×

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: САРВАРИ СУЛҲДӮСТУ СУЛҲХОҲУ СУЛҲОВАРИ НАСЛИ ИМРӮЗУ ФАРДО (ЭҲДО БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР)

Бозгашт ба мавод

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: САРВАРИ СУЛҲДӮСТУ СУЛҲХОҲУ СУЛҲОВАРИ НАСЛИ ИМРӮЗУ ФАРДО (ЭҲДО БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР)

ИОМДОА Сиёсат 13-11-2026 ш.Душанбе
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: САРВАРИ СУЛҲДӮСТУ СУЛҲХОҲУ СУЛҲОВАРИ НАСЛИ ИМРӮЗУ ФАРДО (ЭҲДО БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР)

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.        

"Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ"

 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарёфти Истиқлолият ва эҷоди мактаби сулҳофаринӣ ва сиёсати созандаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳу суботи кишвар ва рушди равобити фарҳангу иқтисоди миллӣ бо ҳамаи кишварҳову созмону форумҳои минтақавиву фароминтақавӣ ба таври ҳасана  роҳандозӣ намуда, ҳамкориҳояшро пайваста идома  медиҳад.

Дар  мақола  ташаббусҳои созандагии Тоҷикистон мавриди баррасӣ  қарор дода,  онро  заминаи  хуби  ҳамгироии  минтақавӣ ва ҷаҳонӣ  дар партави мактаби бузургони адабу фарҳанг меҳисобад. Муаллиф   мактаби сулҳофаринии Тоҷикистон ва нақши Президентро  дар эҷоди сулҳу созандагӣ ва ҳифзи наслҳо мавриди  омӯзиш  қарор дода,  ҷанбаҳои  гуногунро  баён  намудааст.

Бояд қайд кард, ки рушди муносибатҳо ва ҳамгироии минтақавӣ ва фароминтақавӣ дар раванди рушди иҷтимоиву иқтисодӣ байни кишварҳои аз масъалаҳои меҳварӣ ба ҳисоб рафта, дар партави «Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030» дар Тоҷикистон тадриҷан амалӣ мегардад. Каромату шаҳомат ва ҷасорату матонати тоҷикон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дубора эҳё гардид, ки заминаҳои асосиашро эҷоди ҳамгироиву сулҳу ваҳдат ташкил медиҳад.Бо ҳамин роҳ ин миллат тавонист аз худогоҳиву худшиносӣ кор гирифта, ба сӯйи қуллаҳои олӣ давлатдориашро идома диҳад.Ба ҳамин тариқ, миллат дар натиҷаи талошу заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбари дилсӯзу меҳрубон ва мардуми бонангу номус дар сояи дарахти амну субот бо осоиштагӣ умр ба сар мебарад.Ин талошу муборизаҳо сабаби равобити ҳасанаи кишвар бо ҳамаи мамлакатҳои дунё ҳамчун давлати комилҳуқуқи узви ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд. Дар ҳақиқат, фарҳанги сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон падидаи беназир мебошад, ки дар натиҷаи он 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва саҳифаи созандагии навин дар кишвар оғоз гардид.

Бо чунин ташаббусу тадбир тоҷикон мактаби сулҳофариниро бунёд карданд, ки чун намуна ва мисоли ибратбахш барои дигар мамолики дунё пазируфта шуда, ҷойгоҳу мақоми он дар барномаҳои сулҳофаринии Созмони Милали Муттаҳид аз нодиртарин таҷрибаи сулҳи ҷаҳонӣ то ба имрӯз боқӣ мондааст.

Дар ин  мақола бештар ба нақши  ин марди камоли адабу сухан дар ташфиқу тарғиби инсондӯстиву инсонгароӣ  ва эҷоди ҷомеаи сулҳу суботу созандагӣ дар асоси далелу санадҳои илмӣ таваҷҷӯҳ дода мешавад. Ба ибораи дигар, "Бузургон шиносанд қадри бузургон" масалест, ки ишора ба он мекунад, ки "қадри зар заргар шиносад, қадри ҷавҳар ҷавҳарӣ".  Барои аҳли адабу ақвому ҷаҳон, аз ҷумла тоҷикон ифтихор ва шарафмандист, ки ин миллат аз  дорои фарзонагони адабу фарҳанг буд ва ҳаст, ки таърих онҳоро ҳеҷгоҳ фаромӯш нахоҳад кард ва набояд кунад. Зеро онҳо касоне буданд, ки бо доштани фасоҳату фаросати олии худ тамаддун ва забону адабу фарҳангро ба авҷи камол расонида баҳри созандагии ҷаҳониён саҳми  сазовор гузошта, чун ситораи тобон бо осори гаронбаҳои худ то ба имрӯз наслҳоро баҳри зиндагии солиму созанда дар меҳвари дӯстиву ҳамзистӣ  роҳнамоӣ мекунанд.

