×

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-ҲАМОН МУҲАББАТИ АЗАЛИИ МАРДУМ, КИ БА САРВАРӢ РАСОНД

Бозгашт ба мавод

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-ҲАМОН МУҲАББАТИ АЗАЛИИ МАРДУМ, КИ БА САРВАРӢ РАСОНД

ИОМДОА Дигар 06-06-2026 ш.Душанбе
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-ҲАМОН МУҲАББАТИ АЗАЛИИ МАРДУМ, КИ БА САРВАРӢ РАСОНД

Ҳар қадар ба масири ҳаёти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назар меандозем, ҳамон андоза дар бораи ин шахсияти таърихӣ ва ин сарвари ростин эҳсоси муҳаббат мекунем. Омӯзиши роҳи паймудаи як марде, ки бидуни шак чеҳраи мондагор дар таърихи миллат аст, дарсест барои имрӯзиён ва ояндагон. Омӯзиши ҳаёти ӯ бори дигар ин эҳсосро дар қалбҳо зинда мекунад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар сарвариву сиёсатмадорӣ як шахси тасодуфӣ набуданду нестанд. Дар гузашта ҳам, вақте ки сарварии як ячейкаи хурди ҳизбиро ба уҳда доштанд ва баъдан сару сарвари як хоҷагие шуданд, ки аз ҷумлаи хоҷагиҳои калонтарини ноҳия буд, истеъдоду донишу малакаи худро ба рушду нумуъи он сарф мекарданд. Дар доираи салоҳиятҳои начандон зиёди худ ҳам Пешвои миллат корҳоеро ба сомон расондаанд, ки шоситаи таҳсинанд. Мардум бо гузашти бештар аз сӣ сол ҳам ба некӣ ба ёд меоранд, ки дар ҳамон шароите, ки кулли нақшаҳо аз марказ тарҳрезӣ шудаву иҷборӣ ба хоҷагиҳо бор мешуданд, дар замоне, ки бояд аз ин тарҳу аз ин нақша қадаме берун нагузорӣ, ҷасорат буд, ки барои мардум клуб, чойхона, нуқтаи тиббӣ созӣ, роҳ обод намоӣ. Ва танҳо касе даст ба чунин иқдомҳо мезад, ки дар қалбаш муҳаббат ба мардумро ҷой дода бошад. Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи ҳамин афрод буданд. Дар ҷавонӣ як сарвари ташаббускору ободгар, як падидаи нав дар олами роҳбарии замони Шӯравӣ бо мафкураи созанда.

Аввалин ёдоварӣ аз фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси директори совхози ба номи Ленин дар хабари «Ҷамъбасти корҳо» омадааст, ки нашрияи ноҳиявии «Навобод» 18-уми январи соли 1990 чоп кардааст. Дар хабар гуфта мешавад, ки маҷлиси солонаи бригадаи ғаллакории Рамазон Ҳурматов  дар клуби деҳаи Ғарғараи совхози ба номи В.И.Ленини ноҳияи Данғара баргузор шуд. Дар он директори совхоз Э.Раҳмон ва раиси иттифоқи касабаи хоҷагӣ С.Шамсуллоев иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар гузорише, ки газета 29-уми марти соли 1990 зери унвони «Ҳисоботи кумитаи ҳизбии ноҳия дар давраи аз 19 ноябри соли 1988 то марти 1990 оид ба рафти бозсозӣ ва вазифаҳои ташкилоти ҳизбии ноҳия» чоп кардааст, котиби аввали кумитаи ҳизбии ноҳия Р.Мирзоев зимни ҳисобот аз фаъолиятҳои директори совхози Ленин Эмомалӣ Раҳмон ин гуна ситоиш кардааст: «Кӯшиш мекунем ҳама имконияҳоро сафарбар намоем, то ки ҳар як номзади ба вазифаи роҳбарӣ пешбаригардида аз санҷиши ҷиддии назари афкори омма гузарад. Бо назардошти ҳамин  андешаҳо ба вазифаҳои роҳбарӣ ба чунин қитъаҳои муҳим муассисаи ҳисоби хоҷагии таъминоти техникӣ Сафаров Ш., директори совхози ба номи Ленин Раҳмонов Э. ...пешбарӣ гардида буданд ва онҳо боварии зоҳиргардидаро бошарафона ба ҷо оварда истодаанд».

Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидо шахси ҷӯянда буданд ва барои пешрафти кор дар хоҷагие, ки роҳбарии онро ба уҳда доштанд, аз ҳеч талоше даст намебардоштанд. Собиқ раиси совхози Себистони ноҳияи Данғара Нуралӣ Чақалов  нақл мекунад, ки замони сарвари совхози ба номи Ленин будан, боре Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии ӯ меҳмон шуданд. «Омада ниҳолҳоро тамошо карданду аз ниҳолҳои себу ноки мо бурда, дар хоҷагияшон боғ бунёд карданд. Доим ҳамроҳ будем, ҳамкор будем, дар маҷлисҳои ҳукумат як ҷо менишастем. Қобилияти зуд қабул намудани чизи хубро доштанд, ҳозирҷавоб буданд. Дар ҳалли мушкили дӯстон ҳамеша омода».

Сайфулло Қурбонов, собиқ Раиси совхози Ленини ноҳияи Данғара хотирае дорад аз соли 1988, ки ба гуфтаи ӯ соли бобарор барои ҳамаи ноҳияҳои Данғара омад. «Ҳосил махсусан барои хоҷагии ҳамонвақтаи совхози ба номи Ленин пурбор буд. Ҳамон солҳо мувофиқи ҳисобҳои муайян аз севуним то чор ҳазор тонна ғалларо совхози Ленин истеҳсол мекард. Дар 4800-4900 гектар замин Ҷаноби Олӣ ғалла мекориданд, дар ғаллазори хоҷагӣ 22-26 комбайн ва 28-30 трактори кишткунанда мегашт. Гап дар кор ҳам ҳасту гап дар файзу баракат ҳам. Файзу баракати Ҷаноби Олӣ буд, ки ҳамон солҳои ҷанги шаҳрвандӣ 25, 27 то 30 ҳазор одам ба ноҳияи Данғара гуреза шуда омаданд. Қисми зиёди онҳоро аз сабаби арзон будани нон дар хоҷагии Ленин ҷо карда буданд. Шарофати Ҷаноби Олӣ буд, ки ҳамаи онҳоро гурусна намонданд. Ҳатто баъзеи онҳо ду сол ҳам истоданд. Ҳамчун аъзои ҳамон хоҷагӣ нону намак мехӯрданд. Ба ҳамаи гурезагон Ҷаноби Олӣ ду халта, як халта орд кӯмак мекард, ки мардум гурусна намонад».

