Дар шароити мураккаб гардидани вазъи сиёсиву геосиёсии ҷаҳон, афзоиши низоъҳои минтақавӣ ва тағйирёбии тавозуни қудрат масъалаи таъмини сулҳу субот, таҳкими амнияти дастаҷамъӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ аҳаммияти бештар касб менамояд. Дар чунин шароит дипломатияи сулҳ ҳамчун воситаи муҳимми пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо, таҳкими эътимоди байнидавлатӣ ва рушди муколамаи созанда нақши муҳим дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ бо мушкилоти ҷиддии сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Низоъҳои дохилии солҳои аввали истиқлолият зарурати таъмини сулҳу субот ва таҳкими пояҳои давлатдориро ба миён оварданд. Дар ин раванд музокироти сулҳи тоҷикон бо иштироки ҷонибҳои мухолиф ва мусоидати созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои кафил заминаи ҳалли осоиштаи низоъро фароҳам овард. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 марҳилаи муҳимми таърихи давлатдории навини тоҷикон ба ҳисоб рафта, барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ замина гузошт.
Дар раванди мазкур нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди сиёсати сулҳҷӯёна ва роҳандозии музокироти байни тоҷикон муҳим арзёбӣ мегардад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳаммияти иродаи сиёсӣ, муколама, гузаштҳои мутақобила ва мусоидати байналмилалиро дар ҳалли ихтилофҳои сиёсӣ нишон дод.
Бо таҳкими Истиқлоли давлатӣ дипломатияи Тоҷикистон ба воситаи муҳимми ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва густариши робитаҳои байналмилалӣ табдил ёфт. Сиёсати хориҷии кишвар бар принсипҳои эҳтироми соҳибихтиёрии давлатҳо, дахолат накардан ба корҳои дохилии онҳо, ҳалли осоиштаи баҳсҳо ва ҳамкории мутақобилан судманд асос ёфтааст. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаҳои обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо, таъмини амният ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ аз самтҳои муҳимми дипломатияи кишвар мебошанд.
Дар низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ дипломатияи сулҳ фаротар аз пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо буда, таҳкими эътимод, рушди ҳамкориҳо, ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти минтақавиро низ фаро мегирад. Аз ин рӯ, омӯзиши дипломатияи сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон дар робита бо тағйироти геосиёсӣ, рақобати қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ ва таҳдидҳои нави амниятӣ аҳаммияти хосса дорад.
Мубрамияти таҳқиқ аз зарурати омӯзиши таҷрибаи сулҳи тоҷикон, муайян намудани механизмҳои дипломатии ҳалли низоъҳо, таҳлили хусусиятҳои сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арзёбии нақши он дар таҳкими мавқеи байналмилалии кишвар бармеояд. Ҳамзамон, таҳқиқи ин таҷриба имкон медиҳад, ки сабақҳои он дар самти пешгирӣ ва ҳалли низоъҳои муосир аз нигоҳи назариявӣ ва амалӣ мавриди омӯзиш қарор гиранд.
Яке аз вазифаҳои муҳимтарини роҳбарияти Тоҷикистон дар марҳалаи аввали Истиқлоли давлатӣ пешгирии парокандашавии давлат, қатъи муқовимати мусаллаҳона ва фароҳам овардани заминаҳои сулҳу ризоияти миллӣ буд. Дар ин давра масъалаҳои барқарорсозии сохторҳои давлатӣ, бозгардонидани гурезаҳои иҷборӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, ба низом даровардани фаъолияти сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла таъсиси артиши миллӣ, ва барқарор намудани ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар аҳаммияти аввалиндараҷа доштанд.
Дар чунин шароит Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули низоми нави давлатдорӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди кишвар нақши муҳим бозид. Дар ин марҳала масъалаи расидан ба сулҳ ва барқарор намудани суботи сиёсӣ ҳамчун ҳадафи асосии роҳбарияти давлат муайян гардид. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ, роҳи ҳалли ихтилофҳои сиёсиро дар муколама ва муносибати сулҳомез бо неруҳои сиёсии кишвар медиданд.
