×

РУШДИ ТАФАККУРИ МИЛЛӢ ДАР ПАРТАВИ СИЁСАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Бозгашт ба мавод

РУШДИ ТАФАККУРИ МИЛЛӢ ДАР ПАРТАВИ СИЁСАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

ИОМДОА Сиёсат 11-06-2026 ш.Душанбе
РУШДИ ТАФАККУРИ МИЛЛӢ ДАР ПАРТАВИ  СИЁСАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ҷаҳони имрӯза дигар аз воҳидҳои таркибии алоҳида иборат нест, балки ба як ҷомеаи умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки бо шабакаҳои иттилоотӣ ва василаҳои дигари табодули фарҳангҳо ба ҳам пайваст аст. Ҷаҳонишавӣ марзҳои ҷуғрофӣ ва фарҳангиро шикаста, навовариҳои беназири технологиро ба вуҷуд овардааст, аммо инчунин барои ҳар як миллат мушкилоти назаррасро ба миён гузоштааст.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишваре, ки бар асоси демократии ҳуқуқӣ, гуногунранги фарҳангҳо ва ягонагии миллати тоҷик бунёд ёфтааст, ин ҳадаф аз он иборат аст, ки дар партави сиёсати Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташаккул ва ҳифз намудани эҳсоси ҳувияти миллӣ дар пояи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва умумиҷаҳонӣ ба мадди аввал мебарояд. Ин ҳувият, ки бар арзишҳои фарҳангӣ, бахусус илмӣ-таърихӣ асос меёбад, роҳнамои муҳимест, ки самти ояндаи миллатро низ муайян мекунад. Агар фаҳмиши мо дар бораи он ки мо кистем - ҳамчун миллате, ки ба ҳамкорӣ, машварат ва таҳаммулпазирӣ арзиш медиҳад - коҳиш ёбад, қувваи ваҳдонии миллат пароканда мешавад ва моро дар муқобили низоъҳои дохилӣ ва таъсири хориҷӣ осебпазир рӯ ба рӯ меорад. Аз ин рӯ, ҳифзи ҳувияти миллии мо на танҳо як навъ вазифаи фарҳангӣ, балки масъулияти стратегӣ барои давлат низ мебошад. Ин як низоми қавии дифои дохилиро ба миён овардааст, ки дар доиари сиёсати давлатии кишвар бо номи Ваҳдати миллӣ маълум аст.

Ин сиёсат аз стратегияи мувофиқ барои тарбияи эҳсоси ҳувият бо ворид кардани ин арзишҳо тамаркуз дорад ва дар он тарбияи зеҳнӣ ва баланд бардоштани қобилияти маърифатӣ ва интеллектуалии сокинони кишварамон яке аз вазифаҳои асосии зиёиёни тоҷик ба шумор меравад. Таълими шаҳрвандӣ дар мактабҳо бояд бо таъкид ба татбиқи арзишҳои Ваҳдати миллӣ ва дастурҳои Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳаёти ҳаррӯза тақвият дода шавад, зеро танҳо он барои рушди қобилияти зеҳнӣ ва маърифатии тоҷикон василаи пешравӣ буда метавонад: «...танҳо илму дониш ва сатҳи баланди маърифат ба шумо қобилияти расидан ба қадри истиқлолу озодӣ, давлату давлатдорӣ, падару модар, забон, таърих, фарҳанг, расму оинҳо ва дигар арзишҳои бебаҳои миллиро фароҳам месозад» (Суханронии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш, Душанбе, 1-уми сентябри соли 2024).

 Нигоҳ доштани ҳувият маънои рад кардани пешрафтро надорад, балки кӯшиш кардан аст ба сӯи пешрафт бо ислоҳи баъзе хислатҳои зеҳнӣ ва дар доираи он тақвият додани ҳувияти комили тоҷикон. Барои ҳифзи ҳувият ва ягонагии миллат аз таҳдидҳои гуногун, талошҳои ҳамгироии миллӣ маҳз тафаккури нав, боздиди назаршуда заруранд. Аз ин рӯ, ҳамгироии миллиро метавон ҳамчун раванди муттаҳид кардани гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба як воҳиди ягона ва эҷоди ҳувияти миллӣ бар пояи тарбияи зиёиёну соҳибмаърифатҳои сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ бояд кард. Дар ин ҷо ҳамчунин дар хотир бояд дошт, ки ташаккули зеҳнияти олии мардуми тоҷик ва пешрафти он аз натиҷаи баррасиҳо ва таҳлилҳои онҳо, шиносоӣ бо фарҳанги халқу қавмҳои гуногун бармеояд ва он раванди лаҳзавӣ набуда, балки марҳилаи тӯлонии таърихиро дар бар мегирад, ки аз он бардошт намудани арзишҳои илмӣ, фалсафӣ, фарҳангӣ, забонӣ, динӣ ва таҷрибаи дастаҷамъӣ дар мубориза барои истиқлолият заҳмати зиёдро тақозо мекунад. Албатта, бархӯрдҳо бо ин фарҳангҳо боиси тағйири арзишҳо, бахусус дар байни насли наврас ва ҷавон, тарзи зиндагӣ, тарзи тафаккури онҳо ба тадриҷ ба афзалиятҳои фарҳангӣ табдил меёбанд. Баррасии адабиёт нишон медиҳад, ки байни арзишҳои маҳаллӣ ва арзишҳои ҷаҳонӣ як навъ ихтилофи ҷангӣ вуҷуд дорад, ки метавонад ҳувият ва аз пайи он ваҳдати миллиро тақвиятдиҳад ё заиф созад.

