овард. Ваҳдати миллӣ барои мардуми тоҷик дастоварди бузурги таърихӣ ва сарвати бебаҳои миллат эътироф шуда, ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар гардид.
Ваҳдати миллӣ маънои ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ, дӯстӣ ва ҳамкории ҳамаи шаҳрвандон, бошандагон, сокинонро ифода мекунад. Он ҳамчун манфиатҳои умумимиллӣ аз манфиатҳои гурӯҳӣ ва шахсӣ болотар гузошта шуда, мардум барои ҳифзи сулҳ, субот ва пешрафти давлат саъйю кӯшиши муштарак менамоянд.
Ваҳдати миллӣ, ки маҳз ба шарофати талошҳои қаҳрамононаи фарзанди баруманди миллати тоҷик Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, ба мардуми тоҷик қуввае бахшид, барои таҳкими суботу оромӣ, ташаккули ғояҳои инсондӯстона ва фарҳанги сиёсию ҳуқуқӣ дар шароити ташаккули давлатдории навин замина гузошт ва барои рушди муназзами ҳамаи соҳахои ҳаётии кишвар шароити заруриро фароҳам овард. Абармарди дунёи сиёсат бо такя ба ҳувият ва суннатҳои мардуми дорои хиради азалӣ, ваҳдат ва амну суботи миллиро дар сарзамини ниёгон пойдор гардонда, дар сиришти миллати фарҳангдӯсту сулҳпарвари тоҷик маъно ва асолати ватандӯстиро тарбия намуданд.
Бо ташаббуси фарзанди мондагори миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раҳбарии кишвар интихоб гардиданд, равандҳои созандагӣ шуруъ шуд ва ин Иҷлосия, ки барҳақ таърихӣ ва наҷотбахши миллат ном гирифтааст, оғози роҳи Ваҳдати миллӣ гардид.
Маҳз ваҳдат имкон дод, ки миллат рӯ ба оянда оварад ва дар фазои сулҳу субот давлатдории миллиро тақвият бахшад, ба таври назаррас ҳадафҳои стратегии худро амалӣ намояд ва мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ таҳким дода, ба як кишвари таъсиргузори минтақаӣ ва ташаббускори байналмилалӣ мубаддал гардонад. Сиёсатмадори вораста барои миллати тоҷик Пешвои миллат мебошанд, ки бо ҷасорату ҳикмат миллатро сарҷамъ намуда, шиносномаи навини давлатдории миллии тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардаанд.
Бояд зазаккур дод, ки таърихи миллати тоҷик саршор аз саҳифаҳои пурифтихор ва сабақомӯз мебошад. Дар тӯли асрҳо халқи тоҷик тавонист забон, фарҳанг ва суннатҳои миллии худро нигоҳ дорад ва ба наслҳои оянда мерос гузорад. Ҳарчанд дар марҳилаҳои гуногуни таърих сарзамини тоҷикон зери ҳукмронии давлатҳои гуногун қарор дошт, мардум ҳамеша ҳисси ягонагӣ ва мансубияти миллии худро ҳифз мекарданд. Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ ва дигар мутафаккирон бо осори гаронбаҳои худ дар рушди фарҳанг ва ҳувияти миллӣ саҳми бузург гузоштаанд. Мероси маънавии онҳо имрӯз низ барои таҳкими худшиносӣ ва Ваҳдати миллии тоҷикон аҳамияти калон дорад.
Ҳоло Ваҳдати миллӣ ба ғояи муқаддаси инсондӯстӣ ва ҷузъи таркибии хиради сулҳҷӯёнаву таҳаммулгароёнаи мардуми кишвар, таҳкимбахши равандҳои ҷомеа мубаддал гардидааст. Ба шарофати Ваҳдати миллӣ, ки беҳтарин неъмат ва волотарин дастовард дар даврони истиқлол мебошад, ҳифзи арзишҳои миллӣ таъмин карда шуда, сатҳи маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву ифтихори миллии ҷомеа таҳким ёфт ва дар заминаи дипломатияи ҳамкорӣ давлат мақоми шоистаро дар низоми сиёсати ҷаҳонӣ ва арсаи байналмилалӣ ба даст овард.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ масъалаи эҳёи арзишҳои миллӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Ваҳдати миллӣ дар таҳкими таҷлили санаҳои муҳимми таърихӣ, эҳёи ҷашнҳои миллӣ, ҳифз ва рушди забони давлатӣ, арҷгузорӣ ба мероси фарҳангӣ ва муаррифии дастовардҳои тамаддуни тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат намуд. Ваҳдати миллӣ имкон доданд, ки Тоҷикистон ба барқарорсозии иқтисодиёт шуруъ намояд. Роҳҳо, пулҳо, мактабҳо, беморхонаҳо ва дигар иншооти муҳимми иҷтимоӣ аз нав сохта шуданд. Сармоягузорӣ ба иқтисодиёт афзоиш ёфт ва барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ шароит фароҳам омад.
Бо мақсади арҷ гузоштан ба санаҳои таърихии таъсиси воҳидҳои марзию маъмурӣ, ки дар шинохти давлатдории миллӣ аҳамияти бузург доранд, бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат дар фазои идона бо иштироки доираи васеи меҳмон аз хориҷи кишвар 2500 – солагии шаҳри таърихии Истаравшан, 2700 – солагии Кӯлоби бостонӣ ва ҷашни 3000 – солагии Ҳисори шодмон ва 5500 солагии Саразм дар фазои тантанавӣ ҷашн гирифта шуданд.
Бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва таҳкими заминаҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ мавқеи шоистаро пайдо намуд. Ташаббусҳои наҷибонаи Пешвои миллат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд. Қобилияти дарки саривақтии мушкилот ва пешниҳоди тадбирҳову талошҳои пайгирона дар роҳи ҳалли он боиси зикр аст, ки «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005 - 2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” аз муҳимтарин иқдомоти ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин амр дар болоравӣ ва вусъати обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозид ва Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлол заминаи мусоид муҳайё гардад.
Ҳамзамон, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра, аз ҷумла пешгирии ҷиноятҳои терроризму ифротгароии байналмилалӣ, муомилоти ғайриқонунии яроқу аслиҳа ва маводи мухаддир нақши созгор дошта, аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ давлатҳои ҷаҳонро барои муборизаи муштарак бо ин ваъбои аср даъват менамояд.
Ваҳдати миллӣ ба гиромидошти чеҳраҳои таърихию мондагори илму адаб, санаҳои таърихиву фарҳангӣ, баланд гардидани ҳувияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ мусоидат намуд. Чандин санаҳои таърихӣ ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардида, гиромӣ дошта шуданд ва дар ин замина бо ташаббуси Пешвои миллат ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид иди миллии тоҷикон - «Наврӯз» мақоми байналмилалӣ касб намуда, ҳамасола дар саросари дунё таҷлил карда мешавад.
Маҳз тавассути таълиму тарбияи дуруст метавон Ваҳдати миллиро дар зеҳн ва амали ҷомеа пойдору ҷовидона гардонд. Ҳамчунин, бо ташаббуси Пешвои миллат дар мамлакат озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳандозӣ гардидаанд, ки ба тафаккури техникӣ, такмили ҷаҳонбинӣ ва дарку маърифати наврасону ҷавонон мусоидат мекунанд.
Яке аз омилҳои таҳкими ваҳдати миллӣ густариш ва бо рӯҳи замон мувофиқ кардани худшиносии миллӣ мебошад. Дар кишвари мо ҷараёни босуръати густариши худшиносии миллӣ пас аз соҳибистиқлол шудани он бо номи шарофатманди абармарди ваҳдатофари тоҷик - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ҷудонопазир дорад.
Миллати тамаддунофари тоҷик собит кард, ки қудрати дарки масъаларо дошата, тақдирашро бо дасти худ навишта метавонад ва сулҳи тоҷикон бо пойдориаш беҳтарин таҷриба ва арзишмандтарин дастоварди на танҳо тоҷикон, балки ҷомеаи башарӣ эътироф шудааст. Ин қадршиносӣ аз эътирофи кори ватандорӣ, оғози сулҳ ва ваҳдати миллии мардуми кишвар, таҳкими низоми идорӣ ва ҳифзи Истиқлоли давлатӣ шаҳодат медиҳад.
Ваҳдати миллии мардуми тоҷик пеш аз ҳама, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳамкории созанда ва эҳсоси масъулият дар назди Ватан мебошад. Моҳияти Ваҳдати миллӣ дар он ифода меёбад, ки барои муттаҳид сохтани неруҳои ҷомеа ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда мусоидат менамояд. Маҳз бо доштани ваҳдат ҷомеа метавонад ба ҳадафҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмӣ ноил гардад.
Ваҳдати миллӣ дар ҳифзи амнияти давлат нақши калидӣ мебозад. Ин ҳолат барои таҳкими суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ мусоидат намуда, заминаи мустаҳками амнияти миллиро фароҳам меорад. Суботи сиёсӣ ба баланд гардидани эътимоди шаҳрвандон ба давлат ва ниҳодҳои он мусоидат намуда, рушди иқтисодӣ, пешрафти фарҳангӣ, амнияти иҷтимоӣ ва хушбахтии шаҳрвандонро дар бар мегирад. Дар натиҷа, ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллӣ тақвият ёфта, ҷомеа аз ҷиҳати маънавӣ низ ташаккул меёбад. Эҳтиром ба қонун, риояи меъёрҳои ахлоқӣ, муносибати нек бо атрофиён ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷомеа аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки ба таҳкими Ваҳдати миллӣ мусоидат мекунанд. Тоҷикистон дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ, рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва муаррифии фарҳангу тамаддуни миллӣ дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Ваҳдати миллӣ шаҳрвандонро новобаста аз мансубияти миллӣ, динӣ, сиёсӣ ё иҷтимоӣ дар атрофи арзишҳои умумимиллӣ муттаҳид намуд, ки барои пешрафт ва ободии давлат саъйю кӯшиш менамоянд ва он бо мафҳумҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихори миллӣ робитаи наздик дорад.
Ваҳдати миллиӣ фарогиру устувор гашта, имкон дод, ки ба ҳайси унсури муҳимтарини худшиносии миллӣ дар байни ҷомеа ҳар чи бештар густариш пайдо намояд. Ғояи ваҳдати миллӣ дар як марҳилаи муҳими таърихӣ ҳамчун омили муттаҳидкунандаи ҷомеаи мо хизмати бузургу арзандаро анҷом дод. Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
МАҶИД Расул
ходими пешбари илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
номзади илмҳои филологӣ