Дар яке аз изҳороти худ Пешвои миллат чунин таъкид намуда буданд: «Идеали сиёсии мо ваҳдати миллӣ аст. Мо ягон масъалаи принсипии аслии ҷомеамонро бо роҳи зӯрӣ ва аз тариқи набарди мусаллаҳона ҳал карданӣ нестем. Муроду мақсадамон бунёдкорӣ асту бас». Ин мавқеъ зарурати истифодаи роҳу воситаҳои сиёсӣ ва дипломатиро дар ҳалли ихтилофҳои дохилӣ инъикос менамуд.
Раванди музокироти сулҳи тоҷикон соли 1994 оғоз гардида, бо иштироки ҷонибҳои мухолиф ва мусоидати миёнаравони байналмилалӣ идома ёфт. Дар ин раванд омилҳои гуногун, аз ҷумла иродаи сиёсии ҷонибҳо, омодагӣ ба гузаштҳои мутақобила, эҷоди фазои эътимод ва мусоидати ҷомеаи байналмилалӣ аҳаммияти калон доштанд. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 натиҷаи муҳими ин раванд ба шумор меравад.
Созишномаи мазкур барои қатъи муқовимати мусаллаҳона, фароҳам овардани шароити бозгашти гурезаҳо, ҳамгироии намояндагони ҷонибҳои мухолиф ба сохторҳои давлатӣ ва оғози марҳилаи нави давлатсозӣ замина гузошт. Ҳамзамон, раванди сулҳ зарурати таҳкими ниҳодҳои давлатӣ, барқарорсозии иқтисоди миллӣ ва ташаккули заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти давлатро ба миён овард.
Ваҳдати миллӣ дар ин марҳала ҳамчун омили муттаҳидсозандаи ҷомеа барои барқарор намудани эътимоди байни шаҳрвандон ва ташаккули заминаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳаммияти муҳим дошт. Дар шароити сулҳу субот имконият фароҳам омад, ки кишвар ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, барқарорсозии инфрасохтор ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ рӯ оварад. Аз ин нуқтаи назар, таҷрибаи сулҳи тоҷиконро метавон ҳамчун намунаи муҳимми истифодаи воситаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ дар ҳалли низоъи дохилӣ мавриди омӯзиш қарор дод.
Пас аз барқарор гардидани сулҳу суботи дохилӣ сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд ворид шуд. Дипломатия тадриҷан на танҳо воситаи ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва манфиатҳои миллӣ, балки механизми густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, таҳкими мавқеи байналмилалӣ ва мусоидат ба ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ гардид.
Дар ин замина, Тоҷикистон ҷонибдори риояи меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии давлатҳо, баробарҳуқуқӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии кишварҳо ва ҳалли осоиштаи баҳсҳо мебошад. Иштироки фаъолонаи кишвар дар фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ имконият фароҳам меорад, ки мавқеи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ пешниҳод ва ҳимоя карда шавад.
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим яке аз самтҳои намоёни фаъолияти дипломатии кишвар ба ҳисоб мераванд. Пешбурди масъалаҳои об, дастрасӣ ба захираҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо тағйирёбии иқлим дар сатҳи байналмилалӣ ба таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба мусоидат менамояд. Ин иқдомҳо ҳамчунин нишон медиҳанд, ки дипломатияи сулҳҷӯёна метавонад дар баробари ҳалли низоъҳо, ба пешбурди рӯзномаи муштараки давлатҳо ва ҳалли мушкилоти дорои аҳаммияти умумибашарӣ низ равона гардад.
Дар баробари ин, масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, пешгирии таҳдидҳои фаромиллӣ ва рушди ҳамкориҳои кишварҳои минтақа дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи муҳим доранд. Ҳалли чунин масъалаҳо ҳамоҳангсозии талошҳои давлатҳо, мубодилаи иттилоот, таҳкими механизмҳои эътимод ва истифодаи имкониятҳои созмонҳои байналмилалиро тақозо менамояд.
