Дар солҳои охир таҳаввулоти геосиёсӣ аҳамияти Осиёи Марказиро дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ба таври назаррас афзоиш додаанд. Ҷойгиршавии ҷуғрофии минтақа дар чорроҳаи роҳҳои таърихии Аврупо ва Осиё, ҳамсоягӣ бо Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, наздикӣ ба ҳавзаи Каспӣ, инчунин захираҳои бузурги энергетикӣ, маъданӣ ва иқтидори транзитии он Осиёи Марказиро ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодӣ ва хориҷии қудратҳои беруна табдил додааст.
Дар ин замина, Ҷумҳурии Корея низ ба рушди муносибатҳои худ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи афзоянда зоҳир менамояд. Барои Сеул минтақа на танҳо аз нуқтаи назари захираҳои энергетикӣ ва ашёи хом, балки ҳамчун бозори рушдёбанда, минтақаи дорои иқтидори истеҳсолӣ ва транзитӣ ва шарики эҳтимолӣ дар ташаккули занҷираҳои нави таъминот аҳамияти стратегӣ дорад. Махсусан, афзоиши рақобати ҷаҳонӣ барои маъданҳои муҳим, зарурати диверсификатсияи занҷираҳои таъминот ва рушди технологияҳои пешрафта заминаи нави иқтисодиро барои ҳамкории Корея ва Осиёи Марказӣ ба вуҷуд овардааст.
Баргузории нахустин Саммити «Корея–Осиёи Марказӣ» дар сатҳи сарони давлатҳо дар шаҳри Сеул (16 сентябри соли 2026) марҳилаи нави муносибатҳои бисёрҷонибаи тарафҳо ба ҳисоб меравад. Яке аз натиҷаҳои муҳими саммит қабули «Эъломияи Сеул» мебошад, ки заминаи сиёсӣ ва институтсионалии рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Корея ва Осиёи Марказиро муайян менамояд. Ҷонибҳо ба мунтазам баргузор намудани саммити сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд. Тибқи натиҷаҳои нишаст, чунин мулоқотҳо бояд ҳар ду сол баргузор гардида, бо навбат дар кишварҳои иштирокчӣ гузаронида шаванд. Саммити навбатӣ соли 2028 дар Қазоқистон баргузор хоҳад шуд. Аз ин рӯ, механизми «C5+K» аз формати муколамаи даврӣ ба механизми нисбатан мунтазами ҳамкории сатҳи олӣ табдил меёбад.
Дар ҷараёни саммит роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ як қатор пешниҳодҳоро оид ба рушди ҳамкориҳои минбаъда ироа намуданд. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Корея Ли Ҷе Мён дар суханронии худ таъкид намуд, ки дар шароите, ки вобастагии мутақобилаи иқтисодӣ ва амниятӣ дар минтақа рӯз ба рӯз амиқтар мегардад, зарурати таҳкими ҳамкорӣ ва эътимоди байнидавлатӣ бештар аҳаммият пайдо мекунад. Ба андешаи ӯ, дар чунин шароит эҳёи «Рӯҳи Роҳи Абрешим» ҳамчун рамзи таърихии пайвасти халқҳо, технологияҳо ва фарҳангҳои Шарқу Ғарб метавонад аҳаммияти хос касб намояд.
Дар баробари ин, Ли Ҷе Мён модели «занҷири арзиши бурднок»-ро ҳамчун яке аз механизмҳои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд. Моҳияти ин модел дар тақсимоти самараноки имкониятҳо ва вазифаҳои иқтисодӣ миёни ҷонибҳо ифода меёбад.
Дар нишасти мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид гардид, ки густариши ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея дар шароити мураккаби геосиёсӣ ва геоиқтисодии ҷаҳони муосир аҳамияти махсус касб менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки таҳаввулоти ин қолаби ҳамкорӣ то сатҳи Нишасти сарони давлатҳо таҷассумгари талошҳои пайгирона ва ҳадафмандонаи кишварҳои иштирокдор дар самти таъмини рушди муштарак, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими сулҳу суботи пойдор дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад.
