×

САДОИ СУЛҲ ДАР ЗАМОНИ БУҲРОНҲОИ ГЕОПОЛИТИКӢ: ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲИФЗИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА

Бозгашт ба мавод

САДОИ СУЛҲ ДАР ЗАМОНИ БУҲРОНҲОИ ГЕОПОЛИТИКӢ: ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲИФЗИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА

ИОМДОА Сиёсат 26-08-2026 ш.Душанбе
САДОИ СУЛҲ ДАР ЗАМОНИ БУҲРОНҲОИ ГЕОПОЛИТИКӢ: ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲИФЗИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА

Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 25 июни соли 2026 қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»-ро қабул намуда, солҳои 2027–2036-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда эълон кард. Қабули ин қатънома аҳамияти таҳкими сулҳ, пешгирии низоъҳо, рушди муколама ва ҳамкории байналмилалӣ, инчунин зарурати ба инобат гирифтани манфиатҳои наслҳои ояндаро дар рӯзномаи байналмилалӣ боз ҳам бештар таъкид менамояд.

Ин ташаббуси муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, ҳадафи он таҳкими сулҳу амният дар ҷаҳон, пешгирии низоъҳо ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои ҳаёти осоиштаи наслҳои оянда мебошад.

Ҳадафҳои асосии ташаббус: Ташаббуси мазкур ба як қатор ҳадафҳои муҳим дар самти таҳкими сулҳу амният ва ҳифзи манфиатҳои наслҳои оянда равона шудааст. Аз ҷумла:

·        Ҳифзи оянда - фароҳам овардани шароити мусоид барои нигоҳдории сулҳу амният ва таъмини зиндагии осоиштаи наслҳои ҷавони имрӯз ва оянда;

·        Пешгирии ҷангҳо ва низоъҳо - тақвияти талошҳои байналмилалӣ барои пешгирӣ ва ҳалли мусолиматомези низоъҳо ва ихтилофоти мусаллаҳона дар рӯи замин;

·        Рушди устувор - равона намудани захираҳои молиявӣ ва иқтисодӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, сулҳсозӣ ва ободонӣ ба ҷойи афзоиши хароҷот барои силоҳ ва воситаҳои харобиовар;

·        Таҳкими ташаббусҳо ва ниҳодҳои сулҳсозӣ - рушди механизмҳои байналмилалии дипломатияи сулҳ ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои муҳими марбут ба амният ва рушди устувор, аз ҷумла таъсиси Маркази байналмилалии дипломатияи сулҳ ва масъалаҳои об дар шаҳри Душанбе;

·        Таҳкими консепсияи фарҳанги сулҳ дар соҳаи маориф - таҳия ва татбиқи консепсияҳо ва барномаҳои таълимӣ оид ба фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ, муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ;

·        Ташкили ҳамоишҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ - баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, илмӣ ва ҷамъиятӣ, аз ҷумла ҳамоишҳои ҷавонони Осиёи Марказӣ дар мавзуи сулҳ ва рушди устувор.

Қабули ин қатънома аҳамияти хос дорад, зеро ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити муосир бо таҳдидҳо ва мушкилоти гуногун, аз ҷумла муноқишаҳои мусаллаҳона, терроризм, тағйирёбии иқлим ва дигар чолишҳои глобалӣ рӯ ба рӯ мебошад. Дар чунин шароит, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи сулҳпарварӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ба яке аз вазифаҳои муҳим ва муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил меёбад. Зеро маҳз насли ҷавон метавонад дар ташаккули фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ нақши муассир дошта бошад.

Ин ташаббуси Тоҷикистон бори дигар мавқеи фаъоли кишварро ҳамчун ҷонибдори сулҳ, субот ва ҳамкории созандаи байналмилалӣ нишон дода, нақши онро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳсозӣ тақвият мебахшад. Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036) яке аз иқдомҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, ба таҳкими сулҳу амният, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, инчунин таъмини ояндаи осоиштаи башарият равона шудааст. Амалӣ гардидани ҳадафҳои ин Даҳсола метавонад дар бунёди ҷаҳони орому босубот, пешгирии низоъҳо ва густариши ҳамкории байни халқҳо саҳми арзишманд гузорад.

Табиист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори чунин қатънома гардид. Ин иқдом идомаи мантиқии таҷрибаи таърихии кишвари мо мебошад, ки баъди паси сар кардани фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ тавонист бо ташаббус ва таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу оштии миллӣ ноил гардида, давлатдории худро ҳифз намояд ва барои рушди минбаъдаи кишвар заминаи устувор фароҳам оварад. Мардуми Тоҷикистон арзиши воқеии сулҳу суботро хуб дарк мекунанд. Аз ҳамин ҷост, ки сиёсати пешбурди сулҳ, субот ва муколама дар арсаи байналмилалӣ на танҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии кишвар, балки идомаи табиии роҳи таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад.

Ин таҷриба танҳо дар доираи рушди дохилии кишвар маҳдуд намонд, балки бо гузашти вақт дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҷассум ёфт. Аз ҳамин ҷиҳат, кишвари мо пайваста ташаббусҳои байналмилалиеро пешниҳод менамояд, ки ба ҳалли масъалаҳои дорои аҳамияти глобалӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ равона шудаанд.

Агар қаблан ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои об ва иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофи васеъ пайдо карда бошанд, имрӯз ташаббуси кишвар дар самти таҳкими сулҳ низ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ дастгирӣ ёфтааст. Ин раванд аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати ташаббускории Тоҷикистон тадриҷан доираи васеътар пайдо намуда, аз масъалаҳои муҳими экологӣ ва иқлимӣ то масъалаҳои сулҳ, амният ва суботи байналмилалӣ густариш меёбад. Ин иқдом бори дигар собит месозад, ки сулҳ яке аз заминаҳои асосии субот, рушди устувор ва пешрафти ҷомеаи башарӣ ба шумор меравад.

Ҳамин тавр, Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ метавонад барои густариши фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо, рушди дипломатияи пешгирикунанда ва таҳкими ҳамкории байни давлатҳо заминаи мусоид фароҳам оварад. Садои сулҳ бояд на танҳо дар давраи буҳронҳо, балки ҳамчун арзиши доимии муносибатҳои байналмилалӣ баланд бошад, зеро сулҳ муҳимтарин заминаи субот, рушди устувор ва ояндаи осоиштаи наслҳои башар мебошад.

 

ҚУРБОНОВ Ҳокимҷон,

ходими хурди илмии

шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