×

ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН МАРҲИЛАИ НАВ ДАР ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ВА ТАҲКИМИ НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИШВАР

Бозгашт ба мавод

ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН МАРҲИЛАИ НАВ ДАР ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ВА ТАҲКИМИ НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИШВАР

ИОМДОА Сиёсат 04-06-2026 ш.Душанбе
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН  МАРҲИЛАИ НАВ ДАР ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ВА ТАҲКИМИ НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИШВАР

Дар замони муосир масъалаи дастрасӣ ба оби тоза, ҳамчун унсури муҳими ҳаёт дар рӯи замин, аз доираи захираи табиат фаротар рафта, ба яке аз омилҳои умдаи амнияти байналмилалӣ, рушди устувор ва ҳамкориҳои фаромиллӣ табдил ёта истодааст. Тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолии ҷаҳон, рушди босуръати шаҳрнишинӣ ва зиёд шудани талабот ба об боиси он мегардад, ки масъалаи идоракунии устувори захираҳои обӣ ба меҳварҳои асосии рӯзномаи ҷаҳонӣ мубаддал шавад. Дар чунин шароит Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир тавонист худро ҳамчун яке аз ташаббускорони асосии рӯзномаи ҷаҳонии об муаррифӣ намояд.

Эълони таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, ки 26 майи соли 2026 зимни Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»,  аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, марҳилаи нави рушди дипломатияи обии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Тибқи эъломия, ҷоиза барои саҳми барҷаста дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ, сиёсати устувори об ва ҷустуҷӯи роҳҳои муассири ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об пешбинӣ шудааст.

Таъсиси ин ҷоиза дар замоне сурат гирифта истодааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мушкилоти бесобиқаи об ва тағёирёбии иқлим рӯ ба рӯ мебошад. Мувофиқи таҳлилҳои мутахассисон ва арзёбиҳои созмонҳои байналмилалӣ, миллиардҳо нафар аҳолии ҷаҳон то ҳол ба оби нӯшокии бехатар ва хизматрасониҳои санитарӣ дастрасии пурра надоранд. Дар асоси чунин фарзияҳо олимон пешбинӣ мекунанд, ки то соли 2050 талабот ба оби нӯшокӣ ҳадди ақал 25 фоиз ва талабот ба истеҳсоли маводи ғизоӣ тақрибан 50 фоиз афзоиш меёбад.  Аз ин лиҳоз, дар чунин шароит масъалаи идоракунии самараноки захираҳои обӣ аҳамияти стратегиро касб мекунад.

Ҷоизаи навбатии байналмилалии Тоҷикистонро наметавон танҳо ҳамчун як мукофоти рамзӣ арзёбӣ кард. Дар асл, ин ҷоиза ба  воситаи нави дипломатияи байналмилалӣ табдил меёбад, ки метавонад барои таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатӣ, рушди таҳқиқоти илмӣ ва ташаккули фарҳанги нави истифодаи устувори об мусоидат намояд. Маҳз ҳамин хусусият онро аз бисёр ҷоизаҳои байналмилалии мавҷуда фарқ мекунад. Бояд гуфт, ки имрӯз дар ҷаҳон якчанд ҷоизаҳои бонуфузи байналмилалӣ дар соҳаи об мавҷуданд. Машҳуртарини онҳо Ҷоизаи оби Стокголм мебошад, ки аксар вақт онро «Ҷоизаи Нобел дар соҳаи об» низ меноманд. Ин ҷоиза асосан ба дастовардҳои илмӣ, тадқиқотӣ ва навовариҳо дар соҳаи захираҳои обӣ равона шудааст. Ҷоизаи Ли Куан Ю дар Сингапур бошад, бештар ба ҳалли амалии мушкилоти об тавассути технологияҳои навоварона, идоракунии самараноки низомҳои обтаъминкунӣ ва татбиқи таҷрибаҳои муваффақ дар сатҳи шаҳрҳо ва миллӣ равона шудааст.

Дар ҳамин замина, Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон бо таваҷҷуҳи махсус ба дипломатияи об, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ташаккули сиёсати устувори обӣ аз дигар ҷоизаҳо фарқ мекунад. Агар ҷоизаҳои Стокголм ва Ли Куан Ю бештар ба илм ва технология тамаркуз намоянд, ҷоизаи Тоҷикистон ба ҳамгироии илм, сиёсат ва дипломатия нигаронида шудааст. Ин хусусият метавонад ба он ҷойгоҳи махсус дар низоми ҷоизаҳои байналмилалии соҳаи об фароҳам орад. Агар аз рӯи воқеият назар андозем, дар асл, таъсиси ин ҷоиза идомаи мантиқии сиёсати байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаҳои об мебошад. Тоҷикистон аз ҷумлаи камтарин кишварҳоест, ки тавонистааст як мавзуъи мушаххаси глобалиро на танҳо ба меҳвари сиёсати хориҷии худ, балки кишварҳои ҷаҳон табдил диҳад. Бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид чандин қатъномаҳои муҳимро қабул намуд, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, аз зумраи иқдомҳое, буданд, ки сарвари давлат онҳоро аз минбарҳои бонуфузи байналмилаӣ ба саъми ҷаҳониён расонданд.