Хидмат дар артиш

Аз касе пӯшида нест, ки Пешвои миллат дар флоти ҳарбӣ-баҳрии Иттиҳоди Шӯравӣ хидмати ҳарбӣ карданд. Дар ин бора зиёд навиштанд. Вале хотираи сокини Данғара Муродулло Ҳошимов ҷолиб аст. Мегӯяд, вақте Эмомалӣ Раҳмон ба сафи артиш даъват шуд, мо донишҷӯ будем. Фаҳмидем, ки ба флоти ҳарбӣ қабул шудааст. Вақте рухсатӣ омад, ба диданаш рафтем. Барои мо сарулибоси маллоҳӣ аҷиб буд. Он солҳо хеле кам нафаронро аз миллати мо ба флоти ҳарбӣ мегирифтанд. Вале чун Эмомалӣ Раҳмон ҷавони тануманд, озода, ба сурат зебову дар ахлоқ намуна буд, ӯро шоистаи хидмат ба флоти ҳарбӣ донистанд. Ва дар сардтарин нуқтаи кишвар Шарқи Дур хидмат кард. Либос ба танаш хеле мезебид, аз тамошо сер намешудед. Ва дар ҳақиқат миёни ҳама сарулибоси ҳарбии замони Шӯравӣ либоси маллоҳон дар зебогӣ беҳтарину хубтарин буд.

Ғамхорӣ

Аз ғамхории Пешвои миллат дар замони пеш аз президентиашон нақлу хотираҳо хеле зиёданд ва метавон гуфт, ки ин инсони пуршараф ва зодаи як модари заҳматкашу ғамхор ва фарзанди як падари дилсӯзу меҳрубон пайваста дар мавриди некуаҳволии халқ меандешиданд ва ҳар ҷо қадам мегузоштанд, аз вазъи зиндагии сокинон суол мекарданд. Чуноне имрӯз дар сафарҳои худ ба шаҳру ноҳияҳо рӯбарӯ аз мардум дар бораи зиндагиву некуаҳволиашон ва камбудиҳои рӯзгорашон суол мекунанд. Собиқ раиси совхози Себистони ноҳияи Данғара Нуралӣ Чақалов лаҳзаеро аз як мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ёдовар мешавад, ки он вақт раиси вилояти Кӯлоб буданд. Нуралӣ Чақалов мегӯяд, «вақте ба хоҷагии ниҳолпарварӣ  омаданд, писарчаашон Рустамро дидам, ки ҳамроҳашон буду хеле хурд. Ҳангоми суҳбат пурсиданд: халқ бо нон таъмин аст, Чақалов? Ман гуфтам, бале хоҷагии мо бо нон таъмин аст».

 Дар њамин њошия Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-полковник Рамазон Раҳимзода низ ба ҳамин хислатҳои башардӯстонаи Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунад. «Дар вақти ба ҳайси раиси хоҷагии калонтарин  кор карданашон хеле қавиирода ва ростгӯ буданд. Ҳамеша бо мардум буданд, ба мардум кӯмак мекарданд, дастгирӣ менамуданд, ҳатто новобаста аз он ки ба хоҷагӣ иртибот доранд ё не. Яъне, дасти хайр доштанд ва ҳамаро дастгирӣ менамуданд. Ҳамеша рӯбарӯ бо мардум суҳбат карданро хуш доштанд, то камбудиву норасоиҳоро аз забони худи сокинон фаҳманд ва баҳри ислоҳаш талош кунанд», - мегӯяд ӯ.

Сарвари  як хоҷагии пешсаф

Сокинони Данғара аз даврони сарвари совхози Ленин будани Пешвои миллат хотироти ширин доранд.  Он солҳо Данғара чандин хоҷагӣ дошт, вале имрӯз бештар аз усули роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардум зиёдтар мегӯянду менависанд. Сокини ноҳияи Данғара Муродулло Ҳошимов нақл мекунад, ки «дар давраи директорӣ бо ҳама баробар буд. Дар ҳама кор дар бари ҳама рост буд. Имкониятҳои бузурги зиндагиро ба мардум тақсим карда медод. Ҳар як одам дар давраи фаъолияти кориву шахсияш як файзу баракат дорад. Аз як тараф тағйиротҳо ба вуҷуд омадан гирифтанд, бахусус перестройкаи Горбачёв ба мардум имкониятҳои дигари зиндагиро ҳам фароҳам овард. Аммо аз тарафи дигар меҳнати ҳалол одамонро ба як дараҷа оварда расонд, ки ҳамин  Эмомалӣ Раҳмон бо файзу бобаракати худаш дар байни хоҷагиҳои дигар аз ҳама хубтару машҳуртар шуд. Дар ҳамин давра дар ноҳияи совхози ба номи Ленин дар миёни хоҷагиҳои пешсаф ҷо гирифта буд ва соле буд, ки беш аз як миллион рубл даромади соф овард...».

