×

ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ - ПОЯИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Бозгашт ба мавод

ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ - ПОЯИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

ИОМДОА Сиёсат 14-08-2026 ш.Душанбе
ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ - ПОЯИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

(Ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

         Воқеан ҳам Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат арзиши олии сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавӣ ба ҳисоб рафта, дар ташаккули давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва манфиатҳои миллӣ, инчунин муайян намудани самтҳои рушди сиёсиву иҷтимоӣ авлавият дорад. 9 сентябри соли 1991 миллати тоҷик соҳибистиқлол гардида, дар ин санаи таърихӣ, яъне барои эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва бунёди низоми нави сиёсӣ заминаи воқеӣ фароҳам овард.

         Бояд ќайд намуд, ки дар давоми 35-соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи пурпечутоб, вале созандаро сипарӣ намуд. Тавре маълум аст, ибтидои соҳибистиқлолӣ ба давраи мушкилтарини таърихи давлатдории навини тоҷикон рост омад. Яке аз ин монеаҳо љанги таҳмилӣ - шаҳрвандӣ буд. Таҷрибаи  давлатдории навини  тоҷик   нишон  медиҳад,  ки  бо  фаъолияти  пурсамари  сиёсӣ  ва  байналмилалии  худ  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои  миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъмори аслӣ ва сипари боэътимоди Истиқлоли давлатии  Љумҳурии Тоҷикистон  аст. Президенти  кишвар  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Љумҳурии Тоҷикистон, дар замони ниҳоят  вазнин,  Роҳбари  давлат  интихоб  гардида,  аз рӯзҳои  нахустин  дар  сиёсати  дохилӣ  ва  хориҷӣ роҳеро интихоб намуданд,  ки  тавассути  он  қадам  ба  қадам кишварро  аз  ҳолати  буҳронӣ  ва  ҷанги  шаҳрвандӣ  берун сохта,  ба  маҷрои  сулҳу  ваҳдат  ва  пешрафт  роҳнамоӣ  кардаанд.

         Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар шароити дигаргуниҳои босуръати сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, рақобатҳои геополитикӣ, таҳдидҳои нави амниятӣ ва рушди технологияҳои рақамӣ масъалаи ҳифзи истиқлоли давлатӣ аҳаммияти боз ҳам бештар пайдо кардааст. Аз ин рӯ, сиёсати давлатӣ бояд ҳамзамон ба таҳкими соҳибихтиёрӣ, рушди иқтисоди миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва иштироки фаъолона дар муносибатҳои байналмилалӣ равона карда шавад.

         Бояд ќайд намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Пеш аз ҳама, заминаҳои ҳуқуқии давлатдории миллӣ ташаккул ёфта, устувор карда шудаанд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ, ташаккули низоми бисёрҳизбӣ, такмили қонунгузорӣ ва рушди институтҳои давлатӣ барои таҳкими низоми сиёсӣ заминаи устувор гузоштанд. Дар баробари ин, сиёсати «дарҳои боз» ва муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои ҷаҳон имконият фароҳам овард, ки давлати мо ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи арзандаи худро пайдо намояд.

         Яке аз дастовардҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ ноил шудан ба Ваҳдати миллӣ мебошад. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27-июни соли 1997 на танҳо ба љанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, балки љиҳати рушди минбаъдаи давлат ва ҷомеа фазои мусоиди сиёсӣ, иљтимоӣ ва иқтисодӣ фароҳам овард. Маҳз, Ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои муҳимми давлатдорӣ табдил ёфта, имрӯз ҳамчун кафили суботи сиёсӣ ва рушди устувори мамлакат хизмат менамояд.

         Истиқлолу суботи сиёсӣ имконият фароҳам овард, ки сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат низ ба таври назаррас рушд намояд. Аз љумла, амалӣ гардидани стратегияҳои миллӣ, сохтмони роҳҳо, нақбҳо, неругоҳҳои барқии обӣ, инкишофи соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, рушди инфрасохтори муосир ва рақамикунонии идоракунии давлатӣ нишон медиҳанд, ки соҳибистиқлолӣ барои густариши ҳамаҷонибаи кишвар замина гузоштааст. Ҳамзамон, таваҷҷуҳи махсус ба рушди нерӯи инсонӣ, илму маориф, технологияҳои нав ва ташаккули иқтисоди рақобатпазир аз афзалиятҳои муҳимми сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбанд.