Аз ин лиҳоз, Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи обро метавон ҳамчун қадами навбатӣ дар роҳи ниҳодикунонии дипломатияи обии кишвар арзёбӣ кард. Агар то имрӯз Тоҷикистон асосан ташаббускори рӯзномаҳои байналмилалӣ ва конфронсҳои ҷаҳонӣ буд, акнун он барои ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии саҳмгузорони фаъоли соҳаи об низ механизми доимӣ таъсис медиҳад. Аз нуқтаи назари муносибатҳои байналмилалӣ, ҷоиза метавонад як воситаи муассири қудрати нарм гардад. Дар назарияи муносибатҳои байналмилалӣ мувофиқи ақидаи Ҷозеф Най қудрати нарм қобилияти таъсиррасонӣ тавассути ҷалб, эътибор ва арзишҳоро ифода мекунад. Мисли он ки Ҷоизаи сулҳи Нобел нуфузи байналмилалии Норвегияро афзоиш додааст, Ҷоизаи байналмилалии об метавонад ба таҳкими мақоми Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар масъалаҳои об мусоидат намояд. Ҷоиза инчунин метавонад барои густариши ҳамкориҳои илмӣ байни Тоҷикистон ва марказҳои бонуфузи тадқиқотии ҷаҳон замина фароҳам оварад. Бо қадрдонии олимон, пажӯҳишгоҳҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ имкониятҳои нав барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва мубодилаи дониш ба вуҷуд меоянд.

Аҳамияти дигари ва шояд стратегии ҷоиза ҳам гӯем иштибоҳ намекунем, ба минтақаи Осиёи Марказӣ марбут мебошад. Дар ин минтақа масъалаи об натанҳо сарчашмаи обёрии заминҳо ва рушди хоҷагидорӣ мебошад, балки яке аз масъалаҳои муҳими  геополитикӣ низ ба ҳисоб меравад. Дарёҳои Амударё ва Сирдарё аз ҳудуди якчанд давлат мегузаранд ва истифодаи онҳо ба манфиатҳои кишварҳои гуногун таъсир мерасонад. Дар чунин шароит Тоҷикистон гоми хеле заруриро гузошат, яъне тавассути таъсиси  ин ҷоиза нақши миёнҷигӣ, ҳамоҳангсоз ва ташаббускори муколамаҳои минтақавиро боз ҳам тақвият бахшид.

Албатта, дар баробари имкониятҳо баъзе мушкилот низ вуҷуд доранд. Барои ба даст овардани эътибори байналмилалӣ шаффофияти баланд, механизми мустақили интихоби ғолибон ва маблағгузории устувор зарур мебошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки муваффақияти ҳар гуна ҷоизаи байналмилалӣ аз сатҳи эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба раванди интихоби барандагон вобастагӣ дорад. Бо вуҷуди ин, имкониятҳои ин ҷоиза назар ба мушкилоти эҳтимолӣ бештар ба назар мерасанд. Дар сурати татбиқи дуруст, он метавонад ба яке аз ҷоизаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар соҳаи об табдил ёфта, мақоми Тоҷикистонро ҳамчун яке аз давлатҳои муҳими дипломатияи ҷаҳонии об боз ҳам мустаҳкамтар намояд. Имрӯз эълони таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об на танҳо дар расонаҳои дохилӣ, балки дар як қатор расонаҳои байналмилалӣ ва платформаҳои марбут ба дипломатияи об низ инъикос ёфта истодаанд. Чунин раванд нишон медиҳад, ки ҷомеаи байналмилалӣ ба ташаббуси нави Тоҷикистон ҳамчун идомаи мантиқии саҳми кишвар дар рӯзномаи ҷаҳонии об таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.

Хулоса, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об на танҳо иқдоми муваффақ, балки воситаи стратегии хеле муассири сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи байналмилалии кишвар мебошад, ки маҳз бо ибтикори Пешвои миллат роҳандозӣ гардид. Он дар дар шароите, ки тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва афзоиши талабот ба захираҳои обӣ ба яке аз масъалаҳои муҳими асри XXI табдил ёфтааст, амалӣ гардида, мисли тири банишонрасида мемонад. Аз ин рӯ, чунон ки пештар ҳам зикр намудем, ҷоиза идомаи мантиқии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаҳои об буда, метавонад ба таҳкими нуфузи байналмилалии кишвар, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва пешбурди ҳалли мушкилоти глобалии об мусоидат намояд.

МАДИМАРОВА Гулҳаё

ходими илмии Шуъбаи ШМА ва Канадаи

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