Рушду равнақи 35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз поёнтарини зинаҳои идоракунӣ  оғоз гардида,  бо эҷоди мактаби сулҳофаринӣ, ки шомили Истиқлолу озодӣ, Ваҳдати миллӣ, самтҳои стратегии рушди саноат, саёҳат ва иқтисодиву тиҷоратӣ ба болотарин қуллаҳои дараҷаи мудирияти миллӣ расид. Роҳандозии робитаҳои хубу ҳасанаи дипломатӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва  иқтисодӣ  аз корҳои калидии давлати Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар ин масир  барномаҳои афзалиятнок бо кишварҳои ҷаҳон ба нақша гирифта шуда, муштарак амалӣ мегарданд.

Ҳамин тавр, санаи 16-уми моҳи ноябр чун Рӯзи Президент дар Тоҷикистон  пазируфта шуда, нахустин маротиба соли 2016 мутантан таҷлил гардид. Дар заминаи он моҳи апрели соли 2016 қонун дар бораи таҷлили Рӯзи президент аз ҷониби вакилони парлумон пазируфта шуда, санаи 16-уми октябри соли 1994 аввалин маротиба маросими кушодашавии Президенти навинтихоби Тоҷикистон  баргузор гардид.

Ин ҷо бояд қайд кард, ки  тамаддуни тоҷикон ва мақому мартаби онҳо  аз даврони бостон то ба имрӯз ҷойгоҳи хосаи худро дошта, ин миллат дорои адабиёту забон ва фарҳанги қадиму бостонӣ  ва ғанӣ мебошад, ки  дар 35 соли даврони Истиқлоли давлатӣ мавриди таваҷҷӯҳу омӯзишу  хос қарор гирифта,    арзишу асолати онҳо эҳё гардида, ба ҷаҳониён хубтару беҳтар муаррифӣ шуданд. Бузургони адабу ходимони илму фарҳанги ин миллат ба хусус Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абуалӣ, Саъдӣ, Мавлоно аз асрҳои қадим то ба имрӯз  ба ҳайси  устураву сутуни хирадварӣ, шаҳомату устуворӣ, покиву саломатӣ,  меҳру инсондӯстӣ  байни башар шинохта шуда, адибону донишмандони асри навин, аз ҷумла Айниву Турсунзода, Бобоҷон Ғафурову Улуғзода,  Мирсаид Миршакару Раҳимзода, Бозору Лоиқ, Гулрухсору Фарзона ва дигарон   идомадиҳандаи роҳи онҳо мебошанд. Ифтихори ин диёру Ватан аст, ки дар доираи чунин бузургон  фарзандони фарзона пайдо шуданд, ки аз андешаву асарҳои чунин хирадмандон таъсирпазир шуда, тамоми ҳастии худро барои озодиву ободиву оромии ин миллат бахшиданд.  Яке аз чунин абармардон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар мактаби чунин бузургон  тарбият ёфта,  миллати худро аз вартаи ҳалокшавӣ наҷот дод.  Маврид ба зикр аст, ки ин фарзанди фарзонаи диёру Ватан  бо пешниҳоду тавсияи Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шурои Олӣ роҳбар интихоб шуда,  бо ҷасорату  рӯҳия хештаншиносӣ тамоми иродаю имконияти хешро барои таъмини сулҳу созандагӣ ва ваҳдати миллӣ бахшид. Дар натиҷаи чунин иродаву иқдомҳои наҷибу созанда ин фарзанди фарзонаи миллат бо аввалин савганди сулҳоварӣ ҳамаи миллатро сарҷамъ сохта,  барои озодиву ободиву оромии диёру Ватан  хидмат намуда, мақоми Тоҷикситонро  дар арсаи байналмилалӣ бештару беҳтар муаррифӣ кард. Ба шарофати сиёсати ин абармарди сарнавиштсози миллат дар таърихи давлатдорӣ  саҳифаи нав кушода шуд, ки асосии онро роҳу раванди сулҳу эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ ташкил медиҳанд. Дар натиҷаи ташаббусҳои созандаи фарзандаи фарзона тамоми хурду бузурги миллат бо орзуву ормонҳои миллӣ  ва саҳифаҳои дурахшони таърихӣ  дар атрофи ӯ чун роҳнамову роҳбар, ҳомиву муҳофизи диёру Ватан  барои зиндагии босутобу босаодат қадами устувор гузошта, мутаҳҳид шуданд.