Сокини ноҳияи Данғара Хол Раҳмонов, ки худ низ замоне сарвари хоҷагӣ буд, аз рӯйдоди дигар ҳикоят мекунад, ки онро метавон ҷуръати бемисл барои он солҳо донист. «Ёд надорам, ки ман пеши ӯ рафта будам ва ё ӯ пеши ман омада буд. Гуфт биё як маслиҳат кунем. Ҳамин заминҳое, ки чанд сол инҷониб кишт намешавад, ба халқ тақсим кунем, то ғалла бикорад. Ҳатто гуфт, ки ака, касе моро ҳеч коре карда наметавонад, чун мо на барои худ, балки барои некуаҳволии халқ кор мекунем. Ӯ худ аввалин шуда даст ба ин кор зад ва ҳамон сол аз ҳисоби он заминҳо ба 250 сокини хоҷагӣ замин тақсим кард. Совхозе, ки ман сарвараш будам, ба 185 оила замин дод. Ҳамон сол одамон ғалла кориданд, беҳад ғаллаи хуб гирифтанд. Меҳнат карданд ва сол ҳам соли хуб омад ва самараи меҳнати ҳалоли худро бо тележкаҳо ба хонаҳояшон бурданд.

Эмомалӣ Раҳмон як одами худодод аст. Фикри ӯ буд, ки гуфт заминҳоро ба мардум диҳем, ки кишт кунанд. Дарав кунанд, ҳосилашро гиранд, гандумро захира кунанду дигар аз бозор нахаранд. Коҳаш захираи зимстона барои чорвояшон мешавад. Ин корро чи хел фикри ин одам гирифт, росташро гӯям, ман намедонам. Ман аз ӯ ба синну сол хеле калонам. Он кас соли 1987 директори совхоз шуд, ман то соли 1987- ум 14 сол пеш директри совхоз будам. Баъди он ҳамроҳи Эмомалӣ Раҳмон корро давом додем. Лекин ин корро фикри ман нагирифта буд...».

Хол Раҳмонов, ки худ сарвар буд, аз ташаббусҳои Эмомалӣ Раҳмон чун як роҳбари ҷавон ва тозакору ҳалолкор хушаш меомад ва қисса мекунад, ки такягоҳи ӯ халқ буд, мекӯшид ҳар чизе биёбад ва ё ҳар роҳе, ки ба некуаҳволӣ барад, бо халқ қисмат кунад. Вай мегӯяд ба халқ чунон бовар кард, ки чизе хост, ҳамонро кард. Ба халқ заминро дод, обро дод, ҳам чизро дод. Бо як мақсад, кор кунеду зиндагиатонро пеш баред. Пеши роҳи ягон одамро нагирифт. Пеши роҳи ягон деҳқонро нагирифт. Деҳқонро иҷозат дод, ки дар замин кор кунад, зиндагиашро пеш барад, боигарии давлат шавад. Орзуву умеди Эмомалӣ Раҳмон ҳамин буд.

Пешвои миллат аз аввал шахси интиқодпазир буданд ва ҳамзамон барои пешрафти кор аз зердастони худ ҷиддан талаб мекарданд, ки ҳалол кор кунанд, чун осоиши ватану миллат дар ҳамин меҳнати ҳалол асту ҷонфидоии ҳамешагӣ. 1-уми феврали соли 1992 нашрияи ноҳиявии «Навобод» аз ҷараёни маҷлиси солонаи совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара  гузориш чоп карда, навиштааст, ки соли 1991 барои ин хоҷагии пешқадам соли нобарор буд. Зеро аз даҳ намуди нақша танҳо дар иҷрои як намуди он пешсаф буд. Директори совхоз, вакили халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ иллатҳои асосии вазъро таҳлил намуда, гуфтааст, ки сабабҳои аслӣ ин суст будани талабот нисбати  маҳсулоти истеҳсолкунандагон, бемасъулиятии бисёр мутахассисону роҳбарони коллективҳои меҳнатӣ дар иҷрои вазифаҳои худ, паст гаштани интизоми меҳнат, муҳайё накардани шароити дурусти корӣ ва албатта бепарвоии роҳбарони совхоз  мебошад.

Маориф, фарҳанг, забон...

Пешвои миллат чуноне имрӯз паваста мегӯянд «ман маорифро дар рушди кишвар аввал медонам», аз замонҳои директори совхоз буданашон ин соҳаро ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи худ қарор дода будаанд. Гувоҳи ин гуфтаҳо нақли ҳамзамононашон ва гузоришҳое, ки нашрияи ноҳиявии «Навобод» чоп карда буд, мебошад.

 Муродулло Ҳишимов, ки замони директори хоҷагӣ будани Эмомалӣ Раҳмон директори мактаб будааст, инро тайид мекунад. Вай мегӯяд,ки ин шахс вақти директори  совхоз будан маорифпарвар буданд. Системаи маорифро хуб медонистанд ва ҳатто дар солҳои мудҳиши ҷанг ягон мактаби минтақа аз фаъолият намонд, кор мекард, ҳолати рӯҳии омӯзгорон шикаста набуд, чун ҳамеша аз ҷониби сарвари хоҷагӣ дастгирӣ мешуданд. Ва як сабаби аз миёни номзадҳои дигар ба вакили баргузида шудани Эмомалӣ Раҳмон ҳам ҳамин бо халқ наздик будани ӯ буд.

30 январи соли 1990 рӯзномаи «Навобод» хабар медиҳад, ки чанде пеш дар мактаби миёнаи нопурраи рақами 26 конференсияи умумимактабӣ баргузор гардид. Ҳадафи маҷлис интихоби ҳайати Шӯрои мактаби номбурда буд.  Директори мактаб Қурбоншо Абдуллоев  зимни суханронӣ мегӯяд, ки  биное, ки ҳоло толибилмон таҳсили илм доранд, дар солҳои 50-ум сохта шуда буд ва ба шароити имрӯзаи замон ҷавоб дода наметавонад. Синфхонаҳо тангу торик, ба қоидаҳои одитарини беҳдоштӣ ҷавоб дода наметавонад. Ва ӯ хабар медиҳад, ки «соли равон бо мадади маъмурияти совхози ба номи Ленин ва комитети иҷроияи Совети қишлоқи Корез биное, ки барои боғча сохта шуда буд,ба ихтиёри мактаб дода шуд».

