×

НАЗАРЕ БА ПАДИДАИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ҚАРИНАИ ИЛМҲОИ ҶОМЕАШИНОСӢ

Бозгашт ба мавод

НАЗАРЕ БА ПАДИДАИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ҚАРИНАИ ИЛМҲОИ ҶОМЕАШИНОСӢ

ИОМДОА Таърих 08-06-2026 ш.Душанбе
НАЗАРЕ БА ПАДИДАИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР  ҚАРИНАИ ИЛМҲОИ ҶОМЕАШИНОСӢ

Дар низоми муосири равобити байналмилалӣ, ки бо таҳаввулоти босуръати геополитикӣ, ҷангҳои гибридӣ ва бӯҳронҳои фаромиллӣ тавсиф мешавад, масъалаи устувории ниҳодҳои давлатӣ ва бақои миллии кишварҳо аз тариқи ваҳдату инсиҷоми миллӣ, беш аз пеш ба сифати унсури калидии амнияти глобалӣ матраҳ мегардад. Бо таҳлили амиқи равандҳои сиёсии асри нав собит мегардад, ки замина ва зерсохтори бунёдии ҳар гуна қудрати беруна аз сатҳи инсиҷоми дохилӣ ва ваҳдати миллии шаҳрвандони он давлату ҷомеа сарчашма мегирад. Вақте ки як воҳиди сиёсӣ (давлат-миллат) аз даруни худ дучори парокандагӣ, тафриқа ва адами ҳамоҳангии сохторӣ мегардад, тамоми унсурҳои қудрати он аз иқтисод гирифта то мудофиа ва дипломатия ба таври силсилавӣ ба шикаст мувоҷеҳ мешаванд. Набудани ваҳдати миллӣ на танҳо як мушкили иҷтимоӣ ё равонӣ дар дохили ҷомеа аст, балки он як таҳдиди мустақими соҳибихтиёрӣ маҳсуб мешавад, ки қобилияти муқовимати кишварро дар баробари фишорҳои беруна маҳдуд мекунад. Ҳамин воқеият тақозо менамояд, ки паёмадҳои манфии тафриқа на танҳо дар сатҳи амнияти дохилӣ, балки дар заминаи сиёсати хориҷӣ ва мавқеи байналмилалии давлат мавриди баррасӣ қарор гиранд.

Таваҷҷуҳ ба сохтори тафриқа нишондиҳандаи он аст, ки ин раванд якбора ба вуҷуд намеояд. Тафриқа ва иқтилоф дар ҷомеа аввал аз тарвиҷу ташвиқи манфиатҳои зиддидавлатӣ ва зиддимиллию зиддииҷтимоии баъзе бадхоҳони миллату кишвар оғоз шуда, тадриҷан ба сохторҳои сиёсию иқтисодӣ ва ниҳодҳои иҷтимоӣ сироят мекунад ва дар ниҳоят заминаҳои ваҳдату устувории миллиро аз байн мебарад. Дар сурати набудани инсиҷоми миллӣ, аввалин заминае, ки дучори харобӣ ва мушкилот мегардад, сохтори маънавӣ ва равонии ҷомеа мебошад. Дар ҷомеашиносии муосир мафҳуми «сармояи иҷтимоӣ», ки тавассути донишмандоне чун Роберт Патнам ва Фрэнсис Фукуяма густариш ёфтааст, ҳамчун нишондиҳандаи асосии устувории як миллат эътироф мешавад. Сармояи иҷтимоӣ бар се меҳвари калидӣ устувор аст: эътимоди мутақобилаи шаҳрвандон, меъёрҳои ахлоқии муштарак ва шабакаҳои ҳамкории ҷамъиятӣ. Аз байн рафтани ваҳдати миллӣ ин сармояҳоро ба таври куллӣ нобуд месозад.

Вақте ки иттиҳоди миллӣ ҷойи худро ба тафриқа медиҳад, ҷомеа ба бӯҳрони амиқи ҳувият гирифтор мешавад. Шаҳрвандон дигар худро ҳамчун узви як кулли воҳид дар ҷомеа ва дорои як сарнавишти муштараки иҷтимоӣ эҳсос намекунанд. Дар ин муҳит, ҳувиятҳои хурди маҳаллӣ, қавмӣ, гурӯҳӣ ва идеологӣ бар ҳувияти бузурги миллӣ ва давлатӣ ғолиб меоянд. Ин раванд боиси ба вуҷуд омадани бетафовутии иҷтимоӣ миёни мардум мегардад. Шаҳрвандон нисбат ба тақдири сиёсию иқтисодии кишвар, рушди давлат ва ҳифзи манфиатҳои умумӣ бепарво мешаванд. Эътимод, ки унсури пайванддиҳандаи аслии ҷомеа маҳсуб мегардад, аз байн меравад ва ҷойи онро бадбинӣ ва нафрати иҷтимоӣ мегирад. Дар чунин шароит, ҳар як иқдоми созандаи давлат аз ҷониби гурӯҳҳои мухталиф бо шакку шубҳа қабул карда шуда, раванди рушди миллӣ мутаваққиф мегардад.