Дар шароити тағйирёбии низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва афзоиши рақобати геосиёсӣ дипломатияи сулҳҷӯёна аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Зеро низоъҳои муосир на танҳо ба амнияти давлатҳои алоҳида, балки ба суботи минтақаҳо ва низоми байналмилалӣ низ таъсир мерасонанд. Аз ин рӯ, таҷрибаи сулҳи тоҷикон метавонад барои омӯзиши механизмҳои пешгирии низоъҳо, ташкили муколамаи сиёсӣ, таҳкими эътимод ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаи арзишманди таҳқиқотӣ фароҳам оварад.
Дар ин робита, пешниҳоди Пешвои миллат дар бораи эълон намудани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» (2027-2036) идомаи мантиқии таваҷҷуҳи Тоҷикистон ба масъалаҳои сулҳу субот ва тақвияти нақши Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо арзёбӣ мегардад. Чунин ташаббусҳо ба зарурати таҳкими механизмҳои бисёрҷонибаи таъмини сулҳ, пешгирии муноқишаҳо ва фароҳам овардани шароити муносиб барои наслҳои оянда таваҷҷуҳ ҷалб менамоянд.
Ҳамин тариқ, дипломатияи сулҳофари Пешвои миллат дар низоми муосири муносибатҳои байналмилалиро мавриди таҳқиқ қарор дода, ба чунин хулоса омадан мумкин аст:
- сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аз самтҳои асосии сиёсати давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб мераванд;
- таҷрибаи таърихии кишвар нишон медиҳад, ки дар шароити буҳрони сиёсӣ ва низоъҳои дохилӣ истифодаи роҳу воситаҳои сиёсӣ, музокирот, муколама ва созишҳои тарафайн барои барқарорсозии сулҳ ва таъмини суботи ҷомеа аҳаммияти ҳалкунанда доштанд;
- раванди сулҳи тоҷикон, ки бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 ба марҳалаи муҳим ворид гардид, таҷрибаи назарраси ҳалли осоиштаи низоъҳои дохилиро ба вуҷуд овард. Аз ин рӯ, таҷрибаи сулҳи тоҷикон дорои аҳаммияти на танҳо миллӣ, балки минтақавию байналмилалӣ низ мебошад;
- дипломатияи сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаҳои минбаъдаи рушди давлатдорӣ тадриҷан густариш ёфта, ба воситаи муҳими ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими муносибатҳои дӯстона бо давлатҳои ҷаҳон ва баланд бардоштани иштироки кишвар дар равандҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст;
- ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаҳои об, иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва амнияти минтақавӣ яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти дипломатии кишварро ташкил медиҳанд;
- дар шароити тағйирёбии низоми муносибатҳои байналмилалӣ, афзоиши рақобати геосиёсӣ, зуҳури таҳдидҳои нави амниятӣ ва мураккаб гардидани низоъҳои минтақавӣ аҳаммияти дипломатияи сулҳ боз ҳам меафзояд;
- дар чунин вазъият таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва равишҳои дипломатии Тоҷикистон метавонанд ҳамчун заминаи муҳим барои омӯзиши механизмҳои пешгирии низоъҳо, таҳкими эътимоди байнидавлатӣ, рушди муколамаи сиёсӣ ва густариши ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ мавриди таҳлил қарор гиранд;
- дипломатияи сулҳофари Пешвои миллат яке аз самтҳои муҳимми ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, омӯзиши илмии он барои дарки таҷрибаи сулҳи тоҷикон, хусусиятҳои сиёсати сулҳҷӯёнаи давлат ва нақши Тоҷикистон дар равандҳои муосири муносибатҳои байналмилалӣ аҳаммияти назариявӣ ва амалӣ дорад.
РАҲМОНЗОДА Азимҷон Шералӣ
ходими пешбари илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқи
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