Ҷаҳонишавӣ барои дастрасии мардум ба шаклҳои гуногуни фарҳанги ҷаҳонӣ ва дар пайи он рушд ёфтани сатҳи зеҳнии онҳо фазои нав ва васеъ мекушояд, аммо агар он бо зеҳниятгароии баланди фарҳангӣ ҳамрадиф набошад, ҳувияти миллӣ метавонад ба заъфу сустӣ рӯ ба рӯ ояд. Аз ин рӯ, таҳкиму тақвияти зеҳнияти сокинони кишвар барои нигоҳ доштани пайвастагии арзишҳои миллӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Бояд тазаккур дод, ки мушкилоти ҷаҳонишавӣ ва ба доираи умумии он ворид шудан тавассути васоити рақамӣ боиси тағирёбии тамоюли фарҳангии ҷомеа мегардад: тарзи ҳаёти ғарбӣ бештар маъмул мешавад, дар ҳоле ки арзишҳои фарҳангии маҳаллӣ одатан ва ба тадриҷ дар канора мемонанд. Ба ғайр аз ин, ҷаҳонишавии иқтисодӣ тарзи ҳаёти моддиро ташвиқ мекунад, ки метавонад ҳамбастагии маънавию фарҳангии иҷтимоиро халалдор созад ва ба паст шудани ҳисси мансубият ба ҷомеа ва миллат таъсир расонад. Дастрасии беназорат ба иттилоот, махсусан тавассути васоити ахбори иҷтимоӣ, боиси бархӯрдҳо ба маълумоти бардурӯғ, таҳаммулнопазирӣ ва сегрегатсияи шахсият дар асоси нажодӣ, динӣ ё идеология мегардад. Бар замми ин, дар баъзе адабиёт таъкид мешавад, ки таълим дар шароити ҷаҳонӣ дар аксари ҳолатҳо ба салоҳияти техникӣ афзалият мегузорад ва ба ташаккули хислатҳои миллӣ дар асоси пояҳои аксиологии он таваҷҷуҳи кофӣ намедиҳад.

Дар маҷмуъ, ин чолишҳо нишон медиҳанд, ки ҷаҳонишавӣ як навъ ботилнамо (парадокс) аст, ки имкониятҳоро боз мекунад, аммо дар айни замон дар сурати дуруст идора нагардидани он ба Ваҳдати миллӣ таҳдид мекунад. Ваҳдат ё ҳамгироиии миллӣ дар заминаи ҷомеаи гуногунфарҳангии Тоҷикистон равишеро тақозо мекунад, ки бояд ҷанбаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маърифатиро дар бар гирад. Адабиёти таҳқиқотӣ нишон медиҳанд, ки Ваҳдати миллиро ҳангоме ба даст овардан мумкин аст, ки байни эътирофи гуногунрангӣ ва садоқат ба арзишҳои муттаҳидкунандаи миллат тавозун вуҷуд дошта бошад. Дар навбати хеш, тақвияти ҳувияти миллӣ масъулияти муштарак байни оилаҳо, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеаҳо ва ҳукумат аст. Қадамҳои стратегӣ ба монанди ҳифзи фарҳанги маҳаллӣ, тақвияти тарбияи шахсият, татбиқи сиёсати фарогири давлатӣ ва истифодаи мусбати васоити ахбори оммаи рақамӣ калиди нигоҳ доштани устувории ваҳдати миллӣ ва ҳувияти миллӣ мебошанд. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дар асоси дастовардҳои солҳои истиқлолият ва бо роҳбарии Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қодир аст, ки бо динамикаи ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ омада, дар айни замон ягонагӣ, устувории иҷтимоӣ ва хусусиятҳои Ваҳдати миллиро нигоҳ дорад.

НАЗАРИЕВ Рамазон

сарходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