Маҳалгароӣ  низ яке  аз дигар аз хатарноктарин паёмадҳои сохтории аз байн рафтани иттиҳоди миллӣ ба шумор меравад, ки мустақиман амнияти миллиро ҳадаф қарор медиҳад. Дар ҷомеае, ки инсиҷоми миллӣ заиф аст, маҳалгароӣ аз як падидаи оддии ҷуғрофӣ ё фарҳангӣ ба як абзори иҷтимоии зиддимиллӣ ва сохторшикан табдил меёбад. Ин падида боиси он мегардад, ки захираҳои моддӣ,  имкониятҳои иқтисодӣ на бар асоси воқеъгароӣ, балки бар пояи вобастагиҳои маҳаллию қавмӣ баҳо дода шаванд. Маҳалгароӣ сохтори идории давлатро фалаҷ мекунад, зеро қарорҳои стратегӣ на ба хотири манфиатҳои миллӣ, балки зери таъсири манфиатҳои кӯтоҳмуддати гурӯҳӣ қабул мешаванд. Боло гирифтани ин гуна тафриқаҳо ҳокимияти марказиро заиф намуда, дар ниҳоят  дилхоҳ кишварро ба сӯи бӯҳронҳои сохторӣ ва ҳатто хатари пошхӯрӣ ва ҷанги шаҳрвандиву бародаркушӣ мекашад.

Масъалаи дигаре, ки аз тафриқаву ихтилоф дар ҷомеа ва адами иттиҳоди миллӣ осеби ҷиддӣ мебинад, сиёсати хориҷии кишвар ва ҷойгоҳу мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Дар назми муосири байналмилалӣ, дипломатия на танҳо абзори муколама, балки майдони набарди манфиатҳо ва намоиши иқтидори миллии давлатҳост. Самаранокии сиёсати хориҷии як кишвар ва қудрати дипломатҳои он дар музокироти дуҷониба ва чандҷониба мустақиман ба устувории ҷабҳаи дохилии он кишвар вобаста аст. Тафриқаву ихтилоф дар масоили дохилии кишвар заминаҳои дипломатияи фаъол ва соҳибихтиёри кишварро дар фазои байналмилалӣ ба шиддат заиф месозад. Вақте ки як давлат аз дарун дучори тафриқа ва парокандагӣ аст, дар равобити дуҷониба ва чандҷониба бо кишварҳои дигар ҳамчун як бозигари заиф, осебпазир ва таҳти фишор зоҳир мешавад. Давлатҳои дигар (бахусус қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ) бо дарки ин заъфи сохторӣ, дар ҷараёни музокирот аз усули фишор баҳра бурда, манфиатҳои худро дунбол мекунанд. Дипломатҳои кишвари дорои ихтилофу тафриқа чандон қудрати зиёдеро ҷиҳати дифоъ аз манфиатҳои миллӣ ва баёни мавқеъҳои стратегии худро надоранд. Зеро онҳо пуштибонии якҷоя ва якпарчаи миллати худро камтар эҳсос мекунанд. Дар чунин шароит, сиёсати хориҷӣ аз як раванди созанда ва фаъол ба як сиёсати мудофиавии заиф табдил меёбад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурату аҳамияти мафҳуми иттиҳод ва инсиҷоми миллиро дар воқеияти талхи ҳаёти худ дар аввали солҳои 90-уми асри ХХ таҷриба ва дарк кардааст. Парокандагии ҷомеа, авҷи маҳалгароӣ ва сӯиистифодаи қудратҳои беруна аз ихтилофоти дохилӣ, кишварро ба ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ мувоҷеҳ сохт, ки боиси қурбониҳои калони ҷонӣ, фирори миллионҳо шаҳрванд ва вайронии куллии иқтисодиёти кишвар гардид. Ин фоҷиа дақиқ собит намуд, ки адами иттиҳод чӣ гуна метавонад як давлати ҷавонро дар остонаи нестӣ қарор диҳад. Аммо, мардуми Тоҷикистон бо иродаи қудратманди худ ва сиёсати хирадмандонаву дурбиннонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тавонистанд аз ин вартаи ҳалокатбор раҳоӣ ёбад. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар соли 1997 нуқтаи гардиши таърихие буд, ки иттиҳоду инсиҷоми миллиро ҳамчун стратегияи асосӣ ва устувори миллии кишвар пеши роҳи мардум қарор дод. Имрӯз Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон танҳо як шиори сиёсӣ нест, балки он пойдевори бунёдӣ ва меҳвари марказии тамоми муваффақиятҳои дохилию хориҷии кишвар ба шумор меравад.

САЪДУЛЛО Абдулбосит

ходими илмии шуъбаи Ҷанубу Шарқи Осиёи

Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Доктор (PhD)-и илмҳои сиёсӣ,