Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо, ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазорон муборизони роҳи бақои давлатдории тоҷикон мебошад. Эмомалӣ Раҳмон
(Ба истиқболи 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Имрӯз дар остонаи 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дошта, бовиқор метавонем иброз намуд, ки маҳз Истиқлолият ба мардуми шарифу сарбаланду тамаддунсозӣ тоҷик имконият дод, ки ин озодамиллат ғояи худшиносии миллиро бо ҳазарон ормон парчами даврони хеш созад.
Истиқлолият буд, ки тоҷику тоҷикстониёни ҷаҳонро ба сӯйи ваҳдату ягонагӣ, муттаҳидиву сарҷамъии миллат раҳнамун сохт. Ба шарофати Истиқлолият тақдири Ватану давлати аҷдодии тоҷикон боз ҳам қавӣ гардида, ватани азизамон Тоҷикистон рӯз то рӯз бо қабои гулпӯшу саршор аз меҳру муҳаббат ва азму иродаи созандагӣ майл ҷониби ободиву созандагӣ дорад.
Таърих оинаи миллат аст ва набояд мо имрӯз дар останаи ин ҷашни бузурги худшиносию ҳувияти миллӣ, яъне 35 солагии соҳибистиқлолӣ аз рӯзҳову солҳои аввали Истиқлолияти кишвар, ки он замон ҷомеаи мо вазъи ногуворе дошт, фаромӯш созем. Ёдовар бояд шуд, ки нооромӣ, бархӯрдҳои сиёсиву низомӣ, беназмиву бетартибиҳо, буҳрони сиёсиву иқтисодӣ, маънавию ахлоқӣ ва билохира ҷангҳо дар ҷомеа ҷой доштанд. Ҳамзамон набудани шууру маданияти сиёсӣ, дарки манфиатҳои миллӣ, вобастагиҳои яктарафа, қувваҳои гуногуни вобаста ба хориҷ ба якбор ҷомеаи моро фалаҷ намуда, ба ҷанги таҳмилии дохилӣ кашиданд.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ин ормони деринтизори халқамон маҳсуб меёбад, ки дар таърихи давлатдории миллати тоҷик сароғози марҳилаи сифатан нави рушду ташаккул дар бунёди давлати мутаммадини муосир мебошад. Чун дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир ба сар мебарем, таҳдидҳои геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангӣ ба амният, сулҳу субот, пойдории ваҳдати миллӣ, худшиносии миллӣ ва ҳувияти миллӣ метавонанд рахна созанд. Бинобар ин ҳар як фарди худогоҳу худшиноси миллатро мебояд дар иҷрои вазифаҳои хеш дар назди Ватану халқи муътабару ояндасози тоҷик масъулияти хешро беш аз ҳарвақта дарк намояд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, мавқеи сиёсии худро мустаҳкам намуд. Ҳамзамон Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ пешсаф аст. Ва бо шарофати сиёсати «дарҳои кушод» Тоҷикистон имрӯз аъзои фаъоли зиёда аз 57 созмони байналмилалӣ мебошад. Рамзи 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ, ки аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст, таҷассумгари дастовардҳои миллат мебошад.
Соли 2026 дар Тоҷикистон «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон шудааст, ки иқдом худ сарчашмаи калидии худшиносии миллӣ ва бақои давлату миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд “дар роҳи душвори истиқлолият муттаҳидию рафоқат, тифоқию ваҳдат, муросою ҳусни тафоҳум, якдигарфаҳмию ҳамраъйӣ ва, ниҳоят, такя кардан ба азму иродаи халқ ва неруи созандаи миллат моро аз тӯфонҳои шадиди аср ва талотумҳои амвоҷи замона эмин дошта, ба эҳёи давлату давлатдорӣ ва таҳкими рӯзафзуни мустақилияти сиёсиву иқтисодӣ бурда мерасонад ва Тоҷикистони азизи моро дар сафи кишварҳои мутамаддини олам ҷой медиҳад”.
Дар умум, қобили тазаккур аст, ки Истиқлолият ҳамчун сарчашмаи калидӣ барои тоҷикон роҳи абадии рушд ва шарти асосии бақои миллат мебошад. Ҳифзи ин дастоварди муқаддас ва саҳм гузоштан дар ободии Ватан қарзи ҳар як шаҳрванди баору номуси меҳан аст.
ДАВЛИЁРОВА Сафаргул Тешаевна,
ходими пешбари илмии Шуъбаи
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили
Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,
номзади илмҳои фалсафа, дотсент