Дар идомаи суханронӣ ташаббуси Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Сиёсати нави Шимолӣ» ҳамчун яке аз воситаҳои муҳими таҳкими робитаҳои технологӣ ва иқтисодии Осиёи Марказӣ бо Ҷумҳурии Корея арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки дар шароити босуръат тағйирёбандаи низоми байналмилалӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳои фаромиллӣ масъалаи ҳифзи сулҳу субот ҳамоно аз авлавиятҳои асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Дар ин замина, зарурати густариши ҳамкориҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея дар самти муқовимат ба таҳдидҳо ва хатарҳои ҷаҳони муосир таъкид карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев масъалаи рушди шарикии саноатӣ ва технологиро бо Корея, ҷалби технологияҳои пешрафта ва таҳкими иқтидори истеҳсолии минтақа матраҳ намуд. Ҳамзамон, масъалаи рушди долонҳои нақлиётӣ ва логистикӣ барои диверсификатсияи масирҳои тиҷоратӣ ва афзоиши иқтидори транзитии минтақа таъкид гардид. Дар навбати худ баргузории саммити навбатӣ соли 2028 дар Қазоқистон пешниҳод гардид.
Аз ҷониби Қирғизистон ба таҳкими механизмҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо ва мақомоти соҳавии кишварҳои «C5+K», инчунин рушди ҳамкории сармоягузорӣ ва иқлимӣ таваҷҷуҳ дода шуд. Ӯзбекистон бошад, масъалаи ташаккули дурнамои дарозмуддати «Осиёи Марказӣ–Ҷумҳурии Корея», рушди ҳамкории сармоягузорӣ дар соҳаи захираҳои табиӣ ва густариши шарикии иқлимӣ ва карбониро матраҳ намуд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ як қатор ташаббусҳоро ҷиҳати рушди дурнамои дарозмуддати ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, таҳияи дурнамои консептуалии дарозмуддати «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея:шарикии рушди пешрафта» ҳамчун заминаи стратегӣ барои муайян намудани самтҳои афзалиятнок ва механизмҳои ҳамкории минбаъда пешниҳод гардид.
Дар маркази рӯзномаи саммит масъалаҳои зерин қарор доштанд, аз ҷумла:
-ашёи хоми муҳим ва маъданҳои нодир — рушди ҳамкорӣ аз марҳилаи истихроҷ то коркард ва истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловашуда;
-энергетика — густариши ҳамкорӣ дар энергетикаи анъанавӣ, энергияи барқароршаванда ва технологияҳои нави энергетикӣ;
-занҷираҳои таъминот — ташкили занҷираҳои устувори таъминот ва коҳиш додани осебпазирии онҳо;
-саноат ва сармоягузорӣ — ҷалби технология ва сармояи Корея ба рушди истеҳсолоти муосир дар кишварҳои минтақа;
-рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ — рушди ҳамкорӣ дар илм, технология ва истифодаи имкониятҳои AI;
-инфрасохтор ва пайвастагии минтақавӣ;
-тағйирёбии иқлим, захираҳои об ва масъалаҳои экологӣ.
Ба тибқи маълумоти Reuters, дар доираи музокироти серӯзаи Корея бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ зиёда аз 70 созишнома ва ёддошти тафоҳум дар соҳаҳои энергетика, истихроҷи маъдан, инфрасохтор, технология ва сармоягузорӣ ба даст омадааст.
Хулоса. Нахустин Саммити «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея» дар сатҳи сарони давлатҳо 16 сентябри соли 2026 марҳилаи нав дар муносибатҳои бисёрҷонибаи шаш кишвар буда, яке аз натиҷаҳои муҳим қабули «Эъломияи Сеул» мебошад. Ҳуҷҷат самтҳои минбаъдаи ҳамкории Кореяи Ҷанубӣ ва панҷ кишварро муайян мекунад. Яке аз муҳимтарин натиҷаҳои сиёсии саммит ҳамкории сатҳи олӣ дурнамои саммитҳо мунтазам баргузор мешаванд ва Қазоқистон соли 2028 мизбони саммити навбатӣ бошад.
Аз нигоҳи мо агар ташаббусҳои сарони шаш кишвар ва созишномаҳои қабулшуда ба барномаҳои мушаххаси сармоягузорӣ, истеҳсолӣ, технологӣ, инфрасохторӣ ва ғайра амалӣ карда шаванд, формати «Корея ва Осиёи Марказӣ» метавонад ба яке аз механизмҳои муҳими муколимаи формати «Осиёи Марказӣ+1» табдил ёбад. Дар ин раванд, мувозинати манфиатҳои тарафҳо, рушди иқтидори истеҳсолии маҳаллӣ, коркарди амиқи захираҳо, интиқоли технология ва баланд бардоштани арзиши иловашуда бояд аз унсурҳои калидии шарикии минбаъда бошанд.
Соҳиби Баҳруло,
ходими калони илмии Шуъбаи Аврупои
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