×

ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: АЗ РӮЗНОМАИ ОБ ВА ИҚЛИМ ТО ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Бозгашт ба мавод

ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: АЗ РӮЗНОМАИ ОБ ВА ИҚЛИМ ТО ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ИОМДОА Сиёсат 13-11-2026 ш.Душанбе
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: АЗ РӮЗНОМАИ ОБ ВА ИҚЛИМ ТО ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар шароити афзоиши таҳдидҳои гуногуни ҷаҳонӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, камшавии захираҳои оби тоза, вайроншавии муҳити зист ва ноустувории минтақавӣ, ҳамкории давлатҳо дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти бештар пайдо кардаанд, ки дар ин замина, фаъолияти ташаббускоронаи давлатҳо на танҳо воситаи ҳимояи манфиатҳои миллии худ, балки омили муҳимми пешбурди ҳамкорӣ ва ҳалли масъалаҳои муштараки ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги обӣ ва мавқеи геостратегии муҳим дар Осиёи Марказӣ аст, дар солҳои охир ба яке аз ташаббускорони фаъоли масъалаҳои об, пиряхҳо ва иқлим табдил ёфтааст. Дар ин раванд, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бемисл буда, ташаббусҳои ӯ имкон доданд, ки Тоҷикистон аз иштирокчии оддии муносибатҳои байналмилалӣ ба ташаббускори фаъоли ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ин ташаббусҳо дар соҳаҳои таъмини оби тоза, ҳифзи пиряхҳо, мубориза бо тағйирёбии иқлим, таъмини рушди устувор, таҳкими сулҳу амният ва пешгирии таҳдидҳои муосир ба таври мантиқӣ ба ҳам пайвастаанд. Таҳлили фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат нишон медиҳад, ки ташаббусҳои ӯ асосан ба масъалаҳое нигаронида шудаанд, ки ба тақдири наслҳои ҳозира ва оянда алоқаи мустақим доранд. Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об аз соли 2000-ум оғоз гардида, имрӯз ба яке аз равандҳои муҳимми дипломатияи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Дар соҳаи об  ташаббусҳои “Соли байналмилалии оби тоза” (2003), “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” (2005–2015), “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (2018–2028) аз ҷониби СММ бо қатъномаҳои махсус қабул гардида, дастгирии аксарияти кишварҳои узви созмонро касб намуданд. Дар идомаи ин ташаббусҳо, Тоҷикистон масъалаи ҳифзи пиряхҳоро низ ба рӯзномаи ҷаҳонӣ бароварда, соли 2025- ро “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва солҳои 2025–2034 -ро  “Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосфера” пешниҳод намуд. Ҳамин буд, ки дар доираи ташаббусҳои Тоҷикистон то имрӯз 14 қарори Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи об қабул гардидааст, ки ин нишонгари мушаххаси эътирофи байналмилалии фаъолияти ташаббускоронаи  кишвар мебошад.

Мусаллам аст, ки санаҳои 25-28 майи соли равон дар доири  Конфронси  4 - уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал  “Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028”, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об пешниҳод карда шуд, ки ин албатта  аҳамияти байналмилалии ташаббусро боз ҳам тақвият бахшида, нишон медиҳад, ки Тоҷикистон мушкилоти марбут ба обро чун масъулияти умумибашарӣ арзёбӣ менамояд.

Коршиносу таҳлилгари соҳа Мадимарова Гулҳайё чунин мепиндорад, ки “Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об дар замоне таъсис ёфт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мушкилоти бесобиқаи об ва тағёирёбии иқлим рӯ ба рӯ мебошад. Мувофиқи таҳлилҳои мутахассисон ва арзёбиҳои созмонҳои байналмилалӣ, миллиардҳо нафар аҳолии ҷаҳон то ҳол ба оби нӯшокии бехатар ва хизматрасониҳои санитарӣ дастрасии пурра надоранд. Дар асоси чунин фарзияҳо олимон пешбинӣ мекунанд, ки то соли 2050 талабот ба оби нӯшокӣ ҳадди ақал 25 фоиз ва талабот ба истеҳсоли маводи ғизоӣ тақрибан 50 фоиз афзоиш меёбад. Аз ин лиҳоз, дар чунин шароит масъалаи идоракунии самараноки захираҳои обӣ аҳамияти стратегиро касб мекунад”.

Такя ба гуфтаҳои болозикр, воқеан  ҳам,   дар солҳои охир бо афзоиши нуфузи аҳолӣ дар ҷаҳон ва тағйирёбии иқлим норасогии оби ошомиданӣ бошиддат афзуда, талаботи аҳолӣ ба он зиёд мегардад.

Ҳамзамон, ташаббусҳои Пешвои миллат дар соҳаи сулҳу субот ва амнияти минтақавӣ  аҳамияти алоҳида доранд. Дар ин замина 25 июни соли 2026 Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи махсусеро қабул кард, ки солҳои 2027- 2036-ро ҳамчун “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда” эълон намуд. Ёдовар мешавем, ки ташаббуси мазкур аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод гардида буд, ки ин рӯйдоди муҳим нишонаи эътирофи сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон ва эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои байналмилалии он мебошад.