Дар конфронс директори мактаб Қ. Абдуллоев бо овоздиҳии кушод раиси шӯро интихоб мешавад. Дар ҳамин ҷаласа Директори совхози Ленин Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ мекунанд ва  «ба кори ҳайати нави Шӯро муваффақиятҳо орзу намуда, гуфт, ки маъмурияти совхози ба номи Ленин барои бартараф кардани камбудиҳо доимо кумак хоҳад расонд».

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин 30 соли охир он қадар дар бораи рушди фарҳангу маориф, покии забон, ҷалби мардум ба мутолиа, бунёди кохҳои бузурги фарҳангӣ дар саросари ҷумҳурӣ, таҷлили санаҳои муҳими таърихи фарҳанги миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ, ба рӯйхати мероси умумиҷаҳонӣ шомил кардани бузургтарин ёдгориҳои таърихӣ талошҳое анҷом доданд, ки танҳо ном бурдан аз ҳамаи онҳо даҳҳо саҳифаро дар бар мегирад. Ин ҳама агар аз сӯе масъулияти роҳбарӣ ва ғамхории ҳамешагӣ барои рушди фарҳанги миллӣ бошад, аз ҷониби дигар сарчашмаи он боз ҳам ба ҳамон давраҳои аввале бармегардад, ки Пешвои миллат масъулиятҳои маҳдуде дар доираи як ноҳия доштанд. Дар аввалин Иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои Комиссияи Совети Олии РСС Тоҷикистон оид ба масъалаҳои инкишофи маданият, забон, анъанаҳои миллӣ ва ҳифзи мероси таърих интихоб мешавад. Аввалин раиси ин комиссия Даврон Ашӯров буд ва ҳарчанд ноамниҳо имкон надоданд, ки ин комиссия ба таври шоиста кор кунад, вале таҳкурсии фаъолияти он гузошта шуда буд.

Ҷасорат, ки дошт, аз раъяш нагашт...

Солҳои роҳбарӣ дар хоҷагии ба номи Ленин паси ҳам сипарӣ мешуданд ва замоне расид, ки муҳаббати мардум ба сарварашон дар тарозуи адлу инсоф баркашида шавад. Ин муҳаббатҳо то куҷо самимианд ва то куҷо на. Инро воқеъияти дигари зиндагии мо муайян кард. Барои интихоб ба Шӯрои олии кишвар номзадҳо пешниҳод шуданд. Замоне буд, ки дигар номзадии як нафар (чун дар замони Брежнев) қабул набуд. Мебоист як ҳавзаи интихоботӣ чандин номзад медошт, то мардум аз миёни онҳо беҳтаринҳоро интихоб кунанд. Эмомалӣ Раҳмон низ номзадии худро гузоштанд. Барномаи амали худро интишор доданд.

Тоҳир Табаров, сардори бригадаи пахтакории рақами 7, совхози ба номи Ленин, ки ҳамзамон шахси боэътимоди номзад ба вакилии парламони кишвар Эмомалӣ Раҳмон буд, дар мақолаи бо номи «Сарвари ғамхору уҳдабаро» дар шумораи 24-уми февраи соли 1990 нашрияи «Навобод» дар бораи сифатҳои роҳбариву кордонии номзад менависад: Мардуми хоҷагӣ хуб медонад, ки Эмомалӣ Раҳмонов вақте ки котиби ташкилоти партиявӣ ва баъдан директори совхози ба номи Ленин таъин шуд, барои баланд бардоштани сатҳи маданияту маърифат, ободонии деҳот, тараққиёти хоҷагӣ, сохтмони як қатор нуқтаҳои хидматрасонӣ дар деҳоти ҳудуди совхоз чӣ саҳми арзандае гузоштааст.

Дар давраи начандони калони роҳбарии ў (аз соли 1987) хоҷагии зараровар рӯ ба пешравӣ овард. Совхоз соли 1987 107 ҳазор сум, соли 1988 501 ҳазор сум ва соли 1989 як миллиону 100 ҳазор сум даромади софи пулӣ ба даст овард.

Дар баробари тараққиёти иқтисодии хоҷагӣ симои иҷтимоӣ-маишии  деҳоти он низ дигаргун мешавад. Ҳоло сохтмони хона-коттеҷҳо барои коргарони хоҷагӣ оғоз ёфтааст. Дар давраи роҳбарии ӯ дар мактабҳои деҳот синфхонаҳои иловагӣ сохта шуда, ҳоло таъмиру сангфаршкунии роҳҳои дохили қишлоқҳои Ғарғараю Бошбулоқ идома дорад.

Умуман соли равон аз ҳисоби даромади софи хоҷагӣ барои корҳои ободонӣ бештар аз 300 ҳазор сум ҷудо карда шудааст. Воқеан ҳам Э. Раҳмонов роҳбари пешқадам, боҷасорат ва имрӯзӣ аст. Муҳимаш вай ҳам сухани деҳқон ва ҳам дарди муаллимро шунида ва эҳсос карда метавонад ва ин сифати хуби сарвари уҳдабаро ва ғамхор аст.

 Э. Раҳмонов ду даъват аст, ки депутати Совети вилоятӣ интихоб мегардад. Бояд қайд намуд, ки ӯ нисбати иҷрои наказҳои меҳнаткашон ҳамчун коммунист масъулияти бузур ҳис мекунад. Дар давраи даъвати якуми депутат буданаш меҳнаткашон ба ӯ оид ба сохтмон ва ташкили мактаби 8-сола дар деҳаҳои Ҳусейншайх, ду бино барои чорводорон дар фермаи рақами 5, бо оби нӯшокӣ таъмин намудани сокинони деҳаи Корез ва сохтмони нуқтаи савдо дар деҳаи Бешбулоқ наказ дода буданд ва Э.Раҳмонов бо саъю кӯшиши зиёд аз уҳдаи иҷрои онҳо бо сарбаландӣ баромад.