Ҳамин тариқ,  миллат тавассути сиёсати хирадмандона ва заҳматҳои шабонарӯзию фидокориҳои Президенти Тоҷикистон зери парчами  сулҳу ваҳдат сарҷамъ омада, бо ташаббус ва ғамхориҳои пайвастаи ин абармарди таърих  ба самти  сулҳу созандагӣ  ва рушди устувор ҳаракат доранд.   Бан адешаи доктори илмҳои ҳуқуқушиносӣ, профессор Дониёр Сангинзода мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз падидаҳои беназири таърихи муосири тоҷикон ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин мактаб як фалсафаи комили идоракунии давлатӣ аст, ки дар марҳалаи душвори таърихӣ – пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ – ташаккул ёфт ва имрӯз ҳамчун намунаи барҷастаи тарбияи ватандӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ шинохта мешавад[1].

Дар доираи  ин мактаби сулҳу созандагӣ  донишмандону муҳаққиқони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ ҷанбаҳои сиёсиву дипломатии онро мавриди омӯзиши хос  қарор дода, дар бораи шахсияти Президент ва нақши ӯ дар ҳифзу ҳимояи кишвар ва ташаббусҳои созандаи минтақавӣ, ҷаҳонӣ ва  муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ баррасиҳо намуда, бо эҷоди мақолаҳои илмиву оммавӣ  аз санаи тақдирсозу  сафҳаи дурахшони таърихӣ  пайваста арҷгӯзори менамоянд. Маврид ба зикр аст, ки донишмандону муҳаққиқони  Институт бештар  роҳу равишҳои дипломатӣ ва самимияту садоқати воқеии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бештару беҳтар  муаррифӣ карда, Иҷлосияи тақдирсозу таърихии XVI Шурои Олӣ-ро барои пешниҳоди чунин фарзанди фарзонаи миллат аз беҳтарин дастовардҳои замони Истиқлол меҳисобанд. Ҷойгоҳ ва робитаҳои байналмилалии Тоҷикистонроҳ дар китоби “Муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи муосир” аз ҷониби донишманди соҳа додсент Азимҷон Раҳмонзода дар ҳаҷми 168 саҳифа  дар шакли хело хуб таҳия шудааст, ки шомили феҳристи ихтисорҳо, муқаддима, 3 боб ва хулосаву руйхати адабиёт буда, ҷойгоҳи Тоҷикистони муосир  ва равобити байналмилалӣ аҳамияти геополикии минтақа ва дурномаи он дар ҳаллу кашфи масоили  мубрами сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва адабу фарҳангии мардуми тоҷик мавриди омӯзиши хос  қарор гирифтааст. Дар китоб чанд нукоти муҳим оид ба низоми муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатии  кишвар ва дурнамои он   ишораҳои хуб шуда, аз нақшу равандҳои  дипломатия ва сиёсати хориҷӣ  санадҳои таърихӣ оварда шудааст.

Бояд қайд кард, ки  фарозу нишебҳои даврони 35 соли Истиқлоли давлатӣ  замони худшиносии миллӣ  буда, раванду муносибатҳо, ва ташаккулу ташаббусҳои баёналмиллалии кишвар  дар арсаи ҷаҳонӣ хело муҳим арзёбӣ мешаванд. Зеро тамоми пешрафту  пештозиҳо дар партави мактаби сулҳу созандагӣ ва сиёсати хирадмандони Президенти кишвар маншаъ гирифта,   роҳҳу восита ва заминаҳои хубу ҳасана баҳри озодӣ, ободӣ ва оромии Тоҷикистон фароҳам оварда шуданд. Ҳамин тавр, ҳодисаву воқеаҳои даврони Истиқлоли давлатӣ ва бедорхобиҳои Президенту муборизаҳои мардуми кишвар дар эҷоди Ваҳдати миллӣ ва худшиносӣ  аз  марҳалаҳои таърихиву тақдирсози Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.

Дар раванди ҷаҳони бисёрқутба  ин миллат аз он ифтихор мекунад, ки дорои чунин фарзанди фарзона мебошад, ки некхоҳу некбину нексиришти имрӯзу фардои насли башар  аст. Ӯ пайваста саъю талош менамояд, ки диёру Ватанро аз ҳар хушунату хусумат, таҳдиду хатарҳои дохиливу хориҷӣ пешгирӣ карда, халқу мардумро аз вартаи ҳалокат раҳо созад, то қурбонии  дасисаву макри душманон нашаванд.