Ба андешаи таҳлилгари соҳа Маҳмадуллозода Н. “Пешниҳоди ташаббус оид ба эълон намудани “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” бо таҷрибаи нодири таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти расидан ба ваҳдати миллӣ ва барқарорсозии баъд аз низоъ алоқамандии зич дорад.  Пас аз анҷоми ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи душвори эҳёи давлатдорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди устуворро тай намуд. Дар ин раванд нақши ҳалкунанда ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад, ки таҳти роҳбарии ӯ тадбирҳои зиёд оид ба расидан ба оштии миллӣ, таҳкими суботи сиёсӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар амалӣ гардиданд”.

Воқеан ҳам, ташаббуси мазкур давоми мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон мебошад, ки баъди ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвар бомуваффақият амалӣ гардид ва ҳамчун таҷрибаи нодири сулҳсозӣ дар ҷаҳон эътироф шудааст.

Дар баробари таваҷҷӯҳи доимӣ ба масъалаҳои захираҳои об, тағйирёбии иқлим, рушди устувор ва таъмини сулҳу амнияти байналмилалӣ, Пешвои миллат ба рушди зеҳни сунъӣ, технологияҳои муосир ва рақамикунонии соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ низ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад. Ҳамин буд, ки 31 августи соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатънома қабул намуд, ки тибқи он аз соли 2027 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил мегардад. Ташаббуси мазкур идомаи мантиқии ташаббусҳои қаблии Тоҷикистон дар ин самт шумурда мешавад, зеро аввалин маротиба аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 ба рӯзномаи Маҷмаи СММ пешниҳод гардида буд, ки 25 июли соли 2025 Қатънома таҳти унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” қабул гардид, ки ҳамчун замина зикр мешавад.

Қабули ин қатънома барои Тоҷикистон дастоварди муҳим арзёбӣ мешавад, зеро ин ташаббус тавонист мавзӯи зеҳни сунъиро ба рӯзномаи ҷаҳонӣ ворид кунад.

Ташаббусҳои дигари  Тоҷикистон дар соҳаи энергетикаи сабз низ яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии кишвар мебошанд. Дар ин замина, Душанбе ба рушди энергетикаи об, офтобӣ ва шамолӣ таваҷҷӯҳи махсус дорад. Ин самт аз он сабаб муҳим аст, ки Тоҷикистон захираҳои калони энергетикаи обро дорад ва имконияти рушди энергетикаи тозаро дорад.

Дар соли 2025, Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон Созишномаи ҳамкории муқарраршуда ва васеъшударо имзо карданд, ки он асоси нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика арзёбӣ  мешавад. Дар ҳамин замина, Иттиҳоди Аврупо ба рушди энергетикаи сабз дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи махсус дорад. Дар соли 2025, Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон гранти 20 миллион евро баҳри муосир сохтани шабакаи барқӣ ва баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ҷудо кард. Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи энергетикаи сабз на танҳо ба манфиатҳои миллии кишвар хидмат мекунанд, балки ба таҳкими амнияти энергетикии минтақа низ мусоидат менамоянд. Ин самт имкон медиҳад, Тоҷикистон нақши муҳимтаре дар таъминоти энергетикии минтақаро иҷро кунад.

Аз нуқтаи назари коршиносон аҳамияти ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки онҳо масъалаҳои об ва иқлимро аз сатҳи миллии Тоҷикистон ба рӯзномаи ҷаҳонӣ баровардаанд. Коршиносон ин ташаббусҳоро ҳамчун намунаи фаъоли дипломатияи экологӣ ва обии Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд, зеро он имкон медиҳанд, ки давлатҳои осебпазир аз тағйирёбии иқлим мавқеи муносиб дар мулоқотҳои байналмилалӣ пайдо кунанд. Дар ин замина, таҳлилгарон таъкид мекунанд, ки ташаббусҳои Тоҷикистон на танҳо ба афзоиши эътирофи байналмилалии кишвар, балки ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар самти ҳалли мушкилоти об ва иқлим хизмат мекунанд. Дар ин росто, таъсиси “Фонди байналмилалии эътимодӣ барои ҳифзи пиряхҳо”, баргузории конфронсҳои сатҳи олӣ ҳамчун механизмҳои муҳимми татбиқи ташаббусҳо арзёбӣ мешаванд.

Саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар он аст, ки дар шароити мураккаби сиёсӣ ва иқтисодӣ роҳи муколамаи миллӣ ва ҳалли сиёсии низоъро пеш гирифт. Дар ин аснод, таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли низоъ ва барқарорсозии сулҳ дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

Ҳамзамон, ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун яке аз давлатҳои фаъоли соҳаи экологӣ ва обӣ дар минтақа ва ҷаҳон таҳким бахшид. Ин ташаббусҳо на танҳо ба афзоиши эътибори байналмилалии кишвар, балки ба рушди ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ хизмат мекунанд.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки дар натиҷаи талошҳои сиёсии Пешвои миллат ба вуқӯъ омад, ба яке аз намунаҳои муваффақи ҳалли осоиштаи низоъҳои дохилӣ табдил ёфтааст ва дар сатҳи ҷаҳонӣ низ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки мубориза барои сулҳ, ваҳдати миллӣ ва суботи давлатдорӣ метавонад асоси муқаррар намудани муносибатҳои байналмилалӣ ва тавсеаи ҳамкориҳо дар минтақа бошад. Аз ин лиҳоз, фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат на танҳо ба манфиатҳои Тоҷикистон хидмат мекунад, балки ба тақвияти сулҳ, амният ва рушди устувор дар минтақа ва ҷаҳон мусоидат менамояд.

 

ДОСТИЕВА Дилафруз,

ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