Имрӯзҳо вай ҳамчун номзад доим бо меҳнаткашон вохӯрда ва аз арзу ниёзи онҳо огоҳ мешавад. Барномаи амалияти Э.Раҳмонов масъалаҳои ҳалталаби ноҳияро дар бар мегиранд, ки имрӯз мардумро ба ташвиш овардаанд. Ман боварӣ дорам, ки рафиқ Э.Раҳмонов дар сурати депутати халқи ҷумҳурӣ интихоб шудан чун фарзанди ғамхори ин диёр аз уҳдаи иҷрои наказҳо ва барномаи амлияти худ бо сарбаландӣ мебарояд».

Ин назари яке аз садҳо нафаре буд, ки дар бораи номзад ва вакили оянда расман дар газета нашр гардид.

Дар барномаи амали номзад ба вакили Маҷлиси Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки «Навобод» дар шумораи 8-уми феврали соли 1990 чоп кардааст, саропо сухан аз ободгарӣ меравад. Номзад таассуф мехӯрад, ки ҳарчанд солҳо хоҷагӣ ба давлат маҳсулоти хоми қиматбаҳо месупорад, вале мардуми минтақа аз лаззати оби нӯшокӣ бебаҳраанд, хоҳарону модарони лабташна обро аз масофаҳои дур мекашонанд. Ва мегӯяд талош хоҳад кард ин масъаларо ҳал кунад. Дар идомаи барномаи амал мехонем:

 “Дар шаҳрча масъалаи бо манзилгоҳ  таъмин кардани аҳолӣ низ ҳалли фаврии худро  талаб мекунад. Бо роҳи ҷудо кардани замин дар ҳалли ин мушкилӣ саҳми худро  мегузоштам. Дар совхоз ба маблағи хоҷагӣ 20 хона - коттеҷ  сохта мешавад.

  Ҳар сол барои ободонии маркази ноҳия ҳазорҳо сӯмина маблағ ҷудо карда мешавад, вале он чӣ гуна истифода мегардад, касе намедонад. Назорат аз болои харҷи ин маблағро яке аз вазифаи  муҳими худ ҳисоб хоҳам кард. Ҳолати бо сабзавоти тару тоза таъмин кардани аҳолии шаҳрча тамоман бад аст. Аз ин рӯ, дар хоҷагӣ ба инкишофи соҳаи сабзовоткорӣ  диққат  дода, ба кушодани дӯкони фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар маркази  ноҳия, деҳаи Данғараи Боло аз ҳисоби совхоз муваффақ мегардам.

  Барои дар деҳаи Ғарғара дорухона, касалхонаи участкавӣ, ҳавзи обнигоҳдорӣ, ҳаммом сохтан, ба масофаи 4 километр роҳро сангфарш кардан мусоидат хоҳам кард. Бо қувваи хоҷагӣ дар деҳаи Яккатут ба кушодани пункти тиббӣ, дар деҳаи Тӯябӯюн пункти тиббӣ ва нуқтаи савдо,  дар деҳаи Ҳусейншайх ба сохтмони  водопровод ба масофаи 1,5 километр ва сангфарш намудани роҳи байни ин қишлоқҳо ба масофаи 5 километр ноил мегардам.

  Дар бобати сохмони пункти тиббӣ дар деҳаи Бошбулоқ, муҳайё кардани шароит, барои мактаби миёна нопурраи ин деҳаро ба мактаби миёна табдил додан масъала ба миён мегузорам, ба дигар ҷиҳатҳои ободонии ин ҷо эътибори ҷиддӣ медиҳам. Дар деҳаи Корез дар байни кӯчаҳо ба масофаи 2 километр қубури об гузаронида, роҳҳо сангфарш карда хоҳад шуд.

  Дар хоҷагии қишлоқ вазни асосии корҳо ба души механизаторон мебошад. Ҳамин аст, ки аксари онҳо то ба синни нафақа нарасида, қобилияти меҳнатиашонро гум мекунанд. Дар назди ҳукумат масъала мегузорам, ки нисбати механизаторон дар масъалаи ба нафақа баромаданашон имтиёз диҳад.

  Барои зиёд кардани музди миёнаи меҳнати сарварони оилаҳои камтаъмин, ки дар хоҷагӣ кор мекунанд, аз ҳисоби даромади софи совхоз чораи амалӣ меандешам”.

Дар даври аввал аз 11 нафар номзадҳо 8 нафарашон овози лозим дарёфт накарданд ва аз ширкат дар даври дуюм маҳрум шуданд. Сокини ноҳияи Данғара Муродулло Ҳошимов хотираҳои он рӯзҳоро чунин нақл мекунад:  Дар даври дуюм ду кас монданд. Ҳамин монду прокурори ноҳия. Мардум беҳад дӯсташ медоштанд ва ба хислатҳои некаш ошно буданду эҳтиромашро ба ҷо меоварданд. Дар комиссияи минтақавӣ рақиби Эмомалӣ Раҳмон дар даври дуюм сад овоз ҳам нагирифт. Худам дар як мактаби калонтарин ноҳияи Данғара, мактаби рақами 56 раиси комиссияи минтақавии интихоботӣ будам. Ҳама якдилона барои Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳем гуфтанд. Ҳатто занҳо. То ҳатто одамоне, ки аз дигар ҷо омада дар район мо дар объектҳои сохтмонӣ кор мекарданд, қоғазҳои бюллетени худро аз ҳамон минтақаи худ гирифта оварда ба номи ҳамин шахс овоз доданд. Ин худ як меҳру муҳаббат аст, дӯст доштани инсон аст ва баёнгари обрӯву мартабаи ӯ миёни сокинон мебошад. Худованд ин обрӯро ба ҳар кас намедиҳад ва ин натиҷаи заҳматҳову талошҳои худи Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар қалби мардум аз ҳамон моҳу солҳо ҷо гирифта буд».