         Бояд тазаккур дод, ки дар арсаи байналмилалӣ низ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд ҳамчун давлати ташаббускор ва сулҳпарвар муаррифӣ гардид. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об, рушди устувор, сулҳу амният, ҳифзи пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, нуфузи байналмилалии кишварро афзоиш доданд. Ин ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки соҳибистиқлолӣ на танҳо имконияти ҳалли масъалаҳои дохилиро фароҳам меорад, балки заминаи иштироки фаъолонаи давлатро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ низ муҳайё месозад.

         Ҳамчунин, яке аз муҳимтарин дастовардҳои кишвар ин таҳкими пояҳои иқтисодии давлат мебошад. Агар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ иқтисодиёти мамлакат бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардида бошад, имрӯз Тоҷикистон марҳилаи рушди устувори иқтисодиро сипарӣ менамояд. Амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ, рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва беҳтар гардидани муҳити сармоягузорӣ ба афзоиши иқтидори иқтисодии кишвар мусоидат менамоянд. Инчунин, татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар имконият фароҳам овард, ки заминаҳои рушди дарозмуддати иқтисодӣ таҳким ёбанд.

         Дар байни ин ҳадафҳо масъалаи истиқлолияти энергетикӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Бо бунёд ва таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва зеристгоҳҳои нав имконияти истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикии мамлакат васеъ гардид. Дар баробари ин, рушди инфрасохтори нақлиётӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳо, нақбҳо, пулҳо ва хатҳои байналмилалии коммуникатсионӣ, Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ тадриҷан берун оварда, робитаҳои иқтисодии онро бо кишварҳои минтақа тақвият бахшид.

         Чуноне маълум аст, соҳаи маориф ва илм низ дар замони соҳибистиқлолӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфта, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, таъсиси донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ, истифодаи технологияҳои муосири таълим, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф имконоти васеъ фароҳам овард, ки сатҳи омодасозии мутахассисони миллӣ тадриҷан баланд бардошта шуд. Зеро, имрӯз рушди иқтисоди рақамӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ бидуни неруи зеҳнии рақобатпазир ғайриимкон мебошад. Аз ин лиҳоз, сармоягузорӣ ба илму маориф ҳамчун сармоягузорӣ ба ояндаи давлат арзёбӣ мегардад.

         Бояд таъкид намуд, ки дар баробари рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, таҳкими фарҳанги миллӣ низ яке аз дастовардҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Он љиҳати эҳёи арзишҳои миллӣ, рушди забони давлатӣ, омӯзиши таърихи давлатдорӣ ва муаррифии мероси фарҳангии тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ имкониятҳои нав муҳайё намуд. Дар ин радиф, таҷлили санаҳои муҳимми таърихӣ, бузургдошти шахсиятҳои барҷастаи илм ва фарҳанг, инчунин ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ба таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстии шаҳрвандон мусоидат менамоянд.

         Бояд ќайд намуд, ки дар вазъияти имрӯза ҳифзи истиқлолияти давлатӣ танҳо бо рушди иқтисодӣ маҳдуд намешавад. Равандҳои ҷаҳонишавӣ, рақобатҳои геополитикӣ, рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва густариши фазои иттилоотӣ шаклҳои нави таҳдидҳоро ба вуҷуд овардаанд. Ҷангҳои иттилоотӣ, ҳамлаҳои киберӣ, паҳн гардидани маълумоти бардурӯғ, экстремизми иттилоотӣ ва истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои таъсиррасонӣ ба афкори ҷамъиятӣ аз ҷумлаи чунин таҳдидҳо мебошанд. Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои муҳимми давлат таҳкими амнияти иттилоотӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва рушди фарҳанги истифодаи технологияҳои рақамӣ мебошад.

         Дар воқеъ, маҳз соҳибистиқлолӣ, Ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ, эҳёи фарҳанг ва иштироки фаъолонаи Љумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ имкон доданд, ки кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи арзандаи худро соҳиб гардад. Ин дастовардҳо барои насли имрӯз мояи ифтихор ва барои наслҳои оянда масъулияти бузург мебошанд. Бинобар ин, ҳифзи истиқлоли сиёсӣ, таҳкими давлатдории миллӣ ва идомаи сиёсати созанда бояд ҳамеша ҳамчун афзалияти стратегии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ монад.

ҚОДИРОВА Зулайхо,

ходими илмии шуъбаи Осиёи Љанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