×

АРЗИШИ СУЛҲ ВА САҲМИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ОН

Бозгашт ба мавод

АРЗИШИ СУЛҲ ВА САҲМИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ОН

ИОМДОА Сиёсат 18-08-2026 ш.Душанбе
АРЗИШИ СУЛҲ ВА САҲМИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ОН

(бахшида ба қабули Қатъномаи “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда,2027- 2036”)

Дар шароити муосири муносибатҳои байналмилалӣ таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ яке аз масъалаҳои муҳимми ҷомеаи байналмилалӣ ба шумор меравад. Афзоиши низоъҳои мусаллаҳона, терроризм, ифротгароӣ, буҳронҳои сиёсиву гуманитарӣ ва дигар таҳдидҳои фаромиллӣ зарурати такмили механизмҳои пешгирии низоъҳо, рушди дипломатияи пешгирикунанда ва густариши фарҳанги сулҳро тақвият мебахшад. Сулҳ на танҳо набудани ҷанг, балки арзиши умумибашарӣ ва шарти муҳимми таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди устувор ва зиндагии шоистаи наслҳои имрӯз ва оянда мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба таҷрибаи сулҳу ваҳдати миллӣ ва сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна дар таҳкими сулҳу суботи минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми назаррас мегузорад. Таҷрибаи кишвар нишон медиҳад, ки тавассути муколама, созиш, эътимод ва ба назар гирифтани манфиатҳои умумимиллӣ метавон низоъҳои мураккабро ба роҳи ҳалли сиёсӣ равона намуд.

Дар ин раванд нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди раванди сулҳ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 июни соли 1997 марҳилаи муҳимми таърихи навини кишвар буда, барои таҳкими ваҳдати миллӣ, барқарорсозӣ ва ба рушди иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон собит намуд, ки сулҳи пойдор танҳо бо қатъи низои мусаллаҳона маҳдуд намешавад, балки ба муколамаи сиёсӣ, эътимоди тарафайн, масъулияти сиёсӣ ва ҳамкории созанда ниёз дорад. Аз ин рӯ, таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳаммияти на танҳо миллӣ, балки байналмилалӣ низ мебошад.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон минбаъд ба яке аз заминаҳои муҳимми сиёсати хориҷии кишвар табдил ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ ташаббусҳоро дар самти сулҳ, рушди устувор, об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо пешбарӣ намуда, дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ мавқеи фаъолро ишғол намуд. Ин ташаббусҳо саҳми кишварро дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва рушди фарҳанги сулҳ инъикос мекунанд.

Дар ин замина, ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)” аҳаммияти махсус дорад. Ин ташаббус сулҳро на танҳо ҳамчун набудани ҷанг, балки ҳамчун шарти муҳимми рушди инсонӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳаммулпазирӣ, адолати иҷтимоӣ ва ҳамкории байналмилалӣ арзёбӣ менамояд.

Ҷаҳони муосир бо низоъҳои мусаллаҳона, терроризм ва ифротгароӣ, буҳронҳои сиёсиву гуманитарӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар таҳдидҳои фаромиллӣ рӯ ба рӯ мебошад. Дар чунин шароит таҳкими сулҳу амният, пешгирии низоъҳо ва рушди фарҳанги муколама бояд вазифаи муштараки давлатҳо ва ҷомеаи байналмилалӣ бошад.

Сулҳи пойдор бо эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, адолати иҷтимоӣ, рушди устувор, таҳаммулпазирӣ, баробарӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагии шоиста алоқаманд мебошад. Аз ин рӯ, пешгирии низоъҳо бояд бо фароҳам овардани заминаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии сулҳи устувор пайваста бошад.