Ба андешаи генерал Рамазон Раҳимзода албатта, «пешниҳоди онвақтаи Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси вакили Шӯрои олӣ ҳам тасодуфӣ набуд. Чунки худи халқ пешниҳод карда буд. Ва дар солҳои охири Шӯравӣ масъалаи пешниҳод ба вакилӣ ва интихоби номзад ҷиддӣ назорат карда мешуд. Ва бинед, дар миёни 11 номзад касеро мардум баргузиданд, ки миёнашон обрӯву эътибор дошт, мешинохтанд. Дар ҳоле, ки ҳамон шабу рӯз болояш фишорҳо ҳам зиёд буданд, ки номзадиашро бигирад, чун диданд, ки маҳбубият дорад, вале номзадҳои дигар овози лозимиро гирифта наметавонанд. Барояш ваъда ҳам доданд, ки агар шумо номзадии худро бозпас гиред, ба ҳар вазифаи давлатӣ таъин мекунем. Аммо ҷасорат, ки дошт, аз раъяш нагашт, номзадиашро бозпас нагирифт. Ошкор гуфт, ки ман аз халқам ва бо халқ хоҳам буд. Ва пирӯз шуд».

Вакили мардум

 Муҳаббати мардум ба ҳадде буд, ки дар даври дуюми интихобот ба ҷойи прокурор Ш. Ҳабибов маҳз Эмомалӣ Рамонро пазируфтанд ва ба ҷонибдории ӯ овоз доданд. «Навобод» рӯзи 12-уми март аз натиҷаи овоздиҳии такрорӣ хабари расмӣ чоп кардааст. Дар он аз ҷумла омадааст: Дар ҳавзаи интихоботии Данғара рақами 172. Ҳамагӣ ба рӯйхат гирифта шуда буданд: 10667 нафар, дар овоздиҳӣ иштирок карданд: 8316 нафар, бюлетенҳои беэътибордонисташуда 45 адад. Ба Э.Раҳмонов - директори совхози ба номи Ленин - тарафдор 6335 овоз, муқобил 1936 овоз, ба Ҳабибов Ш. - прокурори ноҳия тарафдор 1796 овоз, муқобил 6475 овоз.

Мувофиқи моддаи 51-и Қонуни ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи  интихоботи депутатҳои халқи ҶШС Тоҷикистон» бинобар гирифтани миқдори зиёдтари овози интихобкунандагон дар вақти овоздиҳии такрорӣ Раҳмонов Э. аз ҳавзаи интихоботии Данғара рақами 172, Ҳамроқулов Х. аз ҳавзаи интихоботии  Оқсу рақами 173 ва Ашӯров Н. аз ҳавзаи интихоботии Шарифов 174 депутатҳои халқии ҶШС Тоҷикистон интихоб шуданд.

Вакили мардум будан барои Эмомалӣ Раҳмон масъулият буд, на ин ки кадом як ифтихори бемаънӣ. Маҳз дар даврони вакилӣ Пешвои миллат ба умқи мушкили мардум бештар расиданд ва диданд, ки ваколаташон фаротар аз вакили мардуми як ҳавзаи интихоботист. Дардҳо дучанду сечанд шуданд ва чун айёми вакилии ишон ба замони оғози бархурдҳои сиёсӣ ва низомӣ рост омада буд, тағйир дар афкор низ як амри маъмул буд. Вакилони парламон он замон гӯё ҳама сиёсатзада буданд, чун ҷомеа худ ба ҳамин самт пеш мерафт. Хоставу нохоста мардум ба майдонҳо тақсим шуданд ва ин паёме аз як бадбахтие буд, ки касе наметавонист дақиқ пешгӯӣ кунад.

Вазъи мушкили иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Данғара баъди вакили мардумӣ интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон дар маркази таваҷҷуҳи ӯ қарор гирифт ва дар ҳар ҷаласаву мулоқотҳо дар сатҳи гуногун, бо вазирону раисони кумитаҳо талош мекарданд диққати онҳоро ба мушкили ин ноҳияи то ҳадде аз назарҳо дурафтода ҷалб кунанд. Бахусус, баъди 24-уми ноябри соли 1991, ки сокинони кишвар бо ширкат дар интихоботи сартосарӣ Раҳмон Набиевро президент интихоб карданд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ободонии минтақаро ҷиддан матраҳ мекарданд. Ҳамин гуна як суханроние, ки ҳамоно дар ёди мардуми ноҳияи Данғара мондааст, дар аввалин мулоқоти сокинон бо президенти тозаинтихоб дар маркази ноҳия буд. Бино ба гузориши «Навобод» «зумрае аз фаъолон, аз ҷумла вакили халқии ҷумҳурӣ, директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Эмомалӣ Раҳмонов дар ҳузури президент дар бораи проблемаҳои ҳалталаби ноҳия аз қабили таъмини аҳолии деҳот ва фермаҳои ширӣ-молии хоҷагиҳо бо оби нӯшокӣ, ободонии шаҳраки Данғара, бо ҷойи кор таъмин кардани аҳолии  қобили меҳнат, ривоҷ додани  азхудкунии даштҳои ноҳия, таҷлили ҷашни 60-солагии ноҳия соли равон ва вобаста ба он анҷом додани баъзе корҳои ободонӣ, фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар шароити иқтисоди бозаргонӣ ва озодии нарх, кишти зироатҳои ғалладонагӣ, мушкилоти сӯзишворӣ, таъмини объектҳои азхудшаванда бо ашёву маводи бинокорӣ, баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии меҳнаткашони деҳот, сохтмони манзил барои онҳо, бунёди боғу токзорҳои нав, ба ҳаёти воқеӣ наздик кардани нақшаҳое, ки аз ҷониби пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ андешида мешаванд, ҳалли масъалаҳои чарогоҳҳои тобистона барои чорвои хоҷагиҳо ба муносибати он ки қисме аз одамон ба деҳоти аҷдодии худ ба кӯҳистон кӯч мебанданд, мубориза алайҳи дуздию ҳаннотӣ, интизоми меҳнат ва ғайра суханронӣ карданд».