Сурату сират,  вуруду қадами устувори чунин абармардони таърихиро  бисёре аз донишмандону адибону файласуфон, аз ҷумла  аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ тавсифу таъриф намуда, қудуми онҳоро файзу фазилат, сарварӣ ва пешрафту пештози миллатҳо меҳисобанд:

       Худо он миллатеро сарварӣ дод,

       Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

       Ба он миллат сару коре надорад,

       Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Ба андешаи аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ роҳбарони дилсӯзу хирадманд касоне мебошанд, ки тавассути худогоҳиву худшиносии асолати худ нақши имрӯзу ояндаи худро бо заковату зиракӣ ва  садоқату самимият таҳия намуда, донаи меҳру муҳаббати инсонӣ, сулҳдӯсту сулҳхоҳу сулҳовариро  ба насли ояндасоз киштсозӣ намуда, ба диёру Ватану миллат баҳри озодиву оромиву ободӣ саҳм мегузорад.

Дар ҳақиқат миллати тоҷик аз чунин сарвари сулҳдӯсту  сулҳовар пайваста ифтихор  мекунанд, ки ин фарзанди фарзона ин донаи меҳру сафоро дар диёру Ватани худ бо дастони моҳиру пурфайз зери сафову садои мардуми заҳматкаш, фотеҳаи пирони барнодил ва дуои модарони меҳрубон ин сарзаминро ободу ором гардонид. Бо боварии комил метавон гуфт, ки талошу муборизаҳо барои ҳифзу нигаҳдории диёру Ватан зери роҳбарии чунин шахсони абармарду  ҷасур Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон чун  кишвари сулҳдӯсту сулҳпарвару сулҳовар боқӣ монда, ба самти  сулҳу созандагӣ,  ободиву оромӣ ба зинаҳои болотар хоҳад расид.

Маврид ба зикр аст, ки ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон ва иқдомҳои хуби  роҳбари сулҳдӯсту сулҳовару сулҳпарвар дар даврони 35 соли Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби кишварҳо ва созмону сиёсатмадорони ҷаҳон мавриди пазириш қарор гирифта,  қадрдонӣ мешавад.

Дар китоби “Меҳроби меҳр”-и  олим ва орифи  зиндаёди тоҷик Мирзо Юсуфи Фозилзода (1956-2016) сифатҳои нек ва ташаббусу талошҳои созандаи дохиливу байналмилалии  сарвари Тоҷикистон баҳри ҳифзи озодиву оромиву ободии диёру Ватан ва насли имрӯру фардои башар  оварда шуда,  симои Президенти чунин тасвирсозӣ шудааст :

   Эмомалӣ, ки пайи ҷашни мавлиди Нуъмон,

      Талош кард хирадманду поквиҷдон аст.

      Барои ваҳдати миллат талош месозад,

      Гирифта дарс зи таърихи Оли Сомонаст.

      Зи раҳнамуди ниёгон барои худсозӣ,

      Кушода мадрасаву мактабу дабистонаст.

      Худо ҳидояту тавфиқро кунад ёраш,

      Ки саъи ӯ пайи таъмири Тоҷикистон аст.

      Зи файзи Нуъмон дар ин диёри мо,

      Ҳумои бахт ба лутфи Худо парафшонаст.

      Аз ин паём ҳар озода шодмон гардид,

      Чӣ ҳиндӣ ё чи араб ё чӣ турку афғонаст.

Дар ниҳоят бояд зикр кард, ки  мову шумо ва ҳар шаҳрванди бо нангу номуси кишварро лозим меояд, то шукрона аз чунин диёру Ватан намуда, аз нақши Президент ва сулҳу созандагӣ, ободиву оромӣ ёдоварӣ карда, тавассути достону ҳикоя, мақолаву гуфторҳои адабӣ таърихномаи онро ба  насли имрӯзу фардо нақлу ҳикоят карда,  дар пешрафти илму фарҳанг саҳми сазовор гузошт.

РАҲМОНОВ Мирсаид,

ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои   АМИТ,

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

[1] Дониёр Сангинзода. Мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — намунаи барҷастаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон. https://khovar.tj/2026/01/maktabi-davlatdorii-mu-taram-emomal-ra-mon-namunai-bar-astai-tarbiyai-vatand-stii-sha-rvandon/