Яке аз ҷанбаҳои муҳимми Даҳсола масъулияти байнинаслӣ мебошад. Наслҳои имрӯз на танҳо барои ҳифзи сулҳу суботи мавҷуда, балки барои фароҳам овардани ҷаҳони амну устувор барои наслҳои оянда низ масъуланд. Ин масъулиятро метавон дар се самти асосӣ баррасӣ намуд:

¾ пешгирии низоъҳо ва таҳкими фарҳанги сулҳ – андешидани тадбирҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифатӣ барои пешгирии низоъҳо ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ;

¾ иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ – фароҳам овардани имконият барои иштироки фаъоли ҷавонон дар равандҳои қабули қарорҳо ва масъалаҳои марбут ба ояндаи ҷомеа;

¾ таъмини рушди устувор – фароҳам овардани шароите, ки наслҳои оянда аз имкониятҳои муносиб барои зиндагӣ, таҳсил, меҳнат ва рушди инсонӣ бархӯрдор бошанд.

Дар ин раванд нақши ҷавонон махсусан муҳим мебошад. Тарбияи насли наврас ва ҷавон дар рӯҳияи сулҳдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон, фарҳанги муколама ва масъулияти шаҳрвандӣ яке аз шартҳои асосии пойдории сулҳ ба ҳисоб меравад. Сулҳи устувор танҳо дар сурате пойдор хоҳад монд, ки насли нав бо дониш, ҷаҳонбинии илмӣ, худшиносии миллӣ ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ тарбия ёбад.

Аз ин рӯ, сулҳ бояд на танҳо ҳамчун дастоварди сиёсӣ, балки ҳамчун арзиши фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ ба наслҳои оянда интиқол дода шавад. Дар ин замина, рушди илму маориф, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, истифодаи самараноки технологияҳои рақамӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ аҳаммияти муҳим доранд. Ҷавонони соҳибмаърифат метавонанд дар пешгирии таассуб, ифротгароӣ, паҳншавии ғояҳои хушунатомез ва дигар таҳдидҳои муосир нақши муассир дошта бошанд.

Дар сатҳи минтақавӣ низ таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти назаррас дорад. Рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии нек бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, нишон медиҳад, ки масъалаҳои мураккаби байнидавлатиро тавассути иродаи сиёсӣ, гуфтушунид, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва ба назар гирифтани манфиатҳои тарафайн метавон ҳал намуд. Густариши чунин муносибатҳо ба таҳкими эътимод, субот ва амнияти минтақавӣ мусоидат мекунад.

Барои самаранок татбиқ гардидани ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ зарур аст, ки дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ тадбирҳои ҳамоҳангшуда амалӣ карда шаванд. Дар сатҳи миллӣ тақвияти барномаҳои маърифатию ҳуқуқӣ, тарбияи сулҳҷӯёна, омӯзиши таҷрибаи сулҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули фарҳанги муколама муҳим мебошад.

Дар сатҳи минтақавӣ густариши ҳамкории давлатҳо, муассисаҳои илмӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти пешгирии низоъҳо, таҳкими эътимод ва рушди дипломатияи пешгирикунанда аҳаммияти калон дорад. Дар сатҳи байналмилалӣ омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаҳои муваффақи пешгирии низоъҳо, баргузории ҳамоишҳои илмӣ ва конфронсҳои байналмилалӣ, инчунин рушди таҳқиқоти илмӣ дар самти ҳуқуқи байналмилалии сулҳ ва ҳуқуқи наслҳои оянда метавонанд ба татбиқи ҳадафҳои Даҳсола мусоидат намоянд.

Ҳамин тариқ, сулҳу суботи ҷаҳонӣ арзиши умумибашарӣ ва шарти асосии таъмини амният, рушди устувор ва зиндагии шоистаи инсон мебошад. Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки муколама, созиш, эътимод ва иродаи сиёсӣ метавонанд барои барқарорсозии сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ заминаи устувор фароҳам оваранд.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дорои аҳаммияти байналмилалӣ буда, метавонад дар омӯзиши роҳҳои пешгирии низоъҳо ва таҳкими сулҳ истифода шавад. Дар ин замина, “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)” барои густариши фарҳанги сулҳ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи иқтисодиёт, инчунин масъулияти байнинаслӣ заминаи муҳим фароҳам меорад.

МУҲАММАДАЛИЗОДА Парвина,

мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,

номзади илмҳои иқтисодӣ