Барои вакили тозаинтихоби мардум аз ҳавзаи интихоботии Данғара Эмомалӣ Раҳмон мафҳуми маҳал дигар маънии худро гум кард ва аз аввалин рӯзҳои фаъолият дар бораи мушкилоти кулли Тоҷикистон мегуфтанд. Агар дар бораи гаронии нарху наво сухан мегуфтанд, ҳатман ин гарониро дар доираи як ноҳияву вилоят маҳдуд намедонистанд, балки онро умумӣ медонистанд ва аз ҳукумат қотеъона талаб мекарданд, ба арзи мардум гӯш фаро диҳад. Ғайбулло Афзал, вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1990-1995) мегӯяд ёд дорад, ки бар асари ноамниҳо нархҳо дар бозорҳои кишвар ба шиддат боло рафтанд. «Вақтҳои охир  аз сабаби он ки ҷумҳурӣ ба як ҳолати ногувор расида буд ва ҳама шохаҳои ҳокимият, фалаҷ шуда буд, нарху наво бисёр ҳам ба боло рафт. Дар як ҷаласаи Шӯро Эмомалӣ Раҳмон бархоста, дар атрофи ҳамин масъала сухан ронд ва талаб кард, ки нарху наво назорат карда шавад, ба ин бебандуборӣ хотима дода шавад, чунки мардум он вақт бисёр вазъияти ногувор дошт, маоши ночиз мегирифт, пул беқурб шуда буд. Илова ба он ки маводи ғизоӣ гарон буд, боз он намерасид. Фақру нодорӣ афзуд, хавфу хатари гуруснагӣ ҳам таҳдид мекард. Ва дар ҳамин айёми буғранҷ маҳз Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосия ҷиддан масъалагузорӣ кард ва диққати вакилонро ба ин масъалаи ҳаётан муҳим ҷалб кард».

 

Баҳсҳои парламонӣ ва ҷанг

Баҳсҳои парламонӣ тезутунд буданд ва ҳамон лаҳзаҳо ҳам суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон ба як нуқтаи муҳим муттамарказ шуда буданд: Бояд бо ҳар василаи мумкин пеши роҳи хунрезӣ гирифта шавад.

Рамазон Раҳимзода, ки он солҳо дар вазифаҳои гуногуни мақомоти умури дохила фаъолият дошт, суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмонро дар иҷлосияҳои парламон хуб дар хотир дорад ва мегӯяд,  «дар миёни вакилон шахсе, ки бештар ошкору сахт мавзеъгирии мухолифинро танқид мекард, Эмомалӣ Раҳмон буд».

Султон Мирзошоев, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1993-1994 низ дар ҳамин ақида буд ва мегуфт: «Ӯ, ки ҷавон буду ҳамагӣ 40 сол дошт, дар давраи идомаи ҷанги шаҳрвандӣ дар сесияҳои Шӯрои Олӣ баромад карда, дар бораи сабабҳои ин ҷанг ва дар бораи ба як кулфати дигар овардани кишвар, яъне нобудшавии Тоҷикистон чандин бор баромадҳои бисёр ҳам ҷиддӣ кард ва мавзеъгирии вай мавзеъгирии мардумӣ буд, чун дар бораи ояндаи миллату давлат ҳарф мезад».

 

Роҳбари давлат

 Пешвои миллат дар Иҷлосияи тақдирсози 16-ум бо дастони холӣ, ҳамчун як вакиле, ки биншинаду овоз диҳаду баргардад, нарафта буданд. Азбаски муддате раиси вилояти Кӯлоб буданду вазъро хуб омӯхта буданд, таҳлилҳои ҷолиб рӯи даст доштанд. Ояндаи кишварро дар ҳоли идомаи ҷанг медонистанд, ояндаи миллатро дар ҳоли субот ҳам медонистанд. Медонистанд, ки ҷанг Тоҷикистонро ба нокуҷо мебарад, эҳтимоли аз даст рафтани истиқлол ва пош хӯрдани миллату Ватан вуҷуд дошт.  Роҳи ягонаи бақои миллатро дар қатъи хунрезӣ медиданд. Аммо ин як сухани хушку холӣ набуд. Барномаи қатъи ин хунрезиро ҳам рӯи даст доштанду дар Иҷлосия матраҳ карданд.

Тоҷикистон дар ҳоле буд, ки кулли институтҳои ҳокимият фалаҷ шуда буданд ва нахустин иқдом мебоист ин ниҳодҳоро зиндаву фаъол мекарданд, артиши миллӣ таъсис мешуд, дастаҳои ғайриқонунӣ силоҳҳои худро месупурданд ва зиндагӣ ба маҷрои нав медаромад.

Маҳз ҳамин гуна барномаҳои созанда ва эътимодбахшу амалишаванда эътимоди мардум ва вакилонро зиёд кард ва ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданд. Ва шоҳидон ҳам мегӯянд, ки  дар воқеъ он шабу рӯз касе ҷуръати ба даст гирифтани роҳбарии кишварро надошт. Пеши роҳи хунрезиро гирифтан осон набуд, татбиқи барномаҳо осон набуд. Ҳар кас дар бими ҷони худ буд. Мегуфтанд ҳар роҳбар дар ин шабу рӯз кушта хоҳад шуд. Зеро гурӯҳҳои қудратталаб зиёд буданд.

Ва хеле бамаврид медонем як эътирофи худи Пешвои миллатро чун иқтибос орем, то вазъ рушантар шавад: «Соли 1992 бисёр соли вазнин, шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ дар вақти фалаҷшавии ҳокимият касе касеро гӯш намекард. Ягон сохтору мақомот вуҷуд надошт. Тоҷиккушӣ сар шуда буд дар баъзе шаҳру ноҳияҳо. Тоҷикҳоро даста -даста бурда мекуштанд. Ва дар ҳамон шабу рӯз баъде, ки интихоб карданд, ана ҳамин суханҳоро ман дар ҳамон ҷо гуфтам:  дар вақти тинҷиву оромӣ роҳбар будед, дар вақти вазнинӣ, ки ба сари миллат омадааст, гиред, роҳбарӣ кунед, сарварӣ кунед, ташаббускор бошед, мардумро соҳибӣ кунед. Дар рӯям гуфтанд баъди ду ҳафта туро мекушанд. Ман як чиро дарк мекардам, ки дар ҳамон вақт роҳбаре даркор буд, ки фидоии миллат бошад. Худашро қурбон кунаду миллатро сарҷамъ».

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода мегӯяд, ки  роҳбари давлати имрӯза муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷлосияи 16- ум барои вазифа нарафта буд. Ҳамчун вакил барои иштирок дар иҷлосия даъват шуда буд. Чуноне, ки дигарон даъват шуда буданд. Вале суханронии боҷасорату даъват ба сулҳу оштӣ вакилонро ба ҳамин хулоса овард, ки танҳо ӯ метавонад зимоми роҳбариро ба уҳда гирад.

Ба гуфтаи арбоби давлативу ҷамъиятӣ Рафиқа Мӯсоева «ӯ аз миёни халқ баромада буд ва иртиботҳояшро бо халқ аслан наканд. Аз ин рӯ, ҳамин халқ ба ӯ бо муҳаббат ва боварӣ посух дод».

Марҳум Қаҳҳор Маҳкамов, Президенти собиқи Тоҷикистон иқрор шуда буд: Худованд ба халқи тоҷик меҳрубон шуд, ки Эмомалӣ Раҳмонро дод. Агар ӯ намебуд, ман пештар ҳам гуфта будам, намедонистем чӣ мешуд. Ман тасаввур ҳам карда наметавонам, ки оё ҷумҳурии мо мебуд ва ё на. Оё кишвари Тоҷикистон ва миллати тоҷик мебуд ё на?

Ва ин роҳбарӣ осон набуд. Моҳҳо Эмомалӣ Раҳмон натавонистанд аз Душанбе ба Данғара, ба аёдати модари азизашон раванд. Марҳум Нуриддин Раҳмон, бародарбузурги Пешвои миллат ба ёд оварда буд: «Модар модар аст. Дилу ҷигараш мерезад, ки бачаашро намебинад. Ба ҳар ҳол тоқат мекард модар. Гоҳе менишастем мегуфт ягон вақт насиб мекарда бошад ҳамроҳ хӯрок хӯрем.  Мегуфтам оча шукрона кардан даркор. Модари ман боақл буд, мефаҳмид. Ҳамаи ин чизҳоро нағз дарк мекард».

Рафиқа Мӯсоева, аз манзили зисти Пешвои миллат дар он шабу рӯз нақл мекунад: «Манзиле, ки он солҳои аввал мезист, ба назарам як ваннаи танге ба андозаи 60 см ба ду метр буд шояд. Ва баъдан утоқе ба андозаи ду ба се, ҳатто шояд тангтар аз ин. Ва мо шигифтзада ба ӯ нигаристем ва ман суол кардам, ки оё Шумо дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунед? Посух дод: Оре, ин хонаи имрӯзаи ман.

Кӣ метавонад чунин бошад? Дар ҳоле имкони пурраи зистан дар бӯстонсаро ё ягон манзили боҳашамат вуҷуд дошт. Ба назари ман ин танҳо аз лиҳози амниятӣ набуд, балки як принсипи зиндагии ӯ буд, ки чун аз миёни халқ баромадааст, набояд аз халқ ҷудо бошад».

Дар бораи падари президент

Фарзандони бузург аз падарону модарони бузург ба дунё меоянд. Ин хуни олуда бо хуни падару модар аст, ки инсонро бошараф мекунад ё баръакс. Онҳое, ки падари Пешвои миллатро мешинохтанд, ҳамеша лаб ба ситоишаш боз мекунанд.

Пешвои муаззами миллат аз дӯстдорони ятимону сарпарасти ятимони кулланд. Мо шояд садҳо мисол дошта бошем, ки чи тавр ҳангоми сафарҳояшон ба шаҳру деҳот сари ятимонро сила мекунанд, барояшон туҳфа медиҳанд ва кулли роҳбаронро ба ятимпарастӣ ташфиқ мекунанд. Дар ин 35 соли Истиқлол дар Тоҷикистон даҳҳо ятимхонаҳову парасторгоҳҳо барои пирони барҷомондаву бекас сохта шуданд, ки давлат таъминоти онҳоро ба уҳда дорад.

Баъзе хислатҳо ирсӣ ҳам ҳастанд, ки аз волидон ба фарзандон мегузаранд. Аз ҷумла, ятимпарварии Пешвои азиз ҳам реша ба авлоди покашон доштааст. Сокинони Данғара хотираҳои зиёдеро аз рӯзгори падари раҳматии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақл мекунанд. Аз ҷумла, Талбак Хоҷаев, ки худро дастпарвари бобои Раҳмон меномад, мегӯяд, ки дар пушти хонаамон як қорӣ зиндагӣ мекард, ки бандагӣ кард.  3-4 фарзандаш бесоҳиб монд. Баъд чизе, ки меёфт, ба онҳо медод. «Мегуфт бигиред, сагираҳояшро нигоҳубин кунед, ки аз гуруснагӣ намиранд».

Марҳум Нуриддин Раҳмон-бародарбузурги Президент аз ҳодисаи дигар ҳикоят карда буд.  «Нафақаашро хона намеовард. Медод, тақсим мекард. Мегуфт Майрам, ман як кор кардам, ҷанҷол намекунӣ? Пенсияамро ба сағираҳои ҳамсоя додам».

 Сокини ноҳияи Кангурт Пӯлоди Тағоймурод мегӯяд, ба камбағалияшон ҳам, ба нодорияшон ҳам, ба нодории ҳамон замон ҳам, онҳо ба нону намак буданд. Бе нону намак мешуданд, ба ин дараҷа намерасиданд.

ЭЗОҲ: Чанд сатре, ки нвиштем, бо истифода аз ду манбаъи муътамад гирдорӣ кардем. Яке нашрияи ноҳияии «Навобод» ва дигар филми мустанади «30 соли Истиқлол дар Тоҷикистон».

 

ФАЙЗАЛИЗОДА Ҷумахон Хол

сарходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти омўзиши масъалањои давлатњои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

доктори илмҳои педагогӣ, профессор